САФАР ГУРЕЗ
ГУРЕЗ САФАР 10 майи соли 1960 дар шаҳри Кӯлоб, дар хонадони шоир Ашӯр Сафар ба ҷаҳон омадааст.
Пас аз хатми мактаби миёнаи №6 ба номи Рӯдакии шаҳри Кӯлоб (1977) муддати як сол дар Комбинати манзилию коммуналии шаҳри Кӯлоб (КЖКП) ба сифати коргар кор карда, соли 1978 ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил мешавад. Баъди хатми донишгоҳ (1983) чанд муддат дар кафедраи адабиёти саветӣ кор кардааст. Сипас роҳбари бадеии Қасри маданияти шаҳри Кӯлоб, мусаҳҳеҳи нашриёти «Маориф», мусаҳҳеҳи калон, муҳаррир, муҳаррири пешбар, мудири шуъбаи адабиёти калонсолон ва муовини директори нашриёти «Адиб», сармуҳаррири маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» (1996-99) будааст. Аз апрели соли 2015 то марти соли 2019 директори Муассисаи нашриявии «Адиб» буд. Ҳоло нафақагир, маъюби гурӯҳи 1 аст.
Аз соли 1989 узви Иттифоқи журналистони СССР, аз соли 1995 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Муаллифи маҷмуаҳои «Ариза ба номи янга» («Адиб», 1992), «Аз дидаву шунида» («Сада», 1994), «Нози ҳавас» («Адиб», 2002), «Ҷавобак» («Адиб» 2002), «Чашми сиёта садқа» («Адиб» 2004), «Лутфи Ашӯр Сафар» («Адиб», 2005), «Сад барги тар» («Адиб», 2009), «Равзани роз» («Адиб», 2010), «Шамъи саодат» («Адиб», 2014), «Ҳам арш, ҳам фарш» («Адиб», 2015), «Лутфи Муҳтарам» («Адиб», 2015), «Се тори ҳамнаво» («Адиб», 2018), «Нахли меҳр» (Хуҷанд, «Ношир» 2020), «Дидаи дард» («Шарқи Озод», 2021), «Лутфи Ашӯр Сафар», қ.1 («Адиб», 2022), «Давлати дунё» («Шарқи Озод», 2023), «Хандаи тақдир» («Шарқи Озод», 2023), «Азизи дилҳо» (Сомон-Принт, 2023), «Осори мунтахаб» («Шарқи Озод», 2024), «Лутфи Ашӯр Сафар», қ. 2 («Адиб», 2025), «Одина Ҳошим дигар аст» («Ирфон», 2026), “Лутфи Ашӯр Сафар” (нашри мукаммал бо таҳриру иловаҳои нав, “Ирфон”, 2026.
Гулчини ашъори Гурез Сафар соли 2021 бо номи «Нахли меҳр» аз тариқи Интишороти «Арван»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон (бо ҳуруфи форсӣ) пешкаши хонандагон гардидааст.
Мураттиби маҷмуаҳои Ашӯр Сафар «Хӯшаи нур» («Адиб», 1997), «Мунтахабот» («Адиб»,2000), «Борони ҳидоят» («Адиб», 2008), Сайидои Насафӣ «Машъали нури таҷалло» («Маориф ва фарҳанг» 2009), Соиб «Ашъори барчида» («Маориф ва фарҳанг» 2009), «Наврӯзи Роғун» («Адиб», 2010, – ҳамроҳи С. Маъмур ва Шералӣ Мӯсо), Боқӣ Раҳимзода «Шаҳчанор» (2010), Лоиқ «Девони замон» («Адиб» 2011, – ҳамроҳи Ф. Карим), Ашӯр Сафар «Садбарги таманно» («Маориф ва фарҳанг» 2011), «Бахтофарин» (Адиб, 2011, – ҳамроҳи Ф. Карим), «Чакомаи Ваҳдат» («Адиб», 2012), «Сурудҳои мардуми Кӯлоб» («Адиб» 2015), Сафармуҳаммад Аюбӣ «Мунтахабот» (2015), Мастон Шералӣ «Мунтахабот» (2016), Ашӯр Сафар «Девон» («Адиб» 2018) ва ғайра.
Афсонаи «Чашмаи сеҳрнок»-и Гурез Сафар баъди ғолиби озмун гардидан дар Ҷумҳурии Корея дар шакли китоби ранга ба забонҳои кореягӣ, русӣ ва англисӣ (ҳар кадом бо теъдоди 3000-нусхагӣ) аз чоп баромадааст.
Узви ҳайати таҳририя ва ҳайати мушовараи 50 ҷилдаи «Ахтарони адаб» (Адиб, 2011-2019, ҷилдҳои 11-38).
Шеърҳо ва ҳикояҳои ҷудогонааш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва туркманӣ тарҷума ва нашр шудаанд.
Ашъор ва ҳикоёти зиёди ҳаҷвиаш аз ҷониби барномаҳои “Суҳбати дӯстон”, “Шӯхиҳои Аловуддин”, “Лаҳзаҳои гуворо” ва дигар ҳаҷвнигорон суруд ва намоиш гардидаанд
Мукофотҳо: Медали «Хизмати шоиста» (2013), «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2019), барандаи Ҷоизаи адабии ба номи М. Турсунзода (2011), Ҷоизаи ба номи Ашӯр Сафар (2015), Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2001), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2016), Нависандаи халқии Тоҷикистон (2022).



