Номаи табрикии ИНТ ба Тӯронбой Тӯйчиев

 Номаи табрикии ИНТ ба Тӯронбой Тӯйчиев

Тӯронбой Тӯйчиеви гиромӣ!

Чун Шумо аз овони мактабхонӣ бо муҳаббати хос ба риштаи суханварӣ майл доштед, баъди гирифтани маълумоти миёна ба факултаи филологияи Донишкадаи давлатии шаҳри Хуҷанд дохил шуда, онро бомуваффақият хатм кардаед.

Фаъолияти меҳнатиатонро аз мактаби миёна чун омўзгор оғоз намудед. Солҳои 1967-1969 қалами худро дар риштаи рўзноманигорӣ санҷида, дар рўзномаи «Байрақи Октябр»-и ноҳияи Ғончӣ ва солҳои 1969-1989 дар идораи рўзномаи ҷумҳуриявии «Совет Тожикистони» ба сифати корманди адабӣ, мудири шуъба фаъолияти пурсамар доштед. Соли 1982 дар мавзуи «Нақши синфи коргар» рисолаи номзадӣ дифоъ намудед. Солҳои 1989-1991 дар Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон нозир, машваратчӣ, солҳои 1991-1992 дар хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон сармутахассис, муовини роҳбари хадамот ва солҳои 1993-1994 дар Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон сармутахассиси бахши робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма, солҳои 1995-2007 мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон будед.

«Ситораи колхоз» (1976), «Бригадир» (1978), «Баҳодуре аз Ёвон» (1980), «Субҳи фирўзӣ» (1988), «Туғёни дил» (1993), маҷмуаи ҳикояҳои «Дар домани Тераклитоғ» (2009), роману повестҳои «Сабақи тақдир» (2014), «Ёдгоҳ» (2018), «Муфлис» (2021) ва даҳҳо асари публитсистию илмиатон, ки қисме аз онҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва нашр шудаанд, тарғибгари меҳнатдўстию меҳанпарастӣ, бунёдкорию созандагии ҳамзамонони мо, садоқат ба Ватани азиз ва муҳаббати самимии инсонӣ, ҳидоят ба покию ҳалолкорӣ ва ғайраҳо мебошанд.

Барои хидматҳои шоёнатон ба унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардидаед.

Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буданатон далели фаъолияти пурсамари Шумост.

Ҳамқалами гиромӣ, ҷашни 80-солагиро табрик гуфта, бароятон комёбиҳои нави эҷодӣ ва саломатии бардавом таманно дорем.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо