ПАДАРИ ҒАМХОРИ ХАЛҚ

Ифтихормандам, ки соли 2006 дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси эътимодноки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будам.

Соли як ҳазору нуҳсаду шасту нўҳ ба кишвари Афғонистон сафар намуда, дар сохтмони шоҳроҳҳои Пули Хумрӣ — Мазори Шариф — Шибирғон ва Мазори Шариф — Ҳайратон (рў ба рўи шаҳри Тирмиз) тарҷумон будам. Он вақт ин мамлакати хеле қафомонда молу амволро дар роҳҳои каҷу килеб ва серчангу пурлой бо қофилаи маркабу аспу шутур интиқол менамуд. Давлати Шўравӣ дар Афғонистон умуроти  беназири ободониро анҷом дода, роҳҳои замонавии асфалтпўш эъмор кард ва тамоми марказҳои вилоётро бо ҳамдигар ва ба пойтахти кишвар васл намуд.

Табиист, ки ҳамон айём ба идораи чунин сохтмони пуровоза  сокинони шаҳрҳо ва деҳоти гирду атроф ба ҷустуҷўи кор меомаданд. Ва дар байни ин ҷўяндагони ягон шуғлу вазифа ҳамдиёрони собиқи мо низ бисёр ба назар мерасиданд, ки онҳо бар асари воқеоти инқилобӣ солҳои бистуму сиюми қарни гузашта ба ин мулку макон муҳоҷир шуда буданд. Онҳо худро аз Хуҷанд, водии Вахш, Ҳисор, Кўлоб, Фарғона, Самарқанд, Бухоро ва дигар минтақаҳо мегуфтанд. Албатта, шахсе ки соҳиби касби техникӣ набошад, дар сохтмони чунин шоҳроҳ кор карда наметавонист. Бинобар ин, одамони бидуни касбҳои техникӣ илтиҷо менамуданд, ки онҳоро ақаллан ба вазифаҳои посбон, фаррош, пиёдаи дафтар (нафаре, ки аз як идора ба идораи дигар нома мебарад) қабул бикунанд, то соҳиби лаби ноне бишаванд. Ба ин вазифаҳо низ фақат сокинони бумӣ саҳиб гашта, муҳоҷирон сарсону саргардон ба ҷойҳои дигар барои ҷустуҷўи кор мерафтанд. Чеҳраҳои пурожанг, чашмони ғамангез, ҳолати мусибатомези ҳамдиёрони кулфатзада аз пеши назарам лаҳзае сутурда намешаванд. Ҳатто роҳ гаштани ин тоифаи одамон як навъ мағмумона буд. Ба ин ваҷҳ ман ҳамдиёрони раҳгумзадаро аз қадам ниҳодани ғамолудаашон низ мешинохтам.

Мо, тарҷумонҳои Тоҷикистон дар ин сохтмони шоҳроҳҳо се-чор нафар будем. Дар рўзҳои истироҳат чун дар хонаи яке аз дўстон ҷамъ шавем, бештар дар бораи сарнавишти нобасомони ин гурезаҳои бадбахт суҳбат менамудем. Доир ба он бо дарду алам сухан мерондем, ки касе аз роҳбарони замон аз ҳолу аҳволи ин бечорагони бекасу кўй пурсон нашудааст. Ё пурсон шуда бошад ҳам, баҳри ба Ватан бозгаштани онон ягон чораҷўӣ ва амале ба ҷой наовардааст. Ва онон ҳамчун бадхоҳону бадандешон аз Ватан дуру бегона мондаанд. Ҳол он ки мо дар суҳбати рўёрўй бо чунин ғарибон огоҳ гардида будем, ки аз мусофирати онон сӣ, чил ва панҷоҳ сол гузашта бошад ҳам, дар ёди диёри азиз дилашон гум мезад ва ҳанўз бовар доштанд, ки рўзе меояду ба Ватан бармегарданд ва соҳиби як пора хоки поки бобоӣ мешаванд. Зеро аксарашон дар он кишвари рафтаашон на қитъаи замин доштанду на сарпаноҳе, яъне панҷоҳ, шаст сол боз иҷоранишин буданд. Ба тўли ҳамин қадар солҳо дар ин мулк муваққатан мезистанд. Бо ҳамин ақидае имрўзу фардо дар ғарибӣ зиндагӣ мекунанду гўё пасфардо ба Ватан бармегарданд. Ин ақида дар он ҳолат саҳеҳ мешавад, ки ба ибораи халқ гўем, агар аз пасат соҳибдарак дошта бошӣ.

Возеҳ мегардад, ки он солҳо муҳоҷирони иҷборӣ соҳибдарак надоштаанд ва ба ин ваҷҳ рўи азизи Ватанро дигар дида натавонистанд. Ва дар кўи ғарибию ҳақирӣ ва таҳқирӣ муфлису беному нишон гардидаанд. Ҳай дареғ, ҳазорон дареғ…

Боиси таассуфи амиқ аст, ки бо оғози Истиқлолияти Тоҷикистони маҳбуб неруҳои сиёҳи иртиҷоъ сар бардоштанд ва як халқи некуманишро ба ду гурўҳи ба ҳам муқобил ҷудо намуданд. Дар фарҷоми пурнаҳси амалиёти ин қувваҳо як теъдоди мардум боз ҳам ба он кишвари ҳамсоя муҳоҷирони иҷборӣ шуданд.

Ба даргоҳи Худованди бузургвор шукрона мегўем, ки Абармарди Ориёинажоди Соҳибнубуғ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи ХVI-и таърихӣ якдилона Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сардори давлат интихоб гардиданд.

Ва аз минбари мубораки Иҷлосия суханони муъҷизавии дили бузурги худашонро изҳор намуданд: «Бо тамоми ҳастии худ ба муқобили  ҷанг мубориза мебарам ва дар берун аз хоки ҷумҳурӣ то як нафар мондани муҳоҷирон ором намегирам.»

Роҳбари ҷавони Тоҷикистони азиз ин Барномаи аввалини давлатдории худро бидуни  ёрию маслиҳати мушовирон баён доштанд. Зеро ин суханронии  нахустини он кас дар вазифаи  Сардори давлат буд. Ва ин баёнот дар ҷисму ҷони сокинони ҷумҳурӣ як шуълаи умедро мунаввар сохтанд. Одамон аз садоҳои ҷонсўзи тирҳои оташафрўз безор шуда буданду ҳамакнун ба ҳар як ҳарфу амали Роҳбари содиқ ва ҷасуру ғайратманди Тоҷикистон бо умедворӣ менигаристанд.

Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ намудани Барномаи аввалини давлатсозии худ на рўз ором мегирифтанду на шаб. Хусусан ба минтақаҳои аз лиҳози ҳарбӣ хатарноки ҳамонвақтаи  ҷумҳурӣ ва кишвари Афғонистон сафар намудани Пешвои муаззами миллат ҷасорату қаҳрамонии беназир аст. Мулоқоту гуфтугузорҳо бо роҳбарони мухолифин дар рустоҳои хавфнок, муроҷиатҳо тавассути телевизион ва радиои кишвари ҳамсоя ба муҳоҷирин, ки зудтар ба Ватан, ба ҷойҳои муқимии хеш бозгарданд, дар натиҷаи кўшишҳои доимии Роҳбари давлат анҷом меёфтанд. Кулли ин ҷаҳду талошҳо, ҷоннисориҳою фидокориҳо барои он буданд, ки халқи ҷумҳурии азиз ғарибу бенаво набошад ва аз ҳама муҳимаш он ҳисоб меёфт, ки падарону модарон, бародарону хоҳарон ва писарону духтаракон овораю бечора нашаванд ва озурдаю таҳқир нагарданд.

 

«Падарону модарон, бародарону хоҳарон, ба Ватан баргардед, мо ба шумо кўҳи тилло ваъда намекунем, лекин як пора ноне, ки дорем, бо ҳам мебинем ва Тоҷикистони азизамонро ҳамроҳ обод менамоем. Ба Ватан баргардед, мо шуморо интизорем!» — нидо мекарданд Сардори давлат.

Вақте ки ман ин суханони самимию таъсирбахшро дар дил як бор қироат менамоям, пеши назарам чеҳраҳои пажмурдаи ғарибони солҳои бистуму сиюми қарни гузашта ҷилвагар мешаванд. Ба он бечораҳо ҳеҷ вақт касе чунин муроҷиат нанамуда буд ва онҳо ин меҳрубониҳоро эҳсос накарда, ба ёди Ватан бо дилҳои доғ ва ҷигарҳои бирён чашм аз ин ҷаҳон пўшидаанд…

Хушбахтона, кўшишҳо ва талошҳои Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бор оварданд ва муҳоҷирони иҷборӣ ба диёри азизамон баргаштанд ва аввалин поездро, ки вагонҳояш пур аз муҳоҷирон буданд, дар истгоҳи Лубиёкори ноҳияи Шаҳритус Пешвои муаззами  миллат шахсан худашон истиқбол намуданд.

Ҳарчанд возеҳ аст, ки муҳоҷирини замони пешин дар шароити дигар ҷилои Ватан карда буданду он инқилоб низ оҳангу маънои хосе дошт, бо вуҷуди ин, роҳбарони рутбаи аввали ҳамон замон ҳолу аҳволи муҳоҷиронро ҳеҷ пурсон нашуданд ва ҳаёти ин гурезаҳои бечора бо ғурбату ночорӣ ва таҳқироти пурфоҷиа сипарӣ  гардиданд.

Аммо Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хирадмандию дурандешии бузургворона нақшаҳои муъҷизавии дар минбари Иҷлосияи таърихии  ХVI-и Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштаашонро ба анҷом расонида, дар муҳлати кўтоҳ оташи ҷангро хомўш карданд ва кулли муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонида, миллати тоҷикро аз ғарибӣ, нодорӣ ва таҳқирҳои бепоён наҷот бахшиданд! Бале, ҳамин тавр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷикро аз ғарибию бенавоӣ ва таҳқирҳои ҷонгудоз раҳо намуданд. 1

Хизматҳои Пешвои муаззами миллатро агар ба таври дигар ташреҳ бикунем, ин кас ба мисли падари ғамхор фарзандони паҳну парешонгаштаро, албатта, бо худафрўзию заҳматҳои бисёр боз ба хонаи аслии худашон ҷамъ намуданд. Ин фидокориҳои падари ғамхори халқ ба ҳама гуна арҷгузорӣ ва тамҷиду таҳсинҳо сазоворанд.

Барномаи аввалини давлатсозии Сардори  давлат, чӣ тавре ки он кас дар минбари Иҷлосияи таърихӣ иброз дошта буданд, танҳо бо қатъ кардани набардҳои бемаънии ҳамдигарӣ ва бозгашти муҳоҷирин анҷом наёфта, дар он бисёр масъалаҳои таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва умуроти дигари бунёди давлатдорӣ ҷой доштанд ва онон ба фарҷоми  неки худ расиданд. Аз ҷумла, бо дастуру нишондодҳои Пешвои муаззами  миллат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва нашрияи марказии он «Минбари халқ» таъсис гардиданд, ки барои ваҳдати миллӣ ва маърифати ҳизбию давлатдорӣ, ватандўстию хештаншиносӣ мақоми бузурге бахшидан доранд.

Боиси хушбахтии камина аст, ки ба нашрияи марказии ҲХДТ «Минбари халқ» сармуҳаррири аввалин таъйин гардида, ин вазифаро ба муддати панҷ сол иҷро намудаам. Зимнан як муддат ин нашрия ба забонҳои русӣ ва ўзбекӣ дар шакли рўзномаҳои алоҳида чоп мешуд, ки роҳбарии ин замимаҳо низ ба уҳдаи камина вогузор гардида буд…

Пас аз чанд рўз, дар диёри маҳбуби мо маъракаи муҳими сиёсӣ — Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Барои ҳамаи мо саодатмандии бузург аст, ки Анҷумани ХIV ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дигар созмонҳо Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободии доимии Ватани азизи мо ва хушбахтии  тамоми сокинони  ҷумҳурӣ мебошад.

Ифтихормандам, ки соли 2006 дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси эътимодноки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будам.

Сардори давлат чун ҳамеша мисли Падари ғамхори халқ пеш аз оғози зимистон дар саросари Тоҷикистони маҳбуб сафари корӣ анҷом доданд, ки вазъи кулли вилоёт, шаҳрҳо, ноҳияҳо, ҳатто деҳаҳо ва ҳавлиҳои шахсони алоҳидаро бо чашмони худашон бинанд, аз пешравиҳо мамнун шаванд, барои ислоҳи камбудиҳо маслиҳату дастурҳои пурқимат диҳанд. Ва ҳатман дар ҳамаи минтақаҳо бо ятимоне, ки аз тарафи давлат тарбия меёбанд, мулоқот карда, ба онон туҳфаҳои зарурӣ тақдим намоянд ва дигар мушкилоти рўзгори онҳоро ба иҷроот расонанд. Мулоқоти Пешвои муаззами миллат бо ятимон лаҳзаҳои ниҳоят таъсирбахш ва бағоят инсонпарварона ҳастанд, ки онҳоро бидуни ашки чашмон дидан имконнопазир аст. Дар ин вохўриҳо ба Сардори давлат «падарҷон» ва «бобоҷон» гўён арзи дил намудани ятимон низ басо табиӣ садо медиҳанд. Ҷараёни ин воқеаҳоро мушоҳида намуда, кас мутмаин мегардад, ки ҳақиқатан ҳам Падари ғамхори халқ дар саросари ҷумҳурӣ ҳар дам аз ҳолу аҳволи фарзандони хурду калони худашон комилан воқиф мешаванд. Падари ғамхори халқ ба ҳамаи фарзандони худ меҳрубон ҳастанд.

Бахтиёр МУРТАЗО,

нависанда, Корманди шоистаи Тоҷикистон

Дигар хабарҳо