Ба муносибати 75-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад

 Ба муносибати 75-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад

МУҲТАРАМ АБДУЛҲАМИД САМАД!

Шумо баъди фарогирии маълумоти миёнаи умумӣ дар мактаби миёнаи № 6-и деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ, ки ҳоло номи шоир Ғоиб Сафарзодаро дорад, ба факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе дохил гардида, онро соли 1969 бо муваффақият хатм намудед. Ҳамзамон дар баро- бари донишҷӯӣ ба ҳайси ходими адабӣ дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» фаъолияти рӯзноманигории хешро оғоз бахшидед.

Соли 1977 Шуморо барои идомаи фаъолият ба маҷаллаи адабии «Садои Шарқ» ба кор даъват намуданд ва тӯли даҳ сол дар шуъбаи наср хидмат карда, барои рушди адабиёти тоҷик заҳмат кашидед. Аз соли 1987 то соли 1993 вазифаҳои муовини сардабири ҳафтавори «Адабиёт ва санъат», муовини сардабири маҷаллаи «Фарҳанг» ва сардабирии маҷаллаи адабии «Садои Шарқ»-ро бар дӯш доштед. Аз соли 1993 то моҳи июни соли 2015 ҳамчун муовин ва муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои рушду густариши илму адаби тоҷик хидмати босамар анҷом додед. Ҳоло ҳамчун мушовири адабии Раиси ИНТ ва узви Раёсату Садорати ИНТ барои пешбурди адабиётамон саҳми хешро мегузоред.

Шумо ҳанӯз аз айёми наврасӣ ба навиштани мақола ва ҳикоя шавқу рағбати беандоза доштед. Хабару мақола ва лавҳаю ҳикояҳои Шумо дар матбуоти даврии ҷумҳурӣ ба нашр мерасиданд. Ибтидои солҳои ҳафтодуми қарни гузашта ба майдони адабиёт қадами устувор гузошта, ҳикояҳои «Ду гусел», «Навои най», «Субҳ медамид», «Шикор», «Мактаби Шаҳтут», «Модар», «Хаёли ширин», «Эҳтиёт», силсилаҳикояҳои «Савғот», «Сафеду сиёҳ», «Мурофиа», «Акаи ошиқ», «Ҷигарсӯхта» ва ғайраро навиштед, ки масоили арзиши инсон, ахлоқи ҳамида ва фарҳангу маънавиёти волоро фаро гирифта, самти эҷодӣ, сабку услуб, ҷустуҷӯҳои бадеӣ ва эстетикии Шуморо равшану возеҳ месозанд.

Соли 1979 нахустқиссаи Шумо бо номи «Баъд аз сари падар» дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ба табъ расид, ки аз тарафи хонандагон ва муҳити илмиву адабӣ хеле хуш пазируфта шуд.

Ибтидои солҳои ҳаштодуми асри гузаштаро метавон давраи пурбори эҷодиёти Шумо донист. Пайи ҳам се китоби Шумо бо номҳои «Шохи чинор» (1981), «Баъд аз сари падар» (1982) ва «Паррончакҳо» (1983) ба нашр расид. Китоби охир вирди забонҳо гашт ва дар миёни хонандагони ҷавон зуд шуҳрат ёфт. Зери унвони «Пиёлаи шикаста» (1986) ва «Косаи давр» (1987) қиссаҳои дигари Шумо рӯйи чоп омаданд. «Косаи давр» аз ҷиҳати услуби нигориш, диди бадеӣ, офаридани симоҳо, балоғати сухан, тасвири зиндагӣ мавқеи хос дошта, онро дар дарки воқеият, табиати мураккаби инсон ва муносибати печидаи миёни одамон метавон қадами ҷиддӣ ҳисобид. Шумо дар қатори дигар нависандагонамон бо офаридани асарҳои марғуб, ки меҳвари умдаи онҳоро кашфи ботини инсон ва руҳи қаҳрамони давр ташкил медиҳад, дар рушду инкишофи насри андеша хидмати шоистаро анҷом додаед.

Яке аз сабабҳои умдаи аз тарафи хонанда хуш пазируфта шудани осори Шумо ин аст, ки қаҳрамонҳо ва воқеаҳои ба риштаи тасвир кашидашуда аз воқеияти зиндагӣ гирифта шудаанд ва ба дунёи хонанда хеле наздиканд. Хонандаи ҳушманд дар онҳо орзуву ормонҳои худро пайдо мекунад.

Дунёи рангини кӯдакону наврасон аз мадди назари Шумо дур намонда ва барои онҳо низ як силсила китобҳоро зери унвонҳои «Аспи бобом» (1986), «Ман ошнои ту, ту ошнои ман» (1999), «Гиряи хирс» (2006) ба нашр расонидед, ки аз тарафи хонандагон гарм пазироӣ ёфтанд. Заҳмати Шуморо қадр намуда, барои қиссаи «Аспи бобом» ва китоби «Майдон» (1989) соли 1990 Шуморо ба дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовор донистанд.

 Китобҳои дигари Шумо бо номҳои «Маҳбус» (1992), «Шаҳдрези садо» (1997), «Талош» (2002), романи «Гардиши девбод» (китоби 1 соли 2007 , китоби 2 соли 2016 ва бо ҳуруфи форсӣ соли 2012), «Зигзаг судьбы» (2017), «Ёр дар бари ёр» (2019), «Шаҳсутун» (2020) ва «Чароғи дил» (2020) ба нашр расида, хазинаи адабиёти моро ғанитар гардониданд.

Шумо муаллифи чанд пйесаи якпардагӣ буда, дар хусуси масъалаҳои муҳим- ми рӯзгору ахлоқу иҷтимоъ, таҳаввулоти назму насри муосири тоҷикӣ чандин мақола навишта, паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти шахсиятҳои барҷастаи илму адаб устод Садриддин Айнӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, Ф. Муҳаммадиев, Ҷ. Икромӣ, Ф. Ниёзӣ, М. Авезов, Ч. Айтматов, Лоиқ, Ғ. Сафарзода, С. Турсун. Ҷ. Бақозода, А. Саъдуллоев, С. Шарифзода, Сайф Раҳим ва дигарон эссеҳои хотирнишине ба чоп расондед. Андешаҳои доманадори адабӣ ва сафарномаву сафаргуфтаҳои сабақомӯзи Шумо дар авроқи китоби «Санги маҳак ва тарозуи ҳунар» («Адиб», 2012) фароҳам омадаанд.

Асарҳои алоҳидаи Шумо ба бисёре аз забонҳои мардуми ҷамоҳири шуравӣ ва мамолики хориҷӣ тарҷумаву чоп шудаанд. Аз ҷумла, соли 1986 нашриёти «Советский писатель» (Маскав) маҷмуаи қиссаву ҳикояҳоятонро бо номи «Мечта молодости», соли 1998 қиссаи «Дедушкин конь»-ро дастраси хонандагони сершумори русизабон гардондааст. Интишороти «Суруш»-и Теҳрон соли 1999 мунтахаби асарҳои Шуморо таҳти унвони «Баъд аз сари падар» ва баъдтар романи «Гардиши девбод»-ро бо ҳуруфи форсӣ дастраси хонандагон гардонид.

Тарҷума як самти фаъолияти эҷодии Шумо буда, як идда қиссаву ҳикояҳои А. Чехов. С. Залигин, А. Несин, Н. Думбадзе, Г. Тютюнник, Е. Лисина, В. Левитскийро ба забони тоҷикӣ пешниҳоди хонанда гардондаед.

Заҳмати чандинсолаи Шумо бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1990), унвонҳои Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998), Нависандаи халқии Тоҷикистон (1999), нишон ва дипломи байналмилалии «Сарвати зеҳнӣ» (2011, Женева) қадрдонӣ гардидааст.

Шумо аз соли 1973 узви Иттифоқи журналистони ИҶШС, аз соли 1982 узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС ва аз соли 2014 узви вобастаи Академияи мусаввирони Тоҷикистон ҳастед.

Устоди азизу арҷманд, ҳамқалами гиромӣ, бо камоли самимият 75-умин солгарди умри пурбаракатро ба Шумо табрику таҳният гуфта, сиҳатмандии комил ва хотири осудаву табъи болида таманно дорем.

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

Дигар хабарҳо