«Садои Шарқ» расид

Шумораи навбатии маҷаллаи «Садои Шарқ», рақами 6, аз чоп баромад.

Ин бор ҳам маҷалла маводи зиёди хонданӣ, ба монанди шеъру публитсистика, қиссаву ҳикоя, тарҷумаи осори ҷаҳонӣ ва танқиду адабиётшиносиро манзури хонандагон намудааст.

Шеърҳои Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим, Акбар Абдуллоҳ, Лолаи Саидакбар, аъзои нави Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Мирзоюсуф Тоҳирӣ, Руъё Усмонӣ, Ойдинисо бахши наазми маҷалларо оро додаанд.

Мақолаи таҳлилии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам – «Меъмори ваҳдат ва сулҳ» бозгўйи ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи ба даст овардани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ мебошад. Муаллиф бо далелҳои муътамад дар ин бора андешаҳои худро баён намудааст.

Азбаски соли оянда маҷаллаи миллии «Садои Шарқ» 100-сола мешавад, дар «Саҳифаи сардабир» мақолаи «Садои Шарқ» садсола мешавад»-и сармуҳаррир дарҷ гардидааст, ки роҳи тайнамудаи маҷалла, аввалин сардабирон, муаллифони фаъол ва марҳилаҳои гуногуни роҳи тайнамудаи онро зикр намудааст.

Таҳти унвони «Қонуни худшиносӣ» суҳбати академики АМИТ Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Сайидо Шарафӣ дар бораи таъсиси «Конуни тамаддуни ориёӣ» ба чоп расидааст. Академик Раҳмонзода зимни ин муҳовараи самимӣ ҳадафҳои наҷибонаи ояндабинонаи Пешвои миллатро аз созмон додани Конун муфассал баён намудааст.

Маҷалла бахшида ба 110-солагии шоири ватансаро Ҳабиб Юсуфӣ чанд шеърашро ба хонандагон пешкаш намудааст.

Дар қисмати наср қиссаҳои «Даранда»-и Сайид Раҳмон, «Пешонисафед»-и Маҷид Салим, ҳикояи «Одаммор»-и Ҷумъахон Сайдалӣ ва ҳикояи нависандаи навқалам Исломиддин Асоев –«Харгўшҳо» чоп шудааст, ки ҳар кадоме бо сабку услуби худ дар бораи модагург ва хислатҳои ғайриодии он («Даранда»), аспи зебои пешонисафед ва вафодории он ба соҳибаш («Пешонисафед») ва таваллуди тифле, ки танааш мисли пўсти мор буд, хонандаро бо хулқу атвори олами вуҳуш шинос мекунанд.

Аз адабиёти ҷаҳон қиссаи «Мариамна»-и Пер Лагерквист – нависандаи швед, дар тарҷумаи Салими Зарафшонфар бо забони суфта ва ширин ба тоҷикӣ баргардонда шуда, хонанда бо қисмати хотимавии он шинос мешавад.

Дар қисмати нақду адабиётшиносӣ «Марҳалаи ташаккулу пешрафти наср»-и Шодӣ Раҷабзод ҷой дода шудааст, ки муаллиф насри солонаи дар маҷалла чопшударо хеле мўшикофона таҳлил намуда, ба ҳар як қисса, ёддошт, ҳикоя, роман, киноқиссаҳои Абдулҳамид Самад, Кароматулло Мирзо, Саидаҳмади Зардон, Шодӣ Раҷабзод, Неъматулло Худойбахш, Шоҳмансури Шоҳмирзо, Сафия Носир, Эленора Қосимова, Абдуғаффори Партав, Ато Мирхоҷа, Юнус Юсуфӣ, Муродалӣ Собир, Маҷид Салим, Мираҳмад Амиршоҳӣ ва дигарон баҳои сазовор додааст.

Профессор Иброҳим Усмонов дар тақризаш «Асари бузурги адабӣ аз таърихи халқи тоҷик» романи «Сарои Санг»-и Ато Мирхоҷаро мавриди таҳлил дода, ба романи мазкур аз ҷиҳати истифодаи хуби маъхазҳои таърихӣ, бадеият ва афсонаву ривоятҳо баҳои сазовор дода, онро далели “будан дар роҳи рост ва бедории маънавии адибони мо» номидааст.

Тиллои Некқадам

 

Дигар хабарҳо