Бозор Собир — шоири маҳбуби тоҷик, ки чанде пеш ба аёдати фарзандон ба Иёлоти Муттаҳидаи Америка сафар карда буд, бар асари беморӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтл бистарӣ гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин хабар огаҳ шуда, ба роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар […]Идома...
Устод Садриддин Айнӣ бо эҷоди «Марши ҳуррият» шеъри муосири моро ба маҷрои комилан тозае ворид намуд ва барои ташаккулу таҳаввули минбаъдаи он заминаи созгор фароҳам овард. Аз эҷоди ин шеъри навоварона 100 сол сипарӣ гардид ва то кунун аҳаммияти он ҳамчун нахустин шеъри ѓайрисуннатӣ аз назари шаклу қолаб гум нашудааст. Дар робита бо ин дар […]Идома...
Аслан шоирию нависандагӣ мактаб надорад ва ин ҳунари худодод дар натиҷаи омӯзиш ва меҳнати шабонарӯзӣ метавонад бор оварад. Дар адабиёти ҷаҳон, аз ҷумла адабиёти тоҷик низ, адибоне ҳастанд, ки бо вуҷуди соҳиби касбу кори дигар будан, оқибат меҳру муҳаббати сухану қалам онҳоро ба майдони адабиёт оварду эшон асарҳои хуб эҷод карданд. Шумо низ, ҳарчанд факултаи […]Идома...
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар баробари солҷашни адибони маъруф солҷашни асарҳои мондагори адабиёти муосири тоҷикро низ ба ҳукми анъана даровардааст. Ин бор адибону пажӯҳишгарон, донишҷӯён ва алоқамандони адабиёт баъди си соли нашри романи «Се рӯзи як баҳор»-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун барои суҳбат дар атрофи ҷойгоҳу арзиши баланди он дар ИНТ ҷамъ омаданд. Тавре ки […]Идома...
Халқро аз асли халқ огоҳ кард, Халқро раҳ доду соҳиброҳ кард, Бо дили дарёву бо рӯи кушод Роҳу расми неки пулсозӣ ниҳод, Кард афзун меҳру ёриро зи нав, Хислати бунёдкориро зи нав, Ақлро омехт бо қалбу гудохт, Сохт давлат аз дигар, ҳам халқ сохт! Адибони тоҷик имрӯз барои шарҳу тавзеҳи Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба […]Идома...
Машварати адибони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи сеюми октябр дар вилояти Суғд оғоз шуда буд, 4-5 октябр кори худро идома бахшид. Ёдовар мешавем, ки осори адибони ҷавони ҷумҳурӣ дар Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ, Китобхонаи бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ, факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар шаш бахш, аз ҷумла назм, наср, нақди адабӣ […]Идома...
Дар ҳисоботи эҷодии адиб нишондодҳои зерин ба эътибор гирифта мешаванд: — адиб дар муддати солҳои 2015-2018 чӣ асарҳо навиштааст? (Номи асар, жанр, ному санаи чопи рўзнома ё маҷаллае, ки асар дар он нашр шудааст, номи китоб ё маҷмўа бо нишон додани нашриёту соли нашр); — асарҳое, ки аз ҷониби шўроҳои эҷодӣ муҳокима ва ба чоп […]Идома...
27 декабри соли 2017 дили адиб ва публитсисти маъруф Холмурод Шарифов аз тапиш бозмонд. Холмурод Шарифов 12 феврали соли 1927 дар деҳаи Кулолии ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент таваллуд ёфтааст. Дар хурдсолияш хонаводаашон ба водии Вахш кӯч бастааст. Солҳои 1937-1938 дар хонаи бачагони Вахш тарбият гирифта, фаъолияти меҳнатияшро аз 15-солагӣ дар ноҳияи Октябри вилояти Қӯрғонтеппа […]Идома...
НИЗОМ ҚОСИМ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2017 Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар давоми соли 2017 тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва нақшаи Раёсати ИНТ корҳои мушаххас анҷом дод, ки ҳадафи ниҳоии онҳо дастгирии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Моҳҳои январ ва феврал қувваи […]Идома...
Чуноне ки қаблан хабар дода будем, аз 3 то 6-уми октябри соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд Машварати омӯзишии адибони ҷавони мамлакат бо ташаббуси ИНТ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид, ки барои иштирок дар он ҷавонони эҷодкор аз манотиқи кишвар, аз ҷумла Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва шаҳру навоҳии тобеи […]Идома...