Муҳтарам Ғайрат Ҳаким!

Меҳру муҳаббат нисбат ба адабиёт Шуморо баъди хатми мактаби миёнаи деҳаи Обқарчиғайи ноҳияи Истаравшан ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров овард.

Фаъолияти меҳнатии Шумо аз шуъбаи фарҳанги ҳукумати ноҳияи Зафаробод оғоз ёфт. Сипас ба кори рӯзноманигорӣ гузашта, ибтидо ба ҳайси мухбири рӯзномаи «Зарбдор»-и ноҳия, солҳои 1982-1993 мухбири рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», 1993 — 1998 мухбири махсуси АМИТ «Ховар» ва баъдан ҳамчун мухбири махсуси ҳафтаномаҳои «Тоҷикистон», «Крим- Инфо», «Оила» ва «Рекламная газета» фаъолият намудед. Як муддат вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Ривоят-Версия»-и Раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғдро низ бар дӯш доштед.

Маҷмуаи нахустин офаридаҳои Шумо бо номи «Вохӯрӣ дар роҳ» соли 1984 ба дасти хонанда расид. Дигар қиссаву ҳикояҳои худро бо номҳои «Муждаи Сир» (соли 1986) ва «Сиришки сурур» (соли 1990) ба нашр расонидед, ки аз сӯйи хонандагон хуб истиқбол ёфтанд.

Баъдан маҷмуаи қиссаю ҳикояҳоятон бо номҳои «Дод аз дасти фалак», «Туро ёфтам», «Тирамоҳи вопасин», «Садоқат», «Ифшогари асрор», «Дар роҳи адолат», «Иллатҳои ҷомеа» ва ғайра пайиҳам чоп шудаанд.

Романи сегонаи «Ахтари рахшон», «Байни обу оташ», «Ганҷ дар вайрона» ва романи нави «Ҳукми бадтар аз марг»-и дар миёни осори Шумо ҷойгоҳи хос доранд.

Намунаи ҳикояҳову очеркҳои Шумо ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, туркманӣ, қазоқӣ, олмонӣ, инглисӣ, туркӣ ва ғайра тарҷума, чоп ва дастраси хонанда гардидаанд.

Борҳо сазовори ҷоизаҳои гуногун, ғолиби озмуни Вазорати корҳои дохилии кишвар ва ду дафъа барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Ҳоҷӣ Содиқ гардидаед.

Ҳамқалами гиромӣ, 75-умин солгарди умри пурбаракатро ба Шумо табрик гуфта, бароятон сиҳатмандию сарфарозӣ, хотири осуда ва табъи болида таманно дорем.

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

Дигар хабарҳо