ОН ҶАНГРО ДАР ТАЪРИХ ҲАМТО НАБУД…”

Низом ҚОСИМ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон   

Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сарнавишти тамоми халқҳои Иттифоқи Советӣ нақши абадие барҷо гузошт. Истилогарони Ватани беканори ин халқҳо золимона ҳазорон шаҳру деҳро хароб ва разилона даҳҳо миллион сокинони онро қурбон намуданд. Ҳам дар раҳгузари он боди самум ва ҳам ҳазорон километр дур аз он хонадоне набуд, ки заҳри он ҷангро начашида бошад.

 Барои ҳифзи хонаву дар ва нангу ном тамоми мардуми шўравӣ ба по бархост. Агар қисме дар набардгоҳ ба муборизаи ҷавонмардона машғул бошад, қисме  дар ақибгоҳ қаҳрамонона заҳмат кашида, аскаронро бо ҳама чизи зарурӣ таъмин мекард, пулу моли худро мебахшид, либоси гарму ғизовор таҳия менамуд.

Аз як ҷумҳурии кўчаки мо, ки он вақтҳо ҳамагӣ 1 560 000 нафар аҳолӣ дошт, 260 000 нафар, яъне, ҳар шашумин кас равонаи набардгоҳ шуд. Дар рўзи аввали ҷанг 6 000 нафар ариза дода, майли ихтиёрӣ ба ҳимояи Ватан рафтан карданд ва, ҷолиб аст, ки ҳар даҳумини онҳо, яъне, 6 00 нафарашон, занон буданд.

Аз ҳисоби онҳое, ки уҳдадории ҳарбӣ доштанд, 7 баталён, 30 рота, 92 взводи ҷангӣ мураттаб карда, ба фронт фиристода шуд. Яъне, набарди Иттифоқи Советӣ бо Германияи фашистӣ аз оғоз дар ҳақиқат ба ҷанги умумихалқӣ табдил ёфт. Беш аз 100 000 нафар фиристодаи Тоҷикистон дар роҳи ҳифзи Ватан ҷон фидо намуданд. 57 нафар бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, 19 нафар бо ҳарсе дараҷаи ордени «Шараф», ки ҳамвазни унвони мазкур буд, мукофотонида шуданд.  Аввалин сазовори ордени Ленин аз байни аскарони советӣ низ тоҷикписар Муҳамммад Иброҳимов гардид. Дувумин нафаре ҳам, ки шуҷоати Александр Матросовро такрор намуда, мили тўпи душманро бо синаи худ пўшид, зодаи Тоҷикистон Тўйчӣ Эрйигитов буд ва барои ин корнамоӣ бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ қадр карда шуд.

Ҳатто панҷ нафар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон либоси ҷангӣ ба тан карданд ва аз байни онҳо Комиссари халқии зироат, депутати Совети Олии СССР Саидқул Турдиев сазовори баландтарин унвони он набарди бемисл гардид.

Хуллас, ҳам дар набардгоҳ ва ҳам дар ақибгоҳ, касе аз он майдони ному нанг берун набуд. 50 000 нафар ҳамдиёрони мо, ки аз синну соли даъват ба аскарӣ гузашта буданд, барои кор дар саноати ҳарбӣ ба минтақаҳои Марказ ва Сибири СССР рафтанд ва дар барқарориву таҳкими иқтидори корхонаҳои тиру тўп ва танку самолётбарорӣ саҳми арзанда гузоштанд.

Ҷои бародарону хоҳарони ба набардгоҳ ва корхонаҳои ҳарбӣ рафтаашонро ҳазорон нафар занону кўдакони тоҷик гирифтанд. Ва аллакай дар оғози соли дувуми ҷанг  аз номи меҳнаткашони Тоҷикистон барои аскарон 6 000 нимтана, 8 000 мўза, 2 273 таҳпўши гарм, 8 000 дастпўшаки мўина, 35 000 дастпўшаки пашмӣ, 10 000 ҷуроби пашмӣ, 15 000 шими пахтагӣ, 35 000 телпак, 3 600 ҷемпер, 18 000 куртка, 10 000 кўрпаи гарм, 4 000 гарданбанд фиристода шуд. Ҳамчунин, дар солҳои ҷанг барои набардҳои пурвусъат ба аскарони советӣ аз бародарону хоҳарони ақибгоҳии тоҷикашон 9 000 автомобил, 20 000 асп, 2 000 ароба, 115 трактор расид.                   

 Халқи тоҷик 714 милён рубли пасандозашро барои хариди техникаи ҳарбӣ бахшид, одамон ихтиёрӣ пулу мол, ашёи пурқимат, коғазҳои пурбаҳояшонро барои бунёди танку самолётҳо доданд. Тибқи маълумоти ифшонамудаи Вазорати мудофиаи Россия, танки Т-34 дар оғози ҷанг 269 000, баъди як сол 193 000 ва дар охири ҷанг 135 000 сўм, самолёти қиркунанда дар оғози ҷанг 800 000, баъдан 468 000 ва дар охири ҷанг 380 000 сўм арзиш доштанд. Эскадрилияи самолётҳои «Тоҷикистони советӣ», колоннаҳои танкҳои «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Колхозчии  Тоҷикистон», ки дар торумори фашизм саҳми арзанда гузоштанд, маҳз аз ҳамин ҳисоб бунёд шуданд ва бо ҳисобҳои содатарин дарёфтан мумкин аст, ки шумори танку самолётҳои бо пули меҳнатии халқи ватандўсти тоҷик сохташуда ба садҳо адад мерасад. 

Тарафи дигари воқеияти Ҷанги Бузурги Ватанӣ он буд, ки ҳазорон гурезаҳо, занону кўдакони ятими минтақаҳои ҷангзада дар Тоҷикистон, дар ҳар як хонадони тоҷик сарпаноҳи муътамад пайдо карданд. Инро аксари солхўрдагони халқҳои русу украину беларус ёд доранд ва дар борааш бисёриҳо, бахусус журналистони маъруфи ҳақиқатбаён Владимир Рудолфович Соловёв ва Максим Леонардович Шевченко аз минбарҳои баланди телевизионҳои Россия бо ташаккуру миннатдорӣ борҳо гуфтаанд. Ба наздикӣ шабакаи Фейсбук пораеро аз суҳбати Ҳунарпешаи халқии СССР Леонид Броневой пахш кард. Дар он артисти машҳури кинову театр, ки ба аксарият аз рўи нақши опергруппенфюрер Мюллер дар филми овозадори режиссёри номвар Татяна Лиознова «Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор» хуб ошност, ба сароҳат ва бо ташаккур аз нақши халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳазорон намояндагони халқҳои минтақаҳои истилошударо макон ва обу нон дода буданд, ҳарф задааст. Чунин мисолҳои хотираи равшану эҳсоси миннатдории намояндагони гуногуни халқҳои советӣ аз ҳамдиливу инсонигарии мардумони мо дар он солҳои махуфу мушкил кам нестанд.

Воқеан, дар байни ба ақибгоҳ сафарбаршудагон гурўҳе аз олимони машҳури физик низ буданд ва бо ҷаҳду талоши онҳо маҳз дар яке аз шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон ба барномаи силоҳи атомии советӣ асос гузошта шуд.    

 Ҳанўз то 1 январи соли 1942-юм 29 госпитали ҳарбии советӣ бо 11 000 аскари захмӣ ба Тоҷикистон кўчиданд. Пайванди инсонии мардумони миллатҳои гуногун дар он солҳои мудҳиш басо табииву самимӣ сурат мегирифт. Дар бораи оилаҳои тоҷике, ки даҳҳо ятимбачаҳои минтақаҳои ҷангро ба оғўши пурмуҳаббати хеш гирифтанд, бисёр хондаву шунидаем.  Чунин пайвандҳо, табиист, ки дар фронт низ зиёд буданд.

Аз он ҷумла, ҳамяроқон Николай Яковлев ва Абдусамад Холмуродов аҳду паймон карданд, ки агар касе аз онҳо ҳалок бишавад, нафари барҳаёт насаби ўро мегирад. Баъди набарди навбатӣ, ки бисёре аз ҳамяроқон, аз ҷумла Николай,  ҳалок шуданд, вақте ки котиби ҳизбӣ ному насаби Яковлевро хонд, тоҷикписар Холмуродов аз саф берун шуд.

Ҳамҷабҳаҳо Қурбон Абдураҳмонови тоҷик ва  Иван Фёдорови рус чунон ба ҳам унс гирифтанд, ки ҳама бародарашон мегуфтанд.  Ҳатто Қурбон ба бародари ҳамтанаш Пўлод навишта буд, ки акнун онҳо се бародаранд ва ҳангоме ки Иван қаҳрамонона ҳалок шуд, аҳли як деҳаи Тоҷикистон низ чун дар мотами як фарзанди азизи худ хун мегирист…

Ҷанг натанҳо иродаи миллатҳои гуногуни Иттифоқи Советиро, ки зери мафҳуми халқи советӣ ба ҳам омада буданд, шикаста натавонист, балки бо санҷишҳои хуниву ҷонии хеш эътиқоди инсонӣ ва бовари ватандории онҳоро ба фардои халқу диёр бештар намуд.

Тасаввур кунед – ҷанги хунин дар авҷ аст, душмани хунхор ними кишварро гирифтааст, лекин дар як гўшаи он – Тоҷикистони аз ҷабҳа дур — бунёди Театри операву балет идома дорад ва бузургтарин адиби халқпарвару ватандўсти тоҷик Садриддин Айнӣ маблағҳои зиёди ҳаққи қаламашро мебахшад, ки ин кохи ҳунар зудтар қомат рост бикунад. Воқеан, баъдан аҳли ин театр, ҳамроҳи дигар ҳунармандони тоҷик, ҷони худро зери хатар гузошта, ҳамдамони доимӣ ва дилхоҳи ҷабҳадорон буданд ва дар фронтҳои гуногун бо санъати воло онҳоро дастгириву рўҳбаланд менамуданд.

Ё худ, давлат бояд чӣ қадар хушбину аз ҷиҳати ғоявӣ эътиқодманд бошад, ки дар ҳамон шароит натанҳо сарпарастии илмро кам накунад, балки барои рушду тавсеаи он базаи тоҷикистонии Академияи илмҳои СССР-ро ба Филиал (муассисаи хеле бузургтару пурхарҷтар) табдил бидиҳад!    

Ё худ, дар айни авҷи ҷанг ба маблағи 54 000 сўм барои аскарон китоб фиристодани халқи тоҷик ҷуз эътиқод ба илму адаб ва эътимод ба рўҳу равони муқтадири хеш чист?

Баракс – аз Ленингради муҳосирашуда, тавассути Роҳи Ҳаёт, зери тирборони адў барои мактаббачаҳои тоҷик дастрас кардани  15 000 нусха китобҳои дарсӣ  низ оё нишонаи эътиқоду эътимод ба хешу фардои халқу диёри хеш нест? Воқеан, ин нукта дар манзумаи олии Муъмин Қаноат «Китобҳои захмин» бисёр муассир тасвир шудааст.

Мавриди зикр аст, ки асари дигари ин шоири номвар — «Сурўши Сталинград» бо иштироки маршалҳову генералҳои машҳурӣ советӣ – иштирокчиёни муҳорибаи беназири шаҳри Сталинград дар Котиботи Иттифоқи нависандагони СССР муҳокима ва бо ибораҳои «достони аср», «достон-симфония», «достон-ниёиш», «достон-муноҷот» тавсиф шуд. Бо Ҷоизаи давлатии СССР сазовор гардидани асари мазкур далели дигари барҷастагиву беназирии он аст. 

Дарвоқеъ, адабиёт ва ҷанг, санъат ва ҷанг мавзўъҳои дигареанд, ки нуктаҳои басо ҷолибро баён карда метавонанд. Аз ҷумла, гурўҳи бачаҳои тоҷик, ки дар Донишкадаи театри Москва мехонданд, баробари оғози ҷанг якдилона ба фронт рафтанд ва аксарашон барои Ватан ҷон бохтанд. Назири ин рухдод – киностудияи умумиттифоқии «Союздетфилм» аз Москва ба Тоҷикистон кўчонда шуд ва дар солҳои фаъолияташ дар ин ҷо ба кинои тоҷик таъсири бузурге расонд. Аз ҷумла, дар таҳияи филмҳои овозадори «Фарзанди Тоҷикистон» ва «Бачаҳои Помир» ҳузури он ва мутахассисони олидараҷааш омили созандае гардид. 

Зиёиёни тоҷик низ, дар қатори халқи хеш, дар наздик кардани Рўзи Ғалаба нақши бузурге доштанд. Онҳо ба хазинаи мудофиаи мамлакат 257 000 сўм, барои бунёди «танкҳои тоҷикӣ» 11 000 сўм, барои туҳфаҳо ба аскарон 90 000 сўм, ёрӣ ба ятимбачаҳои ҷанговарони ҳалокшуда 56 000 сўм супориданд.        

Адабиёти номвари шўравӣ дар ин набард гўё лашкари дигаре буд, ки бо сухани ҳадафрас қалби душманро нишон мегирифту дили ҳамватанонро ба ғалабаи ногузир гармтар менамуд. Аз ҷумла, шоирони тоҷик баҳри рўҳбаландии халқи муборизи советӣ шеъру достон ва суруду таронаҳои дилраси зиёде гуфтанд.

Яке аз нахустин адибоне, ки ҳамоно, теғи қалам ба даст, ба дифои Ватан бархост, устод Садриддин Айнӣ буд. Ў натанҳо даҳҳо мақолаву очерк ва рисолаву эссеҳои самимиву оташин навишта, симои вабои аср – фашизми Олмон ва Чингизи даврон  – Гитлери хунхорро ошкору фош кард, балки ин амалро бо ашъори шуълавари ҳам фардӣ ва ҳам шарикӣ (дар ҳамдастӣ бо ҳамқаламони хеш) содиқона иҷро намуд. Ва бо ҳамон дилогоҳиву хирадмандии азалӣ, аз пирўзии ногузири халқаш болида, дар интиҳои ҷанг таърихи фатҳи мардуму лашкари советиро ҷовидона ба қалам дод:

 Аз баҳри бақайдории таърихи чунин фатҳ

Айнӣ ба сар овард ба ин байт баёнро:

Овозаи фатҳу зафари

                         пурраи мо, бин,

Бигрифт ба таърихи

                            ҷаҳон рўи ҷаҳонро!

Устод Абулқосим Лоҳутӣ, ки худ марди мубориз ва диловари майдони набарди ҳақиқату адолат ва садоқату саодати халқ буд, дар оғози ҷанг басо заминиву самимӣ ба мардум рў овард:

Бародарон, бародарон,

Бародарон, ба модари Ватан

                                       вафо кунем,

Агар ки сар талаб кунад, ба вай

                                            фидо кунем.

Ба душманон

                     мо амон намедиҳем,

Ба дигарон

               хокамон намедиҳем, намедиҳем!

Собит ин гуфта бар Гитлери

                                                  беҳаё кунем.

Басо одию дилрас, бо калимаи муассири «бародарон» ба ҳамагон муроҷиат кардани ў эҳсоси як хонадони том будани Иттифоқи Советӣ  ва хасми муштараки кулли халқи он будани фашизмро барангехта, таъсири сухани шоирро бамаротиб меафзояд.

Устод Лоҳутӣ аз ақибнишинии ногузири Армияи Сурхи диловар дар аввали ҷанг навмед нагашта, онро рухдоди табиие мешуморад, чунки ҳуҷуми душман, бар рағми паймони мавҷуд, аҳдшиканона буд ва набарди халқи советӣ бо истилогарони фашистӣ тариқи дигар сурат гирифта наметавонист. Шоири бузург бо образҳои заминии ба ҳамагон ошно ин ҳолатро шарҳ медиҳад ва ба хулосаи рўҳбахше мерасад:

Гитлер, аз шарму шарофат маҳрум,

Чун саги ҳор ба мо кард ҳуҷум,

Шери мо як-ду қадам вопас рафт,

Вопас аз ҳилаи он нокас рафт,

Назаре тез ба ҳар сў андохт,

Зуд шуд ҷамъ, суи душман тохт.

Бигурезад зи вай акнун чун меш

Он ки буд гург ду рўз аз ин пеш,

Лекин ин тохт нахустин бошад,

Ҷои дамгирӣ Берлин бошад.

Устод Лоҳутӣ, пеш аз ҳама, лирики ҳунарманд буд ва дар зикри мавзўи набард барои Ватан низ аз ин ҳунари воло истифода намуд. Ў натанҳо дасти дилбарро ба дасти душман намедиҳаду инро бешарафӣ мешуморад, балки чун тимсоли ҷонбозаскарони советӣ як сари мўи ҷононаро ба бегона ҳайф медонаду омода аст дар ин роҳ ҷон фидо бикунад.

Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, ки намояндаи «мактаби куҳна»-и шеърсароии мост, созгори табиати содаву беғаши хеш аз чизҳои одӣ мегўяд, вале бо самимияти хос фазои замонро инъикос мекунаду эҳсоси ифтихору ватандории хонандаро бармеангезад:

То ин ки занад бомб ба фарқи

                                              сари душман,

Садҳо ба фазоҳо зи замин

                                        айраплан хест.

Ҷунбид сафи танкаи пўлодтани мо,

Тупҳои кушояндаи оташ зи

                                           даҳан хест.

Бо ҳамин самимият шоир паҳлуи дигари мавзўъ – ҳидояту дуои модари сарбозро матраҳ мекунад:

 Равӣ зидди душман ту чун додарат,

Ризо аз ту мегардад ин модарат.

Бикун бўсае додаратро зи ман,

Бигў, сахт ҷангад барои Ватан!

Шодмонии шоир аз фарорасии рўзи Ғалаба низ ҳамин гуна содаву самимӣ ва равшану дилрас аст:

Рўзи хурсандии дигар омад,

Ҷашни таърихии Зафар омад.

Муҳаммадҷон Раҳимӣ, намояндаи дигари мактаби мазкур, бо зикри чанд ҷузъи тоза мавзўъро фарохтар мекунад – аз тасвири ў ҳам манзараи бо заҳмати сангин барои сарбозон силоҳу дигар воситаҳои мубориза сохтани одамони советӣ аён мешавад ва ҳам дар ин роҳ огоҳонаву бошуурона молу маблағи хешро дареғ надоштани онҳо:

Бо меҳнату пул метал чу Парвин

Боло равад аз завод ба парвоз,

Он гоҳ ба фарқи хасми бадкин

Гардад самалоти бомбаандоз.

Кардем нидо бародаронро:

Бо маблағу молу илму идрок

Имдод кунанд сафдаронро,

То маҳв шавад Адолф-Заҳҳок!

Корбасти паҳлуи дигари мавзўъ дар шеъри Муҳиддин Аминзода низ равшан эҳсос мешавад. Ў, яке аз аввалинҳо шуда, дар шакли мактуб ба фронт доир ба ҷои бародарону хоҳарони ба набардгоҳ рафтаро гирифтани насли ҷавонтар изҳори андеша мекунад:

Рафтӣ, иваз карда трактур ба танк,

Ҷои ту гаштам ба трактур савор,

Ман биканам бехи алафҳои ғайр,

Ҷинси адуро ту бикун торумор!

Дар ин миён набарди умумихалқӣ вусъати бемисл меёбад ва мубориза барои ҳар ваҷаб хоки Ватан ҷонфидоёни мушаххасро аз майдони набард ба майдони адабиёт меорад. Монологи арўси нокоми Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Чўтак Ўрозов, ки ба қалами Нодир Шанбезода мутааллиқ аст, миёни чунин ашъор қобили зикр мебошад. Он ҳам басо пуртаъсиру ҷонкоҳ ва ҳам дилбардору рўҳбахш садо дода, рўҳияву рафтори ҷанговарони ҷонфидо ва дилқаринҳои онҳоро дар ақибгоҳ воқеӣ ифода мекунад.

Устод Мирзо Турсунзодаро барҳақ метавон аскари ҷонфишони он набарди бемисл ҳисобид. Ашъори дилпазири давраиҷангии ў низ ифодагари рўҳи бешикасти халқанд ва натанҳо дар баёни дилу нийяти сарбозони ҷабҳаву заҳматкашони ақибгоҳ, балки дар тарғиби барҷо ва сафарбарсозии мардум ба фронт нақши муҳим бозидаанд.

Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шакли номаи наздикон ба сарбоз ё номаи сарбоз ба наздикон иншо шудани ашъор ба ҳукми анъана даромад. Аз он миён шеърҳои Абдусалом Деҳотӣ, ки он рўзҳо бародари донишмандаш Абдушукур Пирмуҳаммадзодаро аз даст дода буд, яъне ҷангро дар дилу ҷони хеш эҳсос менамуд, «Интизор бош!» (мактуб аз фронт) ва «Дар интизорам» (мактуб ба фронт) шуҳратёр гардиданд ва чун ҳамтои асили хеш – «Жди меня»-и адиби маъруфи рус Константин Симонов  дастбадаст мегаштанд.

Мирсаид Миршакар ба он мавзўи басо ҷиддӣ бо услуби хосаи хеш – лутфу зарофат рў оварда, ба бадхоҳи халқу Ватан зарбаи нишонрасе мезанад:

Яке бар дигаре гуфто: «Шунидӣ,

Ки Гитлер ақли худро гум

                                               намудаст?»

Дигар дар ҳайрат афтоду бигуфто:

«Магар ў то кунун боақл будаст?»

Дар миёни ашъори ин мавзўъ шеърҳои Ҳабиб Юсуфӣ мавқеи хос доранд. Ин шоири ҷавону тавоно, ки ҳанўз қабл аз ҷанг чун ватансаро ном бароварда буд ва самимона мегуфт:

Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем,             

Ватан ҳар чи гўяд, адо мекунем.

Агар хасми мо қасд бар мо кунад,

Дари шўришу фитнаро во кунад,

Биҷангем чандон барои Ватан,

Ки душман шавад зери пои Ватан,

бо оғози ҷанг овози хешро баландтару қатъитар намуд:

Вақти он аст,

                       эй қалам,

Буррандатар гардӣ зи теғ!

Вақти он аст,

                      эй сухан,

Ғуррандатар гардӣ зи барқ!

То ба душман ҳамла орам,

Решааш буррӣ зи бех,

То расӣ,

манҳус анчарро кунӣ бешоху барг!

ва, ихтиёрӣ ба ҷабҳа рафта, аҳду садоқаташро дар баҳои ҷони ҷавон нишон дод.

Ҳам пеш аз ҷанг ва ҳам бевосита дар ҷабҳа ин шоири тозагўю навҷў шеърҳои баланду зебои зиёде суруд, вале вопасин шеъри волояш номаи охиринаш гардид, ки аз Варшава навишта буд: “Ман ҷавонам ва зиндагиро бисёр дўст медорам. Вале муҳаббатам ба Ватан бештар аст. Аз ин рў, роҳам ба Ватан танҳо ба воситаи Берлин хоҳад буд”.

 Мутаассифона, ин орзуи зебои инсониву шоиронаи Ҳабиб Юсуфӣ амалӣ нагардид, лекин, хушбахтона, қисме аз ҳамдиёрони ҳамсилоҳи ў ба рўзи фирўзи Ғалаба расиданд ва баъди фатҳи лонаи фашизм – Рейхстаг ба Ватан баргаштанд. Дар барномае, ки шабакаи “Россия-2” дар рўзҳои таҷлили 70-солагии Ғалабаи халқи советӣ бар Германияи фашистӣ нишон дод, як полковники солхўрдаи рус (мутаассифона, ному насабаш аз ёдам рафтааст) нақл кард, ки ҳангоми Михаил Егорову Мелитон Кантарияро ҳимоякунон ба Рейхстаг даромадани дастаи онҳо аз он бино чанд нафар сарбози советӣ берун шуданд ва дар посухи саволи ҳамсилоҳонашон гуфтанд, ки аскарони тоҷиканду парчами пирўзиро бар фарози лонаи душман парафшон намудаанд. Ин, ба ҳеҷ ваҷҳ, хидмати садҳо сарбозони миллатҳои дигарро, ки бо заҳмати афзун байрақи пирўзии ҳамагониро бар он бино устувор намуданд, кам намекунад, балки бозгўи амалӣ сохтани орзуи ҳазорон ҷавонмардоне аз қабили Ҳабиб Юсуфист, ки дар ин роҳи пуршараф ҷони ҷавон бохтанд. Ҳамчунин адибони баркамоли мо Ҳаким Карим, Лутфулло Бузургзода, Абдушукур Пирмуҳаммадзода аз майдони разм барнагаштанд. Сотим Улуғзода, Боқӣ Раҳимзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Ҳабиб Аҳрорӣ, Муҳиддин Фарҳат, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Қурбоналӣ Раҷаб, Аширмат Назаров, Низом Нурҷонов… зидди истилогарони фашистӣ размида, бо пирўзӣ назди ҳамдиёрон омаданд ва ҳам он замону ҳам баъдан дар васфи халқу Ватан, озодиву истиқлолият, дўстиву ваҳдати халқҳои советӣ, қарзи фарзандӣ ва қаҳрамонони он муборизаи воқеан умумихалқӣ асарҳое эҷод карданд, ки ба ҳукми сарбозони маънавии шикастнопазир дар наздик намудани Ғалабаи бузург ва тарғиби барҷои он саҳми бузург гузоштанд. Ҳолати онвақтаи кулли адибони тоҷик, хумори беҳади зиндагии осуда, дастболоиву сарбаландии халқу Ватан шуданашонро амали шоири маъруфи таронасарои мо Боқӣ Раҳимзода басо хуб ифода намуд, ки баробари шунидани пайки пирўзӣ назди дўсти оҳангсозаш Зиёдулло Шаҳидӣ шитофт, ҳамроҳ суруди “Иди Зафар муборак!”-ро эҷод намуданд ва ҳосили он ҳамкории самимӣ ба мардуми азизи мо то имрўз хурсандиву фараҳмандӣ мебахшад.

Шаҳодати муборизаи умумии мардум будани Ҷанги Бузурги Ватанӣ он ҳам ҳаст, ки дар тўли даҳсолаҳои зиёди баъди ҷанг ин мавзўъ дар адабиёти сермиллати советӣ яке аз меҳвариҳо буд ва боиси ба вуҷуд омадани роману повест, достону драма, шеъру ҳикоя ва очерку мақолаҳои бешуморе гардид. Ин осор саҳнаҳои мудҳишу муассир, симоҳои хосу фаромўшнашуданӣ, ғояҳои намирандаеро ба ёдгор гузошта, ба хазинаи маънавии халқҳои ин қаламрав табдил ёфтанд.

Вале ҳанўз бисёр саҳнаҳои пурфоҷиаву пуршуҷоат ва ибратомўзи ҳаёти бузургинсонҳое, ки дар душвортарин солҳо барои Ватан ҷонфишонӣ карданд, ҷомаи бадеият напўшидаанд. Дар ноҳияи Тоҷикобод лавҳаи муштараке ба хотираи ду диловари аз ин сарзамин бархоста мавҷуд аст, ки пайиҳам – 16 ва 17 октябри соли 1943 сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ шудаанд. Яке аз онҳо – Қудрат Қайюм соли 1922 таваллуд шуда, дар 21-солагӣ ҳалок шудааст ва ин санаҳо, ҳарчанд дардовару аламнок бошанд ҳам, барои он солҳои мудҳиш, ки ҳар лаҳза садҳо пурдилу диловарон барои Ватан ҷон нисор мекарданд, табииянд. Дигарӣ – Ҳайдар Қосим як сол пас аз ҳамдиёри ҷовидонҷавони хеш ба дунё омада, соли 1993 ба ҳалокат расидааст. Агар ў бо марги табиӣ аз ҷаҳон мерафт, ҷои шукр буд, ки қаҳрамон аз он вартаи ҳалокатбор наҷот ёфтаву солҳо зиста ва соҳиби фарзандону наберагон шуда, ба абадият пайвастааст. Вале, афсўс, ки ин қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ қурбонии ҷанги ҷоҳилонаи ҳамватанӣ гардид ва бо дасти ифротии мутаассибу ношукре ба ҳалокат расид. Вақте ки мухолифони мазҳабӣ барои кўмакҳои ваъдагии хоҷагони хориҷиашонро гирифтан мардуми Вахшро ба он сўи марз, ба ҳиҷрати иҷборӣ тела медоданд, Ҳайдар Қосим дар аксуламал мардумро аз ин амали махуф бозмедошт. “Бимирам, дар Ватан бимирам! – мегуфт ў. – Ман барои Ватан хун рехтааму ҷонамро дареғ надоштаам, аз оғўшаш ба ягон ҷо намеравам!” Ва дар баҳои ин суханони самимиву амали ҷавонмардона ҳадафи тири нохалафон гардид… Печутоби чунин қисматҳои мунаввару амалҳои нафратбори ҷоҳилмухолифонро таҳқиқ намудан, омилҳои чунин рафторҳои қаҳрамонона ва амалҳои разилонаро дарёфтан, тақдири қаҳрамонони ҷанги барои Ватанро ба сабақи ибрату омўзиши имрўзиёну фардоиён табдил додану ояндагонро аз фитнаи дастаҳои зиддиватанӣ огоҳ намудан вазифаи сухани бадеист ва, бовар дорем, ки рўзе ин ҳама бо хомаи дардошнову рангинхаёле рақам хоҳанд шуд.         

Чизе, ки моро ба ин умедвор мекунад ва ҳамзамон ҷиҳати дигари қобили зикр дар ин маврид низ ҳаст, масъалаи ворисият дар тасвири мавзўи Ҷанги Бузурги Ватанист. Яъне, аз пирони адабиёт то ҷавонтарин адибон дар ин мавзўъ чизе эҷод карда, дар бозгўи фоҷиаи бемислу қаҳрамониҳои беназири халқамон фаслу бобе афзудаанд. Яъне, инъикоси он рўзгор ва симоҳои дурахшонаш минбаъд ҳам мавриди таваҷҷуҳи шоирони наслҳои дигар будааст ва дар ин замина навиштаҳои зиёде чун номаҳои миннатдориву шукргузорӣ аз падарони муборизу шуҳратманд рўи сафҳаҳо омадаанд. Баррасии чунин осор касро ба мушоҳидаи беихтиёри таҳаввули адабиёт, такомули ҳунари адабӣ ва вусъату жарфои инъикоси мавзўъ мерасонад. Ба ифодаи дигар, манзур аз осори шиории даъват ба муборизаи беамон бо душмани инсоният, ки зарурати замон буду дар ин амал хидмати бузурге кард, то асарҳои амиқмазмуну ҳунармандонаи адабӣ, ки чун моли адабиёт абадан эҳсосу идроки хонандаро таҳрик хоҳанд дод, расидани осори мавзўи мазкур мебошад.

Дар ин навиштаи иҷмолӣ аз ҳама осори фаровони дар ин мавзўъ эҷодшуда танҳо намунаҳои ками ашъор ва аҳёнан пораҳо аз достонҳои шоиронамон зикр шуданд.

Умед аст, ки таҳқиқу тадқиқи комилтари ин мавзўи муҳим саҳнаҳои фидокориву садоқат, хидмати шоиронро дар инъикоси он, пайванди сухану амали онҳоро бозгў мекунад, дар таҳрики эҳсоси ватандўстии наслҳои ҷавон саҳме мегузорад ва ҷиҳати баррасии минбаъдаи мавзўъ барои адибону олимон маводи бештаре фароҳам меорад.

Дигар хабарҳо