Ҳабибулло Абдураззоқов дар муҳити фарҳангиву адабӣ ба камол расида, чун ҳунарпешаи асил барои рушди санъати касбӣ, театр ва синамои тоҷик хидматҳои пурарзише кардааст. Соли 1961 баъди хатми Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарский (ГИТИС)-и Маскав фаъолияти эҷодии худро дар Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкин (ҳоло ба номи Камоли Хуҷандӣ)-и […]Идома...
— Аз хурдӣ мусиқӣ бароям оромиш мебахшид. Ҳар бор, ки садои созеро мешунидам, гӯшу ҳуш мешудам. Ҳеҷ намефаҳмидам, ин ҳама дилбастагӣ аз куҷост, вале медонистам, ки дар вуҷудам муҳаббати бекаронае нуҳуфтааст, — мегӯяд ҳунарпешаи шинохта, директори Оркестри симфонии Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Салимҷон Бурҳонзода. Зиёда аз 50 сол аст, ки Салимҷон […]Идома...
28-уми июли соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар оғоз раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Амирбек Мӯсозода тибқи масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа атрофи омодагиҳо бобати дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор намудани даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» сухан карда, аз ҳозирин нисбати масъалаи зикргашта, фаъолнокӣ ва муносибати ҷиддиро хоҳиш […]Идома...
Ғуломалиев Ғуломҳайдар – Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1946), Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1955), Ҳунарпешаи халқии ИҶШС (1957). Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба таърихи пуршарафи халқамон таваҷҷуҳ бештар гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ «Тоҷикон дар оинаи таърих, аз Ориён то Сомониён» менависанд: “Албатта, яке аз сарчашмаҳои аслии ҳувияти миллӣ муроҷиати доимӣ ба […]Идома...
Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи медали «Хизмати шоиста» Мирзоумари Мирзоаҳмад яке аз ҳунарпешагони шинохтаи Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ аст, ки меҳмони меҳмонхонаи ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» гардид. Муддати чил сол аст, ки номбурда дар саҳнаи театр бо нақшҳои рангини хеш дили тамошобинро дар даст дорад. Меҳмони мо дар ин қадар муддати фаъолияти эҷодӣ наздики 100 […]Идома...
Чанд манзара аз зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асланшоҳ Раҳматуллоев Асланшоҳ Раҳматуллоев дар зиндагӣ марди хуштолеъ аст. Бахт насибаш гашта, ки соҳиби ду падар ва ду модар бошад. Модару холаи Асланшоҳ ҳамсарони бародарон Аскаршоҳ ва Зуҳуршоҳ ҳастанд. Рухсорамоҳу Аскаршоҳ волидайни аслиаш буда, Низорамоҳу Зуҳуршоҳ холаву амакаш. Волидайни аслиаш зиёӣ буданд, амаку холааш ходимони […]Идома...
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия намоиши «Асарҳои рассомони рус аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид, ки он то 23 август идома меёбад. Дар намоиш 62 мусавва- раи 50 рассоми рус аз қабили офаридаҳои И. К. Айвазовский, А.А. Дейнека, А. К. Саврасов, Б. М. […]Идома...
Аҳли эҷоди Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавони Хуҷанд ба номи О.Назаров мавсими 24 — умро бо нахустнамоиши драмаи мусиқии «Қонуни ҷангал» -и Ҷумъа Қуддус анҷом доданд, — хабар дод корманди театр Мирзоюсуф Аҳмадов. Дар ин мавсим намоишҳои ҷолиби диққати «Дӯсти ҳақиқӣ» — и М. Бартенев, ««Қурбоққачаи якрав» — и Озарахш, «Тозагӣ гарави саломатӣ» ва «Сеҳри […]Идома...
(ДАР ЁДБУДИ ХУНЁГАРИ МУМТОЗ ҶӮРАБЕК НАЗРӢ) Аз он рӯз, ки қалби мани ғамзадаи ғариб аз шунидани марги нобаҳангоми марди шариф, ҳамсуҳбати беҳтарин, дӯсту бародари бисёр азиз, Ҷӯрабек Назрӣ, сӯхту дида ашк рехт, як сол гузашт. Дар ин муддат дарёфтам, ки ӯ ҷисман аз мо рафту ба ҷавори Ҳақ пайваст, аммо номаш, ёдаш, симояш дар зеҳни […]Идома...
Ҷилои «Сад ранги чакан» Дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраеви пойтахт ҷамъбасти Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид. Дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, КИМ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо, ниҳодҳои корпуси дипломатӣ, чеварону ҳунармандон ва фаъолон аз […]Идома...