АМИНӢ БАХТИЁР

БАХТИЁР АМИНӢ 31 марти соли 1975 дар деҳаи Марғедари ноҳияи Панҷакент таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёнаи деҳа ба Донишкадаи забонҳои ба номи Сотим Улуғзода дохил шуда, соли 1997 хатмаш кардааст.

Аз даврони донишҷӯйӣ машқи тарҷумонӣ карда, солҳои 1996-1997 тарҷумони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх будааст.

Солҳои 2000-2009 директори генералии ҶММ «Алфа» (Маскав), солҳои 2009-2012 директори генералии ҶДММ «Солор» (Душанбе) будааст. Алҳол директори ҶММ «Матбуотпресс» аст.

Нахустин маҷмӯаи ашъораш «Никоҳи нигоҳ» (1994) ном дорад. Маҷмӯаҳои дигари ашъораш «Ба дунболи чашмҳо» (2014) ва «Твоя модная улыбка» (Одесса, 2014) мебошанд.

Намунаҳое аз шеърҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳои «Адабиёт ва санъат», «Озодагон», «Дайри муғон», «Помир» ва ғ. ба табъ расидаанд.

Чанде аз шеърҳояш ба забонҳои инглисӣ, булғорӣ, итолиёвӣ ва ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Аз соли 2012 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо