ВАЛИЗОДА САЙИДАЛӢ

САЙИДАЛӢ ВАЛИЗОДА 10 октябри соли 1900 дар деҳаи Чуқураки ноҳияи Ховалинг ба ҷаҳон омадааст.

Маълумоти ибтидойиро ба тариқи худомӯзӣ фаро гирифтааст.

То инқилоб мардикорӣ мекардааст.

Соли 1930 ба колхоз даромада, аз нимаи солҳои 30-юм ҳунарпешаи Театри вилоятии мусиқӣ-драмавӣ будааст, ки ҳоло номи ӯро дорад.

Аз овони ҷавонӣ шеър мегуфтаву месурудааст.

Китоби аввалини ашъораш «Таронаҳо» соли 1949 чоп шудааст.

Соли 1952 китобаш «Ҳофизи Ватан», соли 1955 «Дар водии меҳнат», соли 1960 «Ду додарон», соли 1965 «Шеърҳо ва достонҳо», соли 1970 «Ошиқи баҳор», соли 1990 «Пайванди ҷон» (1981) ва ғ. ба табъ расидаанд.

Дар ашъораш Ленину ҳаёти нави сотсиалистӣ, заҳмати созандаи коргару деҳқон, сулҳу дӯстиву якдилӣ ва дигар муҳассаноти инсону зиндагиро ситуда, камбуду нуқсони одамону ҷомеаро зери тозиёнаи танқиду мазаммат қарор додааст ва ҳамчун шоиру ҳофизи халқӣ шуҳрати тамом пайдо кардааст.

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1945), Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1960).

Аз соли 1943 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

12 декабри соли 1971 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо