Сироҷиддин Икромӣ Хаёли хом

(ҳикоя)

Сироҷиддин Икромӣ

Соли чаҳоруми таҳсили донишгоҳии Самад пушти сар шуду роҳи зодгоҳаш, деҳаи Сабзпӯшро пеш гирифт. Чанде қабл хабар ёфта буд, ки волидайн барои ёфтани ҳамболини ӯ дар тараддуду пурсу суроғанд. Ба худ меболид аз ин тасмим ва мепиндошт, ки аҳли хонаро саргарми омодасозии хонаву дар барои барпосозии тӯй мебинад. Чун аз дарвозаи хона ворид шуд, ҳамаро ба ранги қадим диду дуд аз димоғаш баромад. Ба ҷойи он ки барои мулоқот бо модараш, ки сари пали пиёз саргарми кор буд, ба парвоз шавад, овоз рӯшан кард:

– Аз ин оромиву хомӯшӣ бӯйи он меояд, ки ин тобистон ҳам мо бо сари қоқ ба шаҳр бармегардем! На садои доира ҳасту на даводаву на касе дар фикри ҷуфт кардани сари мо!

Сайрам-хола бо шунидани садои писар аз ҷо бархост ва шитобзада барои истиқболаш гом бардошт. Самад низ кифашро ба долон ҳаво доду давид ба сӯйи модар. Модар ҷигарбанди хандонашро дар оғӯш гирифта, аз сару рӯяш бӯсиду писар аз пешонаи бузургвор. Баъде, ки якдигарро раҳо карданд, дар ҳоле ки гули табассум дар лабони модар шукуфта буд, аҳвол пурсиду сипас гуфт:

– Бачаи кенҷа ҳам беқарор мешудасту ҳам берӯ. Ҳар гоҳе бо падарат масъалаи зангирии бародаронатро ба миён мегузоштем, аз шарм лола гашта, намедонистанд сар ба куҷо зананд. Ту бошӣ, ба забони ҳол омада, нашармида, даъвои зан дорӣ.

– Деги хурд зуд меҷӯшад. Бистучорсола шудам. Хизмати ватанро ҳам ба ҷо овардам. Ҳарфи хуби падарам ҳаст, ки ҳама кор дар ҷавонӣ зеб дорад. Пиршаҳ шукӯҳу шаҳомат надорад, очаҷон.

– Аз афташ ягон арӯси таги чашмкарда дорӣ. Хонашон куҷост, ки хостгорӣ равем?

– Очаҷон, ҳар касеро интихоб кунед, ман розӣ. Муҳимаш ба шумо писанд ояд.

– Не, бачам, ин хел намешавад. Савдои умр аст. Ҳар кас ҳамсарашро бояд худаш интихоб кунад.

– Ман гапама гуфтам. Пагоҳ Назокатапам ҳам аз шаҳр меояд. Аз ҳузураш истифода баред. Одами шаҳрия гапу кораш дигар.

– Вай, ки омаданӣ буд, сабр накардӣ, ки якҷоя биоед.

– У бо кӯдаконаш як мошинро пур мекунад…

Бегоҳ, ки амаки Киром аз кор ба хона омад, ҳамсараш Сайрам-хола нарезондаву начаконда, ҳама гапи писарашро барои ӯ бозгӯ кард. Падар хандаи ширине намуду гуфт, ки «кола (насл) ба зоташ накашад, ҳаром аст», Самад ба худам рафта. Ҳарфи пинҳон надорад. Пагоҳ, ки Назокат омад, маслиҳат кунеду аз пайи келинкобӣ шавед. Дастамон мерасад. Ба ҳамин зинда буданамон сарашро ҷуфт кунем, беармон меравем…

Баъди пурсу суроғ бо маслиҳати Маъруфи ҳамсояаашон, ки ронандаи автобус буд, Киром ба ҳамсараш фармуд, ки Назокатро гирифта, ба маркази ноҳия, ба хонаи Сабури автобусчӣ хостгорӣ раванд. Хонааш дар назди даромадгоҳи бемористони ноҳия ҳасту ёфтанаш мушкил надорад…

Хостгорҳоро Самад бо мошини падараш бурд. Чун онҳо аз дари ҳавлии Сабур ворид шуданд, духтари қадрасе, ки саргарми шустушӯйи косаву табақ буд, бо дидани онҳо рӯяшро панаҳ карда, давон ба хона даромад. Лаҳзае пас зани калонсолтаре берун омаду аз меҳмонон бо рӯгармӣ пазироӣ кард ва онҳоро ба даруни хона хонд. Дар ҳамин ҳол ки Самад, аз боғоҷи мошин анбони нону шириниҳоро гирифта, ба ҳавлӣ ворид мешуд, чашмаш ба ҳамон духтар афтид, ки аз паси тиреза пардаро каме канор зада, ба ӯ менигарист. Самад бо сарҷунбонӣ салом дод. Духтар бидуни он ки посух бигӯяд, пардаро аз дасташ сар дод. Самад бору бастаҳои дасташро ба замин гузошту ба роҳи омадааш пас гашт. Чеҳраи духтар барои ҳамеша дар хотираш нақш баст…

Он рӯз барои Сайрамхолаю духтараш муяссар шуд, ки арӯсро бубинанд. Писандашон омад: мавзунқомат, сафедрӯ, лоғарандом, чашмонаш сиёҳу тарҳашон бодомӣ, абрӯвонаш дарозу шикаста чун камон, рухсораҳо лолаи баҳорӣ, мӯяш дарозу ба қадаш якто ва дастони нафис нозукаш дар сафедӣ чун барф. Ба як ибора парӣ. Парӣ не, зеботар аз парӣ. Агар парӣ ӯро медид, аз шарм сар дар гиребон мекашид…

Қоидаи маъмул аст, ки соҳибони духтар ҳарчанд розӣ бошанд ҳам, дарҳол пешниҳоди пайвастани риштаи хешутабориро қабул надоранд, гӯянд, ки бо наздикон маслиҳат мекунем ва дар рӯзҳои наздик ҷавобашро хоҳем гуфт. Дар ин муддат пурсуҷӯ намуда, тавассути одамони ба худ наздик ҳафт пушти хостгорро омӯзанд. Гоҳо чунин ҳам иттифоқ афтад, ки соҳибони духтар ҳарчанд барои пайванди хешутаборӣ розӣ набошанд ҳам, ба хотири озурда насохтани меҳмонон рӯйи одамӣ гарм гӯён аз додани ҷавоби рад худдорӣ намоянд. Хонаводаи Сабур ҳам аз ин қоида риоя кард.

Сайрам-холаю Назокат чун ҷавоби рад нашуниданд, хушҳол ба хона баргаштанд. Итминон доштанд, ки кор пухтаву чанд рӯз баъд тӯю сур барпо мешавад. Аммо кор ранги дигар гирифт. Бегоҳи ҳамон рӯз Сайрам-хола аз назди дарвозаи хона лифофаеро ёфт. Даруни лифофа нома ва дар он омада буд: «Амаки Киром, ман нону намаки шуморо бисёр хӯрдаам, агар духтари Сабурро ба хона келин карда меоред, ман дигар аз дари шумо даромада наметавонам. Ин корро накунед, ки сахт пушаймон мешавед …».

Самадро ҳам аз мазмуни нома воқиф карданд. Чун қазия дар миёни падару модар ва домодшаванда баррасӣ шуд, сутуни хонадон чунин хулоса кард:

– Чун рӯз рӯшан аст, ки мактуб навиштаи хушдори арӯс ва касе аст, ки ҳамдеҳаи худамон будаву ба хонаи мо рафтуомад дорад. Хуб шуд, ки сари вақт воқиф шудем. Раҳи хонаи Сабурро фаромӯш кунед. Агар розӣ шавад ҳам, ман духтари ӯро келин намекунам.

Аммо Самад, ки чеҳраи духтар як лаҳза аз пеши назараш дур намешуд, андешаи дигар ба миён гузошт:

– Аҷаб нест номаро фарде навишта, ки ба хонаводаи Сабур душманӣ дорад ва аз ин роҳ мехоҳад ӯро беобирӯ бикунад. Зеро хуб медонед, ки рӯгардонии тарафи домод барои хонаводаи духтар шармандагӣ аст. Духтар ба айбдорию сабукпоӣ муттаҳам мешавад ва бо ҳамин бехаридор мемонад. Пешниҳод мекунам, ки қазияи мактуб ҳамчун сир дар миёни худамон боқӣ монад, ба касе чизе нагӯем, бидуни таҳқиқу санҷиш касеро бадном кардан аз рӯйи инсоф нест. Ман ҳамаашро маълум мекунам.

– Бо кадом роҳ?– пурсид падар.

– Ҳисобашро меёбам, – кӯтоҳ посух дод писар.

Самад субҳи рӯзи дигар роҳи маркази ноҳияро пеш гирифт. Аввал ба назди Маъруфи ҳамдеҳааш рафт. ӯро дар мошинсаро ёфт. Автобусашро таъмир мекард. Баъди салому ҳолпурсӣ Самад гапро аз дур оғоз намуд:

– Амак, тавре хабар доред, падару модарам маро напурсида, духтари Сабури ҳамкори шуморо мехоҳанд келин бикунанд. Ин хел намешавад, домоду арӯс бояд якдигарро бинанд, суҳбат кунанд, шарту шароити худро гӯянд, агар қабул доранд, он гоҳ тӯй шаванд. Ҳамдигарро надида, чӣ хел зану шӯ мешавӣ? Омадам, ки як бор арӯсро аз наздик бубинам. Чӣ маслиҳат медиҳед?

Маъруф даст ба риши дамидаш бурда, онро молиш доду андешаманд гуфт:

– Ин мушкил нест. Духтар дар коллеҷи тиббии ноҳия мехонад. Писари Назари деворгари ҳамдеҳаамон ҳам дар он ҷо таҳсил дорад. Агар ӯро пайдо бикунӣ…

Маъруф гапашро то поён набурда буд, ки ғайриинтизор, писараш, Маҳмуд бо ранги рӯйи канда, нигарону озурдаву ҳак-ҳакзанон нафасгирон ҳозир шуд. Гарчанде ки Самадро кайҳо боз надида буд, бо дили нохоҳам ба зӯр даст дароз карда, бо нӯги ангуштонаш бо ӯ салом намуд. Ҳатто напурсид, ки кай аз шаҳр омаду чӣ ҳол дорад?

– Ман ба отам кор дорам, – гуфт ба лабу лунҷи овезон ба Самад нигоҳ карда ӯ.

Самад аз чунин муомилаи ӯ дар ҳайрат монд. Ноилоҷ канор рафт. Ҳарчанд фикр кард, сабаби ранҷиши Маҳмудро дарк карда натавонист. Зеро бо ӯ на дӯстӣ дошту на рафтуову на ҳеч муомила. Ба худ яқин кард, ки таги коса нимкосае ҳаст. Аз пушти автобус тоб хӯрду истод.

– Самад, дур нарав! Ҳоло бо ту гап дорам, – нидо кард аз паси ӯ Маъруф.

Гуфтугӯи миёни падару писар иттифоқафтодаро Самад бармало шунид:

– Ота? – забон хоид Маҳмуд.

– Ҷон, – меҳрубонӣ кард падар.

– Ота, набояд Самад Маҳастиро гирад.

– Кадом Маҳастиро?

– Духтари ҳамкори шумо, Сабурро.

– Барои чӣ?

– Ман ӯро мегирам. Дӯсташ медорам.

– Дӯст медорӣ?

– Ҳа.

– Ӯро аз куҷо медонӣ?

– Ёдатон бошад, ду ҳафта пеш якҷоя ба хонаашон рафта будем, ӯро ҳамон ҷо дидам. Бо як дидан дӯсташ доштам. Отаҷон, як илоҷ кунед, ки тӯй нашавад.

– Ҳушат дар ҷояш? Ман худам ба Киром маслиҳат додам, ки ӯро келин кунад. Ба Самад мувофиқ аст. Ҳарду хондагӣ, соҳибмаълумот. Ин фикрро аз сарат дур кун. Аз вай зеботарашро ёфта, ба ту медиҳам.

– Дигараш ба ман даркор нест, ота. Ё ҳамин духтарро келин мекунед, ё ман баромада Росия меравам ва дигар ҳеч гоҳ баргашта намеоям, – дар раъяш қоим буданашро изҳор дошт Маҳмуд.

– Ба умед нашав! Ҳаргиз ба болои Киром по намегузорам! Ту ақлатро хӯрдаӣ!

