Муҳибуллоҳ Қурбон. ПАРӢ

(Ҳикоя)

Ӯ ном дошт: Анор, вале ин исми аслӣ кайҳо фаромӯш шуда, ҳама “Парӣ”-аш мегуфтанд. Ҳатто дар овони хурдсолиаш ҳам “Парича” ном гирифтаву он ба забони ҳама нишаста буд. Худаш ҳам ба “Парӣ” чунон хӯ гирифта буд, ки агар “Анор” гуфта фарёдаш мезаданд, сокит мемонд, зеро дар назараш менамуд, ки дигареро ҷеғ мезананд. Дар дарс ҳам омӯзгоре “Анор”- аш мехонд, посух намедод. Ҳар замоне ки аз шаҳр ба деҳа меомадам, ман ҳам Анорро дида, беихтиёр “Парӣ” мегуфтам. Ҳаминро ҳам бояд гӯям, ки Парӣ аз дудмони мо буд ва ба раҳматӣ падарам пайвандии дуре ҳам дошт.

Соли охири хониш, чи тавре мегӯянд, ӯ аз ҳафт пардаи ҳусн берун шуда, ҳама бачаҳои се синфи ёздаҳро шефтаи худ гардонида буд. Шояд аз ин сабаб ду шавҳари аввал – Шарафу Ҷӯра аз ҳамдарсонаш буданд. Парӣ воқеан, ҳусни афсонавӣ дошт. Аз ваҷҳи Парӣ нур мерехт ва барои ба чеҳраи нозанинаш нигаристан одам шарм мекард. Қомат андак баландтар аз миёнақад, рӯй ҳам таносуби боло дарозтар ва бинӣ теғдору наргиси шаҳло ҷозиб ва лабони тараш ҳамеша моил ба табассум буданд. Шарафу Ҷӯра, маслиҳат кардагӣ барин, дуяшон бо Парӣ якмоҳӣ зистанд. Баъди Ҷӯра Парӣ ҳам ба худ қатъиян қавл дода буд, ки талабгоре аз сар то пояш тилло резад ҳам, дигар ҳаргиз оила барпо намекунад. Аммо баъзеҳо мегӯянд, қавли занона истеҳком надорад ва Суҳроби тоҷир тамоми воситаҳоро истифода бурда, шавҳари сеюмаш гардид. Агар Шарафу Ҷӯра дар ибтидо ва интиҳои як сол бо Парӣ ҷуфт шуда бошанд, пас Суҳроб бо мурури панҷ сол баъди Ҷӯра пайдо шуд. Гӯё, Парӣ бори нахуст издивоҷ мекард, ки Суҳроб барояш ҷашни пурдабдаба дар тарабхонаи гаронтарини шаҳр бо иштироки овозхонони машҳур барпо намуд, Чун девонавор дӯсташ медошт, омода буд барояш ҳавлӣ, балки қаср созад, номи яке аз фурӯшгоҳҳои сершуморашро “Парӣ” гузорад, вале се моҳ пас ӯро талоқ дод. Агар баъди Ҷӯра қавл дода бошад, ки дигар шавҳар намекунам, ин бор Парӣ савганд хӯрд, ки аз ранги рӯйи мард безор аст ва то охири умр дар хизмати модар мемонад. Барои он ки савганд ҳонис нагардад, Парӣ панҷ соли охир касеро ихтиёр накард. То дирӯз бева буд. Лекин чизи дигаре ҳам ҳаст, ки дар ин муддат хостгоре ҳам аз чарди дарашон нагузаштааст, зеро сирри талоқаш фош шуда, вирди забонҳо гардида буд; Парӣ ҳама шавҳарро алфози қабеҳ ва гоҳе бо дастафшонӣ ҳақоратҳои обдорро “зиннат” медодааст ва баъди шунидани ин гуна сифатҳо хостгорони аз дуру наздикомада, аз дари онҳо бозмегаштаанд. Ба замми ин, дар ду ҷониби ҳавлиашон ҳамсояҳо низ дар ин амал “саҳм” мегузоштанд ва агар талабгоре меомаду аз онҳо чун ҳамсоядевор чизе дар бораи Парӣ мепурсид, “навор”-ро сар медоданд.

Дигар хотири Парӣ ҷамъ шуда буд, ки талабгорон ҳаргиз ба суроғаш намеоянд. Аммо пагоҳие баъди наҳорӣ дар айвон модараш Шамсия аз дастархон нони обгурехтаро гирифта, барои ба нондон гузоштан ба хона даромад ва духтараш Парӣ чун ҳарвақта дастархонро ғундошта, онро ба таги дарахти тути рӯи ҳавлӣ афшонда, баргаштанӣ буд, ки дари ҳавлиро мӯсафеде кушод.

Бояд як бори дигар ёддошт занам, ки ин воқеа баъди панҷ соли аз Суҳроб талоқ гирифтани Парӣ рӯй дод. Чашми мӯйсафед ба Парӣ афтоду дар он андармон шуд ва табассумаш фарохтар гардид. Парӣ дастархонро ба лаби кат гузошта, назди дарвоза рафт ва ҳайратомез “Бобо, ба шумо кӣ даркор?” гуфт. Мӯсафед, ки ҳамоно дар лабонаш  табассум буд, чизе нагуфт ва сокит монд. Парӣ зуд ба хона даромада, ба модар хабар дод, ки пирамарди беҳушаке назди дар истодаасту гумон аст, аз иштибоҳ дарро во намудаасту ба саволаш ҷавоб надод. “Шояд ягон авлоди дурамон бошад?” гуфта, рӯймоли сарашро пештар ва гиребони куртаашро рӯи наҳр кашида, Шамсия назди меҳмони нохонда баромад. Парӣ аз паси панҷараи хона ба тарафи дарвоза ҳарисона чашм медӯхт. Модар чизе пурсид, мӯсафед бо табассуми фарох риши мошубиринҷашро қабза зада, посухе надод ва модар меҳмонро ба кати айвон овард, дастархоне, ки Парӣ гузошта буд, гирифта, онро густарданӣ шуд, вале мӯсафед нагузошт. Шамсия ба хона ворид гардид ва духтар зуд наздаш омад ва суоломез нигарист. “Гуфтам-ку, хеши дурамон будааст. Духтарам, аз мағоза нону қанд биёр. Нонамон обгурехта аст. Нонтарӣ ҳам надорем”, – садо баровард модар ва духтар рафт. Шамсия ба лаби кат нишаст. “Номам Аъзамбой, аз ҳамсоядеҳаи Санги Калон ҳастам, шастучорсолаам. Маро дар деҳа ҳама мешиносанд, пурсед, дар бораи ман мегӯянд, – бо овози баланд ҳарф мезад меҳмон. — Ҳоло як марди танҳоям. Занак чор сол пештар аз олам чашм пӯшид. Шунидам, ки шумо духтар доштаед. Худам ба хостгорӣ омадам, то ки ҳоламро худам гӯяму худамро шумо бо чашмони сар бинед. Се писар дорам, ҳамаашон бо оилаҳояшон хонахез ба Русия кӯчиданд. Ҳамаашон шаҳрванди Русия, пулдоранд. Дар он ҷо корхонаҳои зиёд доранд. Соле як бор барои хабаргирии ман меоянд. Ҳама чизро дорам, фақат як ҳамроҳ намерасад, хоҳар. Агар духтаратон розӣ шавад, ҳавлӣ, мошини нави “лексус” ва заминамро ба номаш мегузаронам, ман ҳам шаҳрванди Русия ҳастам, духтаратон ва худи шуморо ҳам шаҳрвандӣ гирифта медиҳам. Агар ҳамсари ман гардад, дасташро ба оби хунук задан намемонам, барояш чӯрӣ мегирам. Хоҳад, ба Русия мебарам, писаронамро мегӯям, як мағозаро ба номаш гузаронанд, он ҷо зиндагӣ мекунем, нахоҳад, дар Санги Калон. – мӯсафед ҳавлиро аз назар гузаронид ва сар ҷунбонид. – Хонаи шуморо ҳам писаронам нав карда медиҳанд. Номзадҳо бисёр,  намояндаи баъзе беваҳо худашон ҳам ба хона меоянд, вале дилхоҳам пайдо нашуд. Ҳамин духтари шуморо худам ду ҳафта пештар дидаму маъқулам шуд. Пурсуҷӯ кардам, шавҳар надоштааст… Саломатиам хеле хуб, ягон ҷоям дард намекунад…” Шамсия бо сари хам нӯки рӯймолашро бо ангуштон молида-молида, бо маънои ҳа сар меҷунбонид…

Вақте Парӣ дар даст селофан дари ҳавлиро кушод, мӯсафед бархоста, аллакай ҷониби дари ҳавлӣ мерафт. Боз чашмаш ба Парӣ афтод ва қаноатмандона шонаҳояшро паҳну рост намуда, бо табассум аз ҳавлӣ берун баромад ва ресмони харашро, ки ба ҳалқаи дар баста буд, кушода, ба он савор шуда рафт. Шамсия ӯро гуселонида, ба хона баргашт. “Кӣ буд ин пирамард?” – Парӣ селофанро ба тоқи хона гузошт ва рӯбарӯи модар истод. “Хостгор.” “Хостгор?” – дар овози Парӣ ҳаяҷон буд ва карахт шуд. “Бишин, духтарам. Ҳозир ҳама гапро мефаҳмонам. Асабӣ нашав. Ҳамин хел аст расму русуми зиндагӣ; бесарпӯш, ки шудӣ, даратро ҳама мекӯбад. Ҳам пиру ҳам ҷавон… Ин марди шастсолаи бадавлат соҳиби ҳавлии калон, мошини лексус…”. “Лексус”-аш ҳамин гӯшдарозаш будагист?!” – ҳарфи модарро бурид духтар. “Ором шав, ман туро зуд бароварда надодаам-ку. Маҷбурат намекунам, маҷбур карда ҳам наметавонам. Ту гапи киро гирифтаӣ, ки азони маро гирӣ, – дар чашмони модар ашк дамид. – Ту ба зоҳираш эътибор надеҳ. Пули бисёр доштааст. Ҳамсараш чор сол пештар гузашта шудааст. Куҳнаҳо мегуфтанд, ки ба занмурда зан деҳу ба зансардеҳ – санг. Ин сухана маънояш чуқур аст. Занмурда ба қадри зан мерасад. Бубин, бачаҳояш дар Русия хонаву дар доштаанду сарватманд, соҳиби даҳҳо корхонаҳои бузург будаанд. Муҳиммаш, ин мард духтар надоштааст, ки ба зиндагии падар халал расонад… Касе ӯро гирад, соҳиби давлат, бибизан мешавад. Боз гуфт, ки ҳамсари ояндаашро ба ронандагӣ мехонондаасту лексуссавор мекардааст…”

“Шуд?” – Парӣ бо асабият аз тоқ кордро гирифт ва онро ба модар нишон дода “Ман қасам хӯрдаам, ки дигар ҳаргиз шавҳар намекунам, лекин боз ту дар бораи шавҳар… Агар ин пирамарди беҳушаки пояш лаби гӯр як бори дигар аз остонаи дари ҳавлӣ гузарад, аввал бо ҳамин теғ ҳамон чашмони гушнаашро кофта мегираму баъд ба худам мезанам! Фаҳмидӣ?!”. Модар саросема “Хуб, гап тамом, духтарам, дигар аз он мард ҳарфе намегӯям. Кордро ба ман деҳ. Ақлатро ба ҷояш мон, духтарам. О, ман нагуфтам, ки туро медиҳам… Чаро беҳуда асабӣ мешавӣ? – Шамсия аз дасти духтар кордро гирифта, ба ҷояш нишаст – Дадат зинда мебуд, мо ин гуна хор намешудем. Ба болои сӯхта намакоб, ту танҳоӣ… Шӯрам хушк шавад… Ҳавлиро дида гуфт, ки ҳама хонаҳоямонро ҳам нав мекардааст… Духтарам, ман чор танга бо кори касона (одатан занҳо матои ҳамсояеро гирифта, ба ивази музде гулдӯзӣ кунанд, онро “касона” мегӯянд) меёбам, гоҳе холаҳоят пинҳонӣ аз мардакошон мадад мерасонанд”. “Оча, намондӣ кор кунам…”. “Кор ҳам кардӣ… Ҳам дар мактаб ва ҳам дар мағоза чанд нафар аз пушти ту занозанӣ ҳам доштанд.”

Хонаи онҳо сари сероҳа буд. Гирду атрофи он маркази деҳа ҳам ҳисоб меёфту ин ҷо ду-се дӯкони майдафурӯшӣ, мағоза ва ошхонаи хурде буд ва аҳли шабоб ҳам дар ин макон гирд меомаданд. Дар байни онҳо ду шавҳари собиқ, ҳамсинфонаш Шарафу Ҷӯра ҳам буданд. Ягон нафари дари Шамсияро кушода аз чашми онҳо дур намеафтод ва ҳатман рӯзе пас дар бораи он кас деҳа ҳама чизро медонист. Аъзамбойро ҳам онҳо диданд ва албатта, фол ҳам заданд, ки агар ҳамин мӯсафед ба хостгорӣ омада бошад, Парӣ ҳаргиз розӣ намешавад, балки латукӯбаш мекунад ва ҳам бо ҳақорат сераш мегардонад.

Шамсияро хоб намебурд. Пагоҳ боз ғайбат дар фазои деҳа мечархад, ки ба духтараш фартути ҳаштодии чанги харсавор хостгорӣ омадааст ва ин овоза гардида, ба он даҳҳо сифатҳои боварнокарданӣ часпонда, ба гӯши Парӣ мерасонанд… Бархост ва дид, ки духтараш ҳам намехусбад ва дар хона рӯи сандалии бараҳна, ки тобистон наканда буданд, номаҳоро паҳн намуда, бо навбат мехонд… Як ҷузвдон мактубҳои ошиқона… Ҳоло духтараш онҳоро хонда, афсӯс мехӯрад, ки писари раиси ҷамоат, олими ҷавон, ки аз деҳаашон баромада, ҳоло дар пойтахт машҳур аст ва чандин нафари дигарро рад карда буд. Як шаб Шамсия танҳо талабгорони ба хонаашон омадаро ҳисобид, ки аз панҷоҳ гузашт… Ва онҳое, ки аз дуру бар талабгори Парӣ мешуданд, беҳисоб буданд. Оҳе кашид Шамсия ва ба ёдаш рӯзи сахти нахустин омад, ки Париро Шараф талоқ дода, бору бисоти духтарашро ба ҳавлӣ оварда, партофта наздаш омад ва гуфт: “Холаҷон, ростӣ, Париро ҳозир ҳам дӯст медорам, лекин дигар соате бо ӯ  наметавонам бошам. Холаҷон, дар фазои хонаи мо то Парӣ ҳаргиз ҳарфи бад садо надода буд. Бо вуҷуди ин баддаҳониашро мебардоштам, лекин чун падарам ҳақорати Париро худаш шунид ва дастафшониашро дид, гуфт, тамом, ҷавобаш деҳ. Ман ҳайрон, холаҷон, шумо фаришта барин дар деҳа бо покдоманиву озодагӣ ва садоқат ба руҳи шавҳаратон ном баровардаед, аммо коми Анорро бо алфози бад бардоштаед.”  Шамсия бо нишони тасдиқ сар меҷунбонид ва ашк мерехт. Шавҳари болобаланди барф барин сафеди ҷингиламӯяш Ҳоҷӣ дар садама сиву чор сол пештар нобуд шуда, он рӯзҳо Парӣ дар шикамаш буд… Шамсия ҳамон рӯзи садама зодрӯз дошт ва Ҳоҷӣ барои ба Шамсияҷонаш ҳадияхарӣ бо дучарха шаҳр рафта буд… Оҳ, чӣ рӯзи сахте буду чӣ бохте бузург. Вақте ба беморхона расид, Ҳоҷӣ ҳанӯз зинда буд, Шамсияро диду ашк аз кунҷи чашмонаш заҳид ва зери лаб танҳо “Фарзандамро…” гуфт… Шамсия ба гӯши шавҳар “Фарзандатонро ман ба пойи касе намепартоям… Розӣ шавед…” – ҳарчанд талх буд, аммо ин ҳарфҳоро гуфт Шамсия. Лаҳзае пас бо дидаҳои калон-калони боз ба сӯи ҳамсар ҷон дод Ҳоҷӣ… Гумон карда буд осмон бо офтобу моҳаш ба сараш фурӯ рафт. Дигар зиндагӣ шабу рӯз барояш торику яксон гардид. Баъди марги шавҳар бист сол дошт ва қариб нуздаҳ сол сиёҳ пӯшид, нахандид, сар бардошта, ба ягон мард нанигарист, ҳарчанд ӯ нозанини хушқадуқомат буду қариб ҳар рӯз талабгорон ба суроғаш меомаданд. Рӯзи арӯсии якуми Парӣ ҳама маҷбураш намуданд, ки Худо духтарашро ба чунин рӯзи муборак расонидаасту ношукрӣ накунад ва пӯшоки сияҳро партояд ва ҳамин тавр шуд. Он замон, ки волидайнаш зинда буданд, маҷбур менамуданд, ки умри ҷавониро исроф накунаду яке аз хостгорҳои зиёдро интихоб намояд. Як бор розӣ шуд, ба писари холааш, ки ҳамсараш фавтида буд, расад, вале шабе қабл аз никоҳ Ҳоҷиро хоб дид, ки бо аломати не сар меҷунбонид… Ба ёдаш ҳамон нигоҳи охирин, ашки заҳидаи пеш аз марги Ҳоҷӣ меомад ва намехост қавли ба шавҳари дами марг додаашро шиканад. Бо вуҷуди ин то дирӯз хостгорон меомаданд…

Баъди ҷудоӣ аз Шараф ҳамсинфи дигарашон Ҷӯра ба Шараф гуфтааст, агар ту аз уҳдаи тарбияаш набаромада бошӣ, Париро ман мегирам ва чунон лаҷомаш мезанам, ки ҳаргиз ҳарфи ноҷо аз забонаш намебарояд. Вале Ҷӯра ҳам танҳо як моҳ тоб овард… Пеш аз ҷудо шудан Суҳроб ҳам аз Шамсия як суол кард, ки духтарро дар куҷо тарбия додааст. Худи Шамсия ҳам дар ҳайрат аст, ки чаро духтари ӯ бадлафз ба воя расид, ҳол он ки на раҳматии падараш ва на худи Шамсия ҳақорате ба забон новардаанд. Танҳо хушдоманаш, модаркалони Парӣ чунин одат дошт, ки ба ҳама лақаб мегузошт ва ҳамаро бо ҳақорат ном мегирифт. Шояд фарзандаш ба бибии марҳум рафта бошад, аммо Парӣ аз тифлӣ як чиз дошт: дилаш либоси писарона мекашид, бо бачаҳо бозӣ ва занозанӣ мекард…

Аз байн боз ду ҳафта гузашт. Парӣ ҳавлӣ мерӯфт, ки дар оҳиста кушода шуд ва боз ҳамон мӯсафед бо табассум ворид гардид. Анор рост сӯяш қадам монда, ҷорӯбро ба тори сари мӯсафед бардошта, “Гум шав, пирсаг! Шунидӣ?!” – дод зад, вале мӯсафед ҳамоно бо табассум меистод ва баргашта рафтанӣ ҳам набуд. Парӣ ҷорӯбро партофта, бо тамоми қувва бо ду даст аз сандуқи синааш ӯро ба қафо тела дод ва ҳамин дам Шамсия ин моҷароро дида, аз хона шитобон баромад ва духтарро аз дасташ ба даруни ҳавлӣ кашида, бо садои баланд “Девона шудӣ?! Ба хона даро, ҳамсояҳо чӣ мегӯянд?!” – гуфта, ба айвон бурд. Мӯсафед чизе нагуфта, ресмони харашро аз ҳалқаи дар во намуда, харро кашолакунон рафт…  Шамсия аз дари ҳавлӣ баромад ва то дар кунҷи сероҳа нопадид шудани мӯсафед истод ва ба хона баргашта, лаби кат нишаста, оҳе кашид. Парӣ бо каф рӯяшро пӯшонида, сарро ба девори айвон часпонида, беовоз мегирист. Модар намедонист ба духтараш чӣ гӯяд. Агар мегуфт, боз ӯ метаркид ва ҳавлиро ба сараш мебардошт. “Ин чӣ тақдире. Худам рӯз надидам. Духтарам рӯз намебинад ва боз соате намеосояд…” – аз хаёлаш гузашт.

Бегоҳӣ ғизое рӯи дастархон наомад. Одатан, Парӣ шом мепухт ва чун то ҳол дар кунҷи хона рӯи кӯрпача зонувонашро миёни дастон гирифта, хомӯш нишастааст, модар ҳам дасту дили таомпазӣ надошт, вале қаҳру асабонияташ фурӯ нишаста, дилаш ба духтараш сӯхт. Наздаш омад, ӯро ба оғӯш кашид ва модару духтар ба ҳам печида, хомӯш ашк рехтанд. Шамсия чашмони зебои духтарашро пок намуда, “Духтарҷон, маро бубахш, лекин ман дигар илоҷ надоштам. Охир, он мард гуноҳ надорад, магар он ки хостгори ту шудааст. Аммо ту… Хайр, ба гузашта салавот. Биё, як пиёла чой хӯрем. Дар ин дунёи дун танҳо дуямон ҳастем. Дигар ҳеч кас ғами моро намехӯрад.” –  Шамсия духтарашро аз зери оринҷаш бардошта, ба кати айвон гирди дастархон шинонид.

Ҳафтае пас модару духтар аз хоб хеста буданд, ки дари ҳавлӣ тақ-тақ шуд. Шамсия бо тарс ба тарафи дар чашм дӯхт ва гумон дошт, боз Аъзамбой омад ва дид, ки панҷаи духтараш ба мушт табдил ёфт, вале чун Шамсия бо дастони ларзон бобро кушод, дар он сӯи дар апааш намуд. Сеяшон рӯи кат нишастанӣ буданд, ки апааш гуфт, беҳтараш дар хона гирди сандалӣ нишинанд.

Дастархони субҳона, ки Шамсия барои хоҳараш кушод, аз ду нони обгурехта, як лаълича қанди сафед иборат буд.

“Ин чӣ рӯзгор, хоҳар? Ягон нонтарӣ ҳам надорӣ?” – ҳайрон шуд апа.

“Фатир пухтанӣ будам, лекин орду руған қимат шудааст, пулам нарасид. Аз ту чӣ пинҳон кунам…”

“Дар деҳа овоза ҳаст, ки ин духтари девонаат мӯйсафеди хостгор омадаро ба ҷорӯб зада, сарашро кафонда, қариб кӯраш кардааст…” – ӯ ба Парӣ чашм дӯхт. Ҳамин замон Шамсия ба хоҳараш ишора дошт, ки ба духтараш сахт ҳарфе нагӯяд.

“Апаҷон, чи хеле худат гуфтӣ, танҳо овоза аст. Ҳақиқат ҳамин ки Парӣ асабӣ шуда, он мардро ба ҳавлӣ даромадан намонд.”

“Парӣ, ақлатро кор фармо. Панҷ сол ин сӯ аз даратон хостгоре нагузаштааст! Ба ёдат гир: ин мард охирин хостгор дар зиндагиат аст. Туро Худо додаасту худат бехабар. Ту медонӣ, он мард кист? Аъзамбой! Ҳавлиаш ним гектар! Коттеҷи сеқабата дорад! Бечора хоксорӣ карда, худаш харсавор омадааст. Ин пагоҳӣ ба хонаи ман раиси ҷамоат омад, ки барои Аъзамбой туро хостгорӣ кунам. Ношукрӣ накун! Боз мегӯям, туро Худо додаасту бехабарӣ. Одамон духтари хонаашонро ба Аъзамбой пешниҳод доранд, лекин вай туро мехоҳад. Баъди як сол соҳиби фарзанд мешавӣ ва лексуссавор ба хабаргирии модар меоӣ. Ва чун бачадор шудӣ, он гаҳ ба ман раҳмат мегӯӣ. Ҳа, ҳамин хел мешавад. Душманҳоятон аз росту чап сӯхта-сӯхта мемуранд. Мард пирӣ надорад, Парӣ. Ӯ нав шастсола шудааст. Ту ҳам дар таги чил. Баъзе занак дар сиву ҳашт – чил аз бача мемонад. Агар шавҳар накунӣ, баъди сари модарат дар ин ҳавлии нимвайрона танҳо мемонӣ. Танҳои танҳо! Фаҳмидӣ, танҳои танҳо дар пирӣ мемонӣ. Худо нахоҳаду бемор шавӣ, ба ту кӣ нигоҳубин мекунад? Боз мегӯям, ақлатро кор фармо ва ба Аъзамбой розӣ шав, соҳиби якчанд фарзанд, ҳавлӣ, мошин ва сарвати ҳангуфту бибизан мешавӣ. Агар ӯро нагирӣ, пас бахти рӯбарӯят истодаро рад мекунӣ! Агар не гӯйӣ, ман барин хола ҳам надорӣ… Ба занмурда зан азиз, гуфтаанд. Рӯи дастонаш гирифта мегардад. Қасам хӯрд, ки танҳо “ҳа” гӯйӣ, аввал ҳавлиашро ба номат мегузаронад, баъд ҷашну тамошо мекунад. О, ту як бор ҳавлиашро медидӣ…»

 Холааш Париро ба хонааш бурд ва ниҳоят сар фуровард ва ҷашни хоксоронае дар ҳавлии Шамсия гузашт ва “лексус”-и сияҳ арӯс ва Аъзамбойро гирифта, ба сари кӯча расид ва ҷониби чап тоб хӯрд. Шарафу Ҷӯра бо нигоҳ “лексус”-ро гуселонида, ба якдигар нигаристанд.

“Як ҳафта зиндагӣ мекунад Парӣ бо ин мӯсафед.” – фол зад Шараф, лекин маълум буд, ки ҳамоно дилаш ба собиқ завҷааш кашол аст.

“Суҳроб се моҳ тоб овард, шояд Парӣ бар қасди мову ту чор моҳ “қилиқҳояш”-ро нишон надиҳад.” – чашм ба ҷодаи холӣ пешгӯйӣ кард Ҷӯра.

Аз байн се не, ҳашт моҳ гузашт, “лексус”-и сиёҳ Аъзамбой ва Париро овард ва барои чӣ бошад, дар гардиш онҳоро фароварда, пас гашт. Аъзамбой ришашро кӯтоҳ намуда, костюми сиёҳ дар бар ва тоқии баланд дар сар дошт. Аз ҳама аҷибаш он буд, ки Парӣ боз ҳам зеботар шуда, шикамаш андак дамида буд. Шараф зуд Ҷӯраро, ки дар дӯкон буд, ҷеғ зад ва дуяшон ба Аъзамбой наздик шуда, даст дароз карданд ва Шараф “Бобо, ҳамсинфи мо чӣ хел будааст? Азоб намедиҳад?” – гуфт тамасхуромез ва дуяшон сӯйи Аъзамбой нигаристанд, аммо вай ба онҳо чизе нагуфт, табассуме намуд ва селофани пур аз нуқлу наворо аз як даст ба дигараш гирифта, аз паҳлуи Парӣ қадам зад ва дуяшон ба ҳавлӣ даромаданд.

Ранги Шараф парида буд ва онҳоро бо нигоҳ гуселонида, лаб мехойид. Ҷӯра ҳам алам кашида буд. Дуяшон хулоса бардоштанд, ки “лексус” махсус дар ибтидои гардиши сероҳа истод. Ин албатта, хоҳиши Парӣ буд, ки мехост собиқ ҳамсинфон – шавҳаронаш бубинанд…

Ду сол пас худи Парӣ сари чанбари “лексус”, писарчааш бо Аъзамбой дар курсии қафо нишаста буданд. Мошин пеш аз он ки ба тарафи ҳавлии Шамсия, ки он ҳам пурра нав шуда буд, тоб хӯрад, сигнал – саломе ба Шарафу Ҷӯра дод.

Ҳама деҳа ҳайрон буд, ки ду сол гузашту чаро Париро Аъзамбой талоқ намедиҳад, чӣ тавр ҳақоратҳои бешумори рангоранги болохонадори Париро тоқат мекарда бошад… Ба ҷойи талоқ Парӣ соҳиби писарча гардида, боз барои тифли дуюм пояш вазнин шудааст. Шояд Парӣ дигар ҳақоратдиҳиро қатъ карда бошад?

Ба ин суол ду сол пештар ҳангоми хостгории нахустини Аъзамбой Шамсия ҷавоб ёфта буд: Аъзамбой асам (кар) буд…

Дигар хабарҳо