МУҲТАРАМ КАРИМ МӮСО!

 МУҲТАРАМ КАРИМ МӮСО!

Шумо адиби публитсисте мебошед, ки дар баробари китобҳо ва маводи матбуотӣ тавассути очеркҳои радиоӣ низ ҳаёту фаъолияти адибон, ҳунарпешагон дигар шахсиятҳои бузурги халқи моро дар тўли солҳои зиёд инъикос менамоед.

Шумо пас аз хатми мактаби миёнаи №13 Панҷакент (1969) дар Кони маъдани Ҷиҷикрўд кор карда, бо ҳаёти мардум аз наздик шинос шудаед ва баъди хатми факултаи филологияи тоҷики ДМТ (1975) дар рўзномаи «Маориф ва маданият» ифои вазифа карда, дар рўзномаҳои «Маданияти Тоҷикистон» («Адабиёт ва санъат»), «Газетаи муаллимон» («Омўзгор») машғули фаъолияти журналистӣ будед.

Дар ташаккули эҷодии Шумо хидмат кардан дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ба сифати тарҷумон солҳои 1982-1985, ифои вазифаи мухаррири варзида, мудири шуъба ва ҷонишини сармуҳаррири радиои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1985 то январи 2010, сармуҳарририи ҳафтавори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Ҷаҳони паём» нақши муассир гузоштааст.

Очерку мақолаҳои публитсистии Шумо дар матбуоти ҷумҳурӣ аз соли 1972 ба табъ мерасанд ва соли 1999 як иддаи онҳо дар маҷмуаи дастҷамъии «Чароғи маърифати Нигнот» нашр гардид. Сипас китобҳоятон «Мардафкан» (2004), қиссаи мустанади «Зевар» (2006), маҷмуаи қиссаву очеркҳои «Айём-ку бигзашт» (2010), «Ҷабри таърих» (2013), «Чун ӯ марде бисёр нагузашт», «Ошиқи миллати ишқниҳод» (2022) дар хидмати ҷомеа қарор гирифтанд. Як силсила қиссаю очеркҳоятон дар маҷмуаҳои дастҷамъии «Ғазали офтоб» (2005), «Гуфтугў бо худ» (2007), «То ҳаст оламе» (2012), «Бузургбонуи матбуоти тоҷикӣ» (2012), «Орифе аз зодгоҳи орифон» (2013), «Андеша дар андеша», «Сарбози ду ҷабҳа» чоп шудаанд.

Шумо дар соҳаи очерку публитсистика таҷрибаи ғанӣ доред, симои адибон Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Файзулло Ансорӣ, Убайд Раҷаб, Мастон Шералӣ, Раҳмат Назрӣ, бисёр санъаткорон ва аҳли заҳматро ибратбахшу хотирнишин офаридаед. Қиссаҳои мустанади таърихии Шумо «Мардафкан», «Ҷабри таърих», ки аз рўзгори нависандаи зиндаёд Ҷумъа Одина ҳикоят мекунад, мақоми хос пайдо намуданд. Беш аз 40 очерк, ҳикоя, қиссаҳои мустанадатон дар Хазинаи тиллоии радио сабт шудаанд.

Барои хидматҳои арзанда дар иншои асарҳои публитсистикаи бадеӣ, симои шахсиятҳои маъруф, аробони адабиёту ҳунар Шумо сазовори ордени «Шараф», нишонҳои фахрии «Аълочии матбуоти  Тоҷикистон», «Аълочии Телевизион ва Радиои Тоҷикистон» гардидаед ва аз соли 2011 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудед. Шуморо ба муносибати 70-солагии умратон сидқан муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, илҳоми саршор рўзгори хуш ва пурсаодат таманно мекунем.

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

Дигар хабарҳо