– Ота, коре кунам, ки сахт пушаймон шавед.

– Рав, ҳар коре, ки мекунӣ, ихтиёр дорӣ.

– Худамро ба Аҳмаррӯд мепартоям…

Маъруф аз шунидани чунин тасмими писар моту мабҳут монд. Бим бурд, ки Маҳмуд суханашро ба амал пайванд медиҳад.

– Ист! Нарав! – амр кард ба Маҳмуд, ки ба роҳи омадааш пас гаштанӣ буд.

Маҳмуд ба фармони падар итоат накард ва ба роҳи худ идома дод.

– Ба ту мегӯям, ист! – садо баландтар кард падар.

Маҳмуд аз рафтан бозистод. Пас гашт.

– Духтари Сабур медонад, ки ӯро дӯст медорӣ?

– Не.

– Рафту дӯстат надорад, бо ӯ чӣ гуна зиндагӣ мекунӣ?

– Муҳим он, ки ман дӯсташ медорам.

– Ин хел намешавад. Муҳаббат бояд аз ду тараф бошад. Агар ин нест, хушбахтӣ муяссар намегардад, бачам, – каме ором шуда ба насиҳат гузашт Маъруф.

– Аз тӯй нашудани Самаду Маҳастӣ касе чизе бой намедиҳад. Ҳоло тарафи арӯс нагуфтааст, ки ба хеш шудан бо амаки Киром розӣ аст. Дигар ин, ки ба шунидам амаки Киром ба ин хешутаборӣ он қадар ҳам дилкашолӣ надорад. Як ишора бас аст, ки аз ин кор даст кашад.

– Ту аз куҷо медонӣ?

– Медонам, ота.

– Чизеро пинҳон медорӣ. Агар нагӯйӣ, Маҳастиро Самад мегирад. Чӣ, гумон кардӣ, ки танҳо ту шарт гузошта метавонӣ?

– Ман ин муамморо мекушоям! – аз паси автобус берун омада, ба суҳбат ҳамроҳ шуд Самад.

– Чи муаммо будаст?– ҳайрон монда пурсид Маъруф.

– Дина ба мо мактубе расид, ки дар он ҳам оҳанги сипосу миннатдорӣ дида мешуду ҳам таҳдиду ҳушдор. Акнун кӣ будани муаллифаш маълум гардид.

– Гуфтанӣ ҳастӣ, ки кори дасти Маҳмуд аст? Чӣ навиштааст?

– Навишта, ки бо мо нону намакхӯрда аст, мо набояд духтари Сабурро келин кунем, зеро ӯ дигар наметавонистааст аз дари хонаи мо дарояд ва агар мо гапи ӯро нодида бигирем, сахт пушаймон мешавем.

– Ин ҳамаро Маҳмуд навиштааст?

– Дигар кӣ менависад?

Падару писар бо шунидани айбномаи Самад музтар монданд. Бечора шуданд. Маҳмуд ранг бурду ранг овард. Ҳолати аҷиб пеш омад. Ҳолате, ки касе онро пешбинӣ намекард. Дар миёни онҳо хомӯшӣ ҳукмфармо шуд.

– Кори хуб накардӣ, – билохира, рӯ ба писараш карда, оромона гуфт падар. –Духтари мардакро бадном кардӣ. Магар ошиқ ба худаш иҷозат медиҳад, ки дӯстдоштаашро беобирӯ кунад? Инро фикр накардӣ?

Маҳмуд ин лаҳза ба худ омад. Дар ҳоле ки чашмонашро калон кушода буд, гуфт:

– Ота, ӯ сафсата мегӯяд. Ин дурӯғи маҳз аст. Ман ягон мактуб нанавиштаам. Кори дасти одами дигар аст. Исботаш мушкил нест. Аз ҳусни хат ҳамааш маълум мешавад.

Падар дигар ба ҳарфи ӯ эътибор надод ва ба Самад рӯ овард:

– Медонам, дур нарафтӣ, пушти автобус будӣ, аз асли кор воқиф шудӣ. Ҳоҷат ба шарҳу тавзеҳ надорад. Акнун худат бигӯ, ки ман ба ин гусола, – ба писараш ишора кард ӯ, – чӣ кор бикунам?

– Ҳеч. Маҳмудро мефаҳмам. Ман аз ӯ намеранҷам. Бача ошиқ шудаст. Ин дард барои ман ҳам ошност. Вақте ки ошиқ набудам, чун аз дилбохтаҳо мешунидам, ки дарди ишқ зӯр аст, дасту панҷаи тавоно дораду зӯри ақл ба ӯ намерасад ва дар вуҷуди инсон ҳокими мутлақ гардида, ба ҳар ранге, ки хоҳад, ӯро идора мекунад, хандаам меомад. Акнун дарк кардам, ки ин ҳарфҳо воқеият дорад. Ошкоро мегӯям, ки ман ҳам бо як дидан Маҳастиро дӯст доштам ва бо истифода аз тамоми роҳҳо коре мекунам, ки зани ман шавад.

– Хестӣ, ки хобӣ! Маҳастиро ман мегирам! – садо баланд кард Маҳмуд.

– Ин хобатро ба об гӯй! Мо аввал хостгорӣ рафтем, вай аз ман мешавад! – паст наомад Самад.

– Беҳуда зӯр назан, боз миёнат нашиканад! Гапам якто, Маҳастиро ман ба занӣ мегирам!

– Гурусна нон хоб мебинад! Сояатро калон набин, Маҳмуд. Ҳоло даҳонат бӯйи ширу пуштат бӯйи гаҳвора мекунад. Кӯдак!

– Кӣ кӯдак? – бо тамоми овоз дод зад Маҳмуд ва дигар худро дошта натавонисту мушти обдоре ба зери манаҳи Самад фуровард. Аз зарби он Самад як каловиду худро аз афтодан нигоҳ дошт ва ҷаҳиду гиребони Маҳмудро дошта, тоб доду ба паси пояш зарба зад. Маҳмуд ба пушт афтид. Самад болои ӯ баромада, ду-се мушт ба сару рӯяш фуровард. Ҳамин лаҳза Маъруф, ки чунин ранг гирифтани корро интизор надошту худро гум карда буд, ба худ омад ва ба миён даромада, онҳоро аз якдигар раҳо карданӣ шуд, аммо зӯраш нарасид. Ин лаҳза Сабур пайдо шуд. Бо дидани ҳол ба ёрии Маъруф шитобид ва барояшон муяссар гардид, ки Самаду Маҳмудро аз дасти якдигар раҳо бикунанд. Сабур бо дидани гиребонҳои даридаю сару рӯйи кафидаи бачаҳо музтар монд. Пурсид:

– Маъруф, тинҷист? Ин чӣ гап? Инҳо паҳлавонҳо барои чӣ меҷанганд?

– Барои духтари ту,– ҷавоб дод Маъруф бо қаҳр.

– Барои духтари ман? – ҳайрон шуда пурсид Сабур ва садои қоҳ-қоҳи хандааш парандаҳои сари шохсорони дарахти беди канори ҷуйборро ба паридан маҷбур сохт.

– Бале! Ҳар ду талабгори духтари ту ҳастанд, – озурдахотир посух дод Маъруф.

– Беҳуда якдигарро хуншор кардед. Ҳамин саҳар бехабар аз асли кор бо занак машварат кардем, ки ба Кироми ҳамдеҳаат чӣ посух бигӯем. Модари бачаҳо гуфт, ки духтарамон розӣ нест. Сабаб пурсам, дар ҷавоб гуфт, ки миёни ӯ ва Шарафи писари Назари деворгари ҳамдеҳаи шумо, ки бо духтари мо дар Коллеҷи тиббӣ мехонад, солҳо боз аҳди дӯстӣ барқарор будаву ба якдигар қавл додаанд, ки оила бунёд мекунанд. Ҳар падару модар хушбахтии фарзандашро мехоҳад. Модом ҷавонон якдигарро дӯст доштаву ваъда додаанд, чаро мо халал расонем? Ба ин ҳақ надорем. Мақсади омаданам ба назди ту, Маъруф, барои ҳамин буд, ки узри моро ба Кироми ҳамдеҳаат бирасону ба ӯ бигӯй, ки ба умед нашавад, хеш намешавем.

Садо додани ин ҳарфҳо барои Самаду Маҳмуд ба он монд, ки аз сарашон як сатл оби хунук бирезӣ…

Дигар хабарҳо