Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагон!
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамаи шуморо бо фарорасии соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш, ки бо дарси сулҳ оғоз мегардад, ҳамчунин, ба муносибати ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино самимона табрик мегӯям.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ин рӯз ҳамчун санаи гиромидошти илму дониш ва маърифату маънавиёт таҷлил мегардад, ки гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва хоссаи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф мебошад.
Мо ба хотири рушди илму маориф тамоми захираву имкониятҳоро равона кардаем ва ин корро минбаъд низ бомаром идома медиҳем.
Зеро ояндаи миллат ва фардои давлат ба наслҳои ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, дорои ҳисси баланди миллӣ, соҳибмаърифату донишманд, забондон, дорои ҷаҳонбинии васеъ, меъморону муҳандисон, ихтироъкорону навоварон, дигар ихтисосҳои замонавӣ ва касбу ҳунарҳои муосир вобастагии мустақим дорад.
Мехоҳам таъкид намоям, ки бо дарси сулҳ оғоз гардидани соли нави хониш барои мо – мардуми Тоҷикистон сабаб ва аҳаммияти махсус дорад.
Сокинони кишвари мо ҳанӯз дар оғози солҳои навадуми асри гузашта даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузарониданд ва сабақҳои талхи он фоҷиаи миллиро ҳаргиз фаромӯш намекунанд.
Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми шарифи Тоҷикистон ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд, ин неъмати бо қимати гарон ва заҳмати зиёд бадастомадаро ҳифз мекунанд ва ба фарҳанги сулҳ ҳамчун маромномаи ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавии худ арҷ мегузоранд.
Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки оқибати ҷанг танҳо даҳшату харобӣ, наҳсу қашшоқӣ, ҳалокати одамони бегуноҳ, фирори сокинон аз Ватан ва ҷойи зисти худ ва дигар мушкилоту маҳрумиятҳо мебошад.
Баръакс, танҳо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ омили асоситарини амалӣ гардидани нияту орзуҳои ҳар як фард, татбиқи нақшаҳои созанда барои фардои ободи кишвар ва зиндагии шоиставу арзандаи мардум ба ҳисоб меравад.
Чунонки ҳамватанони азизи мо мушоҳида мекунанд, имрӯз вазъи ҷаҳон ба дараҷае ҳассосу мураккаб ва пешгӯинашаванда гардидааст, ки истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ ва ҳатто ҳастии таърихии баъзе кишварҳо ва халқу миллатҳоро таҳти хатари ҷиддӣ қарор додааст.
Дар чунин шароити ниҳоят печидаву буҳронӣ ва дар замоне, ки раванди аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва захираҳои табиии сайёра, яроқнокшавии бошитоб ва марҳалаи дубораи «ҷанги сард» торафт шиддат мегирад, мо вазифадорем, ки барои ҳифзу таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ беш аз ҳар вақти дигар саъю талош намоем.
Таъкид менамоям, ки имрӯзҳо инсоният баъди қариб ҳаштод сол, яъне пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон дар мушкилтарин ва хатарбортарин давраи таърихи худ қарор дорад.
Ҳозирини муҳтарам!
Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳалли масъалаҳои рушди соҳаи маориф ва илм, фароҳам овардани шароити муосир барои таълиму тарбияи наслҳои ояндасози Ватан ва омода намудани кадрҳо барои иқтисоди миллӣ то имрӯз бисёр иқдомоти созанда ва ба оянда нигаронидашударо амалӣ гардонид.
Зеро давлатро танҳо мутахассисони соҳибтаҷриба ва шахсони дорои дигар ихтисосҳои замонавӣ, яъне кадрҳои баландихтисос обод мекунанд.
Дар шароити пешрафти босуръати илм ва техникаву технологияҳо танҳо кишварҳое рушд мекунанду мақому ҷойгоҳи сазовори худро нигоҳ дошта метавонанд, ки мардуми босаводу соҳибмаърифат, олимону донишмандон, кадрҳои баландихтисосу ихтироъкор ва техникаву технологияҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй дошта бошанд.
Дар 31 соли соҳибистиқлолӣ бунёд кардану таъсис додани 32 муассисаи таҳсилоти олӣ, 41 муассисаи таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва 3246 мактаб, аз ҷумла 156 муассисаи таълимии типи нав, яъне гимназия, литсей, мактабҳои байналмилалӣ ва 300 муассисаи томактабӣ далели возеҳи иқдомоти созандаи Ҳукумати мамлакат мебошад.
Танҳо дар соли 2021 ва шаш моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави мамлакат 247 муассисаи навбунёди таҳсилоти миёнаи умумӣ барои беш аз 110 ҳазор хонанда ба истифода дода шудааст.
Имрӯз, яъне 1-уми сентябр қариб 2 миллиону 300 ҳазор нафар наврасони кишвар, аз ҷумла беш аз 1 миллиону 110 ҳазор духтарон дар муассисаҳои таълимӣ ба дарс оғоз карданд, ки 272 ҳазори онҳо (133 ҳазор духтарон) бори нахуст ба остонаи мактаб қадам гузоштанд.
Ба онҳо зиёда аз 128 ҳазор нафар омӯзгорон дарс медиҳанд, ки беш аз 72 фоизашон бонувону занон мебошанд.
Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки мо ба чунин дастовардҳо маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ ва заҳмати содиқонаи халқамон ноил гардидаем.
Дар баробари фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот мо ба масъалаҳои ислоҳоти соҳа, зиёд кардани маблағгузории соҳаи маориф, давра ба давра баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон, зиёд намудани бурсияву стипендияҳо, аз ҷумла стипендияи президентии «Дурахшандагон» ба тарбияи кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи мамлакат эътибори аввалиндараҷа медиҳем.
Илова бар ин, бо мақсади кашфи истеъдодҳо ва тарбияи онҳо, баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳӣ ва саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон ва тақвияти завқи зебоипарастии онҳо мо баргузор намудани озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» ва дигар чорабиниҳоро ба роҳ мондем.
Ҳадафи мо аз иқдомоти зикршуда ин аст, ки ҳар фарди тоҷик таърихи пурифтихори гузаштаи худ, мероси ғановатманди фарҳангӣ ва дигар арзишҳои неки миллати бостониву тамаддунсози хешро хуб донад, ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ дошта бошад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди соҳаи маориф даҳҳо барномаи давлатӣ қабул ва амалӣ карда шуд.
Дар зарфи 31 сол барои соҳиби саводу маърифат ва илму дониш гардонидани наслҳои наврас ба маблағи 434 миллион сомонӣ зиёда аз 735 номгӯй китобҳои дарсӣ бо шумораи умумии 50 миллион нусха нашр гардид.
Ҳукумати мамлакат маблағгузориро барои рушди илму маориф сол ба сол афзоиш дода истодааст.
Соли 2022 ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 706 миллион сомонӣ ё ин ки 11,3 фоиз зиёд буда, 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, дар соҳаи маориф 4 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 1 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Яъне барои соҳа, дар маҷмӯъ, қариб 7 миллиард сомонӣ равона гардидааст.
Илова бар ин, соли ҷорӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои барномаҳои давлатии соҳа, хусусан, дар самти таҳсилоти томактабӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо, такмили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз, инчунин, рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ аввалин маротиба ба таври мутамарказ 32 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд.
Ҳозирини арҷманд!
Тоҷикистон, ки аз ҷиҳати таркиби аҳолӣ кишвари ҷавонон мебошад, фаъолияти касбинтихобкунӣ ва касбомӯзӣ дар низоми маориф аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаб ба шумор меравад.
Вақти он расидааст, ки касбинтихобкунии хонандагон вобаста ба рушди ҷомеа ва талаботи замон ба роҳ монда шавад.
Ҳамчунин, зарур аст, ки ба масъалаҳои такмили ҷараёни омӯзонидани фарҳанг, расму ойинҳо, арзишҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ташкил намудани маҳфилҳои рӯзгордорӣ, таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ ва барқарор намудани марказҳои таълимиву истеҳсолӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.
Дар ин раванд, барои хонандагон ташкил кардани саёҳат ба мавзеъҳои таърихӣ ва ёдгориҳои бостонии кишвар, осорхонаву китобхонаҳо ва майдону маҷмааҳои рамзҳои давлатӣ бисёр муҳим мебошад.
Зеро маҳз тавассути ҳалли ин масъалаҳо сатҳи тафаккур ва доираи ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон вусъат ёфта, шавқу рағбати онҳо ба китобхонӣ, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар зиёдтар мегардад ва саъю талоши онҳо барои азхудкунии таърихи бостонӣ, забони ширину шевои модарӣ ва фарҳанги ғановатманди халқи куҳанбунёди худ афзоиш меёбад.
Ҳамзамон бо ин, бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон, ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани онҳо дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот вақти он расидааст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ ҷорӣ карда шавад.
Ин масъаларо чандин бор таъкид карда будам ва ҳоло иловатан дастур медиҳам, ки гузариш ба имтиҳонҳои ҷории тестӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ низ ҳамаҷониба баррасӣ гардад.
Вазорати маориф ва илм, дигар вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаи таҳсилоти касбӣ доранд, ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти касбии тиббӣ, вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати бо китобҳои дарсӣ таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва баланд бардоштани сатҳи мазмуну мундариҷаи онҳо аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷриба гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, китобҳои дарсиро тибқи барнома ва нақшаҳои таълимии ин зинаҳои таҳсилот таҳия намоянд.
Ба талаботи стандартҳои байналмилалии таҳсилот мутобиқ намудани нақшаву барномаҳои таълимӣ ва дар ин замина омода кардани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат дар самти таҳсилоти олии касбӣ мебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сатҳу сифати тайёр кардани мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҷдиди назар мехоҳад.
Аз ин рӯ, бояд сохтори идоракунии низоми таҳсилоти олии касбӣ такмил дода, барои татбиқи усулҳои нави таълим тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати тайёр кардани касбҳои коргарӣ то охири соли ҷорӣ сохтори алоҳидаи идоракунии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро ташкил диҳад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ раванди сохтмону азнавсозӣ ва таҳкими пояҳои моддиву техникии мактабҳо вусъати бесобиқа пайдо кард.
Аммо таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони сатҳи касбияти баланд, норасоии омӯзгорони таҷрибадору забондони фаннӣ ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа аз масъалаҳои ҳалталаби имрӯзаи соҳа мебошад.
Имрӯз дар муассисаҳои таълимии кишвар норасоии омӯзгорон 3406 нафарро ташкил медиҳад.
Соли ҷорӣ муассисаҳои таҳсилоти олии равияи омӯзгориро 5323 нафар ва коллеҷҳои омӯзгориро 1830 нафар ҷавонон хатм карданд.
Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо масъалаи бо кадрҳои омӯзгорӣ пурра таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро дар кӯтоҳтарин муҳлат ҳаллу фасл намояд.
Вобаста ба ин, ба аҳли маориф, падару модарон, зиёиёну фаъолон ва умуман аҳли ҷомеа муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки масъалаи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва соҳиби касбу ҳунар гардонидани онҳоро дар мадди аввал гузоранд.
Яъне мо – падару модарон ҳаргиз фаромӯш насозем, ки ояндаи Тоҷикистон ва фардои давлату миллат ба фарзандону набераҳои мо – наврасону ҷавонон тааллуқ дорад.
Муҳтарам устодону омӯзгорон ва донишҷӯёну хонандагон!
Муҳайё кардани шароит барои фаъолияти пурсамари Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон низ, ки маркази асосии тайёр кардани кадрҳои соҳаи тандурустӣ ва мутахассисони илмии соҳаи тиб мебошад, натиҷаи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.
Бинои асосии донишгоҳ, ки имрӯз ба истифода дода шуд, аз 9 ошёна ва масоҳати таълимии қариб 22 ҳазор метри мураббаъ иборат мебошад.
