КАРИМЗОДА ҶАМОЛИДДИН

 КАРИМЗОДА ҶАМОЛИДДИН

ҶАМОЛИДДИН КАРИМЗОДА 24 июли соли 1944 дар деҳаи Дашти Рази ноҳияи Норак зода шудааст. Хурдсол аз падар маҳрум монда, зиндагии сахтеро аз сар гузарондааст. Соли 1962 мактаби миёнаи ба номи Абӯалӣ ибни Синои ноҳияи Бохтар, соли 1967 факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Сипас дар нашриёти «Ирфон» ва Студияи телевизиони тоҷик ба сифати муҳаррир, дар коллегияи барномасозӣ ва таҳририяи Идораи фарҳангу фароғати Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба ҳайси сармуҳаррир адои вазифа намудааст.

Китоби аввалини шеърҳояш «Чашмаи Хуршед» соли 1973, баъдан китобҳои дигараш «Армуғони баҳор» (1975), «Ташнаи зиндагӣ» (1980), «Накҳати умед» (1983), «Фасли чаман» (1985), «Хиёбони баҳор», «Ашки мармар», «Фасли гулафшон», «Най» ва ғ. ба табъ расидаанд.

Иддае аз ашъораш ба забонҳои гуногуни хориҷӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Аз ҷумла, се китоби шеърҳояш ба забони русӣ интишор ёфтааст.

Намунаҳоеро аз осори шоиру нависандагони дунё ба тоҷикӣ тарҷума ва чоп кардааст.

Дастае аз ашъорашро овозхонони касбиву ҳаваскорони бешумор мехонанду бастакорон ба таронаҳояш зиёда аз дусад оҳанг бастаанд.

Ғолиби бештар аз даҳ озмуни ҷумҳуриявӣ ва байналхалқии шеъру тарона гаштааст.

Ширкатвари фестивалҳои байналхалқии шеър дар Македония, Черногория ва Сербия будааст.

Соли 1973 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

5 марти соли 2001 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо