Дурахши хотираҳо

Бо нигоштаҳои нависандаи рангинхаёлу нозукбаён, Нависандаи халқии Тоҷикистон шодравон Ҷонибек Акобир ҳанӯз аз овони ҷавонӣ ошноӣ доштам. Нахустин ошноиям тавассути ҳикояҳояш, ки солҳои 80-уми қарни гузашта дар матбуоти даврӣ рӯйи чоп меомаданд, ғоибона сурат гирифта буд. Ҳикояҳояшро мутолиа мекардаму симои қаҳрамонон, муносибату рафтор ва шеваи гуфтору муҳити рӯзгори печидаву пурмоҷарои онҳо андешаҳоямро бармеангехтанд. Хаёлан худро миёни он қаҳрамонон тасаввур мекардаму заҳри маломату ғазаб ва сангу хоки хоҳишу коҳишҳои дилро ба фарқи сарашон мерехтам. Якеро самимона арҷ мегузоштаму дигареро миёни панҷаҳои гирову бетараҳҳуми хаё-лоти бесару нӯги худ бераҳмона мефишурдаму мазаммат мекардам. Аз яке сабақи зиндагӣ мегирифтаму ба сӯйи дигаре санги нафрату маломат ҳаво медодам.. Ва дар ҳарду ҳолат ҳам номи муаллифи ҳикояҳои китоб Ҷонибек Акобир вирди забонам мегашту аз наздик дидану бо ӯ ҳамсуҳбат шуданро орзу мекардам.

Он замон баъди ҳар 2-3 сол Машварати адибони ҷавони мамлакат баргузор мегардид. Ин ҳамоишҳои қаламкашони ҷавон бо омодагиҳои ҳамаҷониба ва хеле хотирмон сурат мегирифт. Нахустин дидорбинии аксар эҷодкорони ҷавон маҳз дар ҳамин вохӯриву суҳбатҳо ба вуқӯъ мепайваст. Мо – ҷавононе, ки дар музофотҳо кору зиндагӣ мекардем, бо устодону суханварони варзида дар ҳамин маҳфилҳои адабӣ, ки дар бинои Иттифоқи нависандагон баргузор мегардиданд, аз наздик шинос мешудем . Бо ҳама ёру дӯстон, ҳамдилону ҳамқаламоне, ки имрӯз дар шукуфоиву сарсабзии гулбоғи адабиёт содиқона хидмат карда истодаанд, маҳз дар ҳамон машваратҳои адибони ҷавон ошно гашта будам.

Аз он вохӯрию суҳбатҳои хотирмону гуворо аллакай солҳои зиёд сипарӣ гардиданд. Имрӯз бошад он ҳама дидорбинию ҳамнишиниҳо хотираю ёди ширин гаштаанд. Чеҳраҳои хандону ҳазлу шӯхиҳои дилнавоз, самимияту сухани баландпарвоз ва навҷӯиҳою эҷози ашъори рангинашон дар ниҳонхонаи дил хотира шудаанд.

Қомати баланду дасту бозувони паҳлавононаю навпардозиҳои ашъору ширинии гуфтори дӯсти зиндаёдам Қувватбеки Давлат, ҳазлу шӯхихои «махсум»-и маҳ- филҳои қаламкашони ҷавон Махсум Олимӣ, шармидаю хеле нарму дилнавоз шеърхонии Маҳтоб Зо- кирова, суҳбатҳои гарму самимияти Тӯлқин Хоҷа, чеҳраи кушодаю шеърхониҳои зебои Сардори Раҳдор, нармгуфторию ғазалхониҳои Муҳаммадалии Аҷамӣ, латифаҳои нозуку ашъори содаю равони бачагона, дилсофию қаҳқаҳаи хандаҳои Ғаффоралӣ Сафар ва боз даҳҳо нафар ҷавонони эҷодкори он рӯзгори саодатёр бароямон ёду хаёли ширин гаштаанд. Акнун гоҳ-гоҳе дар суҳбату ҳамнишиниҳо аз он лаҳзаҳои нотакрору хотирмон бо дареғу ҳасрат ёдовар мешавем.

Дар яке аз ҳамин гуна машварати адибони ҷавони ҷумҳурӣ бо нависандаи писандидаамон Ҷонибек Акобир шинос гардидам. Баъдан гоҳ-гоҳе дар бинои Иттифоқи нависандагон ва баъзан дар кӯчаю хиёбонҳои пойтахт, ки вомехӯрдем, бо як самимияту меҳрубонӣ ҳолпурсӣ мекарду дурахши меҳрбори чашмонаш аз муҳаббату садоқати бепоёни ошноӣ башорат медод. Ҳамин буд, ки ҳар куҷое пайдо мегардид ёру дӯстон паҳлуяш қарор мегирифтанду садои чақ-чақу ханда ва хушгӯию ширинзабонӣ фалакгир гаштаю мулки дилҳоро тасхир менамуданд…

Тобистони соли 2014 бо мақсади табобату хуш гузаронидани рухсатии меҳнатӣ ба осоишгоҳи овозадори Хоҷа Оби Гарм рафтам. Обу ҳавои тозаю беғубор, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи сарсабзу ҷангалзор ба ин гӯшаи биҳиштосои кишварамон шукӯҳу ҷалоли тоза мебахшид.

Бо ҷавони тахминан 25-30 солае, ки Мирзо ном дошт, дар як ҳуҷра ҷой доштем. Мирзо шахси хеле хушчақчақу ҳозирҷавоб ва хоксору дидадаро буд. Ӯ, ки дар бахши соҳибкорӣ фаъолият доштааст, намегузошт лаҳзае мушаввашхотир бошам. Ҳар замон бо нақлу латифаҳои шавқовар ва хушгӯиҳои ширинаш ба дил шодию сурур мебахшид. Мутаассифона, дили маҳзуну дардошноям аз банди ҳузну андешаҳои печидаи рӯзгори саргарон раҳоӣ намеёфт.

Фардои ин рӯз дар даромадгоҳи асосии осоишгоҳ суратгири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Нурулло Исобоевро дидам. Баъди салому ҳолпурсӣ изҳор дошт, ки: – Дина бегоҳӣ расидам ва андаке монда шуда, истироҳат кардам. Имрӯз бошад устод Ҷонибек Акобир меояд.

Аз ин дидорбинӣ ва хабари омадани нависандаи дӯстдоштаам хурсанд шуда, дасти акаи Нуруллоро фишурдаю болидарӯҳ гардидам.

Бегоҳӣ ҳамроҳи Мирзо ба тамошои кӯҳу пуштаҳои болои осоишгоҳ баромадем. Манзараҳои марғуб ва ҳар нахлу гиёҳи сарсабзи ин мавзеъ касро мафтуну шайдо мегардонид. Баъди сайругашти ин мавзеи дилфиреб бо рӯҳи болида ба ҳуҷраи истироҳатӣ баргаштем. Ва ҳамон замон акаи Нурулло ин хабарро ба мо расонид:

– Устод омаданд, вале саломатиашон чандон хуб нест. Чой дам карда, наздашон гузоштаму берун баромадам. Ҳоло хоб рафтаанд.

– Акаи Нурулло, биё сари қадам рафта, аз ҳолаш хабар гирем, – ма- слиҳат додам ба ӯ.

– Хеле хуб, – розӣ шуд Нурулло ва мо ҳарду сӯи утоқи ӯ равон шудем.

Устод дар ҳуҷра танҳо мехобид. Вай моро болои сараш дида, дар лабонаш табассуми нозуке падидор гардид. Ниҳоят ба сӯямон нигариста, изҳор дошт, ки: – Эҳа, Сафарҷон, шумо низ ҳамин ҷо будаед?

– Бале, рӯзи дуюм аст ба табобату дармонбахшӣ машғулем, – гуфтам дар ҷавоб ва илова намудам:

– Устод, акнун мондагию кӯфти роҳ андаке рафъ гардидааст. Мешавад, ки оҳиста-оҳиста ҳаракат кунед. Ба берун бароем, то хуни бадан ба гардиш дарояд.

– Бале, Сафарҷон, дар чунин муҳити созгори кӯҳистону ҳарорати муътадили ҳавои тобистон сайру тамошои табиати сарсабз дорую давои хуб аст, – суханамро тақвият доду якҷоя ба саҳни бинои бошукӯҳи осоишгоҳ баромадем.

Офтоб майли ғуруб дошт. Кӯҳу талҳои сердолу дарахти ин мавзеъ бо қуллаҳои аз нури зарҳалини офтоби бегоҳирӯзӣ ва пайроҳаву сояхамҳои бешумори худ аҷаб манзарае дошт. Рӯйи кати чӯбини сояи дарахти солдидае осуда нишаставу ба ин ҳама зебоиҳо дидаи ҳайрат дӯхтем. Устод Ҷонибек, ки болои кат рӯ ба офтобнишин мени- шаст, ба ин ҳама рангорангиҳо хо- мӯшу андешаманд менигарист, як оҳи бадард кашида, бо ҳасрат изҳор дошт: – Кошки одамӣ ҳам мисли офтоб баъди ғуруб аз дигар тулӯъ мекарду аз тамошои ин ҳама зебоиҳои дунёи рӯшан армон мешикаст. Воқеан ҳам умр кӯтоҳ асту кас ба гардаш расида наметавонад.

– Эҳа, ҷони гапро гуфтед, устод! Агар бори дигар умр медидам, сад дар сад роҳамро дигар мекардам, – гуфт Нурулло ва илова намуд. – Коре мекардам, ки ҳатман ба таърих ворид шавам.

– Бале, акаҷон, ана ин кирои зиндагӣ кардан мешуд, – табассумкунон фикри ӯро ҷонибдорӣ намуд Мирзо, ки дар як кунҷи кат хомӯш менишаст. — Ба фикрам, ин қадар аз гузаштани умру кӯтоҳияш андеша кардан суде надорад. Бояд шукри ҳамин лаҳзаҳои дидорбинию ҳамнишиниҳо кунем, ки ин лаҳза моро насиб гардидааст.

– Бале, бояд одамӣ ҳамеша сипосгузору қадршинос бошад, – идома дод устод Ҷонибек, – Мо бояд қадри ин ҳама зебоиҳои Ва- тан, соҳибдавлативу ободкориҳои пайваста ва номи пурифтихори «тоҷик» расида, аз худ номи нек боқӣ гузорем.

— Воқеан ҳам маънии зиндагӣ ҳамин аст. Бенишонӣ нишонаи марг аст, – гуфтаму бархоста ҷониби бинои осоишгоҳ роҳ пеш гирифтем.

Як ҳафтаи боҳамию ҳамнишиниҳо бо ин нависандаи маҳбубу писандидаи хонандагон хеле хушу гуворо гузашт. Лаҳзаҳои танҳоӣ девони Абдулқодири Бедилро мутолиакунон мафтуни нигоштаҳояш мегардид. Ошиқу шефтаи эҷодиёти ин орифи барҷастаю шоири малакутӣ буд.

Баъди чанд моҳи ин вохӯрию суҳбатҳои хотирмон Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷонибек Ако- бир ин олами равшанро абадан падруд гуфт.

Ҳарчанд рӯзи маргаш медидам, ки тобути сабзпӯшаш рӯ-рӯи дастони ҳамқаламону ёру дӯстон ва мухлисони сершумори эҷо- диёти мондагораш ҳазин-ҳазин сӯи даргоҳи охират равон аст, ба мар- гаш бовар надоштам. Хаёл мекар- дам, ки боз бо ҳамдигар вохӯрдаву чун ҳамешагӣ аз файзи суҳбатҳои самимонаву маслиҳатҳои беғара- зонааш баҳравар мегардам. Вале сад ҳайфу дареғ, ки:

Агар дар вақти рафтан гуфт: Меоям. Макун бовар,

Ки ӯ ҷон асту чун ҷон меравад, дигар намеояд.

Сафар АМИРХОН

Дигар хабарҳо