САБАҚҲОИ ТАЪРИХ АЗ ДИДИ ТОЗА

 САБАҚҲОИ ТАЪРИХ АЗ ДИДИ ТОЗА

Дар коргоҳи эҷодии журналисти собиқадор ва нависандаи хушзавқи тоҷик Карим Мўсо таваҷҷуҳ ба рўзгори пуршебу фароз ва ибратбахши адибони муосири тоҷик ҷойгоҳи вижа дорад. Вай дар тўли фаъолияти эҷодии хеш перомуни рўзгор, фаъолият ва паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти баъзе аз адибони номвари тоҷик, ба монанди Сотим Улуғзода, Боқӣ Раҳимзода, Мирзо Турсунзода, Ҷумъа Одина ҷусторҳо анҷом дода, ҳосили пажуҳиш ва андешаҳои хешро дар қолаби мақола, мусоҳиба, очерк, эссе, қисса ва қиссаи мустанад пешкаши хонандагон гардонидааст. Дар хилоли ҳамин навиштаҳо ба мулоҳизаҳои муфид, лаҳзаҳои ҳассос, таҷрибаи хосси имтиҳони таърих дар баробари шахсияти эҷодӣ, ҷуръати фард ва дигар сабақҳои таърихии омўзандае низ дучор мешавем, ки дар иртибот ба шахсият ва эҷодиёти шоирони мазкур ва дигар адибону ходимони сиёсии аҳди Шўравӣ ва замони Истиқлол, аз ҷумла Садридин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Фазлиддин Муҳаммадиев, Файзулло Ансорӣ, Убайд Раҷаб, Ҳабибулло Назаров, Соҳиб Табаров, Муъмин Қаноат, Атахон Сайфуллоев, Бозор Собир, Ҳабибулло Файзулло, Равшани Ёрмуҳаммад, Низом Қосим, Муҳтарам Ҳотам, Нафасбеки Раҳмонӣ ва дигарон ироа шудаанд.

Аз мушоҳидаҳои чандинсолаи нигоранда ва аз муруре гузаро ба фаъолиятҳои корию эҷодии Карим Мўсо маълум мешавад, ки таваҷҷуҳи ўро бештар қисмати таърихии яке аз адибони тавонои тоҷик дар садаи XX, нависандаи навовари замон, муаллифи романи

“Гузашти айём” (тасниф ва чоп: миёнаи солҳои 1974-1976) Ҷумъа Одина (тав.: 13.03.1930 — ваф.: 10.09.1982) ба худ ҷалб кардааст. Вай дар ин росто заҳматҳои ситудании зиёде кашида, ҳосили ковишҳо ва баррасиҳои амиқу фарогири хешро дар қиссаи мустанади “Ҷабри таърих. Қиссаи мустанади таърихӣ” [Душанбе: Бухоро, 2013. – 156 с.] фароҳам овардааст. Ин қиссаи таърихии ҷолиб дар воқеъ, мустанад буда, натиҷаи ҷамъбасти ковишҳо ва ҷусторҳои адабии чандинсолаи муаллиф аст, ки дар заминаи очеркҳои “Дар домани шаб ғунуда бас рўзи сафед” (соли 1991), “Дасти ҳақ боло гирифт” (соли 1999) ва “Поксиришт” (соли 2000) дар соли 2001 навишта шудааст.

Ба назар мерасад, қасди аслии нависандаи қиссаи мустанади “Ҷабри таърих” дарёфти ҳақиқати муаммоҳои алоқаманд ба моҷарои тасниф, муҳокима, таҷдиди назар, чопҳои романи “Гузашти айём”, аз фурўш боздоштану сўзонидан, нашри дубора ва арҷгузорӣ ба хидматҳои адиб баъд аз марги ў буда, хостааст, то ба ин восита тақдири таърихии романи мазкурро дар иртибот ба воқеиятҳои охири аҳди Шўравӣ бозгў намояд. Ба назари мо, ҳеҷ масъалае аз назари нависанда дур намонда ва аз ҷониби ў ҳатто ба хурдтарин ҷузъиёт таваҷҷуҳ шудааст, ба мисли чунин масъалаҳои куллию ҷузъӣ: омодагӣ ба таснифи асари сегонае бо унвони “Мурури айём” аз ҷониби нависанда ва солҳои навишта шудани роман (1974-1975), таърихчаи муҳокимаи “Мурури айём” дар дафтари кории сармуҳаррир Убайд Раҷаб ва чопи асар бо номи “Гузашти айём” дар маҷаллаи “Садои Шарқ” (1976, шумораҳои 8-12), тақризҳои навиштаи мунаққидону адабиётшиносон Шукур Ҷумъаев, Раҷаб Амонов, Соҳиб Табаров ва Худойназар Асоев, Абдухолиқ Набиев, ки бо зикри таърихи дақиқ омадаанд, барои чоп ба нашриёт супоридани нусхаи комили роман (16.09.1977), чопи роман ва аз фурўш боздоштану сўхтани китоб, муҳокимаи роман дар КМ ҲК Тоҷикистон ва баровардани ҳукми мактуми асар, ки дар қисса ҳамчун қарори “таърихӣ” ёд шудааст, ба муҷозот гирифтор шудани нависанда ва нафарони дигар, тақризи Атахон Сайфуллов ва посухи нависанда ба муқарриз ва матолиби дигаре, ки баъдтар ба онҳо ишора хоҳад шуд. Аз ин ҷост, ки ин қиссаи мустанадро метавон бозгўи таърихчаи тақдири таърихии як романи ғайриқолабӣ дар насри шўравии тоҷик ва тасдиқу таъйиди ҳақиқати диди хосси адабии нависандаи ростин дар мақтаи таърихии муайян, замони тантанаи реализми сотсиалистӣ унвон кард.

Аммо муҳтавои қисса бо ҳамин маҳдуд намешавад. Нависанда, бо мақсади дарёфти заминаҳои ташаккули фардияти нависандаи навовар, моҷароҳои зиндагии даҳаҳои 30-юму 40-уми асри гузашта, масъалаи аз “кулаку бойҳо озод кадани ҷомеа” ва ба ҳамин буҳрони сиёсӣ гирифтор шудани хонадони нависанда Ҷумъа Одина, таҳсилоти ибтидоӣ, касби камолот, доираи фаъолиятҳо, ба касби нависандагӣ машғул шудану дастовардҳои назарраси дар ин арса ба дастоварда ва фарҷоми зиндагии ўро ба риштаи тасвир кашидааст. Матлаби ниҳоӣ ҳақ ба ҳақдор расидан, яъне ба Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рўдакӣ сазовор донистани романи “Гузашти айём” дар соли 1990 ва ба ин васила қадршиносии заҳмати нависанда аст. Дар қисса оид ба аҳли оила: волидайни нависанда, ҳамсару фарзандон ва бародарони Ҷумъа Одина ҳам маълумот дарҷ шудааст. Дар умум, хидмати муаллифи қисса дар бозгўйии рўзгори Ҷумъа Одина ва савонеҳи зиндагии нависанда қобили арҷгузорист. Аз рўйи маводи дар ин қиссаи мустанади таърихӣ пешниҳодгардида ва бо фарогирии таърихи таснифи дигар асарҳои Ҷумъа Одина ба миён овардани ҳолномаи илмии нависанда имконпазир аст.

