Маърузаи муовини аввали раис Ато Мирхоҷа дар маҷлиси садорати ИНТ, 25-уми октябри соли 2024 Муҳтарам раис, Муҳтарам аъзои садорат! Адибон, чун тамоми мардуми кишвар, имсол шоҳиди ҳодисаву рӯйдодҳои фараҳбахши сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ гардиданд, ки таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро нуқтаи баландтарин ва ҳусни зебои хотимаи онҳо ба ҳисоб овардан мумкин аст. Ин соли баракатбор […]
Суханронии Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тибқи қарори анҷумани хеш аз соли 1991 ғайриҳизбист, лекин дар ҷабҳаи тафаккуриву маънавӣ аъзояш ҳамеша дар паҳлуи Ҳизби Халқии Демократӣ ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои бунёдкору созанда буданду ҳастанд. Фаъолияти созмони эҷодии мо дар самтҳои гуногун сурат мегирад, лекин самтҳое ҳастанд, […]Идома...
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар соли 2023 фаъолияти хешро тибқи нақшаи кори Раёсат ба роҳ монда, пеш аз ҳама, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани супориш, амр ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, ташвиқи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи давлат, сазовор пешвоз гирифтани 26-солагии Ваҳдати миллӣ, 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ташвиқи меҳанпарастӣ, худшиносию […]Идома...
Низом ҚОСИМ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сарнавишти тамоми халқҳои Иттифоқи Советӣ нақши абадие барҷо гузошт. Истилогарони Ватани беканори ин халқҳо золимона ҳазорон шаҳру деҳро хароб ва разилона даҳҳо миллион сокинони онро қурбон намуданд. Ҳам дар раҳгузари он боди самум ва ҳам ҳазорон километр дур аз он хонадоне набуд, ки заҳри он ҷангро начашида […]Идома...
(Суханронӣ дар маросими таҷлили 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода) Дӯстон, вақти гули хор маро ёд кунед, Чун гули санг зи куҳсормаро ёд кунед. Гар бихоҳед, ки ман хуфта набошам дар хок, Бо дилу дидаи бедор маро ёд кунед. Ҳар гаҳе, ҷом ба каф,масту гаронҷон хонед Шеъри Хайём […]Идома...
(Маърӯзаи ҳисоботии Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар Анҷумани 15-уми нависандагони мамлакат) Вакилони муҳтарами анҷуман, ҳамқаламони азиз, меҳмонони арҷманд! Имсол соли чорабиниҳои муҳими сиёсие буд, ки халқу давлатамон бо сари баланду рўи сурх гузаронданд. Бахусус, интихоботи вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омилҳои муттаҳидсози ҷомеа табдил ёфта, ваҳдати устувори мардум ва дастгирии комили сиёсати […]Идома...
Аз қадимулайём орзуву ормони ҳар як халқу сарзамин доштани давлат буду ҳаст ва маҳз ҳамон халқҳое дар таърихи инсоният аз худ нақше гузоштаанд, ки давлатҳои барҷову устувор доштаанд. Ҳоҷат ба исбот нест, ки давлатсозӣ корест басо сангин. Бахусус имрўз, ки тартибу қоидаҳои давлатдорӣ билкул тағйир ёфтаанд, яъне, аз як тараф беҳад нозук, аз ҷониби дигар […]Идома...
Низом ҚОСИМ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳарчанд ки дар бораи Миробид Саййидои Насафӣ маълумоти шарҳи ҳол хеле кам аст, барои муаррифии ў ба аксари хонандагон ҳоҷат нест ва, агар гоҳе ин кор ногузир бошад, хеле кўтоҳ хоҳад буд: шоири ашъори хуб. Агарчи, тибқи маълумотҳои андак, дар фақру эҳтиёҷ рўз гузаронида, умре аз дасти […]Идома...
Ғаффор Мирзо яке аз адибони сермаҳсули нимаи дуюми асри бисти мост, ки бо маҷмўаҳои зиёди ашъор, достонҳо, китобҳо барои бачаҳо, ҳикояҳои муассиру очеркҳои масъалагузор, тарҷумаҳо аз бузургони адабиёти дигар халқҳо ва мақолаҳои тунду тезу баҳсбарангезаш оид ба ҳаёту адабиёт шуҳрати сазовор дорад. Муаллифи нахустин ва алҳол ягона романи манзуми «Фарзанди ҳукумат» дар адабиёти тоҷик низ […]Идома...
Маърӯзаи Низом ҚОСИМ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Маҷлиси Садорати ИНТ, 31 май 2019 Давлати соҳибистиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таълиму тарбияи насли наврас, дарёфти истеъдодҳои нав ва рушди онҳо пайваста тадбирҳо меандешад. Дар ин самт барномаҳои махсус низ таҳияву тасдиқ гардидаанд. Аммо пўшида нест, ки имрўз насли наврас дар замони душвор, вазъияти мураккаб, равандҳои пурихтилоф, таҳдидҳои […]Идома...