Мансур Суруш Дили аъмо

Мансур СУРУШ

Боре дар як рўзи хушҳаво аз рўйи одат дар боғи шаҳрӣ сайругашт мекардам. Рўйи хараке нишастам то нафасамро рост намоям. Аз дур як шиносамро дидаму аз ҷой нимхез шудам барои адо кардани қарзи салом. Ин дам дар зери по лифофаеро дидам. Эҳтимол онро нафаре, ки қабл аз банда ин ҷо нишаста будааст, тасодуфан афтонда бошад. Хам шуда лифофаро аз замин бардоштам. На аз рўйи кунҷкобӣ, балки ба андешаи он ки шояд дар лифофа номаи барои касе муҳимму деринтизор маҳфуз бошад ва он бояд ба ҷойи даркорӣ расад. Ғайричашмдошти ман дар рўйи лифофа ҳеҷ гуна суроға сабт нашуда буд, вале кушода, маълум ки касе дар ин ҷо нишаста номаро хондааст. Ман ба чор тараф чашм андохтам, ба умеди он ки он шахс аз гум шудани мактуб огаҳ шуда, барои он ба ин ҷо бармегардад, лекин… Чанд дақиқаи дигар интизор шуда, номаро аз лифофа берун овардам. Зеҳн мондам, ки он бо хати зебои хоно навишта шудааст. Аз дилам гузашт, ки он мутааллиқи ягон зан аст. Ба хондан шуруъ кардам.

«Даврон, — чунин шуруъ мегардид мактуб, — эҳтимол ин номаи ман ба ту хуш наояд. Вале ман дигар хел рафтор карда наме- тавонистам, зеро бори гарони ба дўши мани зани муштипар ва бахтбаргашта афтодаро дар танҳоӣ кашидан оҷизам. Дилам бухс мекунаду қариб ки торс кафад, лекин ман рози худро ба касе кушода наметавонам, рози зане, ки аз вай рў гардондаанд, ба кӣ ҳам даркор аст, зане ки муддате маъшуқаи марде будаасту риштаи умри хешро бо ў пайвастан мехостааст, барои ў ба ҳамаи қурбонӣ тайёр будааст. Вале маълум мешавад, ки ман дар олами орзуҳои хаёлӣ мезистаам, ҳамаи умедам пуч баромад.

Ман ба ту, ки аз ман се сол бузург будӣ, ҳанўз дар наврасӣ ошиқи шайдо шудам. Дар мактабе, ки якҷо мехондем, бесаброна занги танаффусро интизорӣ мекашидам, то дар саҳни дабистон туро, ки ҷавони қоматбаланд, хушпайкар ва хандонрўй будӣ, дар миёни ҳамсинфонат бубинам.

Ҳатто ба варзишгоҳ мерафтам, ки ту дар он ҷо машғули футболбозӣ мешудӣ. Ба ман рафтори табиӣ, кўдаквор шодӣ карданат маъқул буд. Ин аз афташ аз назари дигарон пинҳон намонд, дар бораи ман гапу калочаҳо пайдо шуданд. Аммо ба ман ин ҳеҷ таъсир надошт, суханони шоири классикамонро ба ёд ор: «Ман ба фармони дилам, кай дил ба фармони ман аст?». Оре, ҳақ ба ҷониби шоир аст, номи ту вирди забонам буду дилам лабрези муҳаббат ба ту.

Сипас мо аз наздик шинос шудем ва дўстии ба назар бачагона ботадриҷ ба муҳаббат табдил ёфт. Дар ҳар сурат барои ман. Хушбахт аз он будам, ки ту низ ба камина бо меҳр ҷавоб мегардонӣ, меҳрубонона «Лолаҷони ман» мегуфтӣ. Дар чунин лаҳзаҳо чунон хурсанд мешудам, ки гўё ба шастам моҳии тилло афтодааст. Ёд дорам, ки чи сон ба завқ механдидам, вақте ту ба шиносҳоямон, бештар ба муаллимонамон тақлид мекардию ҳаракатҳояшон ва оҳанги гуфтора- шонро моҳирона ва қариб айнан такрор менамудӣ. Таваҷҷуҳи зиёди ман ба ту боиси гуфтори атрофиён шуда буд, аммо ман парвое надоштам, ҳама фикру зикрам фақат ба ту буду бас. Вақте ту мактабро хатм намудӣ, ба техникуми савдо дохил шудӣ, зеро ҳамеша мехостӣ дар ҳамин соҳа кор кунӣ. Ман мехостам, ки чун волидайнам омўзгор шавам, дар мактаб фаъолият намоям. Барои ҳамин, замоне ки вақту соатам расид, ба факултаи забонҳои хориҷӣ дохил шудам. Солҳои донишҷўӣ ноаён гузаштанд. Ту дар як анбори калони савдо ба кор сар кардӣ. Мо чун пештара ба дидорбинии ҳам мешитофтем, мунтазам мулоқот менамудем. Ту ҳамеша мегуфтӣ, ки дар ояндаи наздик соҳиби пули калон мешавӣ, мо тўйи хонадоршавӣ барпо мекунем, хонаву дар мехарем ва рўйи камиро нахоҳем дид. Ман хурсандӣ мекардам, бештар аз барои он ки ҳамсари инсони маҳбуб мегардам. Мани сода ба ҳар як сухани ту бовар мекардам, ба дархостҳои пайдарпайи ту истодагарӣ карда натавониста, оқибат таслим шуда, аз духтар ба зан табдил ёфтам.

Мегўянд, ки фалокат аз таги по мехезад ва ин ҳақ асту рост. Қаллобон туро ба доми найранги худ кашиданд, сахт қарздорат карданд ва ба суд доданд. Вақте ту ба ман иқрор шудию гуфтӣ, ки ягон илоҷ надорӣ, ман назди волидайнам шитофтам, пеши онҳо ба зону задам, гирёну нолон зорию лоба кардам, ки он пулеро, ки бо нияти ҳаҷ, пирии беиллат ва гўру чўби худ ҷамъ намуда буданд, ба ман диҳанд. Чун онҳо диданд, ки ман азобу уқубат мекашам, аз фикри он, ки марди дўстдоштаамро ҳабс мекунанд, дилам реш аст, хоҳиши духтарашон- ро ба ҷо оварданд. Ман қарзи туро пўшондам, ту аз ман беҳад миннатдор шудӣ, гуфтӣ, ки ман фариштаи паноҳандаат мебошам. Пас аз он ки ин қазия ба некӣ анҷом ёфт, ту якбора корро дар анбор бас кардию бо ҳамин ғайб задӣ. Аз ту ягон хату хабаре набуд, гўё ту на одами зинда, балки ҳайкали сангине бошӣ. Мани содалавҳ фикр кардам, ки ту барои кор ва пулёбӣ ба ягон кишвар рафтаӣ, зеро бисёр мехостӣ, ки мо соҳи- би хонаву дари хеш гардем. Аз ин фикр меҳрам ба ту боз ҳам боло гирифт. Оре, бо чунин падар фарзанди ояндаи мо, медонистам, ки ҳомилаам, хушбахт хоҳад шуд. Ва ҳамин вақт чун раъду барқ дар рўзи офтобӣ хабаре паҳн шуд, ки ту бо зани дигаре ақд бастаӣ. Ман ба ин бовар кардан намехостам, замин дар зери поям гўиё дударрон шуд, вале ҳамааш рост баромад. Лекин як чизро намефаҳмам, агар ту зани дигареро, ки шояд аз ман беҳтару зеботар бошад, дўст медоштӣ, чаро ба ман беист дурўғ мегуфтӣ, бо исми Худо қасам мехўрдию маро умедвор месохтӣ? Мани ҳайратзада дар ҳарос шудам. Ман дар назари падару модарам, хешутабор, шиносҳоям, ҳамсоягонам чӣ гуна менамоям, ба онҳо чӣ мегўям, ба кўча, пеши мардум чӣ хел мебароям? Аз чунин зиндагӣ ҳар кас безор ва дар гурез аст, вале ман чӣ карда метавонам, охир худро ба ту зўрӣ бор кардан аз дастам наояд. Фарзанди ман бе падар калон хоҳад шуду ба воя расид, лекин ман магар гунаҳкорам. Шояд, ки гунаҳкор бошам, зеро ба ту бовар кардам ва худамро ба ту бахшидам. Боз кӣ медонад, шояд ман бо марди шариф ва арзандае вохўрам, ки ба ҷойи ту ба фарзанди мо падар шавад. Албатта, чунин инсонро тоҷи сар мекунам, вале дар ҳама сурат дилам кашоли ту хоҳад буд, зеро муҳаббати ман якумрист, ҳамешагист. Хотираҳои ширини улвии мулоқотҳоямон бо ту дар дилам ҳамеша зинда хоҳанд буд. Ин розномаи худро ман на ба воситаи почта, балки бо дасти як бачаи ҳамсоя ба ту равон кардам. Тарсидам, ки он ба дасти зебосанами нават наафтад, ба сари ту ҷанҷол нахезонад, охир, ман ҳеҷ озори туро намехоҳам. Ин аст, ҳамаи он чизе, ки ман, ки дигар бор Лолаҷони худ намегўиям, хостам ба арзат расонам. Хуб, агар кори ман аз кор гузаштаю тамом шуда бошад ҳам, пас ту, суханпардозу ваъдабози беҳамто, хонумеро, ки ба ў дил бастаӣ, сидқан, аз дилу ҷон дўст дор, на ба он тарзе ки маро дўст медоштӣ, фақат дар забон. Боқӣ Худо подшоҳ!»

Ҳамин тавр ман он рўз мактубро то охир хонда, аз қиссаи ғамангези Лолаи бароям ношинос, ки яқин инсони наҷиб ва соҳиби дили саховатманд аст, шинос шудам. Аз дилам гузашт, ки қувваи босираи баъзе одамон уқобӣ бошад ҳам, дилу рўҳашон аъмо аст.

Ким-кадом Даврон, гўё ҷавонмард, дар асл хиёнаткор, ба назарам ҳамин хел одам намуд, маълум нест, ки дар пеш ўро чӣ интизор аст, зеро ба чашми Парвардигор ҳама чиз аён асту ҳар кас аз аъмолаш мебинад. Боз кӣ медонад, шояд ў аз кардааш пушаймон мешаваду роҳи ислоҳи хатояшро меҷўяд, барои бозпас гирифтани мактуб бармегардад, мактубе, ки ҳар калимааш саршори ишқу муҳаббати Лола ба ўст. Лола ўро аз барои Худо мебахшад, зеро муҳаббати ҳақиқӣ шафоаткунанда аст, ба дили озурда ва шикаста шифо мебахшад.

Бо чунин андеша ман мактубро рўйи харак гузошта аз пайи кори худ рафтам.

Дигар хабарҳо