Хошарӯб

Юнус Юсуфӣ
Сапедадам, чашм кушодан ҳамон, нимахобу нимабедор пардаи тирезаро канор задам. Ин кор, монанди нафас кашидану мижа задан, беихтиёр асту солҳост, ки бе камукост такрор мешавад. Кати хобам назди тиреза аст ва ҳар пагоҳ, пас аз бедор шудану садоҳоро шунидану бўҳоро шамидану ҳушёр шудан, коре ки боҳушона мекунам, аз фарози ошёна ба поин, ба паҳнаи боғ менигарам. Он замон ин боғи навбунёду зебо пайроҳаҳои кошифаршу нимкатҳои чўбӣ ва гулу гиёҳону ниҳолони гунагунаи сарсабзу шодоб дошт. Роҳи ман аз хона то истгоҳ ба сўи кор аз миёни ҳамин боғ мерафт.
Дар он рўзгорон маро хўи пагоҳони зуд аз хона баромадан буд, то осудаву ором ба корхона расам. Дар минибусҳои лабрез аз одам ҷойи по кофтану миёнхам рафтанро хуш надоштам. Он бомдоди баҳор низ дар нимарўшан кўча баромадам. Даврозаҳои боғро шоми дина кушода буданд. Парандаҳову сагҳо аз будани ин боғ дарак надоштанд ҳоло. Оромии покизаву тозаи рўйи раҳу пайроҳаҳо ва осмони ниҳолону гулу гиёҳон ҷонро менавозид, танро навасоне форам мепечид. Садои ба кошиҳо хўрдани пошнаҳои ман ҳатто, ки дар он субҳи бесадо ба чакчаки об аз шибдори ғори тор мемонист, ин порахамўшии дастнозадаро намешикаст, андешаро ба сўи рўзмараҳои занандаву газандаи зиндагӣ намеовард, баракс, шукўҳе дигар бар он зам мекард. Ман дар ин паҳнаи сокину наву нозин шоду хушбахт будам он даму аз танҳоӣ мазза мекардам. Танҳоии он лаҳза сахт фораму дилхоҳ буд ва ман онро гум кардан намехостам. Ин ёфта ба тамом фаро гирифта будаму мехостам ба дуртар бикашаду раҳом накунад, вале ногаҳ ўро дидам ва ҳама дар як он аз миён рафт; хонаи дилам пур аз яъсу навмедӣ гашт.
Нахҷҷорўби ҳамқадаш агар дар даст набуд, намегуфтӣ хошарўб буд. Марди навчаи лоғарандому дарозрў, ки мўи ҷавгандуми фарқкушодааш то шона мефуромад ва устухонҳои рухсораву манаҳаш зери риши тозадавида дурушту дамида ба назар меомад ва аз жарфои чашмони калони сиёҳаш неруе омехта ба ҳузну дард фаввора мезад ва дар он пагоҳони нарм камзўли куҳнаи ғафс бар тану ботиҳои кулуфти сарбозӣ ба по дошт, бештар ба наққоше хонабадўш мемонд, то хошарўб. Фазову ҳавои хонаи бесарусомон ва марди танҳои бебаргу наво дар он зуд пеши чашмам омад ва аз дилам гузашт, ки ночор даст ба ин кор задааст; навмедиву ғам ба раҳму ҳузн бадал гашт дар дилам. Ин низ аз одати бади ба ҳамаву ҳар чиз дил сўхтани ман асту гоҳе аз марз мегузарад ва ғамам медиҳад. Аммо чӣ суд аз дилсўзии бесуд? Ва нохоста, он гуна ки ҳар субҳ пас аз чашм кушодан дастам худ сўи парда меравад, забонам «салом» гуфт.
Нигоҳҳомон баҳам омад ва ангор раҳ ба кадом рози ниҳонаш бурдам, ки нигоҳаш рам хўрду ба давру бар рафт, табассуми дард гирди лабаш нишаст, осема ҷорўб зери каш кард, нофаҳмо чизе гуфт ва аз канорам гузашт. Ба худ гуфтам шояд бори нахуст як зани ноошно ин гуна густох саломаш медод, ки хушаш наёмад ва аз хашм забонаш гираҳ зад. Чунинам намуд, ки рафтори ман ошуфтаву осемааш карда буд. Он рўз ин бархўрд борбор ба ёдам мезад, нигоҳи хошарўб пеши чашм меомад ва дарёфте ноошно дар даҳлези дил менишаст; ту гўӣ бод аз гўшаканорҳои ёд бўи кадом рухдоди дурро меовард. Аммо шигифттар аз ин он буд, ки ҳатто вақте ҳама дар кор фурў мерафтам ва боғи наву ўро аз ёд мебурдам, низ чизе монанд ба дарди захми пор аз ин дидор даракам медод. Он бегоҳ гашти кор дар роҳрави миёни боғ ўро надидам ва хаёле фаромўшаш кардам.
Субҳи пасин борон меборид, нарму ширин меборид. Нағмаву навои ба баргу шохаҳову гулу буттаҳову кошиҳо хўрдани чакраҳо ба гунае буд дар боғ, ки мегуфтӣ гўшакии фариштаҳоро мешунавӣ. Овози борон ҳушамро мебурд, ҷонам меболиду танам меосуд. Дарахтони боронхўрда ба чашм ҳамхуну ҳамтан бо ман менамуданд. Рози гулҳо асирам мекард, ки ин рангобарангиро инҳо чи гуна сохтаву ун ҳама бўҳои маҳину нозинро аз дили хоки сияҳ ба чӣ раҳ кашида буданд? Ин эҳсосу андешаҳо зодаи навои афсунгари борону сеҳри он буданд. Ва ман чатр рўи сар, ки уфуқи нигоҳамро танг карда буду дур дида намешуд, аз пайроҳаи миёни боғ ба истгоҳ омадам. Вай ба ҳамун сару сурат ин ҷо буд, танҳо набуд, саги гаргин ҳамроҳаш буд. Нигоҳҳомон ба ҳам хўрд ва ангоштам як он чизе нарм бар сару танам шориду ҷонамро навозид.Хошарўб ин бор низ табассуми дардомехта ба лаб нишонид, нофаҳмо ғурунгид ва аз истгоҳ баромад. Саг аз пасаш рафт. Хаёламу нигоҳам аз дунболи он ду шуд. Суробашон аз дур пушти тўри борон ба хатҳои каҷукилеб бадал мегашт, мешикасту мепайваст ва дарёфти навмедиву танҳоиро дучанд мекард.
Ман ин сагро нағз медонам. Ним соли пеш ўро дар партовгаҳи канори бино ёфта будам. Дар пайкараш як тора мў набуд, тани каркзадааш ба суфраи фарсуда мемонд, пўсти гулобранги зери ишкаму поҳо аммо хандабораш карда буд. Вай ҳангоми хўрдан ҳатто шикаму паси гўшҳоро, ки дар дастрасаш буданд, пайваста бо яке аз пойҳо мехорид. Он рўз анбўҳи зоғҳову аккаҳову майнаҳо дар миёнааш гирифта буданд. Майнаҳо наздик ба ў намеомаданд, аккаҳову зоғҳо аммо зудбазуд нўл ба пўзу фўку поҳош мезаданд, пораҳои ғизоро аз даҳонаш мекашиданд, хишхишу қарқар садо дардодаву гўё норизоӣ бар ҳузурашу нуктагирӣ бар намудаш мекарданд. Он рўз ман зоғҳову аккаҳои лусро рондам ва то дер чи гуна бадушвор охолро кофтану тикае ёфтану фурў бурдани сагро дунбол кардам. Вай гаҳ-гоҳ сар аз миёни пўсидаҳои гандида мебардошт, нигоҳи лабрез аз ҳузн ба ман меандохт ва гўё аз ин роҳ дуруду сипосам мефиристод. Ин дам ба назарам меомад, ки нигоҳи саг зорӣ мекард танҳош нагзораму нафрат ба сурати бимангезаш наорам. Вай намедонад чаро зиндагӣ чунин ҷафое барояш раво дидааст. Ман то даме он ҷо будам он рўз, ки дидам дигар сер шуда буд. Гоме чанд ба сўи хона ниҳодаму сар тобидам; саг аз пасам меомад.
Сапеда, ки аз хона баромадам, дидам саг буни девори даромадгоҳ кулча зада буд. Он вақт ин боғ набуд ва роҳи ман ба истгоҳ аз дигар сў буд. Саг аз пасам то истгоҳ омад ва ин гуна «дўстӣ»-и мо оғоз гашт. Ман дигар ҳамеша ғизое, ки шаб барош мегирифтам, саҳар наздаш мегузоштаму мерафтам, дар бозгашт низ агар дар кифам чизе аз хўрданӣ буд, ба ў медодам. Он якшанбеи сард шўру ғавғои бачаҳо назди тирезаам овард ва дидам онҳо бо ҳар чи зери дасташон аст, сагро мезананд.Сўзишу хориши гарг то ҷое тавонкоҳ буд дар танаш, ки ҳангоми фирор низ як он меистод, бо нохунҳои пойи пас пўсти зери шикамро меканд, даме пас по дигар мекард ва лангону нолон мегурехт. Ҳангоме ки саг нола мезад, бачаҳо бехудона бонги ҳаяҷону шодӣ баланд мекарданд. Шояд ранҷу озори ин гуна бачаҳои сангдил ўро аз кадом гўшаи дигари шаҳр ба гузари мо оварда буд, аммо ин ҷо низ дасти ситам аз сараш бардошта намешуд. Поин шудам, бачаҳоро рондам ва андешидам, ки бо роҳе сагро бояд аз ин дард бираҳонам. Домпизишк гуфт гарг дар сагҳо модарзод аст ва бо ҳеч давое дармон намешавад. Ноумед шудам, аммо ўро нигаҳбонӣ мекардам, хўрок медодам ва саг, дар рўзҳое ки тандурусттар буду майл дошт, гоҳе аз даромадгоҳ то истгоҳу гоҳе аз он ҷо то ин ҷо ҳамроҳиам мекард ва ин гуна ба некиам сипос меовард. Имрўз дидам ў пуштбони дигаре ёфта буд. Шод шудам ва ногаҳ ин андеша дар сарма зод, ки ин сагу хошарўб аз сўе сахт монанданд, ту гўӣ ҳамболу ҳамҳолу ҳамрангу ҳамранҷанд ва ҷои шигифт нест, ки паноҳ бар якдигар овардаанд. Аммо инҳо кай баҳам хў карда буданд?
Баҳор зуд рафт, тобистони доғ омад. Дар ин муддат хошарўбу сагро аз наздику дур гаҳе пагоҳону гоҳе бегаҳон медидам. Гармо ба саг форида буд шояд, ки бардаму ҳушёр менамуд. Низ ба назарам меомад, ки мард чизе ба ман гуфтан мехоҳад, аммо наметонад, метарсад. Ҳангоме ки ногаҳ рўбарў мешавем, ман каф болои дил (яке дигар аз одати бадам) «салом» мегўям, ўро хун ба рў мезанад, нигоҳаш мерамаду даступоча забон мехояд ва ғамгин дур мешавад. Ман инро ба сўриву одамгурезии ў мебарам, аммо ҳар бори чунин дидор таркибе гарму форам аз чашмаи дилам меҷўшаду тунд ба ҳама ҷои танам меравад. Даме низ ҳаст, ки нотавонии мард наздам ба сўи худхоҳиву кибрам мекашаду кайф бабор меоварад. Вале ман зуд аз он мегузарам ва бо алам аз худ мепурсам: «Ў кист? Ва чаро аз ман мегурезад?»
Як пагоҳӣ равонаи кор сагро назди нимкате дар боғ дидам. Назди ҳамон нимкат, ки ман коргашт гоҳе дар он нишаста по дам медодаму боғро тамошо мекардам ва оромишу осоиш меёфтам. Хошарўб набуд, саг хуфтаву ду даст канори ҳам гузошта, сар боло чашм аз ман намеканд; нигоҳаш сарзанишдиҳанда меомад ба назарам. Наздик ки шудам, саг нигаҳ аз ман канд ва сар рўи дастҳо гузошт. Танаш ҳама пўшида бо гиле сияҳ буд, мегуфтӣ дар лаҷани зери толоб фурў рафтаву бадар омда буд. Ба худ гуфтам бо расидани хошарўб табараш даста ёфту ҳарҷогард шуд ва пайдост шаб ҷое рафтаву дар лой уфтода буд. Бегаҳ ки бармегаштам сагу хошарўб дар канори боғ буданд, мард бо рўдае ки гулҳоро об медод, сагро мешуст ва бо даст пораҳои гилро аз танаш дур месохт. Саг сар ба пас тобида буду дасти хошарўбро мелесид. Чи гуна аз ушкуфаи тани саг ҳуркиданам ёдам омад, шарму пушаймонӣ дар чангам овард. Ва ҳамин инак фаҳмидам, ки хошарўб сагро аз ин роҳ даво мекард. Ва инчунин гилро аз куҷо ёфтаву аз чи роҳе ба дарди саг хўрданашро дониста буд ў? Домпизишк мегуфт, ки ин дард дармон надорад.
Пас аз рухдоди гилу саг ёди хошарўб то дер раҳом намекарду ногаҳ ҳамон таркиби фораму розомез зарфи танамро пур мекард. Ва ногаҳ раги кунҷкобиам ба ҷунбиш меомаду андешаи аз сарнавишту саргузашти ў донистан дар сарам ҷо мегашт. Аммо ба чӣ раҳ? Ман ки ўро намешиносам. Дар он чанд дидори ногоҳ забонам аз пеши худ «салом» мегуфт, нигоҳи ў рам мехўрд, садоҳои номафҳум медод ва зуд дур мешуд. Саги гарг низ маро гузошта буд. Аз ҳамон рўзи тани гилолуд пеши роҳам нишастанаш, ки пиндор аз меҳрубонии хошарўб мегуфту ба сарзаниши ман омада буд, аз наздик ўро надида будам. Ман пагоҳони зуд мерафтаму бегаҳони дер хаста бармегаштам ва аз зиндагии рўзонаи инҳо чизе намедонистам. Рўзҳои фориғ аз кор низ гирифтори рўзгор наметонистам ба боғ равам. Ин гуна расидани тирамоҳро пай набурдам. Ниҳолони боғ инак дарахт шуда буданд. Давру барро хазон рўз то рўз бештар мепўшониду ҳавои боғро ҳузанагез мегардонид, аммо пайроҳае ки ман аз он мерафтам, ҳамеша тоза буд, субҳу шом дар он як барг намедидам. Дер фаҳмидам, ки хошарўб соати омаду рафти маро нағз медонист ва пеш аз расиданам роҳро мерўбид. Он рўзҳо аммо, ман инро вазифаи ў мешумурдам ва аз чизе пай намебурдам.
Ва он пагоҳон, ки дастам чун ҳамеша пардаи тирезаро канор зад ва нигоҳам ба сўи боғ рафт, дидам дарахтони нимбараҳнаро меғ печида буду барф меборид. Пайроҳа норўфта буд. Барфи рўи баргҳои хазон дарёфти сардиро то мағзи устухон меовард. Он рўзи наму тираву дилгир навмеду ғамзада будам. Шом низ чашмандоз ҳамон буд, ки субҳ медидам. Боғи бекасу танҳои оғўши шом ва хазони тари зери по лаҳшудаи пайроҳа дилро сиёҳ мекард, навмедиву яъс меовард. Аз хошарўбу саг дарак набуд. Ман фурўрафта дар кору рўзгор бо ҳамсояҳо кам мегуфтаму менишастам. Аз фоҷиа як ҳафта пас донистам.
Он рўзи сарди пурбарф хошарўбро дар канори дури боғ мурда ёфтанд. Вай сагро ба ҳамон камзўли фарсуда пўшонидаву худ канораш уфтода буд. Саги ошуфта пайваста рўи хошарўбро мелесид, ба одамҳо дандон нишон медод ва касеро наздик шудан намегузошт. Пизишкони ёрии фаврӣ ба душвор мурдаро рўи занбар ниҳоданд ва мегуфтанд, ки марги мард пайомади сардиву сактаи дил аст. Хошарўб ҳуҷҷате бо худ надошт ва касе низ намедонист, ки ў дар куҷо мезист. Аз кисаи камзўл як пора коғази фарсуда баромад, ки номаи нотамом ба кадом зани беном буд. Дида мешуд, ки ҳангоми нигоштан дасти нигоранда меларзид ё навиштухондро кайҳо фаромўш карда буду хома фармонаш намебурд. Дар нома омада буд, ки ў гунг асту аз зан шарм медорад ва наметонад номашро бипурсад. «Бори нахуст шуморо ҳамон пагоҳони пас аз ба боғ омадан дидам, ки ба саги бемор хўрок медодед, навишта буд ў. Ва он дам, ки дар пайроҳа рўбарў гаштему чашм ба чашм шудем, ба назарам омад, ки пайкари шуморо чун ҳолаи маҳ танҳоӣ печонида буд. Дарёфтам, ки ҳарду ҳамгилу ҳамдилем, аз як буну аз як хунем. Дилам гуфт шумо ҳамон ягонаед, ки ҳар чи дар дафтари нигоҳам ҳаст, метавонед беҳарфу ҳиҷо бихонед. Ман сагро ба худ ошно кардам, ки шумои азизро гум накунам. Аммо… Ман бо одамҳо гап задан наметонам, вале бо ҷонварон осон мегўяму мешунавам. Ману ин саг соатҳо дарди дил мекунем. Аз ҷонварон ҳамин саг ба мо наздик аст; ман инро аз нигоҳи ў медонам. Оё шудааст, ки боре ба чашми саг нигаҳ карда бошед? Чашмҳои саг монанд ба чашмҳои мост. Нигоҳи саг шодиву нишоту ғаму андўҳу дарду ғамашро равшан мегўяд. Ҳангоме ки гаргашро даво мекунам, меҳру сипоси бепоён дар нигоҳи саг ногаҳ ба донаҳои ашк бадал мегардад дар чашмаш ва ҷигарам лахт-лахт мешавад. Ман ин сагро борҳо бо паёми дўстдорӣ назди шумо фиристодаам…»
Инро аз забони ину он мешунавам. Нома ин ҷо канда мешуд. Шояд номанигор барои гуфтан ҳарфе дигар наёфта буд ё шояд гўянда давоми номаро аз ёд мебурд. Намедонам. Аммо ман ногаҳ мепурсам: «Нома куҷо шуд?» Ҳамсуҳбатам шигифтзада хомўш мемонад, хун бар рўи ман мезанад, вай мегўяд: «Дар кисаи камзўл буд.» Аммо ҳеч кадом бар марги хошарўб ғам намехўрад ва ногаҳ ба ёдаш мерасад, ки гарги саг ҳама нағз шуда буду пас аз рафтани мошини ёрӣ нўлаи дароз мезад; одамҳо ба фоли бадаш гирифтанду аз боғаш ронданд… Баъдҳо ман ба умеди ёфтани номаи нотамом ошкору ниҳон камзўли куҳнаро зиёд ҷустам, аммо ҳама беҳуда буду мурод ҳосил нашуд. Он ягона номаи ошиқона дар зиндагӣ, ки як мард ба ман навишта буд, ба таври ҷовидона гум шуд…
Аз ин рухдод солҳо гузашт, ман дигар бознишастаам, ҳар сапедадам аз пайроҳаи миёни боғ сўи коргоҳ намеравам, аммо кати хобам ҳамон назди тиреза аст. Боғ низ дигар он боғ нест; ниме аз дарахтҳо хушку ними дигар пиру пуда шудаанд. Ёдҳо низ ин гуна кам-кам маро тарк мекунанд. Давоми умр мардони зиёд майли дўст доштану дўст будан бо манро кардаанд, мўйу рўйу чашму абрўямро ситудаанд, орзуҳое аз ин боб дар дил парваридаанд, аммо ҳар бори чунин пешафтод чеҳраи хошарўб пеши чашмам меистод ва дармеёфтам, ки ин ҳарфҳо ҳама нўкизабониву пучу беарзишанд. Ва ман ун касҳову ун гапҳоро ҳамон дам фаромўш мекардам. Ёди хошарўб аммо ҳамчунон тозаву тар бо ман аст, ҳеч гоҳ раҳоям намекунад. Зеро медонам, ки танҳо ў маро дўст медошт, бидуни хостану дастёфтан дўст медошт. Ишқ ки пайванд ба хостаҳои тан надорад. Ва ҳар сапедадам, ки чашм мекушоям, дастам ҳамчунон сўи парда мераваду онро канор мезанад; бо дареғу дард ва пазмонии гарм ба паҳнаи боғи пиру пайроҳаи куҳна менигарам…

Дигар хабарҳо