АЗ ХУБ БА ХУБТАР ШИТОБЕМ… Гузориши Раиси ИНТ Низом Қосим

Иттифоқи нависандагони Тоҷи­кистон дар соли 2023 фаъолияти хешро тибқи нақшаи кори Раёсат ба роҳ монда, пеш аз ҳама, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани супориш, амр ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, тарғиби Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, ташвиқи сиё­сати созанда ва бунёдкоронаи давлат, сазовор пешвоз гирифтани 26-солагии Ваҳдати миллӣ, 32-солагии Истиқлоли­яти давлатӣ, ташвиқи меҳанпарастӣ, худшиносию худогоҳӣ, ваҳдату дӯстӣ, пешгирӣ намудани ифротгароӣ, зиёда­равии динию мазҳабӣ, ғояҳои бегонаю бегонапарастӣ, пайравии кӯр-кӯрона ба фарҳанги бегона фаъолият кард. Дар ин доира адибон бо сокинони мин­тақаҳои гуногуни кишвар, ҳамчунин аф­сарону сарбозони қисмҳои низомӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадӣ мулоқоту вохӯрӣ ва маҳфилҳои зиёде барпо намуда, дар васоити ахбори умум мақолаю мусоҳи­баҳо чоп карданд.

Сол бо нашри фикру ақидаҳои адибон дар нашрияҳои Иттифоқи на­висандагони Тоҷикистон вобаста ба нуктаҳои муҳимми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат оғоз ёфт. Ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» дар бораи ин санади муҳим мақолаҳои Муҳриддин Низомӣ «Дастури раҳнамо ба хотири ормонҳои миллӣ», Маҷид Салим «Обу табиати сайёра – неъмати башарият», Абдуллоҳи Раҳнамо «Чаро паём муҳим аст?», «Забон ва сарнавишти сиёсии тоҷикон», Эмомалӣ Насриддинзода «Башорати шукуфоии халқ», Саид­муъмин Ятимов «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад», Бахтиёр Муртазо «Вази­фаҳои шаҳрвандӣ ва рисолати имонӣ», Равшан Махсумзод «Ватандӯстӣ ва рушд мароми мост», Аслиддин Низомӣ «Истиқлолият – айёми сарбаландиҳо», Бахтиёри Қутбиддин «Азамати НБО-и «Роғун»», Парда Ҳабиб «Адабиёт рам­зи Истиқлол аст!», Саида Назарзода «Нақши Пешвои миллат дар рушди адабиёт бесобиқа аст» (суҳбат бо А. Ҳаким) ва ғайраро ба табъ расонд.

Дар шумораи аввали маҷаллаи “Садои Шарқ” Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмо­малӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба чоп расида, дар пайи он мақолаи тафсирии сиёсатшинос Аб­дуллоҳи Раҳнамо “Дар Паёми имсола кадом нуктаҳои муҳим ҳаст?” дар шарҳи коршиносонаи Паём дарҷ гарди­дааст. Шумораи чоруми “Садои Шарқ” бо мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори телевизиони СNN шуруъ мегардад ва дар пайи он муҳимтарин нукоти ин мусоҳиба ҷой дода шудааст.

Мақолаҳои Рустам Ҳайдаров “Кафи­ли зиндагии осоишта дар ҷаҳон”(№1), Номвар Қурбон “Нақши Тоҷикистон дар ҳифзи иқлими сайёра” (№2), Рустам Ваҳҳобзода “Наврӯз – ҷашни навсозӣ ва паймони башар”(№3) ва “Адабиёти ваҳдатофарин” (№6), Нозир Ёдгорӣ “Корнамоӣ дар марзи номус” (№4), Хол­назар Муҳаббатов “Ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон кори таъхирнопазир аст” (№5), Саидмурод Фаттоҳзода ва Хай­риддин Усмонзода “Ваҳдат ва рушди ҷомеа” (№6), Фарҳод Раҳимӣ “Истиқ­лоли давлатӣ ормони таърихии халқи тоҷик аст” (№9), Ҳамроҳхон Дӯстзода “Саҳми Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои забони тоҷикӣ” (№10) фарогири матолиби тавзеҳотии муҳим­тарин нукоти Паём ва суханрониҳои раҳбарияти олии кишвар мебошанд.

Ташкили маҳфили доимоамал­кунандаи “Гуфтугӯ аз эҷод”, дарси маҳорат барои иштиёқмандони сухани бадеъ ва ҷустуҷӯи тарҷумонони ҷавон дар миёни донишҷӯёни мактабҳои олии ҷумҳурӣ, ҷустани роҳҳои нав барои таҳкими бахши танқиди адабӣ чораби­ниҳои умдае буданд.

Моҳи май маҷлиси Садорати ИН барпо гардид, ки дар он мавзуи барои ҳар як адиб муҳим – “Мушкилоти чоп ва интишори асарҳои бадеӣ” мавриди муҳокимаи ҳаматарафа қарор гирифт. Аъзои Садорат доир ба бартараф намудани монеаҳои чопу дастраси мардум гардондани асарҳои бадеӣ ба унвони масъулини соҳа пешниҳодҳои мушаххаси худро равон намуданд.

Моҳи марти соли равон маҷлиси раёсати ИН асарҳои адибонро барои дарёфти ҷоизаҳои адабии ба номи С. Айнӣ ва М. Турсунзода пешниҳод на­муд. Пас аз муҳокимаи васеи онҳо дар матбуот маҷлиси моҳи июнии раёсат асарҳои Сироҷиддин Икромӣ, Шодӣ Раҷабзод, Диловари Мирзо, Шераки Ориён, Сипеҳр Ҳасанзод, Маҳбуба Неъматзода, Уринбой Усмон, Ҳасани Султон, Абдуллоҳи Раҳнамо, Гулно­зи Тоҳириён, Хушомади Алидод ва Мисбоҳиддини Нарзиқулро сазовори ҷоизаҳои мазкур донист.

ИН ба муносибати рӯзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, таҷлили 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ, Наврӯзи соли 2024 ва дигар ҷашну чорабиниҳои муҳимми сатҳи давлатӣ корҳои вобаста — навиштани матни суруд ва иштирок дар таълифи сенарияҳоро иҷро кард.

Дар семоҳаи аввал ҳамчунин маҷ­лисҳои муҳокимаи муҳтавои нашри­яҳои ИН баргузор шуданд, ки дар онҳо дар баробари таъкиди дастовардҳо, роҷеъ ба беҳтар намудани маводҳои нашрияҳо пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд.

Моҳи май дар маҷлиси васеи кор­мандони ИН ва ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” масъалаи “Беҳтар намудани тарзи коргузорӣ ва сифати маводҳои ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” баррасӣ ва барои ислоҳи нуқсонҳо супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Бахши назм дар моҳи январ ни­шасти аввали маҳфили «Гуфтугӯ аз эҷод»-ро, ки ба мавзуи ғазал бахшида шуда буд, дар сатҳи баланд ва бо иштироки васеи шоирону мухлисони шеър баргузор кард, Ба муносибати ҷашни Наврӯз, Рӯзҳои Рӯдакиву Мав­лоно, Рӯзҳои Президент, ҷавонон, Парчами давлатӣ дар толори калони ИНТ маҳфилҳо барпо гардиданд. Ба муносибати ҷашнҳои шоирон Ҳақна­зар Ғоиб, Аҳмадҷон Раҳматзод, Бозор Собир, Баҳриннисо, Султон Шоҳзода, Ҷӯра Ҳошимӣ, Розия Озод, Неъмат Оташ, Ҷамшед Пирим, Саъдулло Ра­биӣ, Ҳикмат Раҳмат, Ҳайрат Шанбез­ода, Шафоати Назар, Озод Аминзода, Лутфишо Додо, Иззатбек Идизод дар сатҳҳои гуногун маҳфилҳо баргузор шуда, дар бораи ҳаёту эҷодиёташон дар нашрияҳои ИН мақолаҳо ба табъ расиданд.

Ба муносибати Рӯзи ҷавонон дар ҳамдастӣ бо Раёсати кор бо ҷавонони пойтахт маҳфили барандагони Ҷо­изаи Раиси шаҳри Душанбе Сурайё Аҳмадзод ва Шаҳриёр Олимӣ барпо шуд, ки дар муаррифии эҷодкорони фаъоли соҳибистеъдод иқдоми муҳим мебошад.

Бо қарори Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи май дар Академияи миллӣ ва Иттифоқи нависандагон маҳфилҳои бузургдошти Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукӯҳӣ барпо шуданд. Ба муносибати 100-солагии шоир мунтахаби осори ӯ аз нав чоп ва асарҳои мондагораш бори дигар ба ҷомеа ёдрас гардиданд.

Ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо мусоидати бахши назм як гурӯҳ шоирон дар чорабиниҳо ширкат ва суханронӣ карданд. Дар моҳи сен­тябр ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ ва Рӯзи Мавлоно дар маҷлисгоҳи ИНТ маҳфили бошукӯҳи адабӣ бо ишти­роки адибону донишмандони тоҷик, эронӣ ва афғонистонӣ, моҳи ноябр дар мавзуи «Шеъри нав дар Тоҷикистон: нуқтаҳои қувват ва заъф» мизи мудав­вар барпо гардид.

Дар давоми сол аъзои созмон дар тамоми марҳалаҳои озмунҳои ҷумҳу­риявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” фаъолона иштирок намуда, натанҳо иштироккунандагонро роҳнамоӣ ва до­варӣ карданд, балки дониши худро низ такмил дода, барои навиштани асарҳои замонавӣ идеяҳои тоза ёфтанд.

Моҳи октябр дар шаҳри Хуҷанд бо ширкати намояндагони аҳли адаб аз тамоми кишвар 70-солагии шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардида, ба тантана ва таҷаллии дастовардҳои адабиёти мо дар партави Истиқлолияти давлатӣ табдил ёфт.

Бахши наср дар моҳи феврал ни­шасти илмиву адабии “Бурду бохти жанри детектив дар адабиёти даврони соҳибистиқлолӣ” ва моҳи июн маҳ­фили илмӣ-адабии «Жанри қисса ва инкишофи он дар насри муосир»-ро доир намуд.

Ба муносибати ҷашнҳои нависанда­гон Аширмат Назаров, Раҳим Ҳайдар, Мирзо Насриддин, Ҳилолиён Аскар, Раҳмон Остон, Баҳодур Файзулло­ев, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Бобо Насриддин, Ҳакималии Назаралӣ маҳфилҳо баргузор шуда, дар бораи ҳаёту эҷодиёташон дар нашрияҳои ИН мақолаҳо ба табъ расиданд.

Дар доираи ҳамкориҳои адабии Ит­тифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ду қиссаи нависандаи ӯзбек Нуралӣ Қобул, “Осмони кӯдакии ту” ва “Салом, кӯҳҳо!” тарҷума ва дар маҷаллаҳои “Садои Шарқ” ва “Паёми Суғд” нашр шуд.

Ҷиҳати дастгирӣ ва дилгармии адибони ҷавон намунаи осори ғолибо­ни бахшҳои эҷоди насру назми Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Шаҳёда, Мижгона, Диловар ва дигарон чоп шуданд.

Бо ибтикори бахши наср дар Мар­кази ҷумҳуриявии кӯдакону наврасон ҷиҳати дарёфт ва тарбияи нависан­даҳои наврас маҳфили доимоамалку­нандаи “Маҳорати суханварӣ ва эҷоди наср” ба кор шуруъ намуд.

Аз зодрӯзи Розия Озод 130 сол гузашта бошад ҳам, номи неки ӯ чун як зани ватандӯст ва модари мушфиқу тарбиятгари фарзанди бузурги миллат Бобоҷон Ғафуров ҳамеша дар ёдҳост. Ин нукта тавассути маҳфил ва як қатор мақолаҳо, аз ҷумла дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”, бори дигар бозгӯ шуд.

28-уми январ дар муассисаи давла­тии «Китобхонаи миллӣ» дар ҳамкорӣ бо шуъбаи нақди ИНТ рӯнамоии ки­тобномаи шарҳиҳолии адабиётшиноси шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои фи­лологӣ, профессор Аҳмад Абдуллоев баргузор гардид. Шодравон узви соз­мон набошад ҳам, тамоми умр барои рушди танқиду тақризи корагар заҳмат кашида, дар нақди адабиву адабиёт­шиносӣ мақоми хос дорад.

16 март шуъбаҳои нақд ва публит­систика бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳо­нии муҳофизати пиряхҳо ва қатъномаи СММ «Оид ба муҳофизати пиряхҳо» мизи мудаввар баргузор намуданд. Дар он адибон, олимон, рӯзномани­горон, донишҷӯёни факултаҳои рӯз­номанигорӣ ва бахши обуҳавосанҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

21 июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Ваҳда­ти миллӣ таҳти унвони «Нақши Ваҳда­ти миллӣ дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» мизи мудаввар баргузор ва феҳристи «Ваҳдати миллӣ» рӯнамоӣ гардид. Дар ҷамъомади мазкур намо­яндагони ИНТ, хоса аъзои шурои нақди адабӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.

Дар давоми соли ҷорӣ тақризҳои зиёде ҷиҳати дастгирии маводи пеш­баришуда ба ҷоизаҳои адабии ба номи С. Айнӣ ва М. Турсунзода чоп шуданд. Навиштаҳои Абдунабӣ Сатторзода, Муҳаммад Шодиев, Шамсиддин Солеҳ, Рустами Тағоймурод, Муҳтарам Ҳотам, Насимбек Қурбонзода, Мухтор Мирзо­аҳмадов, Носирҷон Салимӣ, Сурайё Ҳакимова, Муҳриддин Сабурӣ, Азизи Азиз роҷеъ ба китобҳои “Кайфар”-и Диловари Мирзо, “Дасти боло”-и Шодӣ Раҷабзод, “Ҷусторҳо дар назму наср ва нақди адабии муосир”-и Мисбоҳидди­ни Нарзиқул, “Ҳар давру ҳар мард”-и Тоҳири Муҳаммадризо, “Лозар”-и Ху­шомади Алидод, “Метин”-и Урунбой Усмон, “Чароғи ҳидоят”-и Сипеҳри Ҳасанзод, “Барфи хунолуд”-и Си­роҷиддин Икромӣ, “Дӯст дор зистан”-и Абдуллоҳи Раҳнамо, “Афсонаи себ”-и Ҳасани Султон, “Шакардара”-и Маҳбу­ба Неъматзода бо умқу воқеънигорӣ имтиёз доранд.

Бахши нақди адабӣ ва адабиётши­носӣ танҳо бо маҳфилу маъракаҳои илмиву адабӣ маҳдуд нагардида, ро­битаи худро бо донишмандони ҳирфаӣ торафт хубтар ба роҳ мемонад. Имсол маъракаи васеи бознигарии осори узви ИНТ дар 10 соли охир баргузор гашт ва аз ҷумла бо ибтикори шуъбаи мазкур осори 40 нафар аъзои ИНТ баррасӣ шуд.

Дар давоми сол мактубҳо, аз ҷумла аз сафоратҳои Арабистони Саудӣ, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, Фаластин, Туркия, иттифоқҳои нависандагони Беларус ва Ӯзбекис­тон оид ба масъалаҳои гуногун ворид гардида, мавриди корбарӣ қарор гирифтанд. Хурсандибахш аст, ки бо таваҷҷуҳи сафоратҳои кишварҳои дӯст робитаҳои адабӣ бо мамлакатҳои мазкур беш аз пеш мушаххастару пур­бортар мешаванд.

Моҳи июн гуруҳи адибони маъруфи ӯзбек, аз ҷумла Нависандаи халқии Ӯзбекистон Эркин Аъзам, Шоири халқии Ӯзбекистон Усмон Азим, Хо­дими шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон Салим Кенҷа, доктори илми филология Олимҷон Давлатзода барои изҳори таслият ба адибони тоҷик дар робита ба даргузашти Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун ташриф оварданд. 10 июн дар ИНТ бо онҳо мулоқоти самимие барпо шуд, ки дар он масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи судманди адабӣ баррасӣ гардиданд.

Бо мақсади шинос кардани хонандагони рус ва русизабони Россия асарҳои адибони тоҷик Муъмин Қано­ат, Гулназар, Аскар Ҳаким, Рустам Ваҳҳобзода, Фарзона, Муҳтарам Ҳо­там, Азизи Азиз, Ато Мирхоҷа, Равшан Махсумзод, Ато Ҳамдам, Абдурофеъ Рабизода дар сомонаи расмии Итти­фоқи нависандагони Россия – Стихи. Ру ва Проза.Ру гузошта шуд.

Имсол Равшан Махсумзод, Толи­би Луқмон, Азизи Азиз, Сироҷиддин Икромӣ, Бузургмеҳри Ҳаким дар маҷ­лисҳо, ҷашнҳо ва намоишҳои китоб дар Доғистон, Санкт-Петербург, Эрону Қазоқистон иштирок намуда, оид ба адабиёти тоҷик ва робитаҳои адабӣ суханронӣ карданд ва дар муаррифии китобҳои адибони тоҷик ва тарҷумаи асарҳои адибони кишварҳои мазкур ширкат варзиданд.

Соле, ки мегузарад, дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байнал­милалии “Наҷоти Арал” таҳти Раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар­гузор гардид. Ба ин муносибат тарҷума ва чопи шеъру ҳикояҳои шоирони ин кишварҳо сурат гирифт ва дар бораи ин баҳри барои минтақа муҳим шеъру таронаҳо эҷод шуда, дар “Шоми дӯстӣ”, ки аз ҷумла адибон даъват шуда бу­данд, садо доданд.

Моҳи октябр Намоиши байналми­лалии “Китоби Душанбе” барпо шуд. Ба сифати меҳмони вижа адибони шинохтаи Россия Сергей Шаргунов, Максим Замшев, Афанасий Мамедов ва Алёна Каримова дар он ширкат варзиданд. Дар Осорхонаи миллӣ ва Иттифоқи нависандагон бо онҳо ва адибони эронӣ вохӯриҳо баргузор гашта, масъалаҳои ҳамкориҳои адабӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ба ҳамин муносибат намунаҳои асарҳои нависанда, депутати Думаи давлатӣ, раиси Иттифоқи нависанда­гон ва ноширони Россия Сергей Шар­гунов, сиёсатмадор ва фарҳангшиноси машҳури рус Михаил Швидкой, сар­муҳаррири ҳафтаномаи “Литературная газета” Максим Замшев, нависанда Афанасий Мамедов ва шоиру тарҷумон Алёна Каримова дар тарҷумаи Камол Насрулло, Салими Зарафшонфар, Си­роҷиддин Икромӣ ва Сурайё Аҳмадзод ба нашр расиданд.

Бояд гуфт, ки ба шарофати таҳки­ми робитаҳои ҳасанаи кишварҳоямон ҳамкориҳои адабӣ байни адибони тоҷику эронӣ густариш ёфта истода­анд. Адибони ҳарду ҷониб дар таҷлили рӯзҳои бузургдошти устод Рӯдакӣ, Мавлоно, Саъдӣ ва Шаби Ялдо маҳ­филҳои муштарак барпо намуда, барои тақвияти равобит заминаи бештар мегузоранд.

Бо хоҳиши сафири нави Араби­стони Саудӣ мулоқоти ӯ бо раиси Иттифоқи нависандагон доир гардид. Масъалаҳои ҳамкориҳои адабӣ, аз ҷумла тарҷумаи асарҳои ҳамдигар ва иштироки адибон дар чорабиниҳои адабию фарҳангии ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар хусуси чоп ва муаррифии китоби шеърҳои шоири муосири араб Холид ал-Файсал мувофиқа ҳосил шуд.

Дар доираи сафари Президенти Эрон ба Тоҷикистон мулоқоти хонуми ӯ Ҷамила Содот Аламулҳудо бо гурӯҳи калони адибон барпо шуд. Мубодилаи васеи афкор сурат гирифт ва дар хусуси баргузории кунгураи адибони форсизабони дунё, ки бо навбат дар кишварҳои форсизабон, аз ҷумла соли 2024 дар Эрон доир мегардад, муво­фиқа карда шуд.

Бо дастури раҳбарияти ИНТ му­аррифиномаи мухтасари ИНТ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ барои ба созмонҳои эҷодии дигар давлатҳо фи­ристонидан омода гардид.

Тибқи муроҷиати сафорати Қи­рғизистон ва дастури ДИПҶТ охири моҳи декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси байналми­лалӣ ба муносибати 95-солагии адиби маъруф Чингиз Айтматов барпо шуд. Дар он раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо маъруза дар бораи ро­битаҳои адиби маъруф бо Тоҷикистон ва адабиёти тоҷик баромад ва адибон Гулрухсор Сафӣ, Бахтиёр Муртазо, Абдуғаффор Абдуҷаббор, Мансури Сурӯш дар мубодилаи афкор иштирок намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ кор бо на­вқаламон, аз ҷумла драматургони ҷавон, дар мадди назар буд. Сабаби ин иқдом ба жанри душворписанди драма бисёр кам рӯ овардани ҷавонони эҷодкор аст. Ба хотири беҳбуди вазъ шурои драматургияи ИН таваҷҷуҳашро ба дарёфт ва тарбияи истеъдодҳои ҷавон равона сохтааст. Дар доираи ин ташаббус аз байни иштирокчиёни озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” навқаламони боистеъдод пайдо наму­да, осори драматургони ҷавон Дорои Суҳроб, Мунаввара Саъдуллоева, Таманно Шокирова ва Беҳрӯз Қайюмӣ мавриди муҳокима ва таҳрир қарор дода шуд.

Ҳамчунин, бахши драматургия дар маҷлиси муҳокимаи намоишномаҳои “Зан ва дузд” ва “Пораабри сафеди Чингизхон”-и Театри Лоҳутӣ ва намо­ишҳои Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Парасту-23” иштирок ва ибрози анде­ша дошт.

Бахши адабиёти кӯдакон ва навра­сон ба 100 асари нави бачагонае, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм пешниҳод шуданд, тақриз навишта, ҳусну қубҳ ва арзиши бадеии онҳоро муайян кард. Дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм барои хонандагони син­фҳои поинии мактабҳои Тоҷикистон 4 хрестоматияи рангаю калонҳаҷм омода гардид, ки барои таҳияи китоби хониши синфҳои ибтидоӣ заминаи хубанд.

Адибони бачаҳо дар чорабиниҳои фарҳангии кишвар фаъолона ширкат варзида, дар ноҳияҳои Айнӣ, Дева­штич, Истаравшан, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Варзоб, аз ҷумла дар мавсими тоби­стон дар истироҳатгоҳҳои бачагон, бо хонандагони хурдсол вохӯрию суҳбатҳо доир намуданд.

Бахш дар ҳамкорӣ бо телевизиони «Баҳористон» чандин барнома воба­ста ба тарғиби китобу китобхонӣ, ба муносибати 100-солагии нависандаи машҳури бачаҳо Аминҷон Шукӯҳӣ маҳ­филҳои зиёд барпо намуд.

Адибон дар доираи Фестивали кито­би бачаҳо ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафар ва бо хонандагон мулоқотҳо доир карданд. Барои эҷоди китоби хурдсолон дар соли 2023 Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар ҳам­корӣ бо Иттифоқи нависандагон озмун эълон карда буд. Ба он 30 асари нав пешбарӣ шуда, муҳокимаашон моҳи январи соли 2024 баргузор мегардад.

Маркази тарҷумаи бадеӣ дар соли ҷорӣ дар доираи нақшаи кории худ шу­мораи панҷуми солномаи «Литератур­ный Таджикистан»-ро ба чоп супурд. Дар он, ки аз 12,5 ҷузъи чопӣ, яъне 199 саҳифаи компютерӣ ва ҳафт бахш — «Из наследия мастеров современности», «Проза», «Поэзия», «Литература для детей и юношества», «Из творчества русскоязычных литераторов Таджикис­тана», «Очерк и публицистика», «Кри­тика и литературоведение» иборат аст, асарҳои адибони гузашта ва муосири тоҷик ба забони русӣ тарҷума шуда, ба табъ мерасанд. Аз ҷумла осори устод Садриддин Айнӣ, Абдуҷаббор Каҳҳорӣ, Ҳоҷӣ Содиқ, Жола Бадеъ, Ғаффор Мирзо, Баҳром Фирӯз, Гулчеҳра Су­лаймонова, Абдураҳмон Абдуманнон, Аламхон Кучарзода, Муҳиддин Хоҷа­зод, Зиё Абдулло, Азизи Азиз, Гурез Сафар, Гулноз, Чоршанбеи Деҳнавӣ, Матлубаи Ёрмирзо ва дигарон, инчунин асарҳои адибони русизабони Тоҷики­стон Ҷамила Мурувватиён ва Комила Камолова чоп шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ Маркази тарҷумаи Иттифоқ дар доираи татбиқи лоиҳа оид ба таҳия ва омода намудани тазкираи ада­биёти муосири Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аз ду қисм (наср ва назм) иборат аст, ҳамчун ҳамоҳангсоз ишти­рок намуда, тарҷумаи намунаҳои осори 48 нависанда ва 36 шоири шинохтаи муосири русро ба забони тоҷикӣ сари вақт таъмин кард. Ҳамин буд, ки куми­таи масъул ба нишони қаноатмандиву сипос яке аз фаъолони ин кори муҳим, адиби маъруфамон Абдураҳмон Аб­думаннонро бо дипломи Шекспир мукофотонид.

Ходимони Марказ Амонбой Ҷума­нов ва Интизор Умарова асарҳои Азизи Азиз, Абдулҳамид Самад, Сироҷиддин Икромиро ба забони ӯзбекӣ тарҷума карданд. Ходими Марказ Нарзулло Назар ба тарҷумаи ҳикоя ва афсо­наҳои Азизи Азиз ба забони арабӣ машғул аст. Ҳамчунин, аз рӯи тарҷумаи таҳтуллафзи ӯ китоби шеърҳои шоири машҳури араб Холид ал-Файсал дар тарҷумаи бадеӣ ба чоп омода гардид.

Дар соли 2023 Маркази тарғиби ада­биёт ва фарҳанги миллӣ эҳё гардида, ба фаъолияти густарда оғоз кард. Мар­каз дар муддати соли равон бештар аз 100 чорабинии гуногуни фарҳангӣ доир намуд. Адибон тибқи нақша дар тадби­рҳои фарҳангӣ ба муносибати ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, рӯзҳои Ваҳдат, Истиқлолият, Забони давлатӣ, Конститутсия, Президент, Парчами давлатӣ фаъолона ширкат варзиданд.

Силсилаи суҳбатҳо таҳти унвони “Мавқеи Тоҷикистон”, “Давлатдории миллӣ ва сарнавишти тоҷикон”, “Аҳам­мияти ташаббусҳои Пешвои миллат дар масъалаҳои об ва иқлим”, “Об — омили калидӣ дар муттаҳидсозии халқу миллатҳо”, “Айнӣ — сиёсатмадор”, “Давлатдорӣ ва ойини ватандорӣ”, “Нақши худшиносии миллӣ дар таҳки­ми давлатдорӣ”, силсилаи суханро­ниҳо дар семинари бозомӯзии имом­хатибони шаҳру ноҳияҳои кишвар, «Мактаби сулҳофарии Пешвои миллат — раҳнамои ҷавонон», “Инъикоси осо­ри Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар Осорхонаи миллӣ”, “Таъмини амнияти иттилоотӣ бахши муҳимми таҳкими истиқлоли давлатӣ”, “Шукӯҳи истиқ­лол”, Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ, “Ташаб­бусҳои ҷаҳонии ҶТ дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо”, Рӯзи забони давлатӣ, “Мавлоно ва забони тоҷикӣ”, “Забон – ҳастии миллат”, “Роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои иф­ротгаро”, “Ифротгароии динӣ — таҳдид ба амнияти Осиёи Миёна”, «Нақши хизматчиёни давлатӣ дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳара­катҳои экстремистиву террористӣ», шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба МО ҶТ, мулоқотҳо бо сарбозон ва афсарони неруҳои ма­рзбонӣ дар вилояти Суғд, суханрониҳо дар ҳамоишҳои “Тарбияи ватандӯстии ҷавонон — омили муттаҳидии миллат”, “Мақоми зан дар адабиёти тоҷик” му­ассиру судманд буданд. Дар мулоқоту вохӯриҳо адибон Абдуллоҳи Раҳнамо, Ато Мирхоҷа, Озарахш, Ато Ҳамдам, Камол Насрулло, Аскар Ҳаким, Ру­добаи Мукаррам, Мирзо Шукурзода, Толиби Луқмон, Сироҷиддин Икромӣ, Насимбек Қурбонзода ва дигарон фаъолона иштирок намуданд.

Марказ инчунин ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон, водии Яғноб гурӯҳҳои таблиғотӣ фиристода, дар сафари 10-рӯзаи ҳайати бонуфуз ба ВМКБ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаъолона иштирок намуд.

Нашрияҳои ИНТ дар соли ҳисобо­тӣ сари вақт чоп шуда, дар тарғиби сиёсати фарҳангии давлат ва амалӣ намудани нақшаи кори Раёсати созмон саҳм гузоштанд. Тибқи анъана, ҳисобо­ти онҳо дар семоҳаи аввали соли нав дар ҷаласаҳои баррасии фаъолияти яксолаашон мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт.

Шуъбаҳои вилоятии ИН низ дар соли гузашта фаъолияти пурсамар доштанд ва ҳисоботҳояшон шунидаву муҳокима хоҳанд шуд.

Мо ҳанӯз таҳти таъсири файзбах­ши Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ҳастем. Он масъалаҳои муҳимми чанд соли фаъолияти дав­лату миллати моро мавриди баррасӣ қарор дода, вазифаҳои давраи мин­баъдаро муайян кард. Дар Паём, аз ҷумла шеъру шоир, сухану суханвар, мактабу китоб ва тарбияи завқу мавқеи устувори иҷтимоӣ, ки яке аз вазифаҳои муҳимми адабиёт ҳам ҳаст, зикр шуд, ки далели таваҷҷуҳи накоҳандаи Пе­швои миллат ба адибон ва фаъолияти барои ҷомеа зарури онҳост. Ин водо­рамон месозад, ки ҳамеша вассофи Ватани чун чаман, мардуми бофару фарҳангофар ва давлату сиёсати ободсози Ватану бунёдсози халқамон бошем. Дар иҷрои ин вазифаи пуриф­тихору пурмасъулият, амалӣ намудани нақшаи тозаи кори созмонамон, ки аз ҷумла беҳбуди минбаъдаи фаъолият, таҷлилу бузургдошти санаву шахси­ятҳои бузурги давлату миллатамонро дар назар дорад, ба аҳли қалами кишвар дар соли нав муваффақиятҳо орзу мекунам.

Дигар хабарҳо