Номаи табрикии ИНТ ба Амиршоҳи Хатлонӣ

 Номаи табрикии ИНТ ба Амиршоҳи Хатлонӣ

Муҳтарам Амиршоҳи Хатлонӣ!

Шумо аз ибтидои фаъолияти ҷамъиятиву эҷодии хеш хидмати содиқонаро ба Ватан қарзу фарзи инсонӣ дониста, солҳои тӯлонӣ барои пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти вилояти Хатлон заҳмат кашидед ва дар байни халқ соҳиби номи неку эътибори хос гардидед.

Баъди касби маълумоти олӣ, охири солҳои ҳаштодуми асри гузашта ҳамчун омӯзгор дар зодгоҳатон — ноҳияи Данғара софдилона кор карда, сипас ин кори пурифтихорро дар ноҳияи Бохтар пеш бурдед. Маҳз ҳамин фаъолияти омӯзгорӣ, муҳаббат ба насли наврас ва қаробат бо илму маънавиёт Шуморо ба дунёи сухан овард ва шавқу меҳри суханвариро дар дилатон бедор намуд.

Саҳми Шумо дар рушди соҳаи матбуот ва телевизиону радиои вилояти Хатлон низ назаррас аст. Аввал ҳамчун муовини раиси Кумитаи телевизион ва матбуоти вилоят ва баъдан ҳамчун сарвари Маркази телевизион ва радиои кумитаи мазкур барои аз ҳар ҷиҳат ғановат ёфтани барномаҳои телевизиониву радиоӣ хидматҳои арзанда кардед.

Шеърҳои дар солҳои гуногун эҷоднамудаатон дар маҷмуаҳои «Номус (1994), «Даргоҳи умед» (1999), «Гавҳари ҳаёт» (2008), «Шукӯҳи Истиқлол» (2008), «Ваҳдат — бақои миллат (2009) ва ғайра гирд омадаанд ва ифодагари муҳаббати Шумо ба халқу Ватан мебошанд.

Чандин филмномаи телевизионӣ ва бадеӣ низ эҷод кардаед, ки «Ҷаласаи қисмат», «Пиндори нек», «Ҳафт савганд», «Сангтӯда: дурахши дӯстӣ», «Ин шаҳр шаҳри ман аст» аз ҷумлаи онҳо ба щумор мераванд.

Аз соли 1990 дар сафи аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қарор дopeд.

Солҷашни 70-солагиятонро самимона шодбош гуфта, ба Шумо табъи саршору бахти бедор таманно мекунем.

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

Дигар хабарҳо