Гузориш аз фаъолияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар соли 2021 Иттифоқи нависандагон дар соли ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хешро тибқи нақшаи кори Раёсат ба роҳ монда, як қатор корҳоро ба сомон расонд. Пеш аз ҳама, адибони мо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани супориш, амр ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу […]Идома...
26-уми январи соли равон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии нашри достони «Қишлоқи тиллоӣ»-и Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар маҳфили адабиву илмӣ баргузор гардид. Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа зимни ифтитоҳи маҳфил изҳор дошт, ки достони «Қишлоқи тиллоӣ» аз ҷумлаи нахустин достонҳои адабиёти муосири тоҷик мебошад ва аз ҷиҳати мазмуну ғоя, тарзу шеваи […]Идома...
Бо даъвати Раиси Иттифоқи нависандагони Ўзбекистон, Шоири халқии Ўзбекистон Сироҷиддин Саййид ва Сафорати ин мамлакат дар шаҳри Душанбе Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим аз 8 то 11- уми декабр дар чорабиниҳо бахшида ба 80-солагии Қаҳрамони Ўзбекистон, Шоири халқии Ўзбекистон, муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Ўзбекистон Абдулло Орифов дар шаҳри Тошканд иштирок дошт. Дар толори калони […]Идома...
21 декабри соли 2021 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми хешро «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа доштанд. Адибони мамлакат Паёми пурмуҳтавои мазкурро шунида, аз нуктаҳо ва пешниҳодоту ҳидоятҳои Сарвари давлат рўҳбаланд гардиданд. Дар ин хусус дар маҷлиси васеи Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, […]Идома...
17-уми декабри соли равон дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ҳамкории Китобхонаи ба номи Халилуллоҳи Халилӣ маҳфили бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид. Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа дар хусуси бузургии Мавлоно ва осори оламгири ў сухан ронда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Гардонандагони маҳфил – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи […]Идома...
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии адабиётшиноси маъруф равоншод Худойназар Асозода конфронси илмиву адабӣ баргузор гардид, ки дар он аҳли илму адаб, намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва устодону донишҷўёни факултаи филологияи донишгоҳ иштирок доштанд. Декани факултаи филология Сироҷиддини Эмомалӣ бо суханронӣ роҷеъ ба фаъолияти густардаи илмиву адабии Худойназар Асозода ба кори конфронс оғоз бахшид. […]Идома...
Инак, соли 2021 моро хайрбод гуфт ва соли нав дари хешро барои мо боз кард. Ҳаёти адабии кишвар дар соле, ки сипарӣ шуд, аз рўйдодҳои масарратбахш холӣ набуд. Нависандагони мо бо эҷоди асарҳои хонданӣ рисолати шаҳрвандии хешро таври лозим ба ҷо оварданд. Осори эшон бо нашр гардидан дар се нашрияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, маҷаллаҳои «Садои […]Идома...
Пас аз ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ дар адабиёт ҳақиқатнигорӣ ва асолати сухан ба маротиб рушд меёбад ва мавзўъҳое вобаста ба худшиносиву худогоҳии миллӣ дар меҳвари адабиёт қарор гирифта, як адабиёти комилан миллӣ, ки ниёзи ҷомеаи гузаштаву имрўзи мост, арзи ҳастӣ мекунад. Нақди адабӣ ва адабиётшиносии тоҷик низ дар замони ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ […]Идома...
Бо дарназардошти таъсиргузории каломи мавзун дар баланд бурдани рўҳияи ватандўстии ҷавонон, адибони минтақаи Бохтар чанде пеш меҳмони чандин нишастҳову ҷамъомадҳои идона буданд. Аз ҷумла, дар конфронси илмиву адабие, ки Раёсати маорифи вилояти Хатлон бахшида ба Рўзи парчами миллӣ баргузор карда буд, адибон Озар Салим, Сайидҷаъфар Баёзӣ ва Амиршоҳи Хатлонӣ иштирок намуда, дар рафти он оид […]Идома...
27-уми ноябр дар Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ бо ҳузури аҳли адаб ва мухлисони адабиёт маҳфили ёдбуди шоири маъруф устод Бозор Собир баргузор шуд. Шеърҳои шоири зиндаёд аз забони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, гардонандаи маҳфил Ортиқи Қодир муассир садо доданд. Шоирони шинохта Гулрухсор, Аскар Ҳаким, Камол Насрулло, профессор Абдунабӣ Сатторзода, ҳунарпешаи маъруф Марям […]Идома...