Номаи табрикии ИНТ ба Ҳазрат Сабоҳӣ

 Номаи табрикии ИНТ ба  Ҳазрат Сабоҳӣ

Муҳтарам Ҳазрат Сабоҳӣ!

Шумо ҳамчун рӯзноманигор, санъатшинос, тарҷумон, дар ҳавзаи адабии Тоҷикистон барои дӯстдорони илму адаб ошноед. Шумо дар гузари Чорраҳаи шаҳри Самарқанд, дар диёре, ки чеҳраҳои саршиноси илму фарҳанги тоҷик сабзидаву барои фарҳангу адабиётамон хидматҳои арзанда кардаанд, ба дунё омадаед. Соли 1971 шуъбаи журна­листии факултети филологияи УДТ ба номи В. И. Ленин (имрӯз ДМТ)-ро хатм кардед ва барои ҳамеша худро мадюни илму фарҳанги пурғановати гузаштагони хеш донистед. Ин буд, ки баъди хатми донишгоҳ муддате дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» фаъолият намуда, солҳои 1976-1979 дар аспиранту­раи Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Тоҷикистон таҳсилро идома додед. Натиҷаи заҳмати Шумо ҳимояи рисолаи номзадӣ дар мавзуи «Адабиёти тоҷик дар пардаи синамо» буд, ки онро дар Пажуҳишгоҳи санъатшиносии АИ Русия ба поён расонидед ва соҳиби унвони номзади илми санъатшиносӣ гардидед. Ин ба Шумо имкон дод, ки солҳои 1979-1983 дар шуъбаи таърихи санъати Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиноси АИ ҶТ кор кунед ва ба ҳайси тарҷумон дар Вазорати таҳсилоти олии Афғонистон фаъолият намоед.

Муддате дар кишвари ҳамзабонамон Эрон тавонистед муаррифгари фарҳангу адабиёти тоҷик дар ин минтақа бошед. Баъдан дар АМИТ «Ховар» тарҷумон ва муҳаррир (2011-2012) будед.

Асарҳои офаридаатон «Таҷассуми кинематографии осори устод С. Айнӣ» (1979), «Грани экранизации» (1987,1988) аз таълифоти арзишманде буданд, ки сазовори ҷоизаи «Китоби сол» дар бахши санъатшиносӣ гардиданд. «Луғати русӣ- тоҷикии истилоҳоти санъат» (2003) аз китобҳои рӯйимизии санъатшиносони тоҷик мебошад. Ҳамчунин як силсила мақола, рисола ва китобҳои дарсиро дар бахши санъат ба тоҷикӣ гардонданатон аз хидматҳои арзандаатон дар ин бахш аст.

«Шоҳнома» дар осори ҳунарӣ», «Симоҳои ҷовид», «Спитамони Зардушт», «Спи­тамони Суғдӣ», «Ғӯрак», «Деваштич», «Хуршеди Корзанҷӣ», «Хурдоди Хоразмӣ», «Симбоди Муғ», «Устод Сис», «Муқаннаъ», «Тоҳири Фушанҷӣ», «Яъқуби Лайс», «Исмоили Сомонӣ» ва ғайра аз муҳимтарин таълифоти Шумоянд, ки имрӯз даст ба дасти хонандагони хурдсол ва калонсоли тоҷик мегарданд. Дар баробари ин, барои донишомӯзони синфҳои 4-уми мактабҳои тоҷикии Ӯзбекистон китобҳои хо­ниш таҳия намудаед, ки то кунун дар ин кишвар мавриди истифода қарор доранд.

Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1974), Иттифоқи кинематографистон (1988) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2011) мебошед.

Имрӯз, ки ба синни мубораки 75-солагӣ мерасед, мо ҳамқаламону ҳамкасбон, бароятон рӯзгори хушу гуворо ва умри дарозу пурбаракат орзумандем.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

 

Дигар хабарҳо