Номаи табрикии ИНТ ба Лутфишоҳи Додо

 Номаи табрикии ИНТ ба  Лутфишоҳи Додо

Муҳтарам Лутфишоҳи Додо!

Шумо зодаи деҳаи хушманзараи Тавдеми ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ буда, аз овони ҷавонӣ ба илму эҷод майли зиёд нишон додаед.

Аз ин сабаб соли 1967 Институти давлатии педагогии шањри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ба номи Садриддин Айнӣ)-ро хатм намуда, дар рўзномаи «Бадахшони Советӣ», нашриёти «Ирфон», Хонаи эҷодиёти халқ, Радиои ҷумҳурӣ, АМИТ «Ховар», ҳафтаномаи «Минбари халқ» фаъолият карда, бештар ба муҳити адабӣ ворид гардидаед.
Шумо дар тарғиби забони тоҷикӣ, дўст доштан ва эҳтиром намудани ин ганҷинаи дурахшони фарҳанги халқи худ ба сифати рўзноманигор, шоир ва ҳамзамон раиси бахши вилоятии Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ саҳми бориз гузоштаед.

Китобҳои назмию публитсистии Шумо дар мавзуъҳои ватандўстӣ, ҳифзи анъанаву оинҳои халқӣ, ҳунарҳои мардумӣ, фаъолияти арзандаю созандаи одамони касбу кори гуногун бахшида шуда, аз ҷониби хонандагон хуш пазироӣ гардидаанд. Китобҳои «Хонаи баҳор» (2006), «70 соли Хоруғ» (2002), «Лаъли Бадахшон» (2006) ва достони «Чакомаи афсўс» (2013) аз ин ҷумлаанд. Инчунин ашъоратон дар 8 китоби дастаҷамъӣ ба табъ расидааст.

Шумо чун инсони таҷрибаандўхта ва меҳрубону мушфиқ дар тарбияи наврасони боистеъдод, ҷавонони эҷодкори вилоят ҳиссагузоред.

Барои хидматҳои назаррасатон бо Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, унвони Аълочии фарҳанги Тоқикистон, медали «100-солагии матбуоти тоҷик» шарафёб шудаед.

Аз соли 1998 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошед.

Ҳамқалами гиромӣ, Шуморо ба муносибати 80-солагии рўзи таваллудатон муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, умри бардавом ва комёбиҳои эҷодӣ таманно менамоем.

Раёсати  Иттифоқи нависандагони  Тоҷикистон

Дигар хабарҳо