Номаи табрикии ИНТ ба Нуриддини Садриддин

 Номаи табрикии ИНТ ба Нуриддини Садриддин

Муҳтарам Нуриддини Садриддин!

Шумо чун омўзгори пуртаҷриба умратонро сарфи таълиму тарбияи наврасон намуда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ, меҳанпарастиву садоқатмандӣ ҳидоят кардаед. Дар ин роҳи пурифтихор то ба зинаи сарвари мактаб расидаед, ки гувоҳи обрўву эътиборатон мебошад. Шеър барои Шумо аз ибтидо василае ҷиҳати тарбияи наврасону ҷавонон будааст ва аз ин рў дар рўзгоратон нақши равшане доштааст.

Китобҳои ашъоратон, аз қабили «Чашми гулбин», «Розе зи сўзу созҳо», «Чароғи дил» ва ғайра дар тўли солҳои гуногун ба дасти хонандагон расиданд. Намунаҳои асарҳои мансуратон низ дар матбуоти даврӣ чоп шуда, аз ҷониби хонандагон истиқбол ёфтаанд.

Бо «Нишони сухан»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданатон далели он аст, ки дар роҳи сухан ва таълиму тарбияи хонандагон ҳамеша собитқадам будаед.

Соли 2012 ба сафи аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пайваста, то кунун фаъолона қаламронӣ мекунед.

Ҷашни 70-солагиро ба Шумо муборакбод мегўем ва сиҳатмандиву тавфиқи рўзафзунатонро орзумандем.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо