• 30.04.2024

Дилбастаи ғизоли ғазал

 Дилбастаи ғизоли ғазал

Устод Муҳаммадалии Аҷамӣ аз шоиронест, ки солҳои ҳаштодуми асри гузашта вориди адабиёт шуд ва қареҳаи хуби шоириаш аз ҳамон замон ошкор буд. «Сари об», «Ва­тан» ва «Донаи ҳарф» маҷмуаҳое мебошанд, ки байни солҳои 1984-1988 чоп шудаанд ва маҳсули таҷрибаҳои аввали эҷодии шоиранд ва бо баъзе вижагиҳои мутафовити худ имтиёз доранд. М. Аҷамӣ аз ҳамон оғоз ба адабиёти классикӣ, махсу­сан адабиёти ирфонии мо иродат дошт ва нишонаҳои ин гароиш дар нахустнавиштаҳояш низ ба назар мерасид. Аммо марҳалаи муҳим ва қобили таваҷҷуҳи эҷодиёти шоири зиндаёд, ба назари мо, баъди солҳои 2000 шуруъ шуд, замоне ки кўлбори донишу таҷрибаи ў саршортар гар­дид ва бо набзи шеъри нав ошноии бештар пайдо кард.

Соли 2002 маҷмуаи шеърҳои «То фасли рангҳо»-и шоир ба табъ расид, ки аз китобҳои пешинаш ко­милан тафовут дошт ва аз вусъати назару сайқал ёфтани ҳунари шои­рияш дарак дод. Бештари ашъори ин маҷмуаро ғазалҳо ташкил медиҳанд ва бармало мушоҳида мекунем, ки шоир дар сурудани ин навъи шеъри суннатиямон тавоноии хос дорад. Ин китоб, маҷмуаҳои «Ҳар субҳ ман зи ишқи ту оғоз мешавам», “Як пиёла ташнагӣ” ва ҳамчунин китобҳои ба хатти ниёгон дар Эрон чопшудаи «Андўҳи сабз», «Биҳишти Одаму гандум» ва «Атри шабҳои Хуросон» симои ўро чун шоири тавонманди ғазалсаро ва ошно бо шеваҳои то­заи ғазалсароӣ нишон медиҳанд. Албатта, дар ин китобҳо анвои ди­гари шеър, чун маснавӣ, дубайтӣ, чаҳорпора ва шеъри сафед ҳам дида мешаванд, аммо дар миёни инҳо ға­залҳои устод рангу бў ва ҳолу ҳавои дигаре доранд. Нуқтаи қуввати ға­залҳои шоир, ба андешаи мо, тарзи нигориш ва забони сайқалхўрдаву зебои онҳо мебошад, ки дар офа­риниши ғазал шарти асосӣ маҳсуб мешаванд.

Азбаски устод Аҷамӣ солҳои зиёд дар Эрон зиндагӣ дошт, аз равишу ҷараёнҳои тазатарини шеъри форсӣ огоҳ буд ва дар кори худ аз онҳо му­носибу бамаврид суд меҷуст. Албат­та, ин на ба он маъност, ки шоир ко­милан таҳти таъсири шоирони эронӣ қарор гирифта бошад. Ў кўшидааст, ки аз имконоти ғазали нав, ки ҳамчун як ҷараёни хос солҳост дар Эрону Афғонистон роиҷ шудааст, истифода кунад ва дар айни ҳол хусусиятҳо ва ҷилваҳои тоҷикии шеърро ҳифз бинамояд.

Бояд гуфт, ки дар замони Истиқ­лоли кишварамон марҳалаи тозае дар ғазалсароӣ оғоз ёфт, ки бо баъзе вижагиҳояш аз ғазалҳои давраҳои пештар тафовут дорад. Шоирони муваффақи ғазалсароямон бо баҳрабарии бештар аз осори шои­рони ғазалгўи пешин ва ғазали нави форсии тоҷикӣ дар фазо ва хусусан забони ғазал баъзе навовариҳое ворид карданд. Забони ғазал фа­сеҳтару зеботар ва бо баҳрабарӣ аз аносири рўзгори мо нисбатан ғани­тар гардид. Устод Аҷамӣ намояндаи ҳамин марҳалаи шеъри мо аст ва бо ашъори рангин, хусусан ғазалҳояш барои як зина болотар рафтани шеъри мо хидматҳо кардааст. Фа­соҳат ва зебоии ғазалҳои ин шоир, тавре ки болотар ишора кардем, аз адабиёти ирфонии мо ва ғазали нави форсӣ обишхўр доранд. Таваҷҷуҳ мекунем ба ин абёт аз як ғазали ў:

Охир сукути ишқ ба овоз мерасад,

Ҳақро завол нест, ба ҳақ боз мерасад.

Эй осмони лол, хабар ин қадар бас аст:

Ин дастҳои баста ба парвоз мерасад.

То дар ҳавои ишқи ту лаб боз мекунам,

Рози ғазал ба Хоҷаи Шероз мерасад.

Мо аз он хотир ба ду унсури муҳим — фасоҳат ва зебоии баён ишо­ра кардем, ки аз шартҳои муҳимтари­ни ғазаланд. Агар як олам ташбеҳу истиораро дар қолаби ғазал ҷамъ оварем, бе забони фасеҳу шево ба дили хонанда наметавонем таъсир бигузорем. Албатта, ин шартҳо дар дигар анвои шеър ҳам муҳимманд, вале дар ғазал, фикр мекунам, нақшу саҳми бештар доранд.

Табъи устод Аҷамӣ ба ғазал табиатан созгорӣ дошт ва дар ға­залҳояш назокату латофат мавҷ мезад. Таносуби бадеият бо шеваи баёни тағаззулӣ ғазалҳояшро рангу бўи тоза бахшидаанд. Намунаи чу­нин таносуби зеборо дар ғазали зер равшан метавон дарёфт:

Биё, ҷазираи кабуди себро хабар бигир,

Дарахтҳои хаставу ғарибро хабар бигир.

Самоъ меравад ба боли гул фариштаи насим,

Баҳор шуд, маризи бетабибро хабар бигир.

Нигоҳат аз шукуфа пур, каломат аз саломи об,

Биёву дастҳои бенасибро хабар бигир.

Ба дасту пойи мехкўб зиндагӣ кунад замин,

Биё, Масеҳи монда дар салибро хабар бигир.

Ин як намунаи таносуби коми­лест миёни сохтори зеҳниву айнӣ, вожаҳову ибораҳо ва радифе, ки ин таносубро зеботару муассиртар кардааст.

Мурур ба ғазалҳои шоир нуктаеро равшан мекунад, ки тозакории асоси­ву чашмраси ў дар эҷоди ин навъи шеър бештар марбут ба забону баён ва пирояи ғазал аст. Азбаски шоир ба адабиёти классикии мо ихлоси бепоён дошт, дарунмоя ва муҳтавои ғазалҳояшро дар бештари маврид асосан ҳамон мазмунҳо ва матолиби адабиёти суннативу ирфонӣ ташкил медиҳанд. Ба тарзи дигар бигўем, обро аз ҳамон чашмаву дарё меги­рад, вале бо зарфи тозаву сохтаи худ.

Огоҳии амиқи шоир аз набзи шеъри нави форсӣ ва чандин сол дар Эрон зистанаш ўро аз руҳи тоҷи­конаи шеър дур накарда ва комилан таҳти таъсири худ қарор надодааст. Шеъри ў дар баробари моя гирифтан аз он сарчашмаҳо асолати худро ҳифз кардааст. Дар гуфтори мардум сухане ҳаст, ки ҳангоми фаро раси­дани сармо мегўянд, ғами ҳезуму алавро бояд хўрд. Албатта, ин маънӣ баъзан маҷозан ҳам истифода ме­шавад. Устод Аҷамӣ ин маъниро дар як ғазали худ хеле хуб истифода кардааст:

Агар дар шаби ғам табассум накардам,

Даме риштаи меҳрро гум накардам.

Чу пойиз тай шуд баҳорони умрам,

Зимистон шуду фикри ҳезум накардам.

Устод Аҷамӣ дар қолабҳои дигар низ ашъори фаровон дорад. Азбаски бештари қуввати табъи худро сарфи ғазалгўӣ кардааст, тавонмандиву ҳунармандияш дар ҳамин навъи шеър бисёртар зоҳир шудааст. Ўро ба маънии тамом метавон шоири муваффақу ҳунарманди ғазалсаро гуфт.

Гоҳе суханҳое ба гўш мерасанд, ки ғазалгўӣ кори саҳлу содаест. Албатта бо омўзиши вазну қофия метавон дар қолаби ғазал ҳарфҳо­еро мавзуну манзум кард. Вале гуфтани ғазали асилу ноб, ғазале, ки саршор аз шўру ҳол, бадеият, эҳсосу отифа ва маъниҳои баланду муассир аст, кори хеле сахту санги­нест. Девонҳои шоирони гузаштаи мо бештар аз ғазал иборатанд, вале вақте феҳристи шоирони муваффақи ғазалгўро мураттаб мекунем, меби­нем, ки шумораи онҳо чандон зиёд нест. Дар замони мо низ ғазалгўён зиёданд, вале ҳама онҳо оё муваф­фақ шудаанд, ки ғазали асилу нобро бишиносанду дарёбанд ва рўи коғаз оранд? Посухи ин савол мулоҳизаи амиқ мехоҳад.

Устод Аҷамӣ дар ин миён, бешак, ғазалсарои асилу муваффақ буд. Ному ёдаш ҳамеша гиромӣ бод!

Толиби Луқмон

Дигар хабарҳо