Нависанда ва тарҷумони шинохта Истад Қосимзода ба синни мубораки навад расид. Ӯ баъди ба итмом расонидани бахши забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон муддате дар Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ фаъолият дошт ва сипас ба кори рӯзноманигорӣ пардохта, дар нашрияҳои гуногун, аз ҷумла маҷаллаи “Тоҷикистон”, муҳаррири идораи адабӣ-драмавии Радиои Тоҷикистон, мухбири […]
Азим Амин баъди хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) риштаи фаъолиятҳои адабиву илмии худро ба Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ пайваст ва дар солҳои 1981-1998 ходими илмии ин пажуҳишгоҳ буд. Мавзуи худро таҳти унвони «Жанри рубоӣ ва лирикаи фалсафии советӣ» дар Донишкадаи адабиёти ҷаҳон […]Идома...
Адиб ва журналисти шинохта Сайид Раҳмон, ки бо очерку ҳикоя, қиссаву роман ва шеърҳояш ба хонандагон шинос аст, ба синни мубораки ҳаштоду панҷ расид. Ў аз адибони сермаҳсули мо маҳсуб меёбад. Муаллифи маҷмуаи ҳикояву қисса ва романҳо, аз қабили «Масъуди сипаҳсолор», «Шукронамарг», «Орзуе то ҷовидон», «Дунёи бевафо», «Зиндаҷудо», «Сафари паҳ», «Рустами Абдураҳим», «Дунё ба умед», […]Идома...
Шоир ва омўзгори пуртаҷриба, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Валиҷон Акбарӣ ба синни мубораки 75 расид. Валиҷон Акбарӣ муддате ҳамчун омўзгор дар яке аз мактабҳои шаҳри Бохтар, дар бойгонии зодгоҳаш шаҳри Истаравшан, дар шуъбаи маорифи ин шаҳр ва дигар ниҳодҳо кор кард. Як муддат котиби масъули Бунёди забони форсии тоҷикӣ дар шаҳри Истаравшан низ буд. Аз […]Идома...
Шоҳзамон Раҳмон баъди ба итмом расонидани мактаби миёна ва факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба номи Т. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ ) дар соли 1967 риштаи умри худро дар пайи таҳқиқи ва пажуҳиши осори адабӣ, махсусан адабиёти даврони инқилоб ва оғози садаи ХХ ва хидмат дар муассисаҳои илмиву таълимӣ пайваста, дар […]Идома...
Мираҳмад Амиршоҳӣ дар соҳаи адабиёт ва рӯзноманигорӣ бо ҳикояву қисса, очерку ёддошт, лавҳаю мусоҳиба, филмнома ва навиштаҳои дигараш шинохта гардида, ба ҳайси қаламкаши сермаҳсул пазируфта шудааст. Пас аз фароварди дабистони зодгоҳ (1973) ва факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб (1977) дар рӯзномаи вилоятии «Роҳи ленинӣ» (1977-1991) ва баъдан дар рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб» (1992) […]Идома...
Шералӣ Мусо ба адабиёт аз роҳи хос – аз истеҳсолот ворид шуда, дар ин ҷода қалами нависандагӣ ва сабку салиқаи эҷодиро ҳамвора сайқал дода, бо табъу нашри силсилақиссаҳои мустанаду бадеӣ, мақолаҳои рӯзмарраи публитсистӣ ва ҳикояву ҳаҷвиёти ҳадафрас худро ба алоқамандони сухани бадеъ муаррифӣ кардааст. Ӯ соли 1968 мактаби миёнаи № 1 шаҳри Ваҳдат ва соли […]Идома...
Диловари Мирзо, ки бо ҳикояву қисса ва романҳояш кайҳо боз ба хонандагон шинос аст, ба синни мубораки ҳафтод расид. Ӯ дастпарвари Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон аст. Баъди ба итмом расонидани донишгоҳи мазкур чанд муддат ба сифати муаллим дар мактабҳои ноҳияи Рашт ба тарбияву тадриси насли наврас машғул буд. Сипас ба кори рӯзноманигорӣ пардохта, ба ҳайси мухбир […]Идома...
Профессор, доктори илми филология, узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ (2023), барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (2005), Ҷоизаи байналмилалии Бедили Деҳлавӣ (2026), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1980) Абдунабӣ Сатторзода 85-сола шуд. Ӯ пас аз хатми мактаби ҳаштсола таҳсилро аввал дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент таҳсилашро дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон идома дод. Аз моҳи […]Идома...
Нозир Ёдгорӣ, рӯзноманигор ва нависандаи хуби мо, бо мақолаю очерк ва ҳикояву қиссаҳояш дар байни хонандагон маъруф аст. Ӯ баъди ба итмом расонидани шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1978) ба ҳайси ходими нашрияи «Роҳи ленинӣ» (дар собиқ вилояти Кӯлоб) фаъолияти рӯзноманигории хешро оғоз намуда, пасон ба сифати мухбири махсуси ҳафтаномаи «Адабиёт ва […]Идома...



