Дилбаставу вобастаи адабиёти тоҷик

 Дилбаставу вобастаи адабиёти тоҷик

Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ

 Робитаҳои адабӣ бахши муҳимми фаъолияти адибон ва иттифоқҳои адабӣ буда, ба таҳкими муноси­батҳои халқҳо ва баҳрабардории муфиди адабиётҳо аз таҷрибаи ҳам­дигар мусоидат менамояд. Он дар шаклҳои гуногун — тарҷумаи бадеӣ, таҳлилу тадқиқи асарҳои баргардон­шудаву таъсиргузор ва сафарҳои эҷодию ҳамоишҳои адабӣ зуҳур мекунад. Дар ин кор дар адабиёти тоҷик дар солҳои охир тарҷумонҳои шинохта, олимони варзидаи адабиёт ва шахсиятҳои маъруфи фарҳангӣ ширкати фаъолона доштаанд.

Дар ин радиф тарҷумонҳо, адибон ва мураттибону муҳаррирони асарҳои адибони классику муосири тоҷик дар бисёр кишварҳои дунё арзандаи мақоми хосаанд. Онҳо содиқона бори тарҷумаву чоп ва тарғибу ташвиқи адабиёти тоҷикро бар дӯш гирифта, дурдонаҳои ин баҳри бекарони маънавиро пешка­ши ҳазорон муштариёни хориҷии он намудаанд.

Яке аз чунин шахсиятҳои барҷа­стаи фарҳангӣ Иосиф Самуилович Брагинский аст, ки дар тадқиқу таҳқиқ ва тарғибу ташвиқи ҳам адабиёти классикӣ, ҳам адабиёти муосир ва ҳам адабиёти шифоҳии мо нақши муассир дорад. Аз ин рӯ, дар рӯйхати нафарони ба дарёфти Ҷои­заи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дидани номи ӯ боиси қано­атмандию шодмонии ҳамаи онҳое гардид, ки ҷонибдори қадрдонии чунин ашхоси самимона ба фарҳанги мо хидматкарда мебошанд.

Мавсуф 18 майи соли 1905 дар шаҳри Киев таваллуд шуда, дар шаҳри Боку, ки падараш барои кор дар корхонаи нефти он кӯчида буд, ба камол расидааст. Баъди хатми Донишгоҳи шарқшиносии Маскав ва андаке фаъолият дар ин муассисаи таълимӣ соли 1933 ба Тоҷикистон омада, аввалан машғули корҳои ҳиз­биву ҳарбӣ — сардори шуъбаи сиёсии совхози «Данғара», мудири шуъбаи тарғиботи Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон, муҳаррири маҷаллаҳои ҳизбии ҷумҳуриамон будааст.

Ҳангоми кор дар ноҳияи Данға­ра ба эҷодиёти шифоҳӣ ва расму оинҳои халқамон дил баста, маводи зиёде гирд овард, ки асоси таҳлилу тафсири муфассал дар асарҳои оян­дааш гардид. Рисолаҳои номзадӣ ва докториаш низ асосан ба ин мавзуъ рабт доштанд.

Баробари таъсиси Академияи илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи он интихоб шуданаш далели корҳои арзандааш аст, лекин бояд гуфт, ки эҷодиёташ танҳо баъди ба Па­жуҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ ба кор омадан ва қаробату рафоқаташ бо директори шуҳратманди он – ака­демики Академияи илмҳои СССР Бобоҷон Ғафуров ба таври ҳақиқӣ рушду тавсеа ёфт.

Таваҷҷуҳи Иосиф Брагинскийро пеш аз ҳама шахсият ва эҷодиёти адиби забардасти замон – устод Садриддин Айнӣ ба худ ҷалб кард ва натиҷаи заҳматҳои бисёрсола­аш китобҳои «Садриддин Айни. Материалы к биографии и творче­ской характеристике» (Сталинобод, 1948), «Жизнь и творчество Сад­риддина Айни» (Москва, «Советский писатель», 1959, 1978), «Проблемы творчества Садриддина Айни» (Ду­шанбе, 1974) ва «Садриддин Айни. К 100-летию рождения» (Душанбе, 1978) мебошанд. Дар ин рисолаҳо муҳаққиқ устодро чун «классики бузурги тоҷик» ва навовари кори адабӣ тавсиф кардааст, ки нишони муҳаббати самимиаш ба адиби бе­назир аст. «Маншаи абадияти Устод чист? — мепурсад муҳаққиқ ва ҷавоб медиҳад: — Пеш аз ҳама, маҳз ҳамчун устод эътироф шуданаш аз ҷониби тамоми халқ, ҳамчунин тамоми эҷодиёт ва саргузашту сарнавишти ҷолибаш».

Иосиф Брагинский устод Айниро дар давраи нав оғозгари тамоми ҷанбаҳои илму адаби тоҷик медонад ва барои ин далелҳои боварибахш меорад: «Роҳкушо — шояд ҳамин калима барои тавсифи эҷодиёти Садриддин Айнӣ беш аз ҳама муво­фиқтар бошад. Аввалин муаллими мактаби шуроии тоҷик ӯст, аввалин журналисти тоҷики маҷаллаву рӯз­номаи таъсисдодааш – «Шуълаи инқилоб» ва «Овози тоҷик» ӯст, Аввалин тарғибгар, муаллифи ва­рақҳое, ки аскарони амирро ба пай­вастан ба сафи Артиши Сурх даъват мекарданд, ӯст. Аввалин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ӯст. Аввалин носири тоҷик, аввалин тоҷикшинос, муаллифи асарҳо оид ба адабиёти тоҷик ва таърихи халқи тоҷик ӯст, чунки то ба ӯ муҳаққиқони таърихи халқхои Осиёи Миёна ва адабиёти форсӣ тоҷиконро ҳамчун халқи алоҳида ҳатто «намедиданд» («Садриддин Айни», нашри дуюм, Москва, нашриёти «Советский писа­тель», 1978, саҳ.235-236).

Китоби дигари машҳури Иосиф Брагинский «12 миниатюр. От Ру­даки до Джами» аст, ки соли 1976 дар нашриёти «Художественная литература»-и шаҳри Маскав чоп шудааст. «Тавре ки унвони китоб мегӯяд, — омадааст дар пешгуфтор, — он маҷмуаи очеркҳо, портретҳои эҷодии алоҳида ва нисбатан начан­дон калони дувоздаҳ классики назми форсизабон аст, ки баъзе бештар ва баъзе камтар ба доираи васеи хо­нандагон маълуманд» ва барҷо шарҳ медиҳад, ки «форсҳои имрӯза ва тоҷикон авлод ва ворисони шохаҳои ғарбӣ ва шарқии қавми дар гузашта ягонаи эронианд. Назми классикие, ки аввалан дар қаламрави Осиёи Миёна (аз ҷумла Тоҷикистони имрӯ­за) ва баъдан дар ҳудуди Эрону Афғонистони имрӯза эҷод шуд, адабиёти ягона буд ва хоҳад монд… Классикҳои ин назмро ворисони онҳо ба таври гуногун — «эронӣ», «форсӣ», «тоҷикӣ» дақиқтараш «форсӣ-тоҷи­кӣ» меноманд, лекин баробар ганҷи­наи умумӣ ва азизи хеш медонанд».

Ҳамин тавр, ин китоб дар бораи қадимтарин сарчашмаи хаттии тоҷи­кон — «Авесто» ва ҳаёту эҷодиёти устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Фахруддини Гургонӣ, Умари Хайём, Низомӣ, Мавлоно, Саъдӣ, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ ва Ҷомӣ бо муҳаббат ва ҷолиб нақл мекунад. Тавассути он, ҳамчунин рисолаҳои «Из истории таджикской народной поэзии. Элементы народ­но-поэтического творчества в па­мятниках древней и средневековой письменности» (Москва, АИ СССР, 1956) ва «От «Авесты» до Айни» (Душанбе, 1981) Иосиф Брагинский «Авесто»-ро чун ёдгор ва шоҳкори адабиёти бостонии тоҷикон манзур намуда, амалан ба «Авесто»-шиносӣ дар Тоҷикистон асос гузошт.

Шавқу завқи ӯ ба сарчашмаҳои бостонии адабиёти тоҷик дар кито­бҳои «Из истории таджикской на­родной поэзии» (Москва, 1956), «Из истории персидской и таджикской ли­тератур» (Москва, 1972), «Проблемы востоковедения. Актуальные вопро­сы восточного литературоведения» (Москва, 1974), «Исследования по таджикской культуре» (Москва, 1977) низ равшан мушоҳида мешавад.

Иосиф Брагинский ҳамчунин дар таҳияи китобҳои пурмуҳтавои «Таджикская советская литература» (1954), «Очерки истории таджикской советской литературы» (Москва, 1956, 1957, 1961), «Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик» (иборат аз ду қисм, 1956-1957) саҳми арзанда дошта, бахшҳои пурарзиши онҳо­ро таълиф кардааст. Тавре ки аз маҷмуаи аҷоибу ҷолиби «Декада таджикской советской литературы в Москве» (1950) бармеояд, Иосиф Брагинский дар муҳокимаҳои сах­тгирона дар ҳузури адибону олимони машҳури шуравӣ асарҳои адибони тоҷикро дақиқу дилсӯзона муаррифӣ кардааст. «Назми тоҷик, ки анъа­наҳои ғании классикӣ дорад, — мегӯяд ӯ дар ин китоб, — аз қадамҳои нахус­тин назми ҳақиқии комил аст, лекин ҳанӯз ба доираи васеи хонандаи советӣ ноошност».

Самтҳои дигари фаъолияти ада­бии Иосиф Брагинский мураттаб сохтани китобҳои намунаҳои шеъри тоҷик ва маҷмуаҳои алоҳидаи шои­рони тоҷик, таҳриру тасҳеҳи чунин китобҳо, таҳриру тақризи рисолаҳои илмӣ оид ба адабиётҳои классикӣ, муосир ва шифоҳии тоҷик аст. Ин корро ӯ хеле барвақт, ҳанӯз дар соли 1949 бо маҷмуаи ашъори шоирони классику муосирамон «Таджикская поэзия» оғоз карда буд. Пешгуфтори мураттиби китоб пур аз гуфтаҳои машҳури роҳбари вақти шуравӣ И. В. Сталин ва сарсухани рӯзномаи «Правда» аст ва гумон меравад, ки ба ин восита ӯ ақидаю муҳаббати худро оид ба мардуми тоҷик ва адабу ҳунари ӯ бори дигар иброз до­штан мехоҳад: «Тоҷикон қадимтарин халқи Осиёи Миёнаанд…» «Тоҷикон халқи хосанд, ки тамаддуни бузурги бостонӣ доранд…» «Тоҷикон халқе­анд, ки зиёиёнашон шоири бузург Фирдавсиро ба ҷаҳониён додаанд ва беҳуда нест, ки тоҷикон анъанаҳои фарҳангии худро аз ӯ оғоз бахшида­анд.» «Махсусияти мафтункунандаи санъати тоҷик он аст, ки он дар асо­си фарҳанги қадиму бузург ва зебо бунёду пойдор мешавад.»

Ҳамин муҳаббати самимона дар дигар китобҳои тартибдодаи Иосиф Брагинский — «Рӯдакӣ» (1949, 1957), «Хафиз» (1949, 1955), «Звёзды поэзии» (1974) низ эҳсос мешавад. Мураттиби онҳо натанҳо беҳтарин шеърҳои шоирони классики тоҷику форсро интихоб ва ба воситаи тарҷу­монҳои варзида ба русӣ баргардон­дааст, балки ба ҳар китоб пешгуфто­ри амиқу омӯзанда, шарҳу тавзеҳ ва шарҳи ҳоли муаллифонро навишта, ҷиҳати тарғибу ташвиқи намунаҳои барҷастаи адабиётамон кори монда­гореро анҷом додааст. Ба ин сатрҳо аз сарсухани маҷмуаи бузурги «Звё­зды поэзии», ки намунаҳои эҷоди ҳафт ахтари назми тоҷику форс — Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Мав­лоно, Саъдӣ, Ҳофиз ва Ҷомиро дар бар гирифтааст, таваҷҷуҳ намоед: «Тасаввуроти инсонро аз замонҳои қадим ривояту афсонаҳо дар бораи эҳёшавии пурасрор мафтун месозад. Гоҳе ин устураи мурғи Оташ аст, ки аз хокистари худ эҳё мешавад, гоҳи дигар — ривояти се ҷавони эфесӣ, ки асрҳои аср дар ғоре ба хоб раф­таанд, то дар соати муайян барои зиндагонии наву пурбаракат сар аз хоби маргосо бубардоранд…

Магар чунин нест қиссаи тақдири ҳайратбахши халқи тоҷик?.. Эҳёи дар ҳақиқат тааҷҷубовари кулли халқе рӯй дод — халқи бостонии тоҷик барои ҳаёти нав эҳё гардид ва ҳама қудрати эҷодиашро, ки дар қаъри дилу ҷонаш хуфта буд, вусъати тоза бахшид…»

Гумон меравад, ки олими маъруф дар шахси мардуми одии Данғара одамгарию садоқати инсонӣ, дар симои устод Айнӣ авҷи эҳсосу тафак­кури илмиву адабӣ, дар фаъолияти Бобоҷон Ғафуров зуҳуроти созандаи ташкилотчигӣ ва ватанпарварию миллатдӯстии ҳақиқиро дида, маф­туни миллати онҳо шудаву самимона ба ин мардум дил баст ва умрашро сарфи омӯзиши фарҳанги он намуд. Ба дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ пешбарӣ шудани чунин шахс боз як сифату хислати барҷастаи миллату давлати мо — қадршиносиву пос доштани хиз­мати аҳли илму адабро ба ҳамагон нишон хоҳад дод.

Сурайё Аҳмадзод,

мудири бахши тарҷума ва робитаҳои адабии

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо