Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳоди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Алишер Мирзонаботовро дар бобати ба номи қуллаҳои баланди назми муосири тоҷику форс, дорандагони ҷоизаҳои давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон ва унвонҳои олии Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар ва Муъмин Қаноат гузоштани қуллаҳо дар ҳудуди ВМКБ хуш истиқбол намуда, самимона дастгирӣ мекунад. Ин навид тамоми қаламкашони […]Идома...
Имрӯз ба зодрӯзи намои адабиёти миллати тоҷик 144 сол пур шуд Имрӯз, 15 апрел ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, адиби оламшумул Садриддин Айнӣ 144 сол пур шуд. Устод Айнӣ миллати тоҷикро сарҷамъ кард, ба ин миллат шукӯҳу шаҳомат дод, ҷойгоҳи онро миёни дигар миллатҳои бумии Осиёи Марказӣ ба таври шоиста муайян кард, ҷавониву умри бобаракати худро […]Идома...
15 апрел дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 70-солагии нависанда ва публитсист Карим Мўсо маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар сухани ифтитоҳии хеш аз хидматҳои Карим Мўсо пеш аз ҳама дар рангу бори дигар гирифтани жанри очерк дар адабиётамон ёдовар шуда, номбурдаро аз қаламкашони пурмаҳсул ном гирифт. Адабиётшиносон Алии Муҳаммадии […]Идома...
Аз Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рўдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рўдакӣ қарор мекунад, ки дар асоси низомномаҳои Кумита ва Ҷоиза ва қарорҳои бахшҳо асарҳои зерин ба озмуни дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рўдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, […]Идома...
31-уми марти соли 2022 ҷаласаи навбатии Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим аъзои Раёсатро бо рўзномаи маҷлис шинос намуда, онро ба баррасиву муҳокима гузошт. Мувофиқи рўзнома, аввал масъалаи даъвати маҷлиси Садорати ИНТ ба миён гузошта шуд. Аъзои Раёсат баъди мулоҳизаронӣ якдилона ба ин қарор омаданд, ки маҷлиси навбатии Садорати Иттифоқи […]Идома...
Раёсати Иттифоқи нависандагон, аз 31 марти соли равон, қарор дод, ки Садорати навбатии ИНТ 26 май даъват карда шавад. «Бурду бохти нақди адабӣ дар даҳ соли охир» мавзуи маҷлиси Садорат муайян гардид.Идома...
Ба муносибати 85-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ Ўрун Кўҳзод дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода шоми эҷодии ин нависандаи забардаст баргузор гардид. Адибону адабиётшиносон, дўстону ҳамқаламон аз хидматҳои шоёни Ўрун Кўҳзод дар рушди насри муосири тоҷик ёдовар шуданд. Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа дар сухани […]Идома...
Дар арафаи ҷашни Наврўз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи драматургияи ин созмон бахшида ба 110-солагии драматурги маъруф Ғанӣ Абдулло нишасти илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Ғанӣ Абдулло – поягузори драматургияи тоҷик» баргузор гардид. Равшан Махсумзод, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, нишастро ҳусни оғоз бахшид. Сипас Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо, доктори илми санъатшиносӣ, профессор Мунира […]Идома...
Боиси таассуф аст, ки нақди адабӣ дар умум ва хосса нақди наср дар адабиёти тоҷик дар чанд даҳсолаи охир ҷойгоҳ ва дар натиҷа таъсири худро гум кардааст. Ин амр, ба назари ман, чанд омил ва сабаб дорад, ки куҳулати сол ва фавти адабиётшиносон ва мунтақидони маъруфи мо (М. Шакурӣ, С. Табаров, А. Сайфуллоев, Ҷ. Бақозода, […]Идома...
25 феврал дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили ёдбуд бахшида ба 70-солагии шоир, рўзноманигор ва публитсист Исматулло Ибод баргузор гардид, ки дар он адибон, санъаткорон, пайвандони адиб, ҳамкорон ва ҳаводоронаш иштирок карданд. Муовини раиси Иттифоқи нависандагон Равшан Махсумзод, Нависандагони халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо ва Шералӣ Мўсо аз рўзгору осори Исматулло Ибод суханрониҳои пурмуҳтаво карданд. Мудири шуъбаи […]Идома...