Адибон дар мавзӯи доғи рӯз

 Адибон дар мавзӯи доғи рӯз

19 апрел дар Иттифоқи нависандагони Тоҷики­стон дар мавзуи «Шеваҳои пешгирӣ ва мубориза бо ифротгароии динӣ ва хурофотпарастӣ» мизи мудаввар доир шуд.

Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа мизи мудавварро бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ на­муд. Дар он директори Маркази тарғиби адабиёти ИНТ Абдуллоҳи Раҳнамо маърузаи пурмуҳтаво пешниҳод кард.

Муовини раиси ИНТ Равшан Махсумзод, Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода, шоирон Зиё Абдулло, Шаҳрия Аҳтамзод, Сафар Амирхон, нависандагон Мирзо Шукурзода, Зариф Ғулом ва адабиётшинос Абдураҳмон Абдуманнон дар бораи ин зуҳуроти номатлуби аср ва роҳҳои пешгирияш андешаронӣ намуданд.

Дигар хабарҳо