НАВИСАНДАИ НАВОВАР

 НАВИСАНДАИ НАВОВАР

Ба муносибати 70-солагии нависанда

Бо нависанда Муҳаммадраҳими Сайдар аз даврони мактабхонӣ ошноӣ доштам. Аммаи ў дар деҳаи мо мезист ва ў ҳамроҳи падараш зуд-зуд ба аёдати вай меомад. Муҳаммадраҳим аз мо се-чор сол калонтар буд.

Даврони донишҷўӣ рафтуомадамон зиёдтар шуд. Вай баъди ду соли хатми мактаби миёна ба донишкада дохил шуд. Гоҳи фориғ аз дарс агар вомехўрдем, суҳбатамон бештар атрофи китобҳои хонда ва қаҳрамонони асарҳои гуногун буд. Аз рўзгори адибони машҳури олам қиссаҳо мегуфт. Адабиёт буд, ки риштаи дўстии моро мустаҳкам гардонд ва, ба қавле, мо бародарони ҷонӣ шудем. Ў ба мо тавсия медод, ки кадом китобҳоро хонем, эҷодиёти кадом нависандаи машҳурро бештар мутолиа намоем.

Солҳое, ки Муҳаммадраҳим дар идораи маҷаллаи “Садои Шарқ” кор мекард, ҳамроҳи бародари азизу дўсти меҳрубонамон Баҳманёр дар як ҳуҷра менишастанд. Дафтари кории эшон қароргоҳи адибони ҷавон буд.

Авохири солҳои ҳаштодум ва ибтидои навадум вуруди ҷавонони эҷодкору ҷўянда дар адабиёти муосири тоҷик ҷунбиши назаррасеро ба вуҷуд овард.

Мо дар дафтари кори эшон ҷамъ мешудем ва атрофи асарҳои навтавлид, тозагии забон, мавзўъ ва мақсади асари офарида суҳбат мекардем. Муҳаммадраҳим ба масъалаи интихоби вожаҳои зебову пурмазмун аз забони зиндаи халқ бештар талош мекард. Хуб ёд дорам, вай бо такя ба суханҳои устод Садриддин Айнӣ мегуфт, ки “аз забони зиндаи мардуми диёр ҳанўз вожаҳои зиёде, ки барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ фаҳмоянд, истифода нашудаанд.” Боре дар як ҳикояаш вожаи “мангирифт”-ро истифода бурд. Ин вожа дар шеваи ҷануб истифода мешуд. Масалан, агар шахсе худсарона заминеро тасарруф мекард ва аз он ба дигарҳо манфиате намерасид, мегуфтанд: “Фалонӣ як замини хуберо мангирифт кардаасту фоидааш ба касе намерасад.” Баъзеҳо онро хуш накарданд, аммо баъди он ки бо далелу бурҳон дар бораи маънии он ҳарф зад, ҳама ба ў аҳсант хонданд. Ў мегуфт, ки ҳар ҳикояи эҷодшуда бояд дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон таъсири амиқ дошта бошад. Бояд дар он ҳадафҳои муайян бошанд ва, аз ин рў, аз масоили фалсафию иҷтимоӣ нависанда набояд бехабар бимонад.

Нависандагони ҷавоне, ки дар идораи маҷаллаи “Садои Шарқ” ҷамъ мешуданд, вақтро беҳуда зоеъ намекарданд. Ҳикояҳои ҳанўз ба табъ нарасидаи ҳамдигарро мехонданд ва андешаҳояшонро баён мекарданд, ба якдигар маслиҳат медоданд ва аз якдигар меомўхтанд. Дар ҳақиқат, ин дафтари корӣ як мактаби хубе буд.

Чун бо маслиҳати Ҷонибеки Акобир ба навиштани романи “Борон изҳоро мешўяд… “ шурўъ намудам, дар ин боб бо Муҳаммадраҳим машварат кардам. Ў баъди ҳафтае барои ман дафтари ғафсеро овард, ки дар он пора-пора воқеаҳо ва ҳодисаҳои солҳои бистум дар водии Рашт аз забони сокинони куҳансолаш навишта шуда буданд. Чанд лаҳзаи рўзгори қаҳрамони асари ояндаи ман Усмон низ дарҷ ёфта буд. “Мехостам дар бораи Усмони Маҳмадамин асаре нависам, гуфт Муҳаммадраҳим, чун ту ба зимма гирифтӣ, дигар ба нигоҳ доштани ин хотираҳо дар бойгонии банда ҳоҷат нест. Бигиру истифода бар. Лекин саъй кун, ки асари хонданӣ нависӣ. Симои ҳақиқии Усмонро барои ояндагон тарзе тасвир намо, ки боиси ифтихор бошад.”

То ба маҷаллаи “Садои Шарқ” пешниҳод шудани роман Муҳаммадраҳим дастнависи онро чанд бор хонду маслиҳат дод…

Баъдан Муҳаммадраҳим ба шаҳри Маскав рафт, вале мо то рўзҳои охири умраш дар робита будем. Гоҳе ба Тоҷикистон меомад, соатҳо ҳамроҳ менишастему он рўзгори ширинро ёд мекардем.

