Аз сеюм то панҷуми октябри соли равон дар вилояти Суғд Машварати адибони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Осори адибони ҷавони ҷумҳурӣ дар Китобхонаи вилояти ба номи Тошхӯҷа Асирӣ, Китобхонаи бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ, факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар шаш бахш, аз ҷумла назм, наср, нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ, адабиёти бачагона, публитсистика, адабиёти ӯзбак мавриди […]Идома...
Дар шумораи нави маҷаллаи «Нёман»-и Ҷумҳурии Беларус намунаҳои осори адибони имрӯзи тоҷик зери рубрикаи «Сябрына»: Беларусь-Таджикистан» пешкаши хонандагони ин кишвар шуд. Силсилаи мазкур бо пешгуфтори Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим «Нуқтаи пайванд» («Точки соприкоснавения»), ки дар он сухан роҷеъ ба робитаҳои таърихӣ ва адабии Тоҷикистону Беларус меравад, оғоз мешавад. Намунаҳои ашъори Муъмин Қаноат, Гулназар, […]Идома...
Машварати омӯзишии ҷумҳуриявии адибони ҷавон субҳи сеюми октябри соли равон дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд шурӯъ гардид. Дар рафти маросими кушодашавии машварат муовини раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо ва адибони шинохта Гулназар, Аскар Ҳаким, Камол Насрулло, Низом Қосим, Фарзона, Атахон Сайфуллоев, Аҳмадҷони Раҳматзод, Ато Мирхоҷа, Парда Ҳабиб, Акбари Абдулло ва дигарон иштироку суханронӣ намуданд. […]Идома...
Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон насри даврони Истиқлолият аз ҷониби нависандагон ва адабиётшиносону мунаққидон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Муовини раиси Иттифоқи нависандагон Юнус Юсуфӣ дар оғоз иброз дошт, ки дар насри замони истиқлол воқеан бо шарофати ваҳдату осудагӣ дигаргунию пешравиҳо дида мешаванд. Номбурда бар хилофи андешаҳое, ки гӯё жанри ҳикоя рӯ ба таназзул овардааст, зикр […]Идома...
Ба ифтихори 25-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовар вохӯрии Шоири халқии Тољикистон Гулназар ва Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоев бо кормандони ин ниҳод баргузор шуд. Директори агентии мазкур Шерхон Салимзода вохӯриро ҳусни оғоз бахшида, дар бораи ҳаёту фаъолияти меҳмонон чанг сухан гуфт. Сипас адибони маъруф роҷеъ ба арзиш ва ҷойгоҳи Истиқлол дар давлатдорӣ […]Идома...
Имрӯзҳо кори Комиссияи таҳлилу омӯзиши сатҳи касбӣ ва маҳсули эҷодии аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бамаром ҷараён дорад ва силсилаи тақризҳо ба эҷодиёти аъзои нави Иттифоқ дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» нашр шуда истодаанд. Мо назари чанде аз адибони шинохтаро дар бораи ин тадбир пурсон шудем. ГУЛРУХСОР: Мо дар давру замон ва фасли дигаре зиндагӣ ва […]Идома...
25-26 июли соли равон дар шаҳри Ваҳдат курс-конференсияи минтақавии адибони ҷавони пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ баргузор шуд. Нахуст дар Кохи маърифати шаҳр ба ин муносибат ҷаласаи умумӣ доир шуд, ки ба он Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ифтитоҳ бахшида, ба адибони ҷавон масъулияти сангини суханофарӣ, заҳмати қаламкашӣ, амиқу ҳушмандона омӯхтани осори […]Идома...
13 юли соли ҷорӣ дар толори бошукӯҳи хонаи нашри «Звязда»-и шаҳри Минск рунамоии шумораи нави маҷаллаи адабӣ-бадеӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Помир» бо ширкати адибони маъруфи кишвари дӯсту бародари Беларус, рӯзноманигорон ва чанд тан аз кормандони корпусҳои дипломатии муқимии Минск баргузор гардид. Шумораи навбатии маҷаллаи «Помир» пурра ба адабиёти имрӯзаи ҷумҳурии Беларус бахшида шудааст. […]Идома...
11-12-июли соли равон тибқи нақшаи коaри ИН Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб даври дувуми курс-конференсияи минтақавии адибони ҷавон баргузор шуд. Баъд аз ошноии ҳамаҷониба бо чакидаҳои табъи навқаламони шаҳру навоҳии Кӯлоб, Ховалинг, Фархор, Муъминобод, Мир Саидалии Ҳамадонӣ , Темурмалик, Шоҳин, Восеъ, Данғара, Балҷувон муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, мудирони шуъбаҳои ИН Муҳаммадалии Аҷамӣ, […]Идома...
11-уми июл дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҷлиси муштараки шӯроҳои назм ва нақди адабӣ даргузор шуд. Дар маҷлис раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва аъзои шӯроҳои мазкур ширкат доштанд. Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим бо сухани ифтитоҳӣ масъалаи асосӣ-вазъи шеъри имрӯзро ба миён гузошт. Аъзои шӯроҳои назму нақд Абдунабӣ Сатторзода , Аскар Ҳаким, Абдураҳмон Абдуманнон, […]Идома...