АДИБ ДАР БОРАИ АДИБ

ШОИРИ ХОНАДОНИ МО

Бисёр адибони машҳури олам асаре аз боби заҳмати эҷод иншо кардаанд. Ин корест зарур, махсусан барои таълими ҷавонон. Шоири маҳбуби бачаҳо Ҷўра Ҳошимӣ ҳам ҳақ дорад чунин китобе нависад ва агар нависад, бешубҳа асари рўйимизии шоирони бачаҳо, бахусус навқаламони мо, хоҳад шуд, зеро барои адиби бачаҳо одоби адибу фаросати эҷод муҳимтар аз дигар муҳиммоти қаламкашист ва ин ҳамаро ў дорад.

Ману Ҷўра Ҳошимӣ ҳампешаем ва ҳанўз сиву се сол муқаддам дар маҷаллаи «Чашма» ҳамкор ҳам шуда будем. Дар ин муддат боре нашунидам, ки ў махсус таъкид карда бошад: «Фаросати шоири бачаҳо ин аст ё ин тур аст…»  Вале дар эҷод, муҳокимаронӣ, таҳрир ва қироат ҳамеша ба ин нукта ва маънӣ ишора кардааст. Бори нахуст вобаста ба фаросати шоирӣ як сухани Ҷўра Ҳошимиро шунида, ҳайрон шудам. Ў баъди мутолиаи чанд китоби як шоири бисёркитоб  гуфт:

— Дар ин ҷо вазн ҳаст, қофия ҳаст, мазмун ҳам ҳаст, вале он чӣ шумо навиштед, шеър, дурусташ, шеъри бачагона нест.

Ҳайрон мондам, вале баъди ҷавоби ў донистам, ки ҳар кас, бешубҳа, ақл дорад, аммо фаросат чизи махсус аст. Одатан мо ақлу фаросатро як маънӣ медонем, ки хатост. Ҳусайн Воизи Кошифӣ ҳам ба ин ишоракунон фармудааст, ки фаросат модарзодист, агар чунин нашуд, одамиро лозим аст онро тавассути заҳмату риёзати зиёд соҳиб шавад. Албатта, барои тақвияту исботи андешаҳояш Ҷўра Ҳошимӣ ҳаргиз аз шеъри худ мисол намеорад — ў инсонест басо одӣ ва хоксор, вале он чӣ эҷод кардааст, аз фаросати шоириаш хуб дарак медиҳад.

Боре гуфт:

— Ҳатто як чистони одӣ ҳам бояд тарбиятдиҳанда бошад.

Дуруст, ки дар як ё ду байт баробари маънӣ ва муаммо ҳикматеро ҷой додан низ корест душвор, вале чистони зерини Ҷўра Ҳошимӣ дар айни замон шеъри кўтоҳаки бачагонаро мемонад, ки оҳанги тарбиявӣ дорад:

Аз дастаам гир,

Бо дастаам деҳ,

Корат, ки буд шуд,

Оҳистакак неҳ.

Ҷавоби чистон корд аст.

Дар китобҳои дарсии мактабҳои ибтидоӣ ҷой додани ҳамин гуна мавод зарур мебошад, то барои кўдакон аз чанд ҷиҳат омўзанда бошад.  

Гар болои мошинӣ,

Болои чор «О» шинӣ!

Калобаи момоям

Ғелон ояд, ки «О»-ям!

Ин як банди «Шеъраке дар васфи ҳарфи О»-ст. Аз шоирони бачагонаи мо бори аввал  Ҷўра Ҳошимӣ, ба қавле, давраро васеътар гирифт,  ба ў муяссар шуд, ки бо шеъри наваш паҳлуҳо ва мавзўъҳои мухталифи таълиму тарбияи хурдсолонро фаро бигирад. Бисёр шоирон ба шеъри «алифбоӣ»-и Ҷўра Ҳошимӣ тақлид карданд, вале касе мисли ў муваффақ нашуд… Шеъраш воқеан кўдакона мебошад, кўдак онро чӣ дар хона, чӣ дар мактаб ва чӣ дар кўча осон  аз ёд мекунаду бурро мехонад. Табиист, ки як маҷмўааш «Бачаҳову кўчаҳо» ҳам унвон гирифтааст…

Воқеан, дар як вохўрии адибону хонандагон омўзгоре аз як мактаби шаҳри Душанбе ба ин байт эрод гирифт:

— Калоба ба ҳарфи «О» шабоҳат надорад-ку?!

Ҷавоб додем, ки:

— Баръакс, дурусттар зеҳн монед, калоба пур аз ҳарфи «О»-ст, балки ҳазор-ҳазор «о»-и хурду бузург ба ҳам омадаанд. Ҳамчунин калоба гуфтааст: «Ман «О» ҳастам ва боз меоям, яъне дар ҳаракатам!»

Омўзгор завқ бурду хуб хандид ва дастамро фишурд. Аслан ў дасти Ҷўра Ҳошимиро фишурд!

Мўяки ман, мўяки ман,

Мўяки хушрўяки ман!

Кай ту дароз мешавӣ

То сари зонуяки ман…

               ***

Боре ба боғе омад О,

Аз байни роғе омад О.

Б соҳиби ин боғ буд,

Чашмаш ба роҳи роғ буд.

Омад чу дар боғ О падид,

Б гуфт: — О, хуш омадед!

О ногаҳон бетоб шуд.

Б-ро бидиду ОБ шуд.

                ***

Гунҷишк «Чи-чи» мегўяд,

Медонӣ, чӣ мегўяд?

— Дар мактаби гунҷишкон

Ман аълочӣ мегўяд!..

Чаҳор мисраи охир «Гунҷишк» унвон гирифтааст. Бори нахуст соли 1985 дар нашрияи «Пионери Тоҷикистон» чоп шуда буд. Ман он замон омўзгори як мактаби деҳаи дурдасти  кўҳистон будам. Хуб дар ёд дорам, шогирди синфи дуюм Мирҷумъа аз ҷо хесту ин мисраъҳоро азёд хонд. Баъди як лаҳза аҳли синф онро азёд карданд.

Ҳанўз соли 1988 дар чанд шумораи маҷаллаи «Чашма» бахшида ба алифбо (алфавит) шеърҳои Ҷўра Ҳошимӣ чоп шуданд, ки то имрўз серхонандаанд, дар ину он нашрия, ё дар шакли китоби алоҳида такрор ба такрор чоп мешаванд. Он замон шогирдону омўзгорони синфи якуми мактабҳои Тоҷикистон ба чунин шеър сахт ниёз доштанд ва имрўз ҳам таълими китоби «Алифбо»-ро бе ёрии он тасаввур кардан душвор аст. Шакл, овоз, хусусият ва зарурати ҳар ҳарфро Ҷўра Ҳошимӣ басо сода баёну тасвир кардааст:

А сарвари «Алифбо»-ст,

А афсари «Алифбо»-ст…

А-ро кас аъло донад,

Албатта, аъло хонад.

 

В ҳарфи дилнавоз аст,

В чун ду чашми боз аст.

В набошад, душвор аст,

 «Вой!»  гўйӣ, В даркор аст.

Ҷўра Ҳошимӣ аз табиату хислати кўдакон  хуб огоҳ мебошад. Шарт нест, ки ба сифати омўзгор ба мактаб рафта, дарс бигўйӣ, зеро хонадону кўча пури бача аст, танҳо шавқу завқ бояд, то ба гирумони кўдакон зеҳн монда, табиату хислати эшонро омўхта тавонанд ва барояшон шеър гўянд. Шоири хушбаёни мо Ҷўра Ҳошимӣ аз уҳдаи ин кор баромада тавонист ва дар ин ҷода фаросат ёвараш аст. Шоир барҳақ зикр кардааст:

Бе бачча кўча холист,

Бе бачча кўча худ чист?!

Аз кўча бачча розӣ,

Аз бачча кўча розӣ.

 Дар эҷодиёти  Ҷўра Ҳошимӣ   «чигилак» мавқеи махсус ишғол мекунад, ки дар адабиёти бачагонаи мо онро метавон жанри муаммомонанди нав гуфт. Дар «чигилак» маънӣ ҳаст, вале мазмун баръакс ифода меёбад.

Рафтем мо ба тарбуз,

Бозораке  бидидем.

Таърифи лаззаташро

Бо абрувон шунидем…

Тарбузфурўшро зуд

Аз тарбузак харидем.

Бо поямон гирифтем,

Бо дастамон давидем.

Аз хона сўйи бозор

Шодона оваридем.

Онро нахуст хўрдем,

Бо корд пас буридем…

Худи шоир дар пешгуфтори китоби «Чигилакҳо»-яш фармудааст: «Чигилак як гунаи шеър аст, ки адибони бисёр халқҳои олам эҷод мекунанд, бисёр хонандагони хурдсол онро дўст медоранд, бо шавқу ҳавас мехонанд ва азёд медонанд… Дар ин гуна шеърҳо воқеа ғайритабиӣ, пасупеш, чаппаву роста, баръакс ва барҳамдарҳам тасвир мешавад ва чигилак хонандаро водор мекунад, ки онро бодиққат хонад, зирактару ҳушёртар бошад, хондаашро мулоҳиза кунад ва аниқу дақиқ донад. Ҳамин хусусиятҳои ин намуди шеърро ба эътибор гирифта, мо онро ба тоҷикӣ чигилак номидем… Чигилак дар сиришти хонанда хислатҳои ҳақиқати ҳолро дидан, асли воқеаро фаҳмидан ва ба бемаънигию бемантиқӣ хандиданро тарбия мекунад. Намунаҳои ин гуна шеър баъзан дар адабиёти даҳонии мардуми мо низ ба назар мерасанд ва хонандаро аз рост будани суханони дурўғнамо ва ё дурўғ будани суханони ростнамо ҳушдор медиҳанд:

Як коса дўғ буд,

Ҳамааш дурўғ буд!

Як коса мост буд,

Ҳамааш рост буд…»

Дуруст кардани китоби чигилакҳо дар адабиёти тоҷик таҷрибаи нав буд ва Ҷўра Ҳошимӣ дар қатори чистон, шумурак, тезгўяк ва дигар намудҳои машҳури шеър онро аз жанрҳои писандидаи бачаҳои мо қарор дод.

Шоир дар ашёи назарногиру беҷон бо фаросат аҷоиботу зебоӣ мебинад ва на яктову дуто, пас ин ҳамаро ба хонандагонаш пешниҳод мекунад. Дар шеъри «Хўса» аз ҷумла навиштааст:

Эй хўса, хўса, хўса,

Эй некмарди кўса,

Эй посбони беҷон,

Эй тарси ҷони мурғон!

Шаклан агарчи зиштӣ,

Аслан накусириштӣ!..

Хайрияти ту донам,

Дар нияти ту ҷонам!

Эҷодиёти Ҷўра Ҳошимӣ  тадқиқу баррасии тоза мехоҳад, зеро аз ин хусус басо кам  навиштаанд. Ин ҷо мехоҳам як нуктаи дигарро таъкид намоям, ки вобаста ба шеъри бачаҳо баъзеҳо ақидаи хосси худро доранд. Аз ҷумла мегўянд:

— Кўдакон бояд ғазали шоирони классики мо, Саъдию Бедилро аз ёд донанд! Чун ба воя расиданд, маънӣ ба зеҳнашон мерасад.

Кош чунин бошад! Мутаассифона, ин тавр нест. Чунонки ғизои ҷисми кўдак кўдакона аст, ғизои маънавӣ низ барояш бояд кўдакона бошад. Тасаввур кунед, ки ба тифли ширхора тухмбирён пешниҳод кунем: агарчӣ фурў бурда тавонист, мариз хоҳад шуд.

Боре дурустиву нодурустии ин маъниро аз Ҷўра Ҳошимӣ пурсон шудам.

— Бисёр мегўянд, — ҷавоб дод ў. — Аммо ин ғалат аст. Фақат баъзе кўдакон ин ҳунару қудратро соҳибанд, вале мо зеҳну истеъдоду қудрати аксарият, тақрибан наваду панҷ фоизи бачаҳоро бояд ба эътибор бигирем…

Оё чунин нест? Агар мо даъво кунем, ки дар синфҳои ибтидоӣ ғазалу қасидаи классиконро таълим диҳем ва ба мақсад мерасем, ба зудӣ олимони соҳаҳои дигари илм, фарз кардем, математикҳо хоҳанд гуфт: «Ба шогирдони 6-10-сола синусу косинусро аз ёд кунонед, ба воя расида, ба мазмунашон сарфаҳм мераванд.»

 Хуллас, ҳар кор замону маврид дорад. Агар дар мактаб шеъри имрўзаи бачагона дуруст таълим дода шавад, дар наврасӣ ҳар шогирди мактаб «Бўстон»-у «Шоҳнома»-ро беихтиёр ба даст мегирад…

   Шоири маҳбуби мо ба синни мубораки 70 қадам гузошт. Мо ўро муборакбод мегўем ва мунтазири шеърҳои тоза ба тозааш ҳастем.

Азизи АЗИЗ,

нависанда

Дигар хабарҳо