Шумораи ҳафтуми «Садои Шарқ»

Шумораи ҳафтуми маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ», ки фарогири матлабҳои хонданиву пурмазмун аст, ба дасти хонандаи гиромӣ расид.

Шумораи мазкур бо навиштаи сармуҳаррири маҷалла, шоир ва нависанда Ато Мирхоҷа оғоз мешавад, ки доир ба рӯйдодҳои  муҳимми таърихиву фарҳангии баҳори имсол, аз ҷумла ба Ватан овардани мушти хоки се фарзанди дилбанди тоҷик – Нусратуллоҳ Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад,  таҷлили бошукӯҳи 115-солагии шоири бузург, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино, қисса мекунад.

Ҳамчунин, хабари баргузории маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва гузоришҳои муфассали муовини аввали Иттифоқи нависандагон Толиби Луқмон ва мудири бахши наср Равшан Махсумзод дар хусуси инъикоси раванди созандагию бунёдкорӣ дар назму наср, ба нашр расидаанд.

Маҷалла ба пешвози 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мақолаи Амиршоҳ Ёрмуҳаммадовро зери унвони “Заминаҳои таърихии Истиқлол” ба чоп расонд. Навиштаи зикрёфта таърихи ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, дастовардҳои бузургу назарраси замони соҳибистиқлолӣ ва ҳадафҳои созандаи мамлакати азизамонро дар бар мегирад.

“Кӯҳистон” унвон гирифтааст силсилаи ашъори нави Шоири халқии Тоҷикистон Раҳмат Назрӣ. Ин силсила бозгӯйи ҳусну шаҳомати диёр, наҷобати инсонҳои поксиришти сарзамин ва муҳаббати беохир ба  зодбуми ниёкон аст. Ҳамчунин, шеърҳои ба шоирони мумтоз Абулқосим Лоҳутӣ, Ҳабибулло Файзулло, Камол Насрулло ва ҳунарвари фарзона Мирзоватан Миров бахшидаи шоир дар ин силсила ҷой доранд.

Гуфтанист, ки шеърҳои  тозатарини шоири номошно Беҳрӯзи Забеҳулло низ ба зевари табъ ороста гаштаанд. Маънии барҷаста, ҳусни баён ва тасвирҳои тозаи дилпазир зинатбахши ашъори шоиранд.

Ба истиқболи 100-солагии нашрияи миллии адабиии “Садои Шарқ” мақолаи муҳаққиқи номвар Тиллои Некқадам “Садои Шарқ” ҳамеша садои миллат буд” нашр шудааст, ки чашмандозе ба марҳалаҳои муҳимми таърихи ин маҷаллаи бонуфуз аст.

Ҳамчунин, як даста шеърҳои нави меҳандӯстонаи шоирон Муҳаммад Ғоиб, Файзи Ашӯр, Бузургмеҳри Баҳодур, Кароматулло Олимзода ва ҳикояи нависанда Довудшоҳи Сулаймоншоҳ, ки ба Озмуни Истиқлол ирсол гаштаанд, нашр шудаанд. “ Рамзҳои нуҳуфтаи ориёӣ” мақолаи донишманд Лутфишо Қиматшо мебошад, ки аз латофату нафосати рамзҳои ориёӣ  қисса мекунад. Ба муносибати 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода мухтасари қиссаи мустанади Карим Мусо “Номбардори миллат” ба чоп расидааст. Ин қисса бо сабку услуби хос эҷод шуда,  рӯзгори шоири тавоно ва инсони наҷибро дар бар мегирад. Қиссаи “Кисабур”-и Зариф Ғулом ва ҳикояи воқеии “Беҳтарин инсон буд Наримон!”-и Истад Қосимзода низ мароқангезанд.

Дар бахши “Як шеър” ғазали дилнишине аз Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Фарзонаи Хуҷандӣ интихоб гардидааст.

Ба муносибати 80-умин солгарди таваллуди  рӯзноманигори саршинос ва аксбардори чирадаст Муҳиддин Олимпур мақолаи “Чашми зебоинигар”-и рӯзноманигори маъруф Суҳроби Зиё нашр шудааст, ки фаъолияти эҷодӣ, сафарҳо ва мулоқотҳои шодравонро бо чеҳраҳои барҷастаи илму ҳунар фаро мегирад.

Дар қисми “Бозёфт” мақолаи Бадриддин Мақсудзода нашр шудааст, ки аз хусуси пайдо гаштани як нусхаи нодири дастнависи маҷмуаи ашъори шоир Авҳади Сабзворӣ дар шаҳри Душанбе, паём медиҳад. Намои муқова ва чанд баргаи беҳтар ҳифзшудаи ин нусха, инчунин, бист ғазали ноби шоир манзури хонанда гардидаанд. “Ҷараёнҳо ва равишҳои нақди адабии навин”-и мунаққиди шинохта Мисбоҳиддин Нарзиқул ва “Тараннуми «Роғун» дар назми иҷтимоӣ”-и Насиба Кӯчарова низ ба зевари табъ ороста гашта, аз матлабҳои дилкашу хондании шумора ҳисобида мешаванд.

Умед аст, ки ин шумора бо маводҳои ҷолибу рангоранги хеш Писанди хонандаи гиромӣ мегардад.

Сайидо Шарафӣ

Дигар хабарҳо