Дарси Устод Улуғзода
Ба муносибати 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
Бо хотира зинда будани инсон мисли хуршед равшан аст, ки инро такрор ба такрор гуфтаанд ва дар асарҳои бадеӣ низ ба қалам додаанд. Зеро дар акси ҳол одамизод хӯсаеро мемонад беруҳу беҷон, вуҷудеро мемонад сарсону саргардон дар ин дунёи бекарон. Бино бар ин, аз қадим ғосибони маккор ҷиҳати зафар ёфтан бар халқҳои дигар мекӯшиданд, ба ҳар роҳе бошад, аввал фарзандони далеру шуҷоъ ва донишмандону аҳли қалами онро аз байн бубаранд, сонӣ тадриҷан ҳофизаи таърихии боқимондагонро маҳв созанд. Зиёданд мисолҳо аз ин боб дар саҳифаҳои таърихи башар. Онҳо ин амали разилонаро ба он хотир анҷом медоданд, ки барои инсони бехотира ягон чизи муқаддас вуҷуд надорад, ҳеч ягон чиз наметавонад раги номуси ӯро бедор кунаду ангезишу таҳрик диҳад, дар муқобили беадолатию бедодгариҳо ба мубориза даъват намояд. Имрӯз низ ин корҳо идома доранд, ҳатто бештар гаштаанд ба роҳу усулҳои нав. Чунин ба назар мерасад, ки абарқудратҳо барои амалӣ намудани нақшаҳои тарҳрезинамудаи хеш, хусусан ба даст овардани зимоми идораи ҷаҳону халқҳои дигарро ба худ мутеъ кардан ва сарватҳои моддию маънавиашонро ба нафъи худ истифода бурдан, аз ҳамон усули куҳнаву озмудашуда ва роҳҳои нав истифода мекунанд. Масалан, яке аз роҳҳои пинҳону содааш ҳамон раванди ҷаҳонишавист, ки бо вуҷуди дар назари аввал нек намудан, оқибатҳои бад низ дорад. Зеро ба ин роҳ кишварҳои пешрафта мехоҳанд тадриҷан фарҳанги хешро ба сари дигарон бор кунанд ва асолати миллию забони онҳоро заиф гардонанд. Эшон аввал росту дурӯғ урфу одат, ҷаҳонбинии динӣ, тарзи зиндагӣ ва таърихи он халқҳоро то метавонанд таҳриф намудаву ба насли наврасу ҷавонаш ба ранги сиёҳ ҷилва дода, корномаҳои фарзандони фарзонаашро дар роҳи ҳақиқату адолат як амри беҳуда ба қалам медиҳанд ва баъд тадриҷан ба ҷойи он фарҳанги худашонро ҷойгузин мекунанд.
Мутафаккири рус Михаил Ломоносов мегӯяд: «Халқе, ки таърихи худро намедонад, оянда надорад». Аз ин рӯ фарзандони бедори ҳар миллат мекӯшанд, то ҳамқавмонашон ҳамеша худшиносу худогоҳ, ватандӯсту зираку ҳушёр бошанд, хотираи таърихии хешро аз даст надиҳанд. Дар анҷоми ин кори хайр, яъне зинда нигоҳ доштани ҳофизаи таърихӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ, аз ҳама беш шоиру нависандагон, муаррихону рассомону оҳангсозон ва дар маҷмуъ аҳли қаламу илм бештар саҳми бориз доранд. Онҳо бо асарҳои ҷовидонаи хеш мисли чароғи роҳнамоянд дар ҷодаи худшиносӣ ва худогоҳию ватандӯстӣ.
Агар аз ин дидгоҳ ба адабиёти муосирамон назар андозем, баъд аз устод Садриддин Айнӣ симои гарму ҷаззоб, чеҳраи ҳамеша андешаманду пуршукӯҳи Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода пеши назар меояд. Улуғзодаи донишманд, нависандаи чирадасту олими нуктадон, драматурги нозукбину тарҷумони заршинос. Нависандае ки ҳар сатри асарҳояш бӯйи таърихи миллати ҷафокашидаи мо мекунад. Ҳукми сарнавишти ин адиби тавоно чунин будааст, ки қисмати худаш дар зиндагӣ ҳамранги тақдири қаҳрамонони асарҳои офаридаашанд: мисли Рӯдакӣ (драмаи «Рӯдакӣ»), Фирдавсӣ (романи «Фирдавсӣ»), Сино (драмаи «Ҷавонии Ибни Сино»), Аҳмади Дониш (драмаи «Алломаи Адҳам») аз дасти зимомдорони вақт ҷабру ҷафоҳо кашидаву заҳри маҳрумиятҳоро чашидан, аз дасти ҳамқаламони манфиатҷӯ дар кунҷи танҳоӣ паноҳ ҷустан ва бо вуҷуди ин, аз эҷод даст набардоштан, ба хотири худшиносии ҳаммиллатонаш қалам аз даст нагузоштан. Мисли Темурмалик (аз драмаи «Темурмалик»), Восеъ (романи «Восеъ») ҳақгӯю ҳақталош будан, дар назди ҳеҷ амалдору касу нокас сар хам накардан. Устод Улуғзода аз аввал дар драматургияву насри муосир пештозу парчамдор буд, зеби минбарҳо, дар давраҳо боиззат, дар маҳфилҳои адабию илмӣ болонишин буд. Аммо баъди ҷилои ватан кардани писари муғамбираш ба Ингилистон дар бало монд, Гӯё вай гунаҳкор бошад ба он амали ноҷои писар. Хулоса, ин ҳодиса сабаб гашту аз нимаи дуюми солҳои шастуми асри бист ҳама, аз ҷумла ёру дӯстон ва ҳамқаламонаш, аз адиби маъруфу забардаст дурӣ ҷустанд. Ҳеч кас намехост, ба худ дарди сар харад, зеро аллакай, ба қавле, мошини азими давлатӣ бар зидди ӯ ба кор даромада буд. Дигар нависандаи машҳур аз забонҳо афтид, сатре аз ӯ ба табъ намерасид, ба маҳфилу маҷлисҳо даъваташ намекарданд. Аммо бо вуҷуди ин ҳама ноҳақию маҳрумиятҳо дилаш ба зиндагӣ сард ва меҳраш ба халқу ватанаш коста нагардид. Ҳаргиз заифнолӣ накард, пеши касе арзу дод низ, набурд, шикоят нанавишт. Охир, виқору тамкин ва шукӯҳи ба худ хос дошт ин адиби тавонои мо! Иззати нафс, истеъдоду ҳунари худододаш ва манзалаташро дар илму адабиёт ва ҷомеа хуб медонист. Медонист, ки ин рӯзҳо, сиёсатбозиҳою беадолатиҳо мегузаранду ҳақ ба ҳақдор мерасад ва оқибат халқи шукргузораш, давлатдорони бедору ватандӯст ва фарзандони худшиноси миллаташ ба қадраш мерасанд.
Аз ин рӯ, муттасил аз таърихи бою куҳану фарзандони некноми миллат асарҳо менавишт, то мо аз ниёкони баору номуси хеш ибрат гирем ва фаромӯш накунем, ки гузаштагонамон кӣ буданд, чӣ рӯзҳои сахтро дар ҳифзи марзу буми хеш ва истиқлолу озодӣ ба сар бурдаанд, дар рушди илму фарҳанги башарият чӣ саҳм доранд. Нависанда менависад: «Одамӣ бояд ниёкони хешро бишносад, то бидонад, ки худи ӯ кист ва ба ҷаҳон баҳри чӣ коре омадааст. Бидонад, ки некӣ чист, одамият чист, мурувват чист. Меҳнатдӯстӣ биёмӯзад, некандешӣ ва некхоҳӣ биёмӯзад».
Тавре устод Улуғзода дар қиссаи ёддоштии «Субҳи ҷавонии мо» ишора кардааст, завқи омӯхтани таърихи халқи худ дар вуҷуди ӯ ҳанӯз овони донишҷӯи Дорулмуаллимини Тошканд буданаш лона гузошта будааст. Муаллиф аз профессор Андрееви рус ёд меорад, ки дар қалби бачаҳои кӯҳистонӣ, аз ҷумла ӯ, нахустин зарраҳои худшиносиро бедор карда, халқи худро шинос гуфта буд. Вақте ки профессори ошиқ ва муҳаққиқи фарҳангу забони тоҷикӣ аз талабаҳои бухороиву помирӣ дар хусуси кӣ будани Рӯдакию Носири Хусрав мепурсаду онҳо якеро «аз одамҳо шунида будам: дар қадим ҳамин хел як валӣ гузашта будааст» мегӯяду дигарӣ «Шоҳносири Хисравро пайғамбар мегӯянд ва помириён ба вай ихлос доранд» гӯён посух медиҳад, Андреев ба онҳо мефаҳмонад, ки Рӯдакию Носири Хусрав на валӣ буданду на шоҳ, балки шоирони бузург, файласуфони варзида, инсонҳои ҳақиқатгӯву озодихоҳ буданд ва мудом аз дасти шоҳону валиҳои замон ҷабру ҷафо кашида, овораю дарбадар шуданд. Улуғзодаи наврасро ин гуфтаҳои олими рус сахт таъсир кард ва барои бештару хубтар дониш андӯхтану таърихи халқи худро омӯхтан таҳрик дод. Устод мегӯяд: «Ман дар солҳои баъд таърихи халқи худро омӯхтам, бо эҷодиёти Рӯдакӣ, Носири Хусрав ва арбобҳои дигари маданияти гузаштаамон шиносоӣ пайдо кардам, лекин олими рус, ки нахустин бор ба ман «халқи худро шинос» гуфт ва худаш ҳам намунаи чунин шиносоӣ буд, як умр дар хотири ман монд».
Имрӯз ҳар як талабаю донишҷӯ, дар маҷмуъ наврасу ҷавони тоҷик, метавонад ин суханҳоро дар ҳаққи худи устод Улуғзода бигӯяд. Ӯ худ имрӯз намунаи ана ҳамин гуна шиносоӣ аст. Зеро ҳар сатри ин нависандаи забардастамон ба мо талқин мекунад: халқи худро шинос! Адиби тавонои миллат бо навиштаҳои худ то абад ба гӯши мо занги бедорӣ мезанад, то худшиносу худогоҳ аҳлу тифоқ ва дар ғами миллати хеш бошем, таъриху бою адабиёти пурғановати онро омӯзем, ба бузургонаш арҷ гузорем, урфу одати халқамонро донем, бегонапарастӣ накунем…
Агар мо ба асарҳои нависанда жарф назар андозему тафаккур кунем, онҳо дар маҷмуъ як дарси мудовими таърихи халқи тоҷикро мемонанд. Дарси муаллим Улуғзода ба ҳаммиллатонаш! Зеро нависанда ҳадафмандонаю пайгирона дар ҳикоя, қиссаву роман ва асарҳои драмавию филмномаҳои худ аз қабили «Ривояти суғдӣ», «Фирдавсӣ», «Темурмалик», «Алломаи Адҳам», «Восеъ» то «Калтакдорони сурх», «Дар оташ» ва ғайра давраҳои барои миллату халқи мо душвору фоҷиавӣ (ҳуҷуми арабҳо дар асри ҳафтум, бедодгарии муғулҳо дар қарни сенздаҳум, зулми манғитиён беш аз якуним аср, Инқилоби