Зинда бод!

 Зинда бод!

Низом ҚОСИМ

Ҷӯю дарёҳои пур аз оби Меҳан зинда бод!

Пурдурахш ин кони сими ноби

                                               Меҳан зинда бод!

Пок медорад чу қалбаш обҳои хешро,

Ҷовидон ин обу ин одоби Меҳан зинда бод!

Чашми бедоре бувад ҳар чашмаи ин кӯҳсор,

Чашмҳои рӯшану бехоби Меҳан зинда бод!

Гармии ҷону диланду рӯшноиофаранд,

Обҳои пуртабу пуртоби Меҳан зинда бод!

Обрӯи хушдилон аст ибтикори оби мо,

Обрӯи Меҳану аҳбоби Меҳан зинда бод!

Чун Зарафшону Сиру чун Вахшу Панҷаш то абад

Ҳамсадои шоирон Варзоби Меҳан зинда бод!

Доимо бодо накӯ Хингобро роҳи сафед,

Рӯи сурхи оби мо — Сурхоби Меҳан зинда бод!

Ҳар шабу ҳар рӯз дар оинаҳои баҳру рӯд

Офтоби Меҳану Маҳтоби Меҳан зинда бод!

Оби мо — ободии мо, обрӯи мо бувад,

Обрӯи мардуми шодоби Меҳан зинда бод!

Дигар хабарҳо