Номаи табрикии ИНТ ба Бахтиёри Ҷумъа

 Номаи табрикии ИНТ ба Бахтиёри Ҷумъа

Муҳтарам Бахтиёри Ҷумъа!

Шумо қабл аз он, ки хома ба даст гирифтаву пайи эҷод шавед, аввал аз мактаби нависанда ва тарҷумони маъруф, равоншод Ҳасан Ирфон дарси маҳорат омӯхтаед. Ҳангоми кор бо ин устоди забардасти сухан тасаввуроти Шумо нисбат ба адабиёт, аз ҷумла кори тарҷума вусъат ёфта, дар ҷараёни тарҷумаи романи Собит Муқонов «Мактаби ҳаёт» ва яке аз сегонаҳои Максим Горкий «Университетҳои ман» дастёру мададгори тарҷумони номӣ будаед. Баъди хатми факултаи забон ва адабиёти Институти давлатии педогогии Душанбе ба номи Тарас Шевченко (1974) як сол дар мактаби миёнаи№51-и ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарё аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтед. Охирҳои соли 1994, баъди муддате фаъолият дар рӯзномаҳои «Меҳнат», «Оинаи зиндагӣ» ва маҷаллаи «Фирӯза», барои зисти доимӣ ба Самарқанд баргаштед. Соли 1995 муҳаррири нашриёти «Суғдиён» таъйин шуда, баъдтар фаъолияти худро дар идораи рӯзномаи ноҳиявии «Шарқ тонги» (ҳозира «Гулобод тонги») идома додед.

Нахустин ҳикояи Шумо бо номи «Тарки одат» дар даврае, ки ҳанӯз донишҷӯ будед, дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ба чоп расид. Офаридани осори ҳаҷвӣ як самти фаъолияти эҷодии Шумост. Нахустқиссаи ҳаҷвиатон зери унвони «Чашми рашк» («Садои Шарқ», 1994), баъдан «Мушдорак» ва «Ламбадахон» («Овози Самарқанд») ба хонандагон пешниҳод гардиданд, ки дар ҳаҷвияофарӣ ба маҳорати хуби Шумо далолат мекунанд. Маҷмуаҳои ҳикояҳои ҳаҷвии Шумо, ки бо номҳои «Хандахариш» (1988), «Савғо» (1991), «Гап байни худамон монад» (1992), «Доруи дарозумрӣ» (Самарқанд, 1997), «Хазинаи ханда» (ҳамроҳи Маҳбуба Турсунова; Самарқанд, 2009), «Асали Бобо» (2012) ба табъ расиданд, аз сӯйи хонандагон хуб пазироӣ ёфтанд. Шумо хотири хонандагони хурдсоламонро бо нашри гулчини ҳикояҳои бачагонаи «Маликаи доно» (Самарқанд, 2002) ва маҷмуаи афсонаҳои «Бойчечак» шод намудед.

Шумо роҷеъ ба мавзуъҳои муҳимми рӯз чандин очерк навиштаед, ки дар маҷмуаи «Роҳ ба сӯйи дарвозаи марг» (Самарқанд, 1998) ҷой ёфтаанд.

Намунаи ҳикояҳои барои бачаҳо навиштаи Шумо дар «Китоби хониш» (барои синфҳои 2-3) дарҷ гардида, чанде ба барномаҳои дарсии мактабҳои тоҷикии Ӯзбекистон низ ворид гардидаанд.

Ҳамқалами гиромӣ, 70-умин солгарди умри пурбаракатро ба Шумо табрик гуфта, орзу дорем, ки ҳамеша сиҳату саломат бошед ва хотиратон осудаву табъатон болида бод.

                                                                    РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

Дигар хабарҳо