Карим Мўсо дар навиштани қиссаи мустанади “Ҷабри таърих” аз санадҳои муътабари таърихӣ истифода кардааст: шуруъ аз ҳақиқате, ки дар натиҷаи тааммул ба рўзгори Ҷумъа Одина ҳосил шуда, то ба воқеияте, ки аз қавли шоҳидони бевосита баён мегардад; посухи нависанда ба тақризи муғризонаи мунаққиде, ки ҳар ду матлаб дар китоб ҷой дода шудаанд (ниг. ба: саҳ. 26-29; 30-33); таърихчаи тарҷумаи русии роман, номаи И. С. Брагинсикий ба Ҷумъа Одина ва ёдоварии посухи нома аз ҷониби нависанда дар ин хусус; бахше аз ду мусоҳибаи рўзноманигор Абдуқаюми Қаюмзод бо котиби идеологии вақти КМ ҲКТ Гулҷаҳон Бобосодиқова ва Муъмин Қаноат, раиси вақти ИН Тоҷикистон; нақли пурраи мақолаи устод Садриддин Айнӣ “Қабри устод Рўдакӣ ва деҳаи Рўдак” (агарчи ба мавзуъ иртиботи танготанг надорад, онро муаллифи қисса тавассути ёдоварӣ аз исми Диёр, ки “ба шарофати ў устод қабри Рўдакиро пайдо кардааст”, истифода намудааст, ки он ҳам санади муътабари таърихист); матни пурраи банди ҳафтуми қарори “таърихӣ”-е, ки ба воситаи он ҳукми маҳкум шудани романи “Гузашти айём” содир шудааст; хотироти нависандагон Равшани Ёрмуҳаммад, Муҳтарам Ҳотам ва қиссаи муҳарририи ў ба романи мавриди назар; руҷуе ба шахсияти падари Даврон Ашўров, ки ў ва Убайд Раҷаб ҳам ҳамроҳ бо Ҷумъа Одина ба муҷозот гирифтор шуда буданд; хотироти адабиётшинос ва тарҷумони машҳур Ҷумъабой Азизқулов ва зикри хайри ғамхорию ҳимоятҳои Соҳиб Табаров аз Ҷумъа Одинаи донишҷў, инчунин, ҷавоби нависанда ба шоир ва тарҷумони рус Синелников, ки аз қавли Ҳабибулло Файзулло нақл шудаву хеле омўзанда аст; иқтибос аз тақризҳои мунаққидони машҳур Абдунабӣ Сатторзода ва Абдухолиқ Набавӣ; нақли андешаҳои муҳимми Ҷумъа Одина оид ба тарҷумонӣ ва шахсияти тарҷумон (саҳ. 111-112); ёдоварии суҳбатҳои муаллифи қисса бо Нафасбеки Раҳмонӣ, ки дар охирин лаҳзаҳои ҳаёти Ҷумъа Одина ҳамроҳи вай буда ва бародари калонии нависанда – Гулбой; зикри суҳбати сарироҳии Бозор Собир бо Ҷумъа Одина; ёдоварӣ аз аёдати Азимқул Насимов дар беморхона; ниҳоят, муносибати муаллифи қисса бо нависандаи тавоно, ки аз оғоз то охири асар мисли тору пуди баҳамтанидаву бофташуда ҳузур дорад. Бинобар ин, сухани муаллифи қисса дар ҳар маврид мудаллал буда, мулоҳизаҳояш шоёни таваҷҷуҳ ва диққати аҳли таҳқиқу мулоҳиза ҳастанд. Ин қиссаи мустанад, махсусан, барои адабпажуҳон — мутахассисони насри тоҷик дар аҳди Шўравӣ, бахусус, муҳаққиқони романи “Гузашти айём” ва ҷомеашиносон манбаи муҳимму санҷидашуда ба ҳисоб меояд.

Инчунин, дар ин қиссаи мустанад иқтибосот, муҳокимаҳо ва мулоҳизаҳое ҷой доранд, ки барои мунаққидон дарси маҳорату таҷрибаро мемонад. Ба мисли чунин суханони Ҷумъа Одина, ки дар посух ба тақризи Атахон Сайфуллоев баён шудааст: “Танқиди адабӣ барои нависанда бояд ойинаи ибрат бошад ва мунаққид бояд сари вақт камбудиҳои асари ўро холисонаву объективона нишон диҳад” (саҳ. 28).

Ё худ, адешаҳои зерин, ки ба аҳли замон, махсусан, ба эҷодкорон иртибот дорад:

“– Ман ҳеҷ гоҳ аз Давлати Шўравӣ домангир нестам, ки падари маро кулак кард, – мегуфт Ҷумъа Одина. –Ў кулак набуд, ўро баъзе аз ҳамдеҳагонам кулак карданд, вагарна дар кўҳистоне, ки саросар сангистон аст, кулак номаъқул мекунад!

– Ҳамчунин, аз ин нохушие, ки ба сарам омад, ҳеҷ гоҳ аз ҳизбу давлат домангир нестам. Ин кори ду-се тан ҳампешаи дасисабозу ҳасудам ҳаст, ки дар ҷодаи нависандагӣ комёб нашуданд” (саҳ. 109).

Чунин намунаҳо ва санадҳои дигар, ки Карим Мўсо аз онҳо суд ҷустааст, сабақҳои гўёи таъриханд, аз онҳо ибрат мебояд гирифт!

Карим Мўсо бо истифода аз имконоти васеи равиши публитсистӣ ва бо таваҷҷуҳ ба ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти Ҷумъа Одина ва бархўрду муносибатҳои ин нависанда бо ашхоси гуногун дар иншои қиссаи “Ҷабри таърих” ба шахсият, рўзгор ва тақдири эҷодкорону равшанфикрони дигар ҳам нақлҳову ишораҳо кардааст. Чунин равиши услубӣ, аз ҷиҳате, барои равшан кардани муҳити адабии замон ва бозгўйии муносибати аҳли эҷод миёни ҳамдигар мусоидат кардааст.

Романи “Гузашти айём”, чунонки аз мулоҳизаҳои муқарризону адабиётшиносони касбӣ, аз оғоз то кунун, махсусан, бозгўю баррасии далелҳои муътамади таърихӣ ва натиҷагирию ҷамъбастҳои муаллифи қиссаи мустанади “Ҷабри таърих” бармеод, дар ҳақиқат, дар насри охири аҳди Шўравӣ дастоварди беназир маҳсуб мешавад. Ҷумъа Одина муқобили ҷараёни нависандагии ба ҳукми мафкураи шўравӣ таъйиншуда қадам бардошта, дар усули романнависии замон қолабшиканӣ карда, ба ин восита номи худро дар таърихи адабиёти навини тоҷик бо хатти зарин сабт намуд.

Дар матни қиссаи мустанади “Ҷабри таърих” баъзе носаҳеҳиҳо ҳам ба назар мерасанд, ки ислоҳи онҳо муфид хоҳад буд, аз ҷумла: а) барои истифодаи лафзи “аллома” қабл аз номи Акбари Турсон ва Аълохон Афсаҳзод андеша мебояд кард; б) таркиби “аз дорулбақо ба дорулфано реҳлат кард” (саҳ. 44) иштибоҳ буда, бояд ҷойҳои калимаҳои “дорулфано” ва “дорулбақо” иваз карда шаванд; в) дар мисраи якуми шеъри саҳ. 82 ба ҷойи вожаи “додани” “фиристодани” мебояд навишт, то асли матн риояту вазн халал наёбад ва баъзе ғалатҳои техникии дигар (саҳ.: 76, 79, 87).

Асари дигаре, ки дар он маҷмуи таснифоти Карим Мўсо дар бораи адибони номвари тоҷик фароҳам оварда шудааст, “Чун ў марде бисёр набувад…” [Душанбе: Сухан, 2019. – 272 саҳ.] унвон дорад. Дар ин маҷмуа даҳ навиштаи муаллиф ҷамъ оварда шудааст, ки дар қолаби эссе, очерк, мусоҳиба ва қисса тасниф шудаанд. Баррасии пурраи ин асарҳоро мо ба уҳдаи худ нагирифта, танҳо ба чанд ваҷҳае ишора мекунем, ки, ба назари мо, аз назари бозгўйи воқеоти замон ва сабақи таърих муфид буда, аз ин ҷиҳат бо қиссаи мустанади таърихии “Ҷабри таърих” иртиботи усулӣ доранд.

Масалан, яке аз сабақҳои омўзандаву равшангароёна таъкиди чунин андеша аст, ки “тавлидгоҳи забони форсии дарӣ Мовароуннаҳру Хуросон аст, он ҷост, ки имрўз тоҷикон сукунат доранд. Мансубияти бузургони илму адаби гузаштаи форсизабононро ба марзҳои сиёсии кунунӣ маҳдуд кардан гуноҳи азим аст” (саҳ. 10).

Мисоли дигар, дар миёни гуфторҳо ба баъзе воқеаҳои муҳимми таърихӣ ишора шудааст, ки моҳиятан сабақи гўёе барои насли имрўзи миллати тоҷик ҳастанд. Ба мисли ёдоварии саволу ҷавобе, ки миёни Бобоҷон Ғафуров ва Ҷалол Икромӣ иттифоқ афтода: “…вақте Бобоҷон Ғафуров дар минбар паҳлуи устод Турсунзода ҷой гирифтанду ба ҳозирин салом доданд ва толорро аз назар гузарониданд, чун чашмашон ба Ҷалол Икромӣ афтид:

– Ҷалолхон, шунидам, ки Эшонҷонро қаҳрамони романи наватон кардаед, – гуфтанд.

– Домуллоҷон, рафиқон гуфтанд ва ҳоло ман аз паи ислоҳи ин хатоям, – посух дод Ҷалол Икромӣ.

– Ҳангоми тасвири воқеаҳои таърихӣ бодиққат бояд буд. Файзулло Хоҷаев шояд барои баъзе миллатҳо хидмат карда бошад, вале барои халқи тоҷик не. Хонаи тоҷиконро ба пушташ додагӣ пеш аз ҳама ҳамин одам. Ҳама бахшанд ҳам, халқи тоҷик гуноҳи ўро бахшида наметавонад, – гуфтанд Бобоҷон Ғафуров” (саҳ. 22).

Манзур романи “Тахти вожгун”-и Ҷалол Икромӣ мебошад.

Ё худ, ҷасорати сармуҳаррири вақти рўзномаи “Маориф ва маданият” Бўринисо Бердиева дар мавриди пуштибонӣ аз нависандаи бузурги тоҷик Сотим Улуғзода ва чопи асарҳои ў – пас аз он ки замоне натанҳо чопи асарҳо, балки номи нависандаро ба забон гирифтан мамнуъ шуда буд – сабақи равшани таърихи наздик ва боиси ибрату пуштибонӣ аз бузургони миллат аст. Ҳикояи ҳамеша ҷадиди “Марги ҳофиз”, драмаи “Алломаи Адҳам ва дигарон”, варианти нави повести “Ривояти суғдӣ” ва тарҷумаи “Ҳамлет” маҳз ба воситаи рўзномаи “Маориф ва маданият” ва ибтикори бесобиқаи сармуҳаррири он пешкаши хонанда мегардад. Инчунин, соли 1982 ба муносибати 70-солагии Сотим Улуғзода як шумораи рўзномаи мазкур ба фаъолияти ҳамин адиби тавоно бахшида мешавад.

Чунин ба назар мерасад, ки Карим Мўсо дар тасвири чеҳраҳои адабӣ ва зикри санадҳои гўё аз хотироти Убайд Раҷаб ва суҳбатҳои хоссааш бо ў васеъ истифода ва дар ҳама ҳолат ҳусни амонатро риоят кардааст. Махсусан, бардоштҳои Карим Мўсо аз хотираҳо ва суҳбатҳои шоири мазкур дар бозгўи шахсияти инсонию адабии Мирзо Турсунзода ва Ҷумъа Одина ҳомили андешаҳои ҷолиб, омўзанда ва дар умум, сабақҳои гўёи таърих ҳастанд. Ба назари мо, хондан, андеша кардан ва хулоса баровардан атрофи гуфтаҳои Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода дар хусуси баланд бардоштани маданияти сухани тоҷикӣ, таълими хатти ниёкон ва чоп кардани асарҳо ба ин хат, сабабҳои муҳоҷиркунонии солҳои панҷоҳум, ҳифзи ёдгориҳои таърихию қадамҷойҳо ва ғайра, ки аз забони Убайд Раҷаб нақл шудаанд, барои ҳар як фарди тоҷик муҳим аст.

Хидматҳои анҷомдодаи бузургони адабиёту ходимони давлатие, ки Карим Мўсо дар асарҳояш ба бозгўи онҳо пардохтааст, қабл аз ҳама, аз он ҷиҳат муҳим ҳастанд, ки онҳо, ҳар кадом ҷудогона ва дар шароити гуногуни таърихӣ, ҳар кор, ки кардаанд, бо номи миллати тоҷик ва ба нафъи миллати тоҷик анҷом додаанд. Бинобар ин, номи неки онҳо дар таърихи фарҳангу тамаддуни тоҷикӣ ҷовидон боқӣ хоҳад монд.

Ба роҳпў роҳ азиз аст!

Мисбоҳиддини НАРЗИҚУЛ,

 Профессор

Дигар хабарҳо