Номаи табрикии ИНТ ба Нуруллоҳи Абдулло

 Номаи табрикии ИНТ ба Нуруллоҳи Абдулло

Муҳтарам Нуруллоҳи Абдулло!

Дар ин рӯзҳои фараҳбахши тирамоҳи заррин Шумо ба синни мубораки 75-солагӣ гом мебардоред, ки ин боиси хушнудӣ ва сарфарозии мост. Шумо дар деҳаи хушманзараи Лучоби ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадед. Мактаби миёнаи рақами 16-и ба номи Т. Г. Шевченкоро дар зодгоҳ хатм намуда, соли 1965 муҳассили Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе будед. Баъди ду соли таҳсил, баробари ифтитоҳи факултаи санъат дар ҳамин донишкада ҳуҷҷатҳоятонро бозпас гирифта, ба факултаи навтаъсис супурда, таҳсилро аз курси аввал сар кардед ва ниҳоят, пас аз хидмати модар – Ватан ва хатми Донишкадаи давлатии санъати ба номи устод Мирзо Турсунзода соли 1975 дар Театри давлатии академии драмаи ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ ба фаъолияти ҳунарӣ пардохта, дар офаридани чеҳраҳои намоёни саҳнавӣ ва таҳияи осори гуногуни драматургӣ мазҳорату хунарварӣ нишон додед.

Баробари фаъолияти босамари ҳунарии театрӣ, офаридани нақшҳои барҷаста дар таълифи асарҳои драматургӣ низ соҳибзавқ буда, асарҳои калонҳаҷми драмавии «Кӯҳистонӣ» (1985), «Афсонаҳои мӯйсафед» (1987), «Ҷеғ зан, Искандарата» (1989), «Хонадомод» (1992), «Куҷо равонем?» (1995), «Шикасти умед» (2000), «Мусофирони роҳи ғалаба» (2005), «Ҷанҷоли сари пода» (2007) ва ғайра ба қалами Шумо мутааллиқанд. Чанде аз ин драмаҳоро театрҳои берун аз Тоҷикистон ҳам саҳнагузорӣ карданд. Аз рӯйи драмаи «Кӯҳистонӣ»-атон филми ҳамном рўйи навор омад ва онро тамошобинони сершумор аз ҳар гӯшаву канори олам бо хушнудӣ пазируфтанд.

Дар кори тарҷума ҳам Шумо дасти боло доред. Тарҷумаи пйесаҳои «Ворисон», «Аз соати се то шаш»-и А. Чхеидзе, «Покизагию муқаддас»-и А. Макаёнок, «Дар танҳоӣ бо олам»-и А. Ҳелмон, «Анноӣ»-и Нозим Ҳикмат ва ғайра маҳсули заҳмати Шумо ҳастанд. Маҷмуаи асарҳои саҳнавиатон соли 2001 бо номи «Кӯргиреҳ» аз чоп баромад ва аз ҷониби хонандагон хуш қабул гардид.

Хидматҳои намоёни Шумо дар рушди санъати тоҷик бо унвони ифтихории Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва бо ордени «Дўстӣ» қадр гардидаанд.

Соли 1994 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудаед.

Ҳамқалами азиз! Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шуморо ба муносибати 75-солагии зодрӯзатон аз самими дил табрику муборакбод намуда, бароятон сиҳатии бардавом, умри дароз ва дар корҳои эҷодию ҳунариатон комёбиҳо таманно дорад.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо