Номаи табрикии ИНТ ба Иззатбек Идизода

 Номаи табрикии ИНТ ба  Иззатбек Идизода

Муҳтарам Иззатбек Идизода!

Шумо чун бештари адибонамон баъди гирифтани маълумоти олӣ, кори худро дар зодгоҳи хеш – ноҳияи Нуробод аз омӯзгорӣ оғоз кардед ва солҳо барои рав­шан шудани чашми саводи наврасон ва огоҳияшон аз фарҳангу адаб содиқона заҳмат кашидед, ки ин худ равшангариву равшангароист.

Баъди фаъолияти омӯзгорӣ кори шоирии Шумо бо рӯзноманигорӣ тавъам ҷараён гирифта, самараҳои хуб ба бор овардааст. Ҳам дар эҷоди шеър ва ҳам дар иншои мақолаву очерку лавҳаҳо шуғл меварзидед ва навиштаҳои аввалинатон дар нашрияи маҳаллии «Ҳақиқати Комсомолобод» ба табъ расида, аз зуҳури адиби хушсалиқае башорат медоданд.

Сипас, барои роҳ ёфтан ба фазои васеътар ба пойтахти кишвар омада, солҳо дар Радиои Тоҷикис­тон ҳамчун муҳаррир кор кардед ва барои рангинтару ҷолибтар шудани барномаҳои он саҳми чашмрас гузоштед. Дар пойтахт фаъолияти шоириву рӯзно­манигориятон вусъати тоза ёфт, ки китобҳои дар тули солҳои гуногун чопкардаатон – «Ба ҷӯи нав об омад», «Духтари шаб», «Як гули садбарг», «Санг­тафс», «Шаббода» ва ғайра гувоҳи равшани инанд.

Аз руҷуи мухтасар ба фаъолияти адабӣ ва роҳи тайкардаатон маълум мешавад, ки Шумо ин ҳама солҳо ба сухан ва қалам эҳтирому садоқати хос доштаед ва худро дар мактаби меҳанпарастиву инсондӯстӣ ба камол расондаед.

Ба муносибати ҷашни 70-солагӣ самимона Шумо­ро шодбош мегӯем ва баҳратон комгориҳои тоза ба тоза таманно мекунем.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо