• 02.05.2024

ГУЛНОЗ

 ГУЛНОЗ

ГУЛНОЗ (Тойирова Гулноз) 13 феврали соли 1973 дар деҳаи Хайрободи ноҳияи Масчоҳ пой ба арсаи ҳастӣ гузоштааст.

Таҳсили ибтидоиро дар мактаби миёнаи зодгоҳаш фаро гирифта, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиро дар мактаби миёнаи №23 зодгоҳаш оғоз карда, муддате дар рӯзномаи «Нилуфар» фаъолият бурдааст.

Ҳоло котиби масъули шуъбаи Суғди Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва мушовири илмии маҷаллаи «Паёми Суғд» мебошад.

Намунаҳои ашъори Гулноз дар китобҳои «Ашки ширин», «Ғавғои сукут» (маҷмӯаи дастҷамъӣ), «Аз нигоҳ то шеър», «Парвози дунё», «Шаб дар паси ман буд» интишор ёфтаанд.

Шеъри Гулноз бо сабки хос, тасвирҳои ҷолиб ва андешаву орои нодиру пурбор ороста буда, нигорандаашон дар айни авҷи камолоти эҷодист.

Дар меҳвари шеъри ӯ ишқу эҳсосоти марбути он қарор гирифтаанд, ки онҳоро шоира раҳнамои ягона дар ҷодаи расидан ба мақсадҳои олии инсонӣ медонад.

Бо нишони фахрии ҷамъияти «Дониш», Ҷоизаи ба номи Имом Хумайнӣ (Эрон), Ҷоизаи адабии Шаҳриёр (Эрон) ва Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ сазовор гардидааст.

Аз соли 2005 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Дигар хабарҳо