Бухоро, босмачигарӣ, Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ) ва ҳоказоро бо ҳама шебу фароз ва бурду бохтҳояш ба қалам додааст. Ҳақиқати таърихро таҳриф накардааст, ки ин барои таълифи асарҳои таърихӣ муҳим ба шумор меояд. Албатта осон нест ин кор. Дониши фарох, дидаи ҳақбину фитрати ҳақгӯй мехоҳад он. Тавре аз суҳбату навиштаҳои нависанда бармеояд, ӯ пеш аз таълифи асарҳои худ рӯзҳо дар бойгониҳо нишаста, асноду ҳуҷҷатҳоро варақ зада омӯхтааст ва агар лозим донаду имкон даст диҳад, бо шоҳидони зиндаи воқеаҳои мавриди назар (масалан, романи “Восеъ”) вохӯрда, сипас бо истифода аз тахаюли бадеӣ, ки аз ҳақиқати таърих об мехӯрад, ба кор оғоз менамудааст. Буданд мунаққидоне, ки мехостанд баъзе асарҳои нависандаро бофтаю ба афсона монанд қаламдод кунанд. Муаллиф ба ҳамаи онҳо посухи қотеона дода буд. Ҳоло ба суханони прототипи яке аз қаҳрамонони драмаи «Калтакдорони сурх», муборизи зидди босмачигарӣ, ходими намоёни ҳизбиву давлатии замони шуравӣ Муқим Султонов, ки дар дастгир кардани Иброҳимбек саҳм дораду замони дар саҳнаи театр ба намоиш гузоштани пйесаи мазкур дар қайди ҳаёт буд, гӯш фаро диҳед: «Агар шумо дар хусуси муборизаи мо бар зидди босмачиён донистан хоҳед, намоиши пйесаи «Калтакдорони сурх»-ро бубинед. Дар ин пйеса, мисли дар пӯлоди шамшер дурахшидани шуои офтоб, ҳаёт ва муборизаи мо бар зидди босмачиҳо ҳаққонӣ инъикос ёфтааст».
Баъдан, душвортарин кор барои нависандае, ки асарҳои таърихӣ менависад, кор ба забон аст. Чунки ӯро лозим меояд, забони ниёконро хуб донад, донад, ки дар он замонҳои дур гузаштагони мо чӣ гуна вожаю истилоҳҳоро дар ин ё он маврид истифода мекарданд. Охир, инсони асри даҳ наметавонад мисли имрӯзиён суҳбат кунад, яъне бисёр калимаю ибораҳое ки алҳол дар мо роиҷ аст, ба кор барад. Баъзан мо асарҳои таърихиро мехонем ба чунин забон, ки қобили қабул нест. Забон низ, мисли як вуҷуди зинда, инкишоф меёбад, ғанӣ мегардад ва ё баъзе вожаҳоро ба боди фаромӯшӣ медиҳад. Аз забони асарҳои устод Улуғзода бармеояд, ки ӯ ба ин ҷиҳати масъала аҳаммияти хоса медодааст. Ин ҷо мехоҳам аз “Ёди як суҳбат” ном мақолаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ёдовар шавам. Шоир дар хусуси суҳбати ду нависандаи бузургамон – Сотим Улуғзода ва Ҷалол Икромӣ, ки дар ҳузури ӯву чанд адиби ҷавон дар беморхонаи ҳукуматӣ сурат гирифтааст, ёд карда менависад, ки Ҷалол Икромӣ ба забони романи “Фирдавсӣ”, – аз андоза зиёд истифода шудани калимаҳои куҳна эрод гирифтанд, ки хонандагон онҳоро дуруст намефаҳманд ва баъзе калимаҳоро (амсоли “гироидан”) метавон сода кард. “Дар бораи Фирдавсӣ ба забони кӯчаю бозор навишта намешавад”, гуфтаанд устод Улуғзода дар ҷавоб ва афзудаанд: “Ҷалолхон, медонед, ман филмномаи “Қисмати шоир”-ро ба русӣ навишта будам. Зеро забони ноби классикиро хуб намедонистам. Аз Деҳотӣ хоҳиш кардам, ки онро ба тоҷикӣ баргардонад”. Баъд, – менависад Гулназар, – ба мо, ҷавонон, аз ҳоло ҷиддӣ омӯхтани забонро маслиҳат дода, Улуғзода бо табассум гуфтанд: – Ана ҳамин хел, ҷӯраҳо. Маҷбур, ки шудем, забони ниёгонро омӯхтем. Акнун дар бораи гузаштагони бузург, мисли Фирдавсӣ, навиштан мумкин аст…”
Ин шаҳодати сахтгирии устод Улуғзода нисбат ба худ дар кори сангини нависандагӣ ва эҳтироми бепоёни ӯ ба сухан ва забони модарӣ аст. Албатта, ӯ метавонист забони асри Фирдавсиро ба таври худ ба қалам диҳад, аммо виҷдонаш иҷоза намедод ба ин кор, зеро чунончи худаш иқрор шудааст, ба таври кофӣ луғоти мавриди истифодаи он замонро, ки имрӯз мо аз ёд бурдаву истифода намекунем, намедонист. Аммо баъдҳо вай ба забони басе шево, бою рангин ва ноби классикӣ қиссаи “Ривояти суғдӣ” ва романи “Фирдавсӣ”-ро таълиф кард, ки то ҳол дар адабиёти муосирамон назир надоранд.
Дар қиссаи «Ривояти суғдӣ» муаллиф муборизаи беамони суғдиёни диловарро бар зидди арабҳои ғосиб, ки на танҳо сарзамини моро ғорат карданд, бал дини аҷдодиямон, то андозае забону фарҳанг ва ҳувияти миллиамонро тағйир доданд, нишон додааст. Муҳтавои ин асари ҳаҷман хурду бамағзу маънӣ намоди олии диловарию ватандӯстӣ бар зидди ғосибон аст. Нависанда ба қалами тези худ собит кардааст, ки душмани маккору бераҳм ба баҳонаи имон оваронидани ниёконамон ба дини ислом, худ чӣ беимониву имонфурӯшиҳо карданд нисбат ба мардуми озодаи мо. Ногуфта намонад, ки барои миллати мо ҳуҷуми арабҳо фоҷиаи бузурги таърихӣ буд.
Дар қисса муаллиф ҷавонмардӣ, озодагӣ ва руҳи бешикастаи аҷдодони барӯманди моро то ҳуҷуми араб ва муборизаи оштинопазири онҳоро бар муқобили адӯи қаттол нишон додааст. Аммо бубинед, баъди он ҳама куштору бедодгариҳо тадриҷан мардум ба қотилони худ чӣ гуна муносибат мекунанд: «Соле чанд гузашт, арбоби дини ислом Моликро ба зумраи «азизон» дохил карданд. Саҳобаи ҳазрати Саид бинни Усмон бинни Аффонаш мехонданд ва номашро бо «разиаллоҳу анҳу» ёд мекарданд, ки ин дуо дар ҳаққи сарварони дину давлат баъд аз сари онҳо гуфта мешуд. Дар гӯристон ба вай мақбара сохтанд, дар паҳлуяш хонақоҳ андохтанд. Мутаваллӣ ва шайхҳо пайдо гардиданд. Гӯраш «мазори мутабаррикаи ҳазрати Молик ибн-ур-Райби шаҳид» ном гирифт.
Диндорон ба зиёрати он мерафтанд, ба шоҳҳои дарахте, ки дар сари гӯраш нишонда шуда буд, латтаҳо мебастанд. Беморони шифоталаб, занони безурёт аз гӯри вай хок мебурданд, ки ба ақидаашон хоки ҳоҷатбарор буд…»
Ин ҷо сухан дар бораи як нафар араби дузду одамкуш, амалдори бераҳму золим меравад, ки доди бедодиро дода буду нисбат ба суғдиён ҳама бадиро раво дид ва оқибат аз дасти онҳо кушта шуд. Аммо аламовар он аст, ки боқимондагон чӣ гуна муносибатро раво мебинанд нисбат ба қотили падару бобоёни худ…
Имрӯзҳо мо дар бораи афзудани таассубу хурофот дар ҷомеа, боварии кӯр-кӯрона ва ба гуфтаи муллоҳои чаласаводу фолбинҳо фирефта шуда, чӣ номаъқулиҳо кардани бархе аз ҳамзамононамон мегӯему амалҳои ношоистаи онҳоро аз барномаҳои телевизион мебинем. Устод Улуғзода шояд махсус ин ҷузъиётро дар қисса овардааст, то мардум аз хурофоту зиёрати ҳар гуна ба ном “зиёратгоҳ”-и дурӯғин парҳез кунанд.
Фоҷиаи дигаре ки ба сари халқи мо бадбахтиҳои зиёд овард, ҳуҷуми муғулҳо дар асри сенздаҳ буд. Нависанда ин фоҷиаро дар драмаи «Темурмалик» бисёр муассир ба қалам додааст. Тавре пажуҳишгари маъруф Лариса Демидчик қайд мекунад, Сотим Улуғзода шикасти қаҳрамони халқи тоҷикро аз ноиттифоқӣ, лоқайдиву фитнаангезии на танҳо ҳамқавмонаш, бал ҳамсояхалқҳо низ медонад. Ин андешаро устод Улуғзода аз забони Темурмалик чунин ба қалам додааст: “Агар мо оқибат мағлуб шавем, бидонед, ки аз кинаю адовати қавмҳо, аз нифоқу низоъи онҳо мағлуб шудаем, на аз камии шуҷоатамон ё аз зӯрии душман. Носозӣ, ноиттифоқии қавму қабилаҳо моро нотавон ва ҳар кадоми онҳоро дастбурди деви ҳаводис мегардонад… Оё рӯзе мерасида бошад, ки қавму қабилаю халқҳо мисли бародарон ба ҳам аҳл, якдилу якҷиҳат шаванд! Он вақт моро аз ҳеч душман, аз ҳеч фитнаи замон, аз ҳеч ҳаводиси рӯзгор тарсеву биме нахоҳад буд”.
Оё ин аламу ҳасрати Темурмалики диловар имрӯз низ мубрам нест? Оё имрӯз низ кишварҳои Осиёи Марказӣ дар рӯбарӯи таҳоҷуми сиёсиву фарҳангии абарқудратҳо қарор нагирифтаанд? Инро низ метавон дарс ва даъвати муаллим Улуғзода ба ҳаммиллатон ва дар маҷмуъ ҳама халқҳои минтақа ҷиҳати ҳамдигарфаҳмию ҳамраъйӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба хотири осудагиву ободии хонаи умумии мо – Осиёи Марказӣ унвон кард.
Сотим Улуғзода муҳиммияти ҳамфикриву ваҳдатро ҷиҳати расидан ба озодию пирӯзӣ дар дигар асарҳои худ низ пайгирӣ намудааст. Масалан, Восеъ низ аз ҳамроҳ нашудани барзгарони дигар рустоҳо ва ё рафтори додараш Қосим, язнааш Сангалӣ, ҳамсояааш Маҳмадалӣ, Саидалӣ, ки дар лаҳзаҳои ҳасос ба ҳар сабаб аз мубориза даст кашидан мехоҳанд, ба шӯр меояд, даъвои содалавҳонаи онҳоро, ки гӯё вай барои мир шудан ба майдони мубориза омадаааст, сахт мазаммат мекунад.
Қиссаи «Субҳи ҷавонии мо» танҳо саргузашти Собир нест, муаллиф дар симои ин писарбачаи ятим рӯзгори сангини халқи моро дар оғози қарни ноороми бистум, зулму истибдоди амиру амалдорони ҷоҳил ва диндорони мутаассиб ба сари мардуми бечораву бенавою беҳуқуқ ва муборизаҳои беамони синфиро ҷиҳати халосӣ аз юғи манғитиёну аз байн бурдани сохти феодалӣ, таъсиси ҷумҳурии мустақил дар таркиби давлати шӯроҳо, бунёди мактабу маориф ва ҳоказоро ба қалам додааст. Ин як достони пур аз алами анҷомаш нек аст.
Нависанда таърихи начандон дури халқамон, яъне барпо намудани ҳокимияти шуроҳоро, ки худ шоҳиди бевоситаи он буд, дар дигар асарҳояш низ ба қалам дод. Зиддияти наву куҳна дар ҳаёти халқ, мубориза бар зидди босмачиён, бунёди ҳаёти нав ва сохти сотсиалистӣ дар драмаҳои ӯ «Калтактадорони сурх», «Шодмон», “Гавҳари шабчароғ”, романи «Навобод» ва ҳоказо тасвири бадеии хешро ёфтаанд.
Дар хусуси як давраи мушкили ҳаёти халқамон – солҳои Ҷанги бузурги Ватанӣ бар зидди фашистони олмонӣ устод Улуғзода ягон асари калонҳаҷм нанавишта бошад ҳам, онро дар мақолаву очерк, ҳикоя ва драмаҳояш тасвир кардааст. Ӯ худ аз рӯзҳои аввали ҷанг ба фронт рафт ва ба ҳайси мухбири ҳарбӣ дар рӯзномаҳо хидмат намуд. Дар асарҳои ба мавзуи ҷанг бахшидааш низ, нависанда кӯшидааст бештар қаҳрамонии тоҷикписаронро дар он задухӯрдҳои хунин ва ақибгоҳ ба қалам диҳад: “Вай шаҳри Ленинро мудофиа мекунад”, “Дар оташ” (дар бораи Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ Тешабой Одилов), ”Қаҳрамони Днестр, Висла ва Одер” (оид ба саргузашти ҷангии Мирзо Бобоҷонов ва Фахриддин Аминов), «Ба ҳуҷум», «Як ва саду як» (дар бораи тирандози моҳир Отахон Низомов), «Ёрони боҳиммат» (ҳаёти ақибгоҳ ва ҳаёти ҷанговари шуҷоъ Ҷӯрабек Азизов), «Навобод» (бунёди колхозҳо ва муносибатҳои нави ҷамъиятӣ) ва ғайра маҳсули қалами ӯ дар ин мавзуанд. Нависанда дар ин асарҳояш низ инсонҳои диловару поксиришт ва меҳандӯсту меҳнатиро, ки барои таъмини зафар бар душман бо тамоми ҳастияшон меразманд ва онҳоеро, ки дар ақибгоҳ шабу рӯз заҳмат кашида, дар фарорасии рӯзи ғалаба саҳм гирифтанду барои фардои босаодат талош мекунанд, ситудаасту ҳамзамон нафарони буздилу хоин ва манфиатҷӯю муғамбирро мазаммат кардааст.
Устод Сотим Улуғзода дар шинохти шахсиятҳои таърихӣ, бузургони илму адаби тоҷик, ки дар рушди маърифати на танҳо миллати хеш, балки ҷаҳониён саҳми бориз гузоштаанд, низ заркориҳо кардааст. Эҷоди чунин асарҳо амсоли монографияи илмӣ-оммавии “Пири ҳакимони Машриқзамин”, “Аҳмади Дониш”, пйесаҳои “Рӯдакӣ”, “Темурмалик”, “Алломаи Адҳам”, филмномаҳои “Қисмати шоир”, “Ҷавонии Ибни Сино”, романи “Фирдавсӣ” аз як ҷониб ба хотири арҷ гузоштан ба бузургмардони бошарафи миллатамон анҷом дода шуда бошанд, аз дигар тараф дарси муаллим Улуғзода ҷиҳати бедор намудани ҳисси ифтихор аз гузаштагони худ ва таҳкими ҳувияти миллӣ аст. Дарси аёнӣ. Чӣ гуна бояд мисли ин бузургмардон сарбаландона зист, илму дониш андӯхт, миллату ватани худро дӯст дошт ва ба хидматаш камар баст…
Дуҷилдаи мансури «Достонҳои Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, ки аз ҷониби нависанда анҷом дода шуд, дарси дигари муаллим Улуғзода аст ба наврасону ҷавонон. Зеро ин заҳмати ӯ қисми зиёди мардуми моро ба ин ҳамосаи миллиамон шинос кард. Хусусан дар замони шуравӣ талабаҳои мактаб маҳз тавассути ҳамин дуҷилда ба «Шоҳнома»-и безавол ошно шуда, дил бастанд ба он, бо корномаҳои Коваи Оҳангар, Рустами Дастон, Суҳробу Гурдофариду Сиёвуш ва дигар қаҳрамонони ин асари безавол шинос шуда, дарси диловарию меҳандӯстӣ аз бар намуданд. Устод ба забони фаҳмою шево беҳтарин достонҳои ин шоҳкорро ба наср баргардонида, пешкаши хонандагон кард. Баъдан дар хусуси зиндагии муаллифи ин шоҳасар романе навишт ба номи «Фирдавсӣ». Зиндагии Фирдавсии бузург низ дарс аст барои мо. Дарси мактаби бузурги суханофарӣ, ки шоир тавассути он Аҷам зинда карду миллионҳо нафарро ошиқу шефтаи лафзи шевои порсӣ гардонд. Дарси озодагиву мардонагӣ, ватандӯстию қаҳрамонии Фирдавсие ки дар ҳар сатри асари бузургаш доди ватанхоҳӣ мезанад.
Дарси дигари нависанда ин беҳтарин офаридаҳои адибони ҷаҳонро аз қабили «Дон Кихот»-и Сервантес, «Ҳамлет»-и Шекспир, «Ғурмагас»-и Войнич, «Борис Годунов»-и Пушкин, “Гунаҳгорони бегуноҳ”-и Островский, “Модар”-и Горкий ва ҳоказоро ба забони ширину фасеҳ ва баёни салис ба тоҷикӣ гардониданаш аст, то ҳаммиллатонаш аз адабиёти ҷаҳон баҳра баранд. Ин дарси ибрат барои тарҷумонҳои ҷавон низ ҳаст дар мактаби тарҷумонӣ.
Хулоса, устод Сотим Улуғзода умре бо ғаму шодии халқу ватанаш зисту эҷод кард. Ҳар коре анҷом дод, ҳар асаре навишт, ҷудо аз ин ду мафҳум набуд. Ва ҳар сол таҷлили ҷашни зодрӯзи ӯ дар арафаи иди бузурги миллиамон – Рӯзи Истиқлол басо рамзӣ ва хушоянд аст. Зеро устод ҳамеша озодию истиқлоли ватани азизашро мехост ва ба ҳамин армон мардона қалам меронду асарҳое навишт, ки саршор аз ғояву мазмуни меҳанпарастиву истиқлолхоҳианд. Ва метавон гуфт, чунин асарҳо тадриҷан моро ба ин рӯзи нек расониданд. Руҳи устод Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Носири Хусрав, Аҳмади Донишу устод Айнӣ ба мо мададгор шуд. Виркану Темурмалику Восеъ, Салиму Собиру Шодмону Нуралӣ, Зайнабу Ҷӯрабекҳо ва дигар қаҳрамонҳои офаридаи ин сухансози тавоно барои ҳамин рӯз, ба хотири соҳибихтиёрӣ ва ободии диёри хеш ҷонфидоиҳо кардаанд.
– Халқи худро шинос! – садо мекунад устод Улуғзода аз ҳар авроқи осори мондагораш ба мо. Ва ин садо ҷовидонист.
Равшан МАХСУМЗОД



