МУЖДАИ НУСРАТУ НИШОТ

 Шодбошии Акбар Абдулло

Шумо дар ҳамин рўзҳо дар деҳаи Даштиҷуми ноҳияи Шўроободи вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадаед.  Давраи тифлии Шумо дар сояи лутфу меҳрубониҳои волидон сипарӣ шуд. Баъд, таҳсилоти миёнаро дар мактаби таҳсилоти умумии ба номи Т. Г. Шевченкои ноҳияи Восеъ касб намудед.  Дар дилатон азми парвозҳои баландтар чун чўҷаҳои шоҳини кўҳсорони баланд пайдо шуд. Солҳои 1965–1969 дар Техникуми индустриалӣ-педагогии Душанбе таҳсил карданатон Шуморо водор кард, ки ҷасорату ҷавонмардӣ ва ҳайсияти фарзандии худро ҳифз намуда, дар хидмати давлату миллати худ камари ҳиммат бандед.

 Аввал, дар солҳои 1969-1971, хизмати ҳарбиро адо намудед, сипас, солҳои 1972-1976 шунавандаи Мактаби олии Вазорати умури дохилаи Иттиҳоди Шўравӣ (дар Тошканд) будед, солисан, курсҳои махсуси касбиро дар шаҳрҳои Маскав, Ленинград ва Қоҳира анҷом додед. Солҳо  дар ин ё он сохтори қудратӣ ифои вазифа намудаед. Дифоъи Ватан, гирифтани пеши роҳи ҷинояту ҷинояткорӣ, таъмини ҳуқуқи иҷтимоии шаҳрвандон аз ҳадафҳои аслии Шумо буданд. Дорандаи чандин мукофоти давлатӣ буданатон далели хидматҳои шоёни Шумо дар ин соҳаи пурифтихор аст.

Акбар Абдуллои гиромӣ, истеъдоди фитрие, ки дар вуҷуди Шумо ташаккул меёфт ва шеъргунаҳоеро дар зеҳнатон мечархонд, аз оҳанги дилнавози тори дастатон неру мегирифт. Рағбату шавқи беандозаатон ба мусиқии классикӣ Шуморо ба ҷодаи шеър раҳнамун кард. Акнун дар қатори мухлисони сарояндагиву мусиқии дилнишинатон, ҳаводорони шеъратон низ кам-кам афзудан гирифтанд. Нахустин чакидаҳои хомаатон, ки дар солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар рўзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ба чоп расиданд, оҳиста-оҳиста диққати ҳаводорони шеърро ба худ мекашиданд. Намунаҳои ашъоратонро дар рўзномаву маҷалла ва маҷмўаҳои дастҷамъии адибони ҷавони Ўзбекистону Туркманистон ва Русияву Қазоқистон низ ба табъ расонда, дар миёни насли ҷавони ин кишварҳо ҳам эътибор пайдо намудед.

Ҳоло маҷмўаҳои «Розҳои танҳоӣ» (1991), «Фарёди дур» (1993), «Фарёди ёри дур» (1995), «Кошонаи сўхта» (1997) «Созҳо аз розҳо» (2001), «Ниёзи дил» (2008), «Намози дил» (2012) ва «Тирамоҳи сабз» (2018)-и Шумо ҳуҷҷати  эҷодиатон гардидаанд. Шумо барои хидматҳои арзандаатон бо ордену нишонҳои давлатӣ ва соли 2019 барои китоби «Тирамоҳи сабз» бо Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода сазовор шудаед.

Орзумандем, ки 70 соли пурбори Шумо боз ҳам зиёдтар гардаду аз килкатон барои ҳаводорони шеър чакидаҳои нав ба нав таровиш биёбанд. Комгору сарбаланд бошед! 

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

————————————————————————————————————————————————————————

 МУЖДАИ НУСРАТУ НИШОТ

Акбар Абдулло фаъолияти адабии хешро аз солҳои 80-уми асри гузашта  оғоз намуда,  то имрўз баробари  интишори  муттасили  осораш дар матбуоти даврӣ, силсилаи китобҳои “Розҳои танҳоӣ”(1991), ”Фарёди дур” (1993), “Фарёди ёри дур”(1994),”Кошонаи сўхта”(1997),”Созҳо ва розҳо”, (2001), ”Ниёзи дил” (2008), ”Намози дил” (2012)-ро ба табъ расонидааст. Ҳамчунин тарҷумаи ашъораш ба забони русӣ таҳти унвонҳои  “Раздумье” (2004) ва “Аура любви” (2011) чоп шудааст. Маҷмўаи нави ашъори Акбар Абдулло бо номи  “Тирамоҳи сабз”, ки дар нашриёти “Хуросон”-и шаҳри Хуҷанд интишор шудааст аз шеърҳои тозаэҷод, ғазалу рубоӣ, дубайтиву катибаҳо иборат мебошад.

Муҳимтарин хусусияти шеъри Акбар Абдуллоро дар забони  равон, равшании баён, мантиқи қавӣ ва падидаи афкори тоза метавон мушоҳида кард. Ў шеърсоз нест, балки суханро аз қаъри дилаш ба забон меораду тавассути қалам сабт месозад. Гуфтаҳои Акбар Абдулло  мутобиқ ба зеҳни хонандаи имрўз аст ва он метавонад дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва маърифати инсони муосир таъсири нек гузорад. Шоир зимни ҳар шеър мехоҳад фикри хуберо баён созад, назари худро нисбат ба ин ё он масъалаи мубрами рўзгор ифода намояд ва ҳамзамон хонандаро ба андешаву тафаккур водор кунад.

Дар ашъори Акбар Абдулло тавсифи зодгоҳ, ки як гўшаи ободи кишвар аст, ҳамчунин  макону мавзеъҳои маъруфи  кишвари азизамон Тоҷикистон мақоми хоса дорад. Шоир дар мисоли деҳаву манзил, манзару макони дилҷўи диёр Тоҷикистонро васф мекунад ва хонандаро ба рўзгори қабл, ки ёдкардаш хушоянд ва муассир аст, раҳнамоӣ менамояд. Шеърҳои “Хоҷамуъмин” ва “Дашти Ҷам” ёдкарди  зиндагии шоир — хоса айёми наврасиву ҷавонии ўст. Шоир дар шеъри “Хоҷамуъмин” ишора ба он дорад, ки ин мавзеъ замоне ҷойгоҳи зиндагӣ ва рўзгори ў буд, ки онро бо муҳаббат ёд мекунад ва аз фироқи он ҳарф мезанад

Замоне тифли домони  ту будам,

Вале қисмат маро зиндаҷудо кард.

Бароям маснади воло гаҳе дод,

Гаҳе зору ғарибу бенаво кард.

 “Хоҷамуъмин” кони намак дорад ва шоир дар доираи мафҳуми намак маъниҳои латиферо дармеёбад, ки онҳо аз назари ахлоқ ва худшиносӣ мояи ибрат ҳастанд. Аз ҷумла ҷое мегўяд:

…Ту будӣ серии чашму дили ман

Намаксангат диламро нарм карда.

Ва дар поён шоир сипосмандии хешро аз хоки зодгоҳаш ниҳоят зебо ва бо мантиқи дилрас баён мекунад.

Маро дар ком таъми ин намак монд,

Ба ҳар ҷо бо туям нону намакдор.

Маро пайванд бо дунё ту кардӣ,

Маро  бо ҷумла бинмудӣ намакхор.

Дар шеъри “Дашти Ҷам” низ деҳи хешро шоир мазҳари муҳаббат ва одаму одамгарӣ медонад, ки ўро дар канори хеш парваридааст:

Дашти Ҷам, эй ёдгори даври Ҷам,

Доманат шуд олами мақсуди ман.

Дилкушодӣ  аз ту ман омўхтам,

Шукрат, эй як пораи хоки Ватан!

Акбар Абдулло олами ботинии хешро бо сабку салиқаи ба худаш хос ба риштаи тасвир мекашад. Самимияти шоир аз алфоз ва усули баёнаш эҳсос мегардад ва дардҳояш хонандаро ҳамнавои хеш месозад. Воқеан, шеъри хуб он аст, ки ифодагари дарду ормони хонанда бошад ва марҳаме ба ҷароҳати сўзони ў гардад. Аз ин чашмандоз, чанд шеъри шоир, ки ба  сарчашмаи поку муназзаҳи зиндагӣ — модар бахшида шудааст, торҳои ҷони хонандаро ба наво меорад. Шеъри “Меҳри модар”-и Акбар Абдулло, ки ифодагари муҳаббат ва самимияти беандозаи як фарзанди дўстдори модар аст, аз лиҳози  баёну ифодаи фикр ҷолиб аст. Хонанда дар ин шеър хешро дармеёбад ва аз тасвири ҳолати инсони модаргумкарда  муассир мегардад:

Модар,  бирафтӣ аз сари мо, баъди рафтанат

Тифли дилам дигар зи ҷаҳон ноумед шуд.

Мурғи тараб парид зи боғи ҳаёти ман,

Мўи сарам замони ҷавонӣ сафед шуд.

Шоир модари гумкардаи хешро дар хоб меёбад, бо ў суҳбат мекунад ва ў дар хоб насиҳаташ мекунад:

Дар хоби ман ҳанўз ту бикшода дасти меҳр.

Хонӣ дуои нек, ки дур аз хазон шавам,

То дўстдор бошаму бо мардум ошно.

Пандам диҳӣ, ки марҳами дарди касон шавам.

Шоир аз он дар ҳарос аст, ки аз хоб бедор мешаваду модарро гум мекунад:

Тарсам, ки дида во  шаваду гум кунам туро,

Дар хоб бо ту ман сухан оғоз мекунам,

Кукуи ташнаам, ки зи гулёди Дашти Ҷам,

Модар, туро тамоми шаб овоз мекунам.

Шоир бо умеди он ки ба модар умри ҷовидонӣ диҳад, исми ўро ба тифли навзоди хеш мегузорад.

Ҳарчанд марг хост  ҷудоят кунад зи ман,

Ҳарчанд марг хост туро бенишон кунад.

Номи туро ба тифлаки навзод додаам,

То зикри хайру неки туро ҷовидон  кунад.

Воқеан дар нигоштаҳои  Акбар Абдулло меҳру муҳаббат, ихлос, пайванду  алоқаҳои хонаводагӣ бармало инъикос мегардад, ки ҷавҳари онро  силаи раҳм  ташкил мекунад.

Шоир як силсила шеърҳояшро ба эҳтироми афроди фарҳехтаи миллат, инсонҳои созандаву эҷодкор, фидоии ҳунар ва адаб бахшидааст, ки аз муҳаббати муаллиф нисбат ба эшон ва осорашон дарак медиҳад. Махсусан шахсияти нотакрори устод Лоиқ ва осори бегазанди ў Акбар Абдуллоро мафтун кардааст. Чунончи,  дар шеъри “Дили шоир” бозгўи зебои  нигоштаҳои беҳтарини устод Лоиқро мушоҳида менамоем. Акбар Абдулло мутмаин аст, ки дар шеърҳои  силсилаи “Илҳом аз Шоҳнома” танҳо дарди Фирдавсӣ инъикос наёфтааст, балки он сўзи ниҳони дили устод Лоиқ низ ҳаст:

Чи дунё гашта ҷо дар синаи бекинаи шоир,

Чи дилҳо гашта хун аз ғуссаи деринаи шоир.

Ниҳоли ҳасрати Суҳроби ял аз нола мерўяд,

Сари гаҳвораи бекўдаки Таҳминаи шоир.

Агар дар шеъри “Навҳа дар ҷанозаи устод Лоиқ”  адибро “дилдодаи Мавлои Рум”, “шаҳмарди мардон”, ”Юсуфи Канъон”, ”соҳибохират”-у “соҳибимон”, “марди раҳи шеъру ғазал” ном бурда, аз “наъраи ридона”-ву “суҳбати мардона”-аш ёд карда бошад, дар як газали дигар ўро падар ва сарчашмаи ашъори хеш хондааст:

Маслиҳатомўзи ман будӣ, дареғо, эй падар,

Мушкилиҳоро дигар паймуданам душвор шуд.

Лоиқо, мардона рафтӣ аз гузаргоҳи сухан,

Васфи номи неки ту сарчашмаи ашъор шуд.

Акбар Абдулло ба маънии томаш шоир аст, ба олами мавҷуд шоирона назар мекунад, бо ҷаҳони атроф, табиат,  рўзгор иртиботи қавии маънавӣ дорад. Ба олам ва ашёи он аз сари ибрат назар мекунад ва дар ин ҷустор маънии зиндагии инсони хокиро дармеёбад. Чунончи, дар шеъри “Кош будам чашмае”  шоир ба хотири доштани зиндагии озодаву бекудурат мехоҳад чашмаи дилсофе бошад ва бо ин ишорат бар он дорад,ки одамӣ дар ин рўзгори начандон тўлонӣ бояд монанди кўҳ бо сукути пурғурур, ҳамсони қуллаҳо бовиқору сарбаланд ва монанди чашмаҳо софу бегубор умр ба сар барад:

Кош будам чашмае дилсоф дар домони куҳ,

Дар дили ман акс мегашт ин сукути пурғурур.