Дар солҳои 2019 – 2020 ҳамаи биноҳои маҷмааи нави таълимии донишгоҳ, ки дар шаҳраки «Шифобахш» ҷойгиранд, пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ ташкил ва ҳамаи кафедраҳо бо таҷҳизот ва дигар лавозимоти муосири тиббӣ таъмин карда шуданд.
Соли 2021, инчунин, бинои кафедраҳои соҳаи кимиё ва кафедраҳои факултаи фарматсевтӣ азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардида, ба Маркази фарматсевтӣ ва истеҳсоли маводи доруворӣ табдил дода шуд.
Ҳадафи мо аз фароҳам овардани шароити мусоиди таълим аз он иборат аст, ки донишгоҳ тавонад дар самти тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии кишвар саҳми бештар гузорад.
Бинобар ин, вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва роҳбарияти донишгоҳро зарур аст, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёгардида ба тарбияи кадрҳо эътибори аввалиндараҷа дода, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тақвияти заминаи моддиву техникии кафедраҳои назариявӣ ва тахассусӣ, махсусан, омода кардани иммунологҳо, генетикҳо, вирусологҳо, микробиологҳо, эпидемиологҳо ва ихтисосҳои барои соҳаи саноати дорусозӣ зарурӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳоло тибқи стандарти давлатӣ барномаҳои таълимии тибби профилактикӣ ва озмоишгоҳӣ таҷдиди назар гардида, барои омода намудани мутахассисон чораҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд.
Дар баробари ин, зарурат пеш омадааст, ки ҷиҳати вусъат бахшидани корҳо дар ин самти муҳимми соҳаи тандурустӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани таҳлилҳои вирусологӣ, генетикӣ, иммунологӣ ва микробиологӣ дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ таъсис дода шавад.
Таъсиси пажӯҳишгоҳ на танҳо ба рушди илмҳои бунёдӣ, балки бо истифодаи технологияҳои муосири тиббӣ фароҳам овардани шароит барои хизматрасонии босифати озмоишгоҳӣ ва омода кардани мутахассисони ин соҳа мусоидат менамояд.
Ҷойгир кардани пажӯҳишгоҳи мазкур дар бинои собиқаи донишгоҳ, ки ҳоло озмоишгоҳи ҳуҷайраҳои бунёдӣ, панҷ кафедраи тибби назариявӣ ва озмоишгоҳи марказии таҷрибавӣ дар он қарор доранд, мувофиқи мақсад мебошад.
Таҳсилоти баъдидипломӣ зинаи муҳимми тайёр намудани табибон мебошад ва маҳз дар ҳамин зинаи таҳсилот хатмкардагони донишгоҳ соҳиби ихтисоси муайяни тиббӣ мегарданд.
Танҳо соли гузашта шумораи онҳое, ки ба бозомӯзӣ фаро гирифта шудаанд, қариб 12 ҳазор нафарро ташкил дода, нисбат ба соли 2019-ум 22 фоиз афзоиш ёфтааст.
Инчунин, ҳамасола садҳо нафар ҷавонон барои таҳсил ба муассисаҳои таълимиву илмии хориҷи кишвар фиристода мешаванд.
Илова бар ин, дар доираи ҳамкориҳои Донишгоҳи тиббӣ бо муассисаҳои таълимии давлатҳои дигар шумораи зиёди омӯзгорону донишҷӯён ҳар сол ба донишгоҳҳои бонуфузи хориҷи кишвар барои такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ фиристода мешаванд.
Ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти омода кардани кадрҳо ду сол пеш «Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030» қабул карда шуд, ки татбиқи он бевосита ба рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат мекунад.
Тибқи супориши Роҳбари давлат ҳангоми мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ, ки 18-уми августи соли 2020 баргузор гардида буд, бо мақсади беҳтар намудани сифати тарбияи мутахассисони тиббӣ ба «Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шуданд.
Бояд гуфт, ки мутахассисони дорои маълумоти олии тиббӣ ғайр аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, инчунин, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, факултаҳои тиббию фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи тиббию иҷтимоии Тоҷикистон омода карда мешаванд, ки соли ҷорӣ онҳоро 2023 нафар хатм кардаанд.
Дар давоми 31 сол дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии дохили кишвар 31 ҳазору 614 нафар мутахассиси соҳаи тиб тайёр карда шудааст.
Дар ин давра муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббиро 172 ҳазору 800 нафар ҷавонон ба итмом расонидаанд.
Яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи тиббии кишвар 204 ҳазору 413 нафар мутахассис тайёр карда шудааст.
Танҳо соли ҷорӣ муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии тиббиро 16 ҳазору 640 нафар ҷавонон хатм кардаанд.
Бо дарназардошти норасоии табибон дар муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон соли 2016 Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таъсис дода шуда, имсол 336 нафар хатмкунандагони нахустини он соҳиби маълумоти олии тиббӣ гардиданд.
Имрӯз тарбияи мутахассисони миёнаи тиббӣ дар 34 коллеҷ ба роҳ монда шудааст, ки аз он 18 коллеҷ ғайридавлатӣ мебошад.
Ҳоло дар коллеҷҳои тиббӣ 60 ҳазору 327 нафар донишҷӯён таҳсил доранд ва соли ҷорӣ ин муассисаҳоро 14 ҳазору 615 нафар хатм кардаанд.
Ин раванд имкон медиҳад, ки дар ояндаи наздиктарин муассисаҳои тандурустии кишвар бо кормандони миёнаи тиб пурра таъмин карда шаванд.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки сифати омода кардани кадрҳо дар коллеҷҳои тиббӣ, пеш аз ҳама, аз рӯйи фанҳои тахассусии тиббӣ беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд.
Ҳозирини муҳтарам!
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани рушди бомароми соҳаи тандурустӣ маблағгузориро давра ба давра зиёд карда истодааст.
Масалан, агар соли 2019 буҷети соҳа 1 миллиарду 740 миллион сомониро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда соли 2022 ба 2 миллиарду 882 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2019-ум 66 фоиз зиёд мебошад.
Дар натиҷа то имрӯз, илова ба садҳо иншооти навбунёд, аксари муассисаҳои тиббии кишвар то дурдасттарин маҳалҳои аҳолинишин аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, нақлиёти санитарӣ, дигар лавозимоти тиббӣ таъмин гардидаанд ва ҳоло сатҳу сифати ташхису табобат нисбат ба солҳои пеш беҳтар шуда истодааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави мамлакат 2723 муассисаи тандурустӣ сохта, ба истифода супорида шудааст ва имрӯз дар кишвар 5116 муассисаи тиббӣ фаъолият дорад.
Танҳо дар се соли омодагӣ ба ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ 1858 муассисаи тандурустӣ ва дар шаш моҳи соли 2022-юм 61 муассиса бунёд гардидааст.
Тибқи нақшаи корҳои созандагиву ободкорӣ ба ифтихори 35 – солагии истиқлоли давлатӣ дар кишвар бунёди боз садҳо иншооти соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳоло дар мамлакат шумораи табибони дорои маълумоти олӣ 20 ҳазору 800 нафар ва кормандони миёнаи тиббӣ зиёда аз 60 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба панҷ соли пеш, яъне соли 2017-ум мутаносибан беш аз 11 ва 16,5 фоиз зиёд мебошад.
Бо қарори Ҳукумати мамлакат «Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои давраи солҳои 2006 – 2015» қабул ва асосан амалӣ гардид.
Вале бо сабабҳои гуногун яке аз вазифаҳои асосии барномаи зикршуда – таъсис додани клиникаи донишгоҳӣ иҷро нагардид.
Аз ин лиҳоз, ба роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва донишгоҳ супориш дода мешавад, ки доир ба ташкили клиникаи муосири донишгоҳӣ, бо шароиту таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани он ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳи таълим, таъмин намудани рушди илми тиб ва пайванди илму истеҳсолот чораҷӯӣ намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Яке аз масъалаҳои муҳимтарини соҳаи тандурустӣ таъминот бо доруворӣ ва бо истифода аз захираву имкониятҳои дохилӣ ба роҳ мондани истеҳсоли дору ва молҳои тиббии ватанӣ ба шумор меравад.
Зеро то солҳои наздик 90 фоизи маводи фарматсевтӣ аз хориҷи кишвар ворид мегардид.
Тибқи маълумоти оморӣ соли 2021 ба кишвар ба маблағи умумии 1 миллиард сомонӣ доруворӣ ва молҳои тиббӣ ворид карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019-ум 500 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Бо дарназардошти вазъи зикршуда, мо баланд бардоштани иқтидори истеҳсоли маводи дорувории ватаниро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин эълон кардем.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 28-уми октябри соли 2020 «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» қабул карда шуд, ки мақсади асосии он таъмин намудани рушди устувори саноати дорусозӣ ва дар доираи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ бунёд кардани корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ мебошад.
Ғайр аз ин, бо мақсади пешниҳоди имтиёзҳо ба истеҳсолкунандагони маводи доруворӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакат дар бораи номгӯйи маводи дорувории истеҳсоли ватанӣ, ки истеҳсол ва фурӯши онҳо аз андоз аз арзиши иловашуда озод мебошад, таҳия гардидааст ва рӯзҳои наздик қабул карда мешавад.
Имрӯз дар кишвар дар 53 корхона истеҳсоли зиёда аз 308 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар се соли охир (2019 – 2021) ба маблағи 152 миллион сомонӣ маводи аз растаниҳои шифобахш истеҳсолшуда ва дорувории истеҳсоли ватанӣ ба хориҷи кишвар содирот шудааст.
Танҳо дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби ширкатҳои фарматсевтии кишвар зиёда аз 700 тонна гиёҳҳои шифобахш коркард гардида, ба маблағи умумии 76 миллион сомонӣ маводи доруворӣ содирот шудааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 62 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Вале ин нишондиҳандаҳо ҳоло ҳам қонеъкунанда нестанд.
Зеро кишвари мо бо захираҳои фаровони гиёҳҳои шифобахши худ имконияти бамаротиб зиёд намудани содироти маводи аз лиҳози экологӣ тоза ва табииро дорад.
Яъне ин сарвати бузургро табиат ба мо додааст ва мо вазифадорем, ки аз он оқилона ва самаранок истифода барем.
Дар навбати аввал, мо метавонем, ки бо истифода аз гиёҳу обҳои шифобахши кишвар саёҳати табобатиро рушд диҳем.
Дар самти истифодаи захираҳои табиати кишвар ва имкониятҳои соҳаи тандурустии мамлакат корро тавре бояд ташкил кард, ки ба хориҷа барои табобат рафтани шаҳрвандони мо тадриҷан аз байн бурда шавад ва баръакс, бо мақсади саёҳати табобатӣ ва дигар намудҳои табобат ба Тоҷикистон омадани хориҷиҳо афзоиш ёбад.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро зарур аст, ки корро доир ба муайян намудани захираҳои растаниҳои шифобахши кишвар вусъат бахшад.
Инчунин, ҷиҳати дар сохтори Академия таъсис додани Институти омӯзиши гиёҳҳои шифобахш чораҷӯӣ намояд.
Муайян намудани захираи растаниҳои шифобахш барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли дорувории ватанӣ низ муҳим мебошад.
Ҳозирини арҷманд!
Хотиррасон менамоям, ки беҳтар гардонидани сифати хизматрасонии тиббӣ яке аз самтҳои асосии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба ҳисоб меравад.
Тайи солҳои 2020 – 2021 ва шаш моҳи соли ҷорӣ ҷиҳати бо таҷҳизоти тиббии муосир таъмин намудани муассисаҳои табобативу профилактикӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба маблағи умумии 775 миллион сомонӣ дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ харидорӣ карда шудааст.
Дар натиҷаи истифодаи самараноки дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳоло нишондиҳандаҳои солимии аҳолӣ хеле беҳтар гардидааст.
Масалан, соли 2021 нишондиҳандаи бемориҳои диабети қанд бори аввал дар муқоиса бо соли 2019-ум 3,4 баробар ва нашъамандӣ 2,5 баробар камтар ба қайд гирифта шудааст.
Вобаста ба ин, таъкид менамоям, ки барои истифодаи самаранок ва дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани таҷҳизоти бо маблағҳои зиёд воридгардида тайёр кардани муҳандисони техникаи тиббӣ ё электроникаи тиббӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим мебошад.
Аз ин лиҳоз, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо вазифадор карда мешаванд, ки дар хусуси дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ё Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тайёр намудани чунин мутахассисон чораҳои зарурӣ андешанд.
Яке аз мушкилоти асосие, ки мо аз рӯзҳои аввали паҳн гардидани бемории КОВИД – 19 рӯ ба рӯ гардидем, нарасидани табибони вирусолог ва нокифоя будани озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази вирусологӣ дар кишвар буд.
Дар ин давра мо таҷҳизоти зиёд харидорӣ намудем ва ҳоло дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бинои озмоишгоҳи бехатарии биологӣ, кимиёвӣ ва вирусологии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир сохта шудааст, ки ифтитоҳи он вақтҳои наздик дар назар аст.
Ба хотири рушди тафаккури техникӣ ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла дар соҳаи тиб мо солҳои 2020 – 2040-ро «Солҳои рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон намудем, ки ҳоло соли сеюми он ҷараён дорад.
Ҷиҳати амалӣ гардидани ин иқдом қарори дахлдори Ҳукумати мамлакат қабул гардид, вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вазъи амалишавии он ҳанӯз қонеъкунанда нест.
Мо махсус таъкид карда будем, ки нақшаву барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти касбӣ бо бартарӣ додан ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва зиёд намудани соатҳои дарсӣ аз ин фанҳо таҷдиди назар карда шаванд.
Зеро бе омӯзиши амиқи ин фанҳо истифода намудани технологияҳои муосир, аз ҷумла таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ ғайриимкон мебошад.
Яке аз самтҳои муҳимтарини соҳаи тандурустӣ таъмин намудани фаъолияти самарабахши муассисаҳои кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ мебошад.
Пандемияи КОВИД – 19 бори дигар собит сохт, ки шабакаи чунин муассисаҳо на танҳо заминаи фарогирии умумӣ бо хизматрасониҳои тандурустӣ мебошад, балки дар ҳимоя аз ҳолатҳои фавқулода, пешбурди тарзи ҳаёти солим ва беҳсозии саломатии аҳолӣ низ нақши назаррас дорад.
Ҳоло барои ҳалли масъалаҳои соҳаи тандурустӣ, таъмин намудани рушди он ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст.
Дар доираи ин лоиҳаҳо то соли 2025 азхудкунии маблағи умумии беш аз ду миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Қобили зикр аст, ки дар раванди ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар самти ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон бо истифода аз усулҳои навтарини ташхису табобат пешравиҳои назаррас ба даст омадаанд.
Имрӯз дар кишвар барои ҳифзи саломатии модарону кӯдакон 15 ҳазор кат фароҳам оварда шудааст.
Дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалигардида дар самти беҳтар гардонидани шароит ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, бунёд ва бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ рӯзи 23-юми июли соли ҷорӣ шумораи аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар расид.
Хотирнишон менамоям, ки ба 10 миллион нафар расидани аҳолии кишвар масъулияти кормандони соҳаи тандурустӣ, хусусан, соҳаи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдаконро боз ҳам бештар месозад.
Тибқи маълумоти оморӣ кӯдакон (аз рӯзи таваллуд то синни 18-солагӣ) 40 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
Вале барои хизматрасонии чунин шумораи зиёд дар муассисаҳои тандурустии кишвар ҳамагӣ 1238 воҳиди кории табибони кӯдакона мавҷуд аст, ки то имрӯз аз он 160 воҳиди корӣ холӣ мебошад.
Дар мамлакат табибони кӯдакона дар факултаҳои педиатрии ду донишгоҳи давлатии тиббӣ тайёр карда мешаванд, ки ҳоло дар онҳо 1536 нафар донишҷӯён таҳсил доранд.
Соли ҷорӣ факултаҳои номбаршударо 226 нафар донишҷӯён хатм кардаанд.
Бо дарназардошти он ки ҳар сол дар кишвар ба ҳисоби миёна зиёда аз 240 ҳазор кӯдак таваллуд мешавад, зарур аст, ки дар оянда ба масъалаи тайёр намудани табибони бемориҳои кӯдакона афзалияти бештар дода шавад.
Ҳамчунин, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар сохтору мақомоти марбута супориш дода мешавад, ки пешниҳоду хулосаҳои худро доир ба таъсиси беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои кӯдакона ва беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти Маркази илмиву клиникии педиатрия ва ҷарроҳии кӯдакона ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.
Муҳтарам устодону омӯзгорон,
донишҷӯёну хонандагон ва кормандони соҳаи тандурустӣ!
Ҳозирини гиромӣ!
Тавре ки аз таҳлилу баррасиҳо бармеояд, дар баробари пешравиҳо дар соҳаи тандурустии мамлакат, ки яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ мебошад, дар самти тайёр кардани кадрҳо, бо мутахассисони сатҳи баланди касбият таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ камбудиву масъалаҳои ҳалталаб вуҷуд доранд.
Сари вақт бартараф намудани онҳо ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ, дар навбати аввал, вазифаи роҳбарияти вазорат, роҳбарону мутахассисон ва кормандони муассисаҳои тандурустӣ мебошад.
Таъкид менамоям, ки рисолат ва вазифаи мову шумо дар ин раванд содиқона хизмат кардан ба мардуми Тоҷикистон аст ва шумо бояд ин вазифаро бо камоли масъулият ва дар сатҳи баланд иҷро намоед.
Зеро тавре ки борҳо гуфтаам, ба давлат миллати солим зарур аст ва ҳамаи мо бояд, пеш аз ҳама, ғамхори инсон, яъне мардуми кишварамон бошем.
Ҳар як табиб ё корманди соҳаи тандурустӣ барои шифо бахшидани беморон бояд на танҳо донишу таҷриба ва малакаи баланди касбӣ, инчунин, меҳрубониву муоширати хуб ва ҳисси инсондӯстиву ғамхорӣ нисбат ба онҳоро дошта бошад.
Шумо – устодону омӯзгорони муҳтарам, дар баробари ба шогирдон омӯзонидани илми табобати инсон, ба онҳо маданияти баланди муошират ва хислатҳои хуби инсониро таълим диҳед ва фаромӯш накунед, ки мо – тоҷикон миллати соҳибмаърифат ва тамаддунсоз ҳастем.
Шумо, ҳамчунин, вазифадор ҳастед, ки ба мардум аҳаммияти тарзи ҳаёти солим, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, тозаву озода нигоҳ доштани хонаву кошона ва маҳалли зистро ҳамеша ташвиқ кунед ва ба онҳо фаҳмонед, ки сабаби пайдоиш ва паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ риоя накардани тозагӣ ва қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ мебошад.
Бо эътимоди комил изҳор медорам, ки тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ – роҳбарону масъулон ва мутахассисон, устодону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти касбии тиббӣ ва табибону ҳамшираҳои шафқат вазифаи касбӣ ва рисолати инсонии худро дар назди халқи Тоҷикистон минбаъд низ бо заҳмати софдилона ва садоқат ба касби худ иҷро менамоянд.
Дар охир тамоми устодону омӯзгорон, хонандагону донишҷӯён ва ҳамаи кормандони соҳаҳои маорифу тандурустиро бори дигар ба ифтихори Рӯзи дониш, ба истифода додани бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва 31-солагии истиқлоли давлатии Ватани азизамон, ки баъди як ҳафта фаро мерасад, самимона табрик мегӯям.
Ба тамоми кормандони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, устодону омӯзгорон барори кор, ба донишҷӯёну хонандагони мамлакат хониши хубу аъло, одобу ахлоқи шоиста ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу оромии ҳамешагӣ ва пешрафту ободии рӯзафзун орзу менамоям.
Ҳамеша саломат ва сарбаланду саодатманд бошед!
01.09.2022, шаҳри Душанбе