Ду ҳафта пеш аз фавташ тариқи телефон суҳбати доманадоре доштам бо вай. «Инак то ба нафақа баромаданам рўзҳои башумор мондааст, гуфт Муҳаммадраҳим. Ҳуҷҷатҳоро тахт мекунаму ба Тоҷикистони азиз бармегардам. Дигар даст ба коре намезанам. Ба навиштани ҳикояву қиссаҳо машғул мешавам. Он қадар фикри асарҳои нав майнаамро пур кардаанд, ки агар ба ҷуволҳо бигирӣ, як хирвор мешавад», — шўхӣ кард ў.

Аммо… ў ба Душанбе наомад… Ўро дўстону хешу табор оварданд. Ҷисми беҷони Муҳаммадраҳимро ба хок супоридем ва он лаҳза аз он афсўс мехўрдам, ки қиссаву ҳикояҳояш нонавишта монданд.

Муҳаммадраҳими Сайдар аз зумраи нависандагоне буд, ки аввалин чакидаҳои хомаашро ҳаводорони наср ва ноқидон хуш пазируфтанд. Ў сухани нав гуфт. Ў бо услубу тарзи гуфтори тоза ба адабиёти муосир ворид гардид.

Дўстдорони адабиёт нахуст тавассути маҷаллаву рўзномаҳои ҷумҳурӣ бо навиштаҳои Муҳаммадраҳими Сайдар ошноӣ пайдо карданд. Ҳанўз нахустҳикояи ў “Гаҳвораи ноз”, ки дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” нашр шуда буд, таваҷҷуҳи умумро ҷалб намуд. Сухандонону суханшиносон дар симои нависандаи ҷавон фардеро диданд, ки метавонад барои ғанӣ гардонидани насри тоҷик корҳоеро ба анҷом бирасонад. Баъдтар нашриёти “Адиб” бо номи “Гаҳвораи ноз” нахуст- маҷмўаи ўро ба табъ расонд.

Баъди даргузашти Муҳаммадраҳим бо кўшишу талошҳои ҳамсару фарзандон ва бародарони ў китобаш дигарбора бо номи “Гаҳвораи ноз” ба дасти хонандагон расид. Дар ин асар чанд ҳикояи вай ва хотираҳои дўстону ҳамнишинонаш ҷой дода шудаанд. Аммо ба андешаи банда, ҳанўз асарҳои зиёди вай, ки дар рўзномаҳо ба табъ расида буданд, ҷамъ оварда нашудаанд. Ҳамчунин, дар суҳбати охиринаш гуфта буд, ки чанд асари нотамом дорад. Хуб мебуд, ки дастхатҳои ўро низ варақ мезаданду мероси бозмондааш ба мухлисон дастрас мешуд.

Хонанда аз мутолиаи ҳикоёти ў барои хеш як олами навро кашф карда метавонад. Қариб ҳамаи қаҳрамонони ҳикоёти вай мардуми деҳотанд. Ин беҳуда нест. Муҳаммадраҳим худ зодаи деҳ аст. Вай зиндагии деҳотиёнро хуб медонист. Ҳикояи “Марди солхўрда ва саги фартут” хеле ҷолибу хонданист. Гуфтанием, ки ин ҳикоя натанҳо миёни дигар ҳикояти Муҳаммадраҳим, балки дар байни ҳикояҳои солҳои охири адибони тоҷик аз беҳтарин ҳикояҳо ба шумор меравад. “Марди солхўрда ва саги фартут” аз дигар ҳикояҳои нависанда бо он фарқ менамояд, ки ҷанбаи фалсафӣ-иҷтимоӣ ва ахлоқиаш қавитар аст. Қаҳрамони марказии асар Қодири Ғулом аст, ки дар тўли умри дарози хеш некие накардааст. Солиёни дароз савори аспи савлат моли ҷамъиятиро тороҷ мекард. Танҳо дар вопасин рўзҳои ҳаёти хеш сари зиндагиаш андеша менамояд. Вале аз рафтору кирдори хеш пушаймон нест, ҳамон ғуруре, ки солҳои сол дар вуҷудаш тор танида буд, ҳанўз боқист. Нависанда Қодири Ғуломро бо саги фартуташ Тавқӣ муқоиса мекунад. Ҳатто яке аз персонажҳои ҳикоя ба ў баҳои сазовор медиҳад. Қодири Ғуломро марди солхўрдаи ноасл меномаду сагро саги фартути асл. Қодири Ғулом ягона роҳи халосиро дар марги саги фартут мебинад. Аз ин рў, мехоҳад Тавқиро нобуд созад. Аз иҷрои ин кор назди мардум ибо мекунад, ки бори дигар ноаслии хешро фош насозад. Қарор медиҳад сагро дар як гўшаи аз чашми мардум дур паронад, вале қисмат боз наҷоти ўро ба саги фартут вомегузорад. Ва боз саги фартут асл буданашро, сидқу вафояшро исбот менамояду Қодири Ғулом ноаслиашро.

Банду баст ва услуби тасвир дар ҳикояи мазкур ҷолиб аст. Нависанда ба василаи тахайюли қаҳрамони марказӣ ва гуфтугўи ў бо Тавқӣ воқеаҳои зиёдеро аз ҳаёти вай ҳикоя мекунад. Бо ин ба хонанда хислат ва хулқи Қодири Ғулом рўшан мешавад. Ў, ки даҳмарда буд, тавассути равған кардани гулўи роҳбарони колхозу ноҳия соҳиби ордену ному мақом мешавад. Ҳатто мухбире аз номи ин даҳмардаи бесавод дар бадали як чорӣ китоб менависад. Аммо аз ҳақиқат раҳи гурез нест: рўзе он аён мегардаду Қодири Ғулом назди мардум шарманда мешавад.

Тасвири манзараҳои табиат низ ҷолибанд дар ҳикоя. Масалан: “Шири маҳ рўи кафкҳои ҷўшони дарё… мерехт. Дарё аз ин шири навҷўш медамаду медамад, зебову дилкаш, иштиҳоангез меҷўшад…”

Дар ҳикояи “Гаҳвораи ноз” симои зане, ки аз маргаш пиру барнои деҳ дард мекашанд, тасвир ёфтааст. Қаҳрамони марказии ҳикоя бо покиву ахлоқи ҳамидаи хеш метавонад дили садҳо одамонро мусаххар намояд. Рўзи марги кампири безурриёт аз ҳавлиаш он қадар оҳу шеван баланд мешавад, ки аз хонаводаи серфарзанд шунидани ин нолаи ҷигарсўз ғайриимкон аст. Нависанда бо тарзи тасвир ва диди хоссаи хеш як асари хеле ҷолибро пешкаш кардааст. Дар ҳикоя сухан танҳо аз зиндагӣ ва рўзгори кампири Садафмоҳ намеравад. Дар “Гаҳвораи ноз” нуқсони одамони гуногун, гум шудани урфу одатҳои хуби ниёкон, баъди марг орову торо додани қабри хешу табор (дар мисоли Саид) хуб ифода ёфтааст. Муҳаммадраҳим урфу одатҳои мардуми кўҳистонро хуб медонист ва, аз ин рў, тасвирҳояш дар ин ҳикоя ҳаётӣ баромадаанд.

Ҳикояи “Аллергия” ба беадолатиҳои давраи рукуд бахшида шудааст. Даврае, ки одамони мансабдор тайёр буданд барои манфиати хеш аз ҳеҷ чиз рўй нагардонанд. Одамони пулдор метавонистанд, ки ашхоси бегуноҳро дар маҳбасҳо ҷой диҳанд. Қаҳрамони ҳикоя Шариф қурбони дасисабозии ҳамин қабил одамон мегардад. Ў ки аз деҳа омада буду кашмакашҳои ҳаётро дуруст намедонист, дар шаҳри пуршўру шар миёни гирдобе печида, таги бори туҳмат мемонад.

Образи Солеҳ аз ҳикояи “Парвона” низ ҷолиб аст. Ин шахси аҷиб, ба қавли ровии қисса, чунин аст.

“Баъзеҳо мегуфтанд, ки аз хондани бисёр ёвагўй шудааст, дигарон мегуфтанд, ки гўё дар маъракаи калоне як одами баобрўйро сари кадом масъалае муттаҳам мекунад ва баъд ба балои азим мондааст…”

Солеҳ девонаи одӣ нест. Дар вуҷуди пуртазоди ў олами тамоман дигар, олами нур, олами баробарию покӣ ҷой дорад. Вай орзу мекунад, ки барои баробарии одамон ҳастиашро фидо намояд. “Чор ҷўи азим мекобам, оби чор дарёро меорам, калон мекунам тутаки балхиро, баргҳояшро мехўрам, пилла мешавам. Пас шумо пилларо бипазед, аз он нахи сурх, сафед, гулобӣ бигиред. Матое бибофед ҳафтранг, чун рангинкамон. Бипўшед ҳама либоси якранг…”

Ҳамчунин ҳикояҳои “Афсонаи Сурхоб”, “Садбарги булғорӣ” ва “Заёми зиёдатӣ” таваҷҷуҳи хонандаро ба масъалаҳои ба миён гузоштаи муаллиф ҷалб менамоянд. Ҳикояи “Афсонаи Сурхоб” ба мавзўи ватандўстӣ бахшида шудааст.

Бале, ҳикояҳои нависанда Муҳаммадраҳими Сайдар танҳо нақли воқеа ва ҳодисаҳо нестанд. Онҳо хонандаро дилбазан намекунанд, балки дар ҳар ҳикояааш муаллиф кўшиш намудааст, ки масоили муҳимми ҳаётиро мавриди андеша қарор бидиҳад. Муҳаммадраҳим шеваи парвози дигар дошт ва якрангиро намеписандид.

Мероси адабии вай ба ҳайси як нависандаи навовар имрўз ҳам арзишашро гум накардааст. Ва метавонад дар тарбияи адибони ҷавоне, ки ба навиштани ҳикоя машғуланд, мактаби хубе бошад.

Диловари МИРЗО

Дигар хабарҳо