Мешудам шодобдил умре зи борони баҳор,

Медурахшидам чунон ойинаи афлоки дур.

Завқ  мекардам зи акси ин ҷаҳони  ранг-ранг,

Бар тану  ҷонам сафо мерехт дасти рўзгор.

Накҳати гулбодҳо хуш дар вуҷудам метапид,

Метапидам ҳамчунон дар хеш ман ҳам беқарор.

Қуллаҳо чун мардҳои бовиқору сарбаланд, 

Чашма ҳамчун косаи об аст рўи хони кўҳ,

Кош будам чашмасон дилсоф дар домони кўҳ.

Қариб дар ағлаби ашъори шоир хонанда талқини худсозиву худафрўзӣ ва худшиносиву худогоҳиро эҳсос мекунад. Шоир дар такопў ва талаби бозёфти маънии ҳастии инсон аст.Чунончи, дар “Маънои зиндагӣ” фалсафаи аслии ҳаёти одамиро ошкоро баён мекунад ва одамиро ҳушдор медиҳад, ки побанди ҳавову ҳавас набошад ва ба қадри зиндагии шоиста бирасад,”сарбаланду хушдилу мардона” умр ба сар барад. Дўст барои шоири мо вожаи муқаддас ва дўст доштан давлати бузург аст:

Сабзаи навхезро ёбӣ, наёбӣ дўстро,

Мижжаи хунрезро ёбӣ, наёбӣ дўстро.

Тавсани Шабдезро ёбӣ,  наёбӣ дўстро,

Боди анбарбезро ёбӣ, наёбӣ дўстро.

Дар ғазалҳои шоир дар баробари маъниву   мазмунҳои нав хонанда тасвирҳои дилнишину самимӣ, тозакориҳои эҷодӣ,таркибҳои зебои шоиронаро, ки бори маънӣ бар дўши онҳо гузошта шудааст, мушоҳида менамояд. Мусаллам аст, ки  афкор ва сабку нигориши суханварони классик, шеваву тарзи баёни устод Лоиқ Шералӣ таъсири неки худро ба эҷодиёти шоир, хоса дар таснифи ғазал, гузоштаанд. Ин таассурот имкон фароҳам овардааст, ки шоир дар эҷоди ғазал як сабки хосаи худро дарёбад ва он дар содагиву равонӣ, хушояндии лафзу маънӣ, фикри бикр ва ибороти шоиронаи нав инъикос ёфтааст. Шоир тавонистааст дар ғазал олами ботинии хешро равшантар муаррифӣ намояд ва ба тафаккури хонанда таъсири нек расонад. Ҷанбаи  иҷтимоии ғазалҳои шоир қавӣ буда, мавқеъ, назар  ва ҷаҳоншиносии муаллифро ифода менамояд.  Маъниҳои тоза ва мазмунҳои ҷолибро метавон аз миёни ғазалҳои шоир фаровон гулчин кард, ки ифодагари истеъдоди баланд, назари фарох ва суханшиносии адиб мебошад. Шарҳу тавзеҳи падидаҳои ҳунарӣ, бозёфтҳои эҷодӣ,сабку услуб, забон ва дигар хасоси ғазалиёти шоир, шоистаи таҳқиқи алоҳида мебошад. Силсилаи рубоӣ, дубайтӣ, қитъа ва катибаҳо танаввўъи ашъори шоирро рангин намудааст.

Дар як мақола бозгуфти ҳамаи фазоил ва матолиби шоири соҳибназар Акбар Абдулло ғайри имкон аст. Ба суоли “шеъри Акбар Абдулло чи гуна аст ва чи рисолатеро бар дўш дорад, наметавон беҳтар аз гуфтаи худи шоир ҷавобе ёфт:

Чист шеърам?

Шеъри ман андуҳу дард аст,

Ҷони гарме дар миёни ҷисми мард аст,

Шеъри ман ҳарфи талоши зиндагонист,

Номаи сабзи ҷавонист…

Саидумрон САИДОВ,

номзади илмҳои филология

Дигар хабарҳо