ИСМАТӢ ОЛИМХОН

 ИСМАТӢ ОЛИМХОН

ОЛИМХОН ИСМАТӢ 28 феврали соли 1958 дар деҳаи Мадрушкати ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ зода шудааст. Соли 1978 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Баъдан муаллим, хабарнигори рӯзномаи «Машъал»-и ноҳия, ходими нашриёти «Адиб», муҳаррири нашриёти «Шарқи Озод» будааст. Ҳоло дар Масчоҳи Нав кору зиндагӣ мекунад ва сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Машъал» мебошад.

Ба навиштани шеърҳои бачагона, лирикӣ ва ҳаҷвӣ шавқ дорад. Шеърҳояш дар баёзҳои «Риштаборон» (1984), «Неши нӯш» (1988), «Чил қалам» (1990), «Кокули бом» (1991) ва ғ. чоп шудаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои «Бӯсаи нур» (1991), «Ҳаво, рӯта кушо…» (1992), «Мавҷхез» (1993), «Боли ҳумо» (1995), «Ҷонфидо» (1996), «Оёти найсон» (1998) ва «Ашки булбул» (2006) мебошад.

Аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо