Соли Робиаи Балхӣ

 Соли Робиаи Балхӣ

Рӯзи 16-уми декабри соли 2025 дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хидмату ҷойгоҳи нахустшоираи тоҷик Робиаи Балхӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ ёд гардида, дар ин самт дастур дода шуд, ки соли 2026 дар саросари кишвар ҷашни 1050-солагии ин шоираи бузург бо шукӯҳи хосса таҷлил карда шавад. Ба ин муносибат тамоми сол дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ чорабиниҳои илмиву адабиву фарҳангӣ ҷиҳати бузургдошти Робиаи Балхӣ баргузор мегарданд. Таваҷҷуҳи густарда ба шахсият ва осори ин шоҳбонуи шеъри форсӣ соли ҷориро дар муҳити илмию адабии кишвар амалан ба Соли Робиаи Балхӣ табдил додааст.

Дар ин росто, рӯзи 9-уми июли соли равон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи адибону пажуҳишгарон ҳамоиши илмиву адабӣ дар мавзуи “Робиаи Балхӣ – нахустшоираи тоҷик” доир гардид. Гардонандаи чорабинӣ раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим дар оғоз андешаҳояшро перомуни ҳаёт ва эҷодиёти Робиаи Балхӣ баён дошта, шеъри ӯро шеъри зинда ва шеъри зиндагӣ номид.

Номбурда дар раванди суҳбат зиндагии Робиа ва фаъолияти шоирии ӯро дар асоси осори Фаридуддини Аттор баррасӣ намуда, таъкид кард, ки ҳикояти Аттор дар бораи Робиа муассир аст, вале гумон меравад аз хаёлоти бадеӣ орӣ нест. Дар бораи ҳунари шоирии Робиаи Балхӣ ишораҳо зиёданд, аммо ба андешаи мо, нахустин ва болотаринаш байти зерини Аттори Нишопурист, ки таъми сухани шоираро басо воқеӣ ва шоирона ифода кардааст:

Чунон дар шеър гуфтан хушзабон буд,
Ки гӯйӣ аз лабаш таъме дар он буд.

Чунонки Низом Қосим таъкид намуд, дар чанд байте, ки аз Робиа мерос мондааст, симои як шоири озодандеш, озодманиш ва озодидӯст равшан буда, дар шеъри ӯ тасвири хислатҳои инсонӣ ҷолиби диққатанд ва аз маҳорати баланди шоириаш дарак медиҳанд.

– Ҳадафи дар Паёми Пешвои миллат зикр шудани Робиаи Балхӣ ва Борбади Марвазӣ, – хулоса кард Низом Қосим, – пеш аз ҳама дар он аст, ки ҳаёту мероси адабиву фарҳангии намояндагони бузурги тамаддуни тоҷик бори дигар мавриди назар ва омӯзиши амиқтар қарор бигиранд.

Сипас узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон риштаи суҳбатро ба даст гирифта, гуфт:

– Робиаи Балхӣ аз нахустин бонувони сухансаро ва соҳибдевони тоҷик дар аҳди давлатдории некноми Сомониён аст, ки ба забони модарии мо шеърҳои ширину дилрас сурудааст. Балх ҳамон шаҳрест, ки Абулмуайяди Балхӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абушакури Балхӣ аз хоки поки он бархостаанд. Робиа ҳам дар ҳамин гуна муҳит ба дунё омад ва дар фазои созгори забону адаб касби камол кард. Шамси Қайси Розӣ дар “Алмуъҷам” мегӯяд, ки дар шеър баҳри мусаддаси муқаннаъ сохтаи завқи баланди Робиаи Балхӣ аст.

Чунончи дар вазни ин байт:

Турк аз дарам даромад хандонак,
Он хубрӯи чобук меҳмонак.

Мувофиқи таъкиди Ҳасани Султон, баъзе муҳаққиқон дар баробари он ки Рӯдакиро падари шеъри форсӣ гуфтаанд, Робиаро модари шеъри форсӣ номидаанд. Ба он маънӣ аст, ки офтоби ҷаҳонтоби назми форсӣ нахуст аз уфуқи шаҳрҳои сарзаминҳои аҷдодии мо партавафшониву шуълаафшонӣ кардааст. Яке аз хусусиятҳои муҳим ва қобили мулоҳизаи сурудаҳои Робиа шеваи баёни одӣ ва тоҷиконаи онҳост. Масалан, Робиа гуфтааст:

Фишонд аз савсану гул симу зар бод,
Зиҳӣ боде, ки раҳмат бод бар бод.

Дар ин байт вожаи «раҳмат» ба маънии изҳори сипосу ташаккур аст, ки дар байни мардуми мо то ба имрӯз истифода мешавад.

– Мутаассифона, аз Робиа то замони мо ҳамагӣ 55 байт расидааст, – гуфт донишманд ва афзуд, ки аз ҳамин миқдори кам ҳам камоли шоирии ӯ аён мебошад.

Шояд як сабаби аз байн рафтани қисми зиёди шеърҳои ошиқонаи ӯ бастагӣ ба боло гирифтани таассуби динӣ дар рӯзгораш дорад.

Тавре мавсуф таъкид намуд, бояд мо бо ҷалби муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ барои таҳқиқи рӯзгору осори ин сухансарои забардаст, инчунин Парвини Эътисомӣ, Фурӯғу Симин, Гулрухсору Фарзона ва дигар шоираҳои муосирамон камари ҳиммат бандем.

Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода дар раванди суҳбат изҳор дошт, ки достони дар бораи Робиаи Балхӣ навиштаи Фаридуддини Аттор ғанимати бузургест, ки то ҳанӯз комилан мавриди пажуҳиш қарор нагирифтааст. Достони мазкур натанҳо барои шинохти шахсияти Робиа, балки барои шинохти муҳити адабии он замон, муносибатҳои Бухоро ва Балх ва мавзуи нигоҳ ба адабиёт, ба шеър иртибот дорад.

– Ҳарчанд девони Робиаи Балхӣ боқӣ намондааст, аз рӯйи гуфтаҳои Фаридуддини Аттор бармеояд, ки бояд ӯ шеъри фаровон навишта бошад, – гуфт Рустам Ваҳҳобзода ва чанд байти Атторро мисол овард:

Нишаста буд он духтар дилафрӯз,
Ба роҳе Рӯдакӣ мерафт як рӯз.
Агар байте чу оби зар бигуфтӣ,
Басе духтар аз ӯ беҳтар бигуфтӣ.
Зи лутфи табъи он дилдода дамсоз,
Тааҷҷуб монд он ҷо Рӯдакӣ боз…

Ба андешаи Рустам Ваҳҳобзода, Робиаи Балхиро агар ориф ҳам нагӯем, баъид нест, ки бо он қуввату дараҷае, ки дар сухан дошт, ҳаким набошад. Падараш барои камолоти ӯ талоши зиёд ба харҷ додааст.

– Гоҳ-гоҳ Аттор дар манзумааш аз суханони Робиа нақли қавл мекунад. Он қисматҳо шояд моли худи Робиа бошанд, ки пажуҳиш бояд кард, – гуфт дар поёни суҳбаташ Рустам Ваҳҳобзода ва илова намуд, ки бузургдошти Робиа бо пажуҳишҳои амиқ натиҷаи хуб ба бор хоҳад овард.

Дар идомаи ҳамоиш узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Аламхон Кӯчарзода, адабиётшинос Умар Сафар низ суҳбат карданд ва шоирони шинохта Давлати Раҳмониён, Шаҳрияи Аҳтамзод, инчунин корманди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Гулрухсор Нозимова шеърҳои худро хонданд.

Аз ҷониби муҳаққиқ Анзурати Маликзод пешниҳод гардид, ки агар боғе ба номи Робиаи Балхӣ гузошта шавад ва пайкараи ӯ қомат афрозад, идомаи тадбирҳое хоҳанд шуд, ки ҷиҳати бузургдошти ин шоира дар ҷумҳурӣ дар назаранд. Ҳамчунин пешниҳод гашт, ки таъсиси Ҷоизаи адабии ба номи Робиаи Балхӣ саривақтист.

Чанде пеш маҷмуаи шеърҳои Робиаи Балхӣ ва таҳқиқоти дар бораи ӯ рӯйикоромада ба табъ расид, ки дар чорабинӣ муаррифӣ карда шуд. Мураттиби китоб шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Иброҳими Наққош, муҳаррир ва  муаллифи пешгуфтори он Анзурати Маликзод мебошанд.

Ҳамоиши илмиву адабии “Робиаи Балхӣ – нахустшоираи тоҷик” бо баҳрабардорӣ аз суҳбатҳои адибону донишмандон ва пешниҳодҳои ҷолиб анҷом пазируфт.

Дигар хабарҳо