Номаи табрикии ИНТ ба Норӣ Раббимдухт

 Номаи табрикии ИНТ ба  Норӣ Раббимдухт

Адиби арҷманд Норӣ Раббимдухт!

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, тамоми њамқаламон, бахусус тарҷумонҳои кишвар дар ин рўзи муборак Шуморо самимона табрику тањният мегўянд.

Шумо зодаи пойтахти азизи Ватанамон – гаҳвораи адабу фарҳанги муосири халқи тоҷик ҳастед, ки ҳанўз ҳангоми мактабхон будан лаззати завқи эҷодкориро чашида, устуворона ин роҳро пеш гирифтед. Таҳсил дар факултаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон Шуморо ба адабиёти ғановатманди рус ва ҷаҳон ошно намуд ва тасмиматонро ҷиҳати хидмат ба сухани бадеӣ тақвият бахшид. Ҳамин завқи гиро ва азми воло буд, ки баъди хатми мактаби олӣ тақдири хешро бо ниҳодҳои тарғибгари сухан пайванд задед ва солҳои зиёди умри пурбаракататон дар нашриёту рўзномаҳо фаъолият кардед.

Тарҷумаҳои асарҳои адибони классик ва муосири тоҷик ба забони русӣ, аз ҷумла, ҳикоятҳои «Тазкират-ул-авлиё»-и Фаридуддини Аттор, «Калила ва Димна»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, ки нахустин корҳоятон дар ҷодаи пурмашаққати мутарҷимӣ буданд, аз ҷониби мутахассисон ва хонандагон хуш пазируфта шуданд.

Тарҷумаҳои дигаратон — китоби дуюми «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, осори нависандагони муосири тоҷик Ўрун Кўҳзод,  Сорбон, Меҳмон Бахтӣ, Абдулҳамид Самад, Баҳманёр Аминӣ, Равшани Ёрмуҳаммад ва бисёр дигарон мавқеи Шуморо дар тарҷума устувортар намуданд.

Шумо, ҳамчунин, ба забони русӣ шеър менависед, намунаҳое аз навиштаҳоятон дар нашрияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон — маҷаллаи «Помир» ва рўзномаву маҷаллаҳои дигари русизабони кишвар чоп шудаанд ва ҳамзамон ашъори ҳамқаламони тоҷикатонро ба русӣ баргардонда, дар ошноии хонандагони русизабони Тоҷикистон ва берун аз он бо намунаҳои назми муосирамон саҳми арзанда мегузоред.

Чандин сол боз Шумо, Норӣ Раббимдухти арҷманд, дар Маркази тарҷумаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки ҳадафаш ба хонандагони дигарзабон расонидани намунаҳои беҳтарини адабиёти муосири тоҷик аст, хидмат мекунед. Дар ин мавқеъ ҳам асарҳои зиёдеро тарҷумаву манзури хонанда намуда, натанҳо дар ташаккули ин ниҳоди адабӣ ҳиссагузорӣ кардед, балки умуман дар таҳкими мактаби тарҷумаи бадеии кишвар саҳми шоиста гузоштед. Сеҷилдаи қиссаву ҳикояҳои Нарзулло Тиллозода «Земля родная», китоби қиссаву ҳикояҳои Сорбон «Пахарь», маҷмуаҳои ҳикояҳои Абдулҳамид Самад, Юнус Юсуфӣ, Муҳаммад Ғоиб, Сайф Раҳим, Анвар Олим, қиссаи ҳуҷҷатии Мирзо Шукурзода «Боль афганской трагедии», шеърҳои Рўдакӣ, Мавлоно, Гулрухсор Сафӣ, Низом Қосим, Доро Наҷот, Мирзо Файзалӣ, Раҳмат Назрӣ, Ато Мирхоҷа, Абдуҷаббор Сурўш, Салими Зарафшонфар, Озар Салим, шоирони Эрон Суҳроби Сипеҳрӣ, Қайсари Аминпур аз он ҷумлаанд. Шумо дар тарҷумаи намунаҳои насри тоҷик барои тазкираи адабиётҳои халқҳои ИДМ низ фаъолона иштирок намудед.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, тамоми ҳамқаламон бо миннатдорӣ аз корҳои сазовори таваҷҷуҳатон Шуморо бо ҷашни зебои умр муборакбод мегўянд ва дар рўзгору эҷодатон комёбиҳои тоза ба тоза орзу мекунанд.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

 

Дигар хабарҳо