Номаи табрикии ИНТ ба Ҳакималӣ Назаралӣ

 Номаи табрикии ИНТ ба Ҳакималӣ Назаралӣ

Муҳтарам Ҳакималӣ Назаралӣ!

Шумо пас аз хатми факултаи забон ва ада­биёти тоҷики ДДОТ ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи омӯзго­рии Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) фаъо­лияти кории хешро ба ҳайси омӯзгори мактаби № 17-и деҳаи Ғуриёти шаҳри Ҳисор ҳусни оғоз бахшида, то кунун ин рисолати бузургро идома медиҳед.

Ҳамзамон солҳои ту­лонӣ ба сифати котиби масъули маҷаллаҳои “Маорифи Ҳисор” ва “Ҳи­сори зарнисор” низ заҳ­мат кашидаед.

Шумо худро ҳамчун нави­сандаи соҳибмаҳорат ҳанӯз соли 1984 бо нашри маҷмуаи “Балогардон” ба хонандагон муаррифӣ кардаед. Имрӯз Шумо аз зумраи нависанда­гони муваффақи ҳаҷвнигор ҳастед. Дар осоратон Шумо камбудҳои ҷомеа бо корбурд аз ҳазлу зарофати ширин зери тозиёнаи танқид гирифта мешаванд. Ба ибораи дигар, нисбат ба падидаҳои номат­луби замон бетараф нестед ва барои рафъи онҳо тавассути офаридани асарҳои ҷолибу хонданӣ саҳми боризи худро мегузоред.

Маҷмуаҳои “Хоби даҳшат­нок” (“Ирфон”,1989), “Шӯри­стон” (“Ирфон”,1996), “Тавқи лаънат” (“Ирфон”, 2000), “Чӣ айб аст?” (“Ирфон”, 2002), “Кӯза шикаст” (“Адиб”, 2004), “Ҳикоёти Олим Ҳомидов” (“Ир­фон”, 2006), “Кордоне, дарё­ваше, номдоре” (ҳаммуал­лиф, “Ирфон”, 2006), “Робеа” (“Ирфон”, 2011), “Зимоми му­род” (2011), “Устокории муал­лим” (2011), “Сафед ва сиёҳ” (“Адиб”, 2011), “Воломақом” (2012), “Мактабдори шинохта” (ҳаммуаллиф, 2012), “Лабхан­ди Ҳидоятуллоҳ” (“Ирфон”, 2013), “Гулчини иншоҳо” (“Ир­фон” 2013), “Ҷавҳари мардумӣ” (“Ирфон”, 2014), “Ташвиш ва лутфи латифи донишномани­горӣ” (“Ирфон”, 2015), “Азми дуруст” (“Ирфон”, 2016), “Ҷози­ба” (“Ирфон”, 2018), “Биҳиштӣ” (“Ирфон”, 2018), “Забони пор­соён ва гиёҳи ҷонбахш” (2018), “Фанднома” (“Ирфон”, 2019) ва ғайра маҳсули зеҳни сухано­фари Шумо ҳастанд.

Намунаҳои осоратон ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва нашр шу­даанд. Ҳамзамон худ низ дар кори тарҷума даст доред. Дар миёни осори тарҷумакардаи Шумо асарҳои як зумра адибо­ни ӯзбек ҷойгоҳи хоса доранд.

Заҳмати Шумо бо нишо­ни “Ҷамъияти китобдӯстони СССР” (1979), “Аълочии ма­орифи халқ” (1979), “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” (1996), “Аълочии матбуоти Тоҷикис­тон” (1998), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1999), “Нишони сухан” (2018), Ҷоизаи СММ ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президен­ти Тоҷикистон (2011), Ҷоизаи ба номи Ҳабибулло Назаров (2015), Ҷоизаи озмуни “Сеҳри сухан” (2018) ва ғайра қадр­донӣ гардидааст.

Ҳампешаи гиромӣ, фа­рорасии 75-умин солгарди умрро сидқан ба Шумо табрик гуфта, таманнои онро дорем, ки ҳамеша табъатон болидаву хотиратон осуда бошад.

 

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо