Ифротгароии динӣ ҳамчун таҳдид ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ

 Ифротгароии динӣ ҳамчун таҳдид ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ

        Дар таърихи 20 феврали соли 2023 бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Ифротгароии динӣ ҳамчун таҳдид ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ” баргузор гардид, ки дар он ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, узви Комиссияи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Хидирзода Махфират Умар, директори маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо ширкат намуданд. Конференсиаро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Дониёр ҳусни ифтитоҳ бахшида, сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозодаро ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла омадааст: “Имрӯз аз он бояд ифтихор намуд, ки Артиши нерӯманду қавӣ ва садоқатпешаи мо дар зери итоати марди шуҷоъ, ватандӯсту ватанпарвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Хушбахтона, тӯли 30-сол аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зери як фазои орому осоишта хурсандона умрет ба сар мебаранд в ин оромию субот бо садоқатмандӣ ва талошу заҳматҳои шабонарӯзи Пешвои муаззами миллат вобастаг». Сипас, Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз дар мавзӯи “Ифротгароӣ ҳамчун таҳдид ба амнияти миллӣ”, Хидирзода Махфират Умар дар мавзӯи “Фазои идеологӣ ва таъмини суботи ҷомеа”, Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзӯи “Таҳдиди гурӯҳҳои ифротии динӣ ба тамаддун ва давлатдории миллии тоҷикон” ва мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносии донишгоҳ, дотсент Бедилзода Ҳусайн Кабут дар мавзӯи «Нақши Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар мубориза бо таҳдидҳои гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ» маърӯза карданд. Зикр карда шуд, ки имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид кард, барои башарият хатари на кам аз силоҳи негативиро ба миён овардааст. Мубориза бо терроризм в экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорўи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки кори конференсия дар бахшҳо идома ёфта, дар онҳо зиёда аз 50 мақола шунида шуда, мавриди баррасӣ қор гирифт.

Дигар хабарҳо