Як соли бобарори нақди адабӣ

 Як соли бобарори нақди адабӣ

Пас аз ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ дар адабиёт ҳақиқатнигорӣ ва асолати сухан ба маротиб рушд меёбад ва мавзўъҳое вобаста ба худшиносиву худогоҳии миллӣ дар меҳвари адабиёт қарор гирифта, як адабиёти комилан миллӣ, ки ниёзи ҷомеаи гузаштаву имрўзи мост, арзи ҳастӣ мекунад.

Нақди адабӣ ва адабиётшиносии тоҷик низ дар замони ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ равиши худро тағйир медиҳад ва ба масъалаҳои дар боло зикргардида рў меорад ва дар натиҷа таълифоти зиёди илмиву адабӣ дар шакли китобу мақола дастраси хонандагони сершумори адабиётамон мешаванд, ки ҳар кадоме дар раванди таҳқиқи адабиёт аз ягон ҷиҳат нақши бориз доранд. Шоирону нависандагони тоҷик низ дар баробари эҷоди шеъру асарҳои бадеӣ ба навиштани як қатор мақолаҳои илмиву таҳлилӣ, ки пеш аз ҳама рўҳияи нақди адабиро дар худ касб кардаанд, даст задаанд.

Вобастагии бевоситаи нақди адабӣ ба вазъи иҷтимоии замон ва раванди адабии имрўз дар тўли солҳо, дар навиштаҳои мунаққидону адабиётшиносон ва адибон дар мисоли осори таълифнамудаи адибон дар мавзўъҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фалсафиву ахлоқӣ ва фарҳангиву маърифатии бо арзишҳои баланди ҳунарӣ ба вуҷудомада, ба таври густарда инъикос ёфтааст.

Аз ҳамин дидгоҳ, ҳамасола нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ бо меъёрҳои илмиву ҳунарӣ пеш аз ҳама вазъи иҷтимоӣ ва сиёсии замонро, ки дар суханрониву вохўриҳо, мақолаву китобҳо инъикос ёфта, тарғибгари масъалаҳои сулҳ ва ваҳдати миллӣ, эҳё ва гиромидошти арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, солимгардонии фазои маънавии ҷомеа, тарбияи ватандўстии наврасону ҷавонон, тарғиби тарзи солими ҳаёт, талқини ифтихори миллӣ ва ватандорӣ ва ғайра мебошанд, таҳлилу баррасӣ менамояд. Дар соли сипаригардида низ масоили мазкур дар меҳвари нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ қарор дошт. Дар вобастагӣ ба ин, мақолаҳои зиёде аз қабили «Бозтоби замони Истиқлол дар адабиёт»-и Абдунабӣ Сатторзода, «Забони тоҷикӣ ва ҳувияти миллӣ»- и Ҳасани Султон, «Аслҳои ҳувияти фарҳангӣ»-и Ҳафиз Раҳмон, «Шеъри нав дар замони истиқлол»-и Аламхон Кўчарзода, «Муҳити тоҷикӣ ва абзорҳои шеър»-и Нурмуҳаммад Зуҳурӣ, «Асари Пешвои миллат “Забони миллат – ҳастии миллат”-и Шаҳбоз Кабиров, «Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди забони тоҷикӣ»-и Олимҷон Муҳам- мадҷонзода, «Решаҳои ҳаросафканӣ ва ифротгароӣ»-и Зубайдулло Давлатов, «Вазъи забон ва вокуниши Дониш»-и Ҷамолиддин Саидзода, «Толибтозӣ бар ҳарими забони дарӣ»-и Субҳиддин Зиёев, «Истиқлолу Ваҳдат — бақои давлат»-и Муҳаммадюсуф Имомзода, «Шоҳнома ва ҳувияти миллӣ»-и Сайрам Бақозода, «Дурахши илмҳои адабӣ дар партави Истиқлол»-и Сироҷиддини Эмомалӣ, «Ваҳдати миллӣ-ҳастаи ҷомеасозӣ»-и Нозим Нуров, «Равшанфикри миллӣ ва давлати миллӣ»-и Иброҳим Усмон ва садҳо мақолаи дигар марбут ба ин масъалаҳои муҳимми ҷомеа ҳам дар ҳавзаҳои илмиву адабии ҷумҳуриявӣ ва ҳам дар ҳавзаҳои илмиву адабии Хуҷанду Хатлон рўйи кор омаанд, ки дар ҳар кадоме муҳимтарин масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, вазъи фарҳангу забон, арзишҳои милливу давлатӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ, талқини ваҳдат ва ягонагӣ дар назму насри даврони истиқлол аз рўйи милоку меъёри илмиву ҳунарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар партави сиёсати давлат ба қадри имкон дар ҳидояти ҷомеаи адабӣ ба роҳи бунёдкориву созандагӣ дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа саҳмгузор будани нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ имсол низ чун солҳои пешин равшан ба назар мерасад. Инъикоси фарҳангу тамаддун дар нақди адабии тоҷик дар соли сипаригардида хеле густарда ва чашмрас буд. Аз мутолиаи рисола ва мақолаҳои таълифнамудаи адибону адабиётшиносон бармеояд, ки нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ дар арзёбии падидаҳои арзишманди фарҳанги миллӣ (аз қабили ҷашнҳои бостонӣ – Наврўз, Сада, Меҳргон ва ғайра) фаъолияти пажўҳишии хубу таъсиргузор дошт.

Дар рўзнома ва маҷаллаҳои адабӣ, маҷмўаҳои дастҷамъӣ, нишастҳои илмиву адабӣ нақду адабиётшиносӣ ба паҳлуҳои гуногуни осори илмиву ҳунарӣ таваҷҷуҳи назаррас дорад. Дар ин самт мақолаю тақризҳои зиёде мунташир шудааст, ки дар ҳар кадоми онҳо як паҳлуи муҳимми илмҳои суханшиносӣ мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифтааст. Ба ҳисоби миёна танҳо дар «Адабиёт ва Санъат» ва маҷаллаи «Садои Шарқ» беш аз 250 тақризу мақолаҳои илмиву адабӣ ба нашр расидааст, ки фақат ном бурданашон як матлаби доманадорро тақозо мекунад. Аз рўйи маълумотҳои оморие, ки аз факултаи филологияи ДМТ ба даст омад, 10 монография, 14 китоби илмиву таълимӣ ва 430 мақола марбут ба паҳлуҳои мухталифи забон ва адабиётшиносӣ таълиф шудааст, ки зарб задани натиҷаи ин нишондод ба теъдоди сохторҳои илмиву адабии кишвар як миқдори бениҳоят калонро дар давоми як сол нишон медиҳад.

Дар соли 2021, дар заминаи забон ва адабиётшиносии миллӣ, нақду баррасии осори насру назми муосир ва таҳқиқу пажўҳиши осори классикиву муосири тоҷик чанд асари илмӣ, аз қабили «Тирози адаб»-и Аламхон Кўчарзода, “Вазни шеъри тоҷикӣ”-Мисбоҳиддини Нарзиқул, «Нақди солим ва носолим», «Фирдавсӣ — шоири ватанпараст ва сарояндаи ормонҳои миллӣ», «Дигарон пайравони Рўдакианд», «Шуҳрати ҷаҳонии «Шоҳнома» ва паёми ватандўстонаи Фирдавсӣ”, «Рў ба Ҳинд»- и Ҷамолиддин Саидзода, «Зуҳурии Туршезӣ»- и Баҳроми Раҳматзод, «Равобит ва ҳамнишинии воҳидҳои забон дар занҷираи гуфтор»-и Ш. Кабиров, «Убайди Зоконӣ ва сабки нигориши ў»-и Ш. Ғаффоров, «Шеъри маснўъ ва оғози рушди он дар адабиёти форсу тоҷик (асрҳои XI- XII)»-и Алишер Авғонов, «Мавҷи тўфони хирад”-и Урватуллоҳ Тойиров ва даҳҳо китоби дигар дар ҳавзаҳои илмиву адабии Тоҷикистон рўйи чоп омадаанд, ки дар онҳо паҳлуҳои гуногуни адабиётшиносӣ нақди адабӣ ва забоншиносии тоҷик таҳлилу баррасии густарда ёфтааст.

Дар ин радиф чанд китоби аз осори классикӣ ва китобҳои назариявии илми адабиётшиносӣ таҳия гардидааст, ки «Амир Муиззӣ. Рубоиёт. (Ба чоп омодакунанда Ф. Ҳайдаров)», «Назарияи тарҷума / Баргардон ва тавзеҳи истилоҳот аз Имомзода М. С. ва Абдусатторов А», «Хамсат-ул-мутаҳаййирин». (Таҳия, тасҳеҳ, таҳқиқ ва тавзеҳи Муҳриддин Низомӣ)» ва ғайра аз ин даст мебошанд.

Чопи маҷмўи мақолаҳо ва гирдоварии маводи конфронсҳои илмиву адабӣ дар шакли китобҳои алоҳида дар ҳавзаҳои адабии кишвар як шохаи чашмраси нақду адабиётшиносӣ дар соли 2021 буд, ки дар онҳо муҳимтарин паҳлуҳои ҳаёти илмиву адабии адабиётшиносону адибон ва масоили раванди осори илмиву ҳунарӣ таҳлилу баррасӣ ёфтааст. Дар ин радиф чанд китоб, аз ҷумла «Марди бисёрфан», ба муносибати 80-солагии адабиётшиноси варзида Абдунабӣ Сатторзода, «Паҳлуҳои як истеъдод», ба мунсибати 75-солагии шоир ва мунаққиди пухтакор Аскар Ҳаким, «Фаввораи муҳаббат», ба муносибати 75-солагии адабиётшинос Аламхон Кўчарзода, «Муҳаққиқи моҳиятбин ва равандшинос», ба муносибати 75-солагии мунаққид ва адабиётшиноси тавоно Абдухолиқ Набавӣ ба нашр расид, ки дар онҳо вобаста ба шахсияти адабӣ ва ҷусторҳои илмиву адабии ин донишмандон маводи зиёде аз ҷониби донишмандону адибон ҷой дода шудааст.

Инчунин мубоҳисаҳое дар заминаи нақди адабӣ ва адабиёти муосири тоҷик миёни донишмандон сурат гирифтааст, ки аз назари интиқодӣ, нақди нақд ё адабпажўҳӣ қобили таваҷҷуҳанд.

Аммо то ҳанўз дар раванди нақди адабӣ ва адабиётшиносии мо каму костиҳое ба чашм мерасад, ки ишора кардан ба чанд нуктаи муҳимми онро зарур медонем:

  1. Ҳузури тақриз дар адабиёт беш аз пеш зарур аст, ин жанри адабӣ хеле кам ба чашм мехўрад.
  2. Нақди осори адибон бештар якҷониба ва тавсифӣ сурат гирифта истодааст.
  3. Дар навиштаҳои донишмандон раванди насру назми имрўз ба пуррагӣ муаян нашудааст.
  4. Ҷараён ва равишу гардишҳои насру назм ба таври густарда баррасӣ нагардидаанд.
  5. Шоирон, ба хусус насли ҷавон шеърро аз зиндагии воқеӣ дур кашонда истодаанд, ки ин масъала дар навиштаҳои донишмандон ба таври куллӣ баррасӣ намегардад.

6 . Руҷуъ кардани нақди адабӣ ба шеъри иҷтимоӣ, ки дар воқеияту ҳақиқатҳои зиндагӣ реша дошту имрўз обутоби бадеии худро дар ашъори бисёре аз шоирон аз даст дода, ба каломи шиориву хушку орӣ аз бадеият табдил ёфтааст, ба назар намерасад.

  1. Ҳангоми пешниҳоди асарҳои адабӣ ба мукофотҳои ба номи С.Айнӣ, М . Турсунзода , Абўабдуллоҳи Рўдакӣ мавсими тақризнависӣ сар мешавад, ки аксарияташон таҳлилӣ набуда, аз мадҳу сано иборатанд. Ин гуна тақризу мақолаҳо торафт хусусияти ҳамагонӣ пайдо мекунанд. Имконият намедиҳанд, ки арзишҳои ғоявӣ ва ҳунарии эҷодиёти шоиру нависанда ва умуман ҷараёни адабӣ воқеъбинона муайян карда шавад.

Вазифа дар ин самт иборат аз он аст, ки нақду адабиётшиносии тоҷик меъёрҳо, принсипҳо, усулҳо ва роҳу равиши таҳқиқи осори бадеиро дар замони нав муайян кунад. Дар шеър ва насри мо ҳанўз тобишҳо ва гардишҳое аз лиҳози ҳунарӣ ва сохтор дида мешавад, ки ба таҳқиқи бештар ниёз доранд ва бардоштани ин бор бар дўши нақди адабист.

 Дар шинохти шеър зарур аст назари шоирони нақднависамонро низ ба инобат бигирем. Ҳарчанд мо нақди навиштаи шоир ва ё нависандагонамонро ба масобаи як нақди илмӣ қабул намекунем, аммо бояд иқрор шавем, ки нигоҳе ки онҳо ба дарунмояи асар доранд ва онро аз лиҳози бадеият матраҳ мекунанд, дар раванди адабиёти муосирамон хеле зарур аст.

Гузориши бахши нақди адабӣ ва адабиётшиносии ИНТ

Дигар хабарҳо