Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии шоир ва нависандаи тоҷик Баҳром Фирўз маҳфили илмиву адабӣ баргузор шуд. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим изҳор дошт, ки Баҳром Фирўз тамоми зинаҳои камолотро ҳамчун як адиб тай карда буд. Бештар дар кори нашриёт заҳмат кашид. Ҳам адлу инсоф дошт ва ҳам сахтгиру масъулиятшинос буд. Мутаассифона, бар […]Идома...
Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ёдбуди шоир ва нависанда Баҳром Фирӯз таҷлил гардид. Бахшида ба 80 солагии адиби тоҷик Баҳром Фирӯз 1 ноябри соли ҷорӣ дар толори иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили адабӣ фарҳангӣ баргузор гардид. Дар хонаи адибон нависандагону шоирон, муҳаққиқону пажуҳишгарон, ҳунармандон, пайвандон ва ҳаводорони осори ин нависандаи зиндаёд ҷамъ омада аз фаъолият ва хизматҳои арзандааш ёд карданд. Ҳангоми ифтитоҳия аз тарафи Раиси Иттифоқи нависандагони […]Идома...
Рўзи 19 сентябр дар шаҳри Маскав маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Иттиҳодияи байналмилалии ташкилотҳои ҷамъиятии «Созмони байналмилалии иттифоқҳои нависандагон» баргузор гардид. Дар маҷлис масоили ҳисоботи молиявию хазинадории он, комиссия тафтишотӣ, интихоби раис ва роҳбарияти он баррасӣ шуд. Иштирокдорони маҷлис доир ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карданд. Директори Хазинаи адабиёти ИНТ Акбар Абдулло дар ҷаласа ширкат намуда, андешаҳои […]Идома...
Дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати Рўзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ базми шеъру суруд баргузор гардид. Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа чорабиниро ҳусни оғоз бахшид. Гардонандаи маҳфил Озарахш, Шоири халқии Тоҷикистон, ки ҳунари навозандагиву сарояндагӣ низ дорад, дар баробари мардумро бо шеър, бо санъати худ бањраманд кардан дар бораи мусиқии шеъри […]Идома...
Дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати Рўзи Рўдакӣ маҳфили бошукўҳи адабӣ баргузор гардид. Дар маҳфил адибон, адабиётшиносон, донишҷўён ва дигар ҳаводорони шеър иштирок намуданд. Гардонандаи маҳфил мудири бахши назми ИНТ, шоир ва муҳаққиқи шинохта Муҳаммадалии Аҷамӣ нахуст аз паҳлуҳои гуногуни эҷодиёт ва зиндагии устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ сухан кард. Ў зикр […]Идома...
«Марди роҳ» китоби шоирест, ки воқеан худ марди роҳи шеър буд ва кўлвори пур аз дастовардҳои бузург дошт. Китобест, ки нафақат дар эҷодиёти устод Лоиқ, умуман дар адабиёти мо мавқеи бисёр равшан дорад. Устод Лоиқ завқи баланди шоирӣ, ҳувияту ифтихори дурахшони милливу ватандорӣ дошт. Мавзўъҳои муҳимтарини рўз, ки ба ҳар дил мерасанд, дар шеърҳои устод […]Идома...
Дар пойтахти Қазоқистон — шаҳри Нурсултон аввалин Форуми нависандагони Осиё бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев баргузор шуд. Мақсад аз баргузории он таҳкими минбаъдаи робитаҳои адабию фарҳангӣ байни кишварҳои қитъаи Осиё, муаррифии чеҳраи муосири давлати соҳибихтиёр, адабиёт ва арзишҳои маънавии Қазоқистон ва мубодилаи таҷриба бо кишварҳои Осиё оид ба рушди раванди адабӣ мебошад. Дар форум […]Идома...
«Саройи санг» яке аз нахустин асарҳои бузурҳаҷми насрии шоир ва нависандаи тоҷик Ато Мирхоҷаи Неру мебошад. Китоб аз ду ҷилд иборат буда, ҷилди аввали он ба фурӯш бароварда шуд. Қабл аз маросими рӯнамоӣ дар шаҳри Хоруғ даҳҳо нусхаи ин китоб зуд ба фурӯш рафт. Раиси бахши вилоятии Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон Лаълҷубаи Мирзоҳасан бо изҳори хушҳолӣ аз зуд ба фурӯш рафтани […]Идома...
Насли ҷавони имрўз, ки он солҳо наврас ва тифлакони гуруснаву берўзӣ буданд, инак 22 сол аст, ки аз ҳавои сулҳу осоиштагии Тоҷикистони соҳибистиқлол нафас мекашанду озодона кору фаъолият менамоянд. Воқеан, 27 июни соли 1997 дар саҳифаҳои таърихи ҷомеаи навини Тоҷикистони азизамон муқаддас ва тақдирсоз маҳсуб мешавад. 22 сол мешавад, ки аз эҳёи миллӣ ва баҳамоӣ, худсозӣ […]Идома...
Бори аввал дар таърихи адабиёти муосир аз ҷониби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо номи «Литературный Таджикистан» (бо забони русӣ) алманахи солона нашр гардид. «Литературный Таджикистан» таҳти таҳрири Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар матбааи «Сухан» бо сифати баланд ба зевари табъ ороста шуд. Тавре дар сарсухан омадааст, он ба хотири огоҳии бештар пайдо кардани хонандагони русзабон […